Ману бародарамро ба хизмат гусел карда, замини ваъдагиро ба каси дигар қарор карданд
Ба Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Озода Эмомалӣ;
Ба Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Ҳабибулло Воҳидзода;
Ба прокурори вилояти Суғд, Фурқат Файзалӣ;
Ба раиси ноҳияи Мастчоҳ, Аъзам Ализода
Дар ноҳияи Мастчоҳ мехоҳанд заҳмати беш аз чиҳилсолаи хонаводаи моро бо роҳи ғайриқонунӣ ба каси дигар гузаронанд.
Ҳанӯз дар соли 1983 бобоям Холиқов Ҷонмаҳмад ходими соҳаи маориф ва падарам Холиқов Нуъмон ба ободкунии 7 сотих замини канори беморхонаи амрози қалбу асаб воқеъ дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ки дар ҳолати валангор қарор дошта, ба партовгоҳ табдил ёфта буд, шурӯъ намуданд. Бо заҳмати худ, ҷарриро тахту ҳамвору заминро аз партов тоза намуда сарсабз гардониданд.
Ба ин тартиб аз соли 1983 то ин ҷониб масъулияти нигоҳубини ин заминро падарам тибқи шартнома аз ҷамоати шаҳраки Бӯстон пурра ба зимаи худ гирифтаанд. Мо аҳли хонавода ба ин як порча замин беда, ҷуворимакка ва дигар растаниҳо кишт намуда, аз ҳамин роҳ пардохти андози замин ва ризқу рӯзиамонро пайдо мекунем.
Аммо чанд сол аст, ки Давлатов Қурбон ном сокини ноҳияи Мастчоҳ бо баъзе аз масъулини дирӯзу имрӯзи ҳукумати ноҳия забон як карда, бо ҳар баҳона замини ободнамудаи моро кӯшиши аз худ намудан дорад.
Ҳоло маълум мешавад, ки паси чунин амалкарди худсаронаи Давлатов Қурбон, раисони собиқи ҳукумати ноҳия низ даст ба шитобкорӣ задаанд.
Дар соли 2019 моҳияти иҷрои қонунгузории заминро сарфи назар карда, бо роҳи ғайриқонунӣ замини дар ихтиёри мо мавҷудбударо, бо қабул намудани қарор таҳти рақами № 160 аз санаи 20.09.2019 ба номи Қурбон Давлатов вобаста намудаанд.
Мақсади қабули қарор ва вобаста намудани замин ба Давлатов Қурбонро барои сохтмони комплекси варзишӣ аз ҷумла майдони волейбол, теннис ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон аз ҳисоби заминҳои ҳудуди шаҳраки Бӯстон ба масоҳати 780 м. кв. бо ҳуқуқи соҳибии якумраи меросӣ шарҳ додааст, ки амали ғайриқонунӣ ва беадолатонаро собит менамояд ва он хилофи қонунгузории замин дар кишвар мебошад.
Масъулони онвақта ба манфиати Давлатов Қ. шуда, даст ба қабули ин қарори ғайриқонунӣ зада, натанҳо ҳуқуқу манфиатҳои моро поймол кардаанд, балки баръало собит мешавад, ки чандин ҳолати иҷроиши қонунгузории заминро огоҳона сарфи назар кардаанд:
- Замини мавриди назар, аз 780 м. кв иборат буда, ба категорияи заминҳое дохил мешавад, ки дар он бе тағйир додани эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва бунёди сохтмон, иншооти ҷамъиятӣ аз он ҷумла майдончаи варзишӣ қатъиян манъ аст.
- Дар канори ин замин Беморхонаи ноҳиявии қалбу асаб ва амрози дарунӣ мавҷуд аст ва сохтмони комплекси варзишӣ боиси ҳар лазҳа халалдор шудани оромии беморон мегардад.
- Ба Давлатов Қ. ҷудо намудани 780 м. кв заминро гуё барои сохтмони комплекси варзишӣ асоснок кардаанд, дар ҳоле, ки дар ин масоҳати замин сохтмони иншооти варзишӣ ғайриимкон аст.
- Ин замин дар асоси шартнома дар иҷораи мо қарор дорад ва танҳо дар сурати зарурати давлатӣ ба миён омаданаш он аз мо гирифта хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки дар ин мавзеъ аслан барои бунёди ҳеҷ иншооти давлатӣ эҳтиёҷ вуҷуд надорад. Аммо Давлатов Қ. ба баҳонаи комплекси варзишӣ ин заминро аз они худ намуда, кӯшиши бо мақсади ғайр истифода бурданро дорад.
