Дар шаҳри Душанбе сохтмонҳои ғайриқонунӣ, ошхона ва фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ, ки ободию зебоии шаҳри Душанберо коста мегардонанд, бартараф карда мешаванд.

Тавре «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, кормандони милитсияи пойтахт ва сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои анҷом додани ин амал муваззаф гардидаанд.

Дар натиҷаи санҷиши муштарак дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур шумораи зиёди нуқтаҳои чӯбини савдо ва хизматрасонӣ, ошхонаи сарироҳӣ ва ҳолатҳои таваққуфи нодурусти нақлиёт, ки боиси танбашавии шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мегарданд, муайян ва бартараф карда шуданд.

Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе атрофи бозори «Обшорон», ки шаҳрвандон дар маконҳои муайяннашудаи он ба савдои сарироҳӣ машғул буданд, ба тартиб дароварда шуда, сохтмонҳои ғайриқонунӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Мақомоти дахлдор ба маълумот мерасонад, ки дар минтақаҳои гуногуни пойтахти мамлакат «Гӯшаҳои деҳқон» ташкил карда шудаанд. Аз ин лиҳоз шаҳрвандону деҳқононро зарур аст, ки дар чунин маконҳои муайяншуда ба фурӯши маҳсулот машғул шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь