4-уми апрели соли 2025 сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, дар Самарқанд нахустин саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро баргузор карданд.
Дар ин нишаст эъломия қабул шуд, дар он гуфта мешавад: «Бо тасдиқи ӯҳдадории худ ба таҳкими ҳамкориҳо дар шароити тағйирёбандаи вазъияти геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, мо тасмим гирифтем, ки муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро ба як шарикии стратегӣ такмил диҳем. Мо натиҷаҳои назаррасеро, ки дар солҳои охир дар таҳкими муколама ва ҳамкории минтақаҳоямон ба даст оварда шудаанд, эътироф кардем».
Ҳамчунин дар ин эъломия омадааст, ки «Иттиҳоди Аврупо бори дигар содиқ будани худро ба ҳадафҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз соли 2019 тасдиқ кард. Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ , ки 23 октябри соли 2023 дар Люксембург қабул шудааст, барои татбиқи Стратегия муфид буд. Мо нақши вохӯриҳои сатҳи баланди минтақавӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Раиси Шӯрои Аврупо дар Остона соли 2022 ва дар Чолпон-Ота соли 2023, инчунин вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро дар Ашқобод, ки 27 марти соли 2025 баргузор гардид, махсусан дар арзёбии ӯҳдадориҳо дар доираи омодасозӣ ба саммити мазкур, эътироф намудем. Мо пешравии ба дастомадаро истиқбол карда, аҳамияти нигоҳ доштани суръати онро таъкид кардем».