- Агар дар ин мавзеъ сохтмони майдонҳои варзишӣ мутобиқи мақсади ҳукумат ва ҷамоат бошад, мо омодаем онро худамон бунёд кунем ва мо имконашро дорем, мисле, ки ин замини валангоршударо ободу сарсабз намудаем.
Аз соли 2003 то ин вақт мо борҳо барои бо қарор вобаста намудани ин қитъаи замин ба унвони раисони ҳукумати ноҳия муроҷиат карда истодаем, вале то имрӯз амалан ҳеҷ натиҷае аз ҷониби масъулини ҳукумат ҳосил нашудааст.
Соли 2018 бародарам Нуъмонзода Руҳуллоҳ ба хизмати сарбозӣ рафт ва дар ҳукумати ноҳия ваъда доданд, ки барои дастгирии наваскарон ин заминро ба номаш мегузаронем.
Баъд аз шаш моҳи сафарбаршавии бародарам ман ба ҳукумати ноҳия оиди қабули қарори замин муроҷиат намудам. Дар ҳукумати ноҳия ба ман посух доданд, ки “нақшаи даъвати сарбозӣ он вақт тирамоҳӣ иҷро нашуда истодааст ва агар ту ҳам ба хизмат равӣ он гоҳ заминро бо қарор ба номатон мегузаронем”.
Бо вуҷуди он, ки пойҳоям мариз буданд ва ҳоло ҳам ин беморӣ (варикоз) рафъ нашудааст ба ин ваъдаи ҳукуматдорон бовар карда тӯли ду сол дар қисмҳои низомии 1762 дар ноҳияи Ҳисор ва 14356 – и қушунҳои хушкигарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хизмати сарбозиро ба итмом расонидам.
Баҳори соли 2020 бародарам ва тирамоҳи ҳамон сол ман хизмати сарбозиро иҷро карда ба хона рухсат шудем.
Мо оиди қарори замин ба ҳукумати ноҳия муроҷиат намудем, маълум шуд, ки дар ҳукумати ноҳия замини барои мо ваъдакардаашонро ба Давлатов Қурбон ном сокини ноҳия ба таври ғайриқонунӣ қарор баровардаанд.
Мо оиди ин ҳолат ба прокуратураи ноҳия шикоят намудем, прокуратураи ноҳия ғайриқонунӣ қабул шудани қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ оиди ҷудо намудани қитъаи замин таҳти № 160 аз 20.09.2019 ро эътироф карда ба он эътироз намуд ва ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин дастур дод. Аммо то ба имрӯз замин ба ҳолати аввала баргардонида нашуда, масолеҳи сохтмонии Давлатов Қ., аз қабили сангу рег ва вагон (контейнер) бардошта нашудааст.
Мо дар оила ҳамроҳи падар ва се бародарам зиндагӣ мекунем ва дар ҳеҷ куҷо кор намекунем. Ҳамин як порча замини замоне ободкардаи бобову падарам ягона манбаъи машғулият ва даромади зиндагии мо аст.
Мо ба шаҳрванд Давлатов Қ. кор надорем ва мехоҳем ӯву ҳаммаслаконаш ҳам сади кору зиндагии ободу осоиштаи мо нашаванд. Мо заминеро, ки худ бо зури бозу бо машақати зиёд ободу сабз гардонидаем ва аз уҳдаи дурусту мақсаднок истифода бурданаш мебароем, мехоҳем.
Мо ин муроҷиатномаро ба унвони Шумо ироа мекунем ва умедворем, ки шумо ба доди мо мерасед.
Мо мехоҳем бо дастури Шумо як комиссияи солоҳиятнок бо сардории Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ оид ба ҳалли ин мушкили пешомада таъсис ва ҳолатҳои мавҷуда ба таври воқеӣ, бе ғараз ва одилона мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Мо ба волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора ҳамеша таъкид мекунанд бовар дорем ва барои расидани ҳақ ба ҳақдор аз шумо имдод мехоҳем.
Бо эҳтиром Боқизода Муҳаммад,
Холиқов Нуъмон, Холиқов Исфандиёр,
Нуъмонзода Руҳулло, сокинони ҷамоати
деҳоти Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ.