Ба таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ, агар Шумо ба дарди ман даво шуда натавонед, намедонам бо ду фарзанди ноболиғам чӣ кор кунаму ба куҷо равам. Шавҳарам бо дастгирии судяҳо манзили истиқоматиамро, ки тариқи шартномаи хариду фурӯши қонунӣ ба номам ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, ғайриқонунӣ меҳисобанд ва мехоҳанд онро аз ман кашида гиранд.

Қазия чунин аст, ки тоҷири “Бозори Корвон” Сангов Раҷаб Алимович новобаста ба он ки зан ва фарзанд дошт, соли 2016 бо ҳар восита ва ваъдаҳои подарҳавояш маро ба доми худ афтонд ва тариқи мусалмонӣ ба никоҳаш даровард. Сабаби асосии маро ба занӣ гирифтанаш он будааст, ки ӯ аз зани аввалаш писар надоштааст. Тақдир чунин шуд, ки мо пай дар пай, солҳои 2017 ва 2018 соҳиби ду духтараки дӯстрӯяк гаштем. Муносибати шавҳарам Сангов Р. бо ман пас аз таваллуди духтарчаи дуюмам вайрон шуд. То нохуб гардидани муносибатамон мо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем ва ӯ ҳар моҳ омада, хабарамон мегирифт. Баъдан ман пофишорӣ кардам, ки бояд ояндаи фарзандонамонро фикр кунему дар ба дари мардум гаштанро бас кунем. Ба хулоса омадем, ки манзили истиқоматии шахсиамонро дошта бошем. Ҳамин тавр, аввалҳои соли 2020-ум ман 100 ҳазор сомонӣ маблағҳои пасандозкардаамро ба ӯ додам ва 3-юми феврали ҳамон сол ба маблағи 213 000 сомонӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад, бинои 102, хонаи 71 манзили истиқоматии масоҳаташ 30,1 метри мураббаъро харидорӣ карда будем. Чун Сангов Р. дид, ки ман ҳам писардораш накардам, акнун мехоҳад бо ҳар роҳ шартномаи хариду фурӯши қонунии хонаро, ки ба номи ман аст, бекор карда, ба номи худаш гузаронад. Барои ин ҳадаф аз хизмати судяҳои манфиатҷӯ истифода кард.

Ҳамин тавр, Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Ғиёсуддинзода С. Ҷ. санаи 4-уми феврал ҳалнома содир кард. Дар ҳалнома гуфта мешавад, ки “шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ, воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, к. Борбад, бинои 102, ҳуҷраи 71 аз санаи 3-юми феврали соли 2020 байни Давлатов Ҳасан Ҳамроқулов ва Самадова Замира Ҷабборовна, ки дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, таҳти феҳрасти №1ш-183 ба қайд гирифта шудааст, беэътибор дониста шавад”. Ин ҳалномаи беадолатона ва ғайриҳуқуқиро судяи Суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д. А. низ бо як қарори кассатсионии худ дастгирӣ кард ва ҳалномаи суди зинаи аввалро бетағйир мононд.

Ҳалномаи мазкурро бо далелҳои зерин ҳалномаи хилофи қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, санади таҳқири ҳокимияти судӣ ё беҳокимиятӣ дар суд мешуморам.

Суд ҳангоми ба истеҳсолот гирифтани ариза вазифадор аст, ки қонунӣ будани талаботи даъворо муайян кунад. Дар аризаи даъвогӣ талаб карда шудааст, ки шартномаи хариду фурӯши манзили баҳсӣ миёни ман ва Давлатов Ҳ. Ҳ. аз 03.02.2020 беэътибор карда шуда, даъвогар нисбати манзили мазкур соҳибмулк эътироф карда шуда, ман ва фарзандонам аз манзили баҳсӣ бе додани манзили дигар кӯчонида шавем. Баъдан шавҳари даъвогарам Сангов Р. талаботи даъвояшро зиёд карда, талаб намудааст, ки шартномаи хариду фурӯш миёни ӯ ва Давлатов Ҳ. Ҳ. эътироф карда шавад. Савол аст, ки дар ҳолате, ки Шартномаи хариду фурӯши феҳрасти №1Ш-183 аз 03 феврали соли 2020 беэътибор карда мешавад, чӣ тавр ҳамин шартномаи беэътиборшуда метавонад ба номи Сангов Р. А. басташуда дониста шавад? Яъне, дар чунин ҳолат суд шартномаи хариду фурӯшро аз эътибор соқит намуда, Идораи нотариалии давлатиро ӯҳдадор карда метавонад, ки шартномаро аз нав миёни Сангов Р. А. ва Давлатов Ҳ. Ҳ. ба расмият дарорад? Аммо судя талаби даъворо дар ҳамин шакли бемантиқ ба истеҳсолот гирифта, қонеъ кунонид. Табиист, ки ин нишонаи бесалоҳиятии касбии судя аст.

Бесалоҳиятии судя дар таҳияи ҳалнома ба ин далел исбот аст, ки дар саҳифаи 20, дар қисмати асосноккунӣ ӯ аз нав худро дар қисмати баёнияи ҳалнома тасаввур карда, баёноти аз номи шоҳид эҷодкардаи худро дар ҳаҷми зиёда аз 2 саҳифа овардааст. Дар қисми хулосавӣ ҳам судя қарори бемантиқона қабул кардааст. Яъне, вай Шартномаи хариду фурӯши №1Ш-183 аз 03 феврали соли 2020 миёни ман Самадова З. Ҷ. ва Давлатов Ҳ. Ҳ.-ро дар банди 2 беэътибор дониста, дар банди 3 ҳамин шартномаро миёни Сангов Р. А. ва Давлатов Ҳ. Ҳ. басташуда эътироф кардааст. Масъалаи тақсими хароҷоти судӣ умуман зикр нашудааст, ки ин хилофи талаботи қ. 7, м. 202 КМГ мебошад.

Дар амалу беамалии судя бесалоҳиятӣ, бемасъулиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба қонун исботҳои бебаҳс дорад. Чунончи, судя ҳалномаро дар таърихи 04.02.2021 қабул намуда, новобаста аз талаби хаттии ман оид ба дастрас намудани нусхаи ҳалнома (пас аз 5 рӯзи қабули ҳалнома), ба муддати 2 моҳу 4 рӯз кашолкорӣ кард ва нусхаи ҳалномаро танҳо баъд аз 2 шикояти расмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар дастрас намуд. Бо чунин рафторҳо судя собит намуд, ки ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон фалаҷ аст. Масалан, ман 2 бор ба раиси Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати кирдорҳои зиддиқонунии судя оид ба додани нусхаи ҳалнома шикоят кардам, аммо раиси суд чорае надид ва танҳо тавсия дод, ки нисбаташ ба Суди Олӣ шикоят нависам. Дар Суди Олӣ ҳам ҳамин ҳол дар шахси муовинони раиси Суди Олӣ мушоҳида шуд. Раиси Суди Олӣ дар рӯзҳои қабулаш ҳозир нашуда, муовинонашро барои қабули мардум амр мекардааст. Муовинон бошанд, қудрат ва ҷуръати ҳалли мушкилро надоранд. Ман шахсан 2 маротиба ба қабули раиси Суди Олӣ Шоҳиён рафта, ин ҳолатро шоҳид гаштам. Ин амалҳои судяҳо ошкоро поймол намудани талаботи меъёри моддаҳои 203 ва 218 КМГ мебошад.

Дар асоси талаботи меъёри қ. 2, м. 200 КМГ суд вазифадор аст, ки дар қабули ҳалнома танҳо ба далел ва асосҳое такя намояд, ки онҳо дар маҷлиси судӣ ба даст оварда шудаанд. Аммо ҳалномаи судя Ғиёсиддинзода сар то сар “кашфиёт”, “эҷод”-и худи судя мебошад. Чунончи, судя дар нишондоди шоҳид Солихов З., ки бесалоҳиятона дар қисми асосноккунии ҳалнома оварда шудааст, дидаву дониста аз номи шоҳид нишондоди дурӯғ навиштааст, ки чунин кирдор таҳқири ҳокимияти судӣ ва шахсияти судя мебошад. Судя аз номи шоҳид Солихов З. нишондод овардааст, ки гӯё ман – Самадова З. Ҷ. дар харидории манзили баҳсӣ ягон хел маблағгузорӣ накарда бошам. Дар сурате, ки шоҳид ба саволи суд ҷавоб дода буд, ки ман дар ин хусус чизе гуфта наметавонам. Дар асл шоҳид дар ин хусус маълумот дошт. Ӯ метавонист тасдиқ кунад, ки як сол пеш аз харидани манзили баҳсӣ 2100 (ду ҳазору сад) доллар ва 10 000 (даҳ ҳазор) сомонии ман дар дасти Сангов Р. буд. Ин маблағро ман бо тавсияи даъвогар – шавҳарам Сангов Р. ба дасти Солихов дода будам. Сабаб ин буд, ки он вақт Сангов Р. ҳамчун шавҳарам ба ман амр намудааст, ки пулро дар хона нигоҳ надорам, зеро хавфнок аст. Ман ин амри Санговро он вақт ғамхории шавҳар пиндошта, ин маблағҳоро бо дасти шоҳид Солихов ба ӯ додам. Бояд гӯям, ки Солихов бо шавҳарам робитаи зич дорад ва маҳз ӯ шоҳиди никоҳи мусалмонии мо буд ва гоҳ-гоҳ бо амри Сангов ба хона, барои кӯдакон озуқа меовард. Баъдан ман пай бурдам, ки Сангов Р. ин маблағҳои маро ба Солихов З. бо фоиз дода будаасту Солихов З. аз ҳисоби фоиз аз номи Сангов Р. барои мо озуқа меовардааст.

Бесалоҳиятии судя дар ҳар банди ҳалнома аз худ дарак медиҳад. Чунончи, бо вуҷуди он ки маблағи хариду фурӯши манзили баҳсӣ дар тамоми асноди ҳуқуқӣ 213 000 (ду саду сездаҳ ҳазор) сомонӣ нишон дода шуда бошад ҳам, судя дар ҳалнома онро 13 бор (саҳ. 3, 7, 9, 11, 13, 15, 16, 21) 215 000 (дусаду понздаҳ ҳазор) ва дар 6 навбат (саҳ. 6, 9, 14, 19, 21) 21 500. 0 (бисту як ҳазору панҷсад) сомонӣ зикр кардааст. Ҳамин бемасъулиятӣ дар ифодаи рақами 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ дар саҳифпи 4-и ҳалнома аст, ки дафъатан ин рақам дар саҳифаи 23-и ҳалнома 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зикр шудааст. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки судя дар назди қонун ва ҷомеа худро масъул ва ҷавобгар намеҳисобад. Ин аст вазъи ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистони ҳуқуқбунёд.

Мӯҳтарам Президенти кишвар, аз ҳалнома ва мурофиаҳои судӣ пурра мушоҳида шуд, ки судя Ғиёсуддинзода амали қонуншиканиро як амали маъмулии ҷомеаи имрӯза дониста, худаш низ дар чунин қонуншиканӣ мусоидаткор аст.

Ҳамчунин, дар нишондоди даъвогар, намояндаи ӯ Саидов М. Т., нишондоди Самадова, шоҳид Солихов З. судя таъкидан қайд кардааст, ки Сангов Р. Самадоваро ҳамчун зани дуюм ба никоҳ дароварда, бо ӯ хоҷагии умумӣ дошт. Дар ин нишондод таркиби ҷинояти м. 170 КҶ мавҷуд аст. Дар чунин ҳолат судя ӯҳдадор буд, ки дар асоси талаботи меъёри қ. 3, м. 231 КМГ маводи вобаста ба мавҷудияти аломати ҷиноятро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати қонунвайронкунанда ба мақомоти Прокуратура ирсол намояд. Аммо судя дидаву дониста аз ин талаботи меъёри мурофиавӣ чашм пӯшид.

Судя Ғиёсуддинзода ба «фолбинӣ» ҳам шуғл доштааст. Чунончи, дар қисмати асосноккунии ҳалнома навиштааст, ки “… тамоми пардохтҳои яксолаи коммуналиро даъвогар Сангов Р. иҷро кардааст ва ҷавобгар Самадова З. Ҷ. дар ягон ҷой кор накарда, манбаи даромад надошта, имконияти пардохти хизматрасониҳои коммуналиро надорад”. Ин хулосаро суд аз куҷо ҳосил кард? Дар ҳоле, ки даъвогар дар давраи зиндагӣ дар манзили баҳсӣ бо ман як тангаи сиёҳ харҷ накардааст. Ман аз давраи хатми донишкада то ҳол бе шуғл набуда, дар муассисаҳои таҳсилоти гуногун ҳамчун омӯзгор кор карда истодаам. Судя бо кадом шаъни судягӣ чунин хулосаи пуч ва дурӯғро баровардааст? Ҳамин гуна боз як дурӯғи дигарро судя дар саҳифаи 17-и ҳалнома навиштааст, ки гӯё ҳуҷҷатҳои аслии манзили баҳсӣ дар дасти даъвогар Сангов Р. будааст. Мақсад аз ин дурӯғбофӣ чист? Саҳифа пур кардан? Ин ҳам дар сурате, ки даъвогар Сангов Р. дар тамоми умраш ҳуҷҷатҳои манзили баҳсиро дар даст надошт ва ҳатто надидааст. Дар тамоми матни ҳалнома судя талош кардааст нишон диҳад, ки манзили баҳсиро Сангов Р. барои фарзандонаш бо маблағи худаш аз Давлатов Ҳ. Ҳ. харидаасту ба номи ман – ҳамсараш ба расмият даровардааст. Ба андешаи судя, гӯё ман вақтҳои охир бо шавҳарам Сангов Р. муноқиша ва ҷангу ҷанҷол доштам, аз ин рӯ Сангов Р. метарсидааст, ки ман манзили мазкурро мефурӯшаму фарзандонамонро бе хонаву дар мекунам. Сангов Р. низ иддао доштааст, ки вай то ба балоғат расидани кӯдакҳо манзилро ба номи худаш кунад ва баъди ба балоғат расидани кӯдакон онро ба номи яке аз онҳо ба расмият дарорад. Аҷаб фантазия. Даъвогар иддао кардааст, ки Самадова дар хариди хонаи баҳсӣ маблағгузорӣ накардааст ва судя танҳо дар асоси ин иддаои беасос хулоса кардааст, ки Самадова дар ягон ҷо кор намекунаду ягон манбаи даромад надорад.

Беандешагии судяро бинед, ки дар қабати парванда баёноти шоҳид Солихов З. мавҷуд аст. Дар баёноти шоҳид Солихов З. омадааст, ки Сангов Р. тавассути ӯ 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонии Самадоваро баргардонд. Судя дар саҳифаи аввали ҳалнома хулоса кардааст, ки Самадова ягон даромад надошт ва наметавонист ҳатто маблағи хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намояд. Агар Самадова баъд аз як соли хариди манзили баҳсӣ тавонист 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонии дигар пасандоз карда, онро барои нигаҳдорӣ ба дасти бо ном шавҳараш – даъвогар Сангов Р. дода бошад, чӣ тавр наметавонист дар тӯли зиёда аз 20 сол 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ пасандоз накунад? Чаро суд ба сафсатаҳои Сангов Р. дуруст баҳо надод, ки агар ҳамаи маблағи манзили баҳсиро худи ӯ медод, пас чаро ҳамон вақт манзили баҳсиро ба номи худаш ба расмият надаровард? Бо кадом мантиқ судя Ғиёсуддинзода иддаои Санговро дар хусуси гӯё бо мақсади ҳифзи манфиати кӯдакон ба номи худаш ба расмият даровардани манзили баҳсиро “оқилона” ва “одилона” пиндоштааст, дар сурате, ки ин “падари ғамхор ва меҳрубон” дар аризаи даъвогиаш талаби даъво дар хусуси кӯчонидани ман ва кӯдакон бе додани манзили дигари истиқоматиро ба миён гузоштааст. Табиист, ки судя Ғиёсуддинзода дар татбиқи нақшаҳои нопоки Сангов Р. саҳмдор шудааст. Агар ин тавр нест, пас чаро судя чунин як ҳалномаи бемантиқ, беасос, хилофи қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ қабул намуда, дар муддати 64 рӯз ҳалномаро додан нахост? Чаро ҳалномаро ман танҳо пас аз дахолати Дастгоҳи иҷроияи Президент гирифтам?

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, манфиатҷӯии судя, вайрон гардидани талаботи қонун дар рафти мурофиаҳои судӣ бараъло намоён буд, аммо ман ҳеҷ гумон надоштам, ки судя ҳуқуқҳои зан – модарро рӯирост поймол мекунад. Дар ҳоле, ки аз рӯи қавонини дини мубораки Ислом ва ҳам Конститутсияи Тоҷикистон занону кӯдакон аз ҳуқуқҳои бештаре бархӯрдоранд. Бо вуҷуди чунин ноадолатиҳо ҳоло ҳам ман бовариамро ба волоияти қонун аз даст надодаам ва бовар дорам, ки бо дастгирии падаронаи Шумо ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ҳамчунин, мутмаинам, ки амали Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе холисона дида баромада мешавад ва нисбат ба судяҳое, ки ба номи Суди Олии Тоҷикистон иснод меоранд, чораҷӯӣ хоҳад шуд.

Замира САМАДОВА,

сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад, хонаи 102, ҳуҷраи 71

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь