Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон то имрӯз дар майдони 38 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, кишт ҳоло бо маром идома дошта, тибқи нақша имсол бояд дар майдони  124 ҳазор гектар пахта кишт карда шавад.

Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон  ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки майдони кишти пунбадона дар вилояти Хатлон  назар ба соли 2024 –ум 24 ҳазор гектар зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки  аз 124 ҳазор гектар нақшаи вилоят  41 ҳазор гектар кишти пунбадонаи зери плёнка гузаронида мешавад, ки то имрӯз дар зиёда аз 7 ҳазор гектар пахта зери плёнка кишт шудааст.

Бештар пахтакорон аз тухмиҳои дӯстӣ ва туркӣ истифода мекунанд. Нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон 298 ҳазору 100 тонна аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь