Гавҳар Мирҷумаева, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди рақс, роҳбари ансамбли рақсии “Зумрад” – и бахши фарҳанги шаҳри Исфара, аз дунё даргузашт.
Гавҳар Мираброровна Мирҷумъаева 7 июли соли 1942 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Ӯ раққос ва балетмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1978) буд.
Мирҷумъаева cоли 1979 шуъбаи режиссёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Соли 1957 дар Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон иштирок намуда, аз ҳамон сол раққоси Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳоз. Камоли Хуҷандии Хуҷанд) буд. Солҳои 1965-72 ӯ раққос, 1971-1972 сарбалетмейстер ва солҳои 1979-1980 саррежиссёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1982-1986 роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Фирӯза» буд. Аз соли 1986 сарбалетмейстери ансамбли фолклорию этнографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар як вақт муаллимаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе буд. Репертуари Мирҷумъаева аз рақсҳои халқҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ («Муноҷот», «Гулузорам», «Шодиёна», «Нағорабазм», «Бадахшон»); ӯзбекӣ, ҳиндӣ, арабӣ, сейлонӣ, ӯйғурӣ ва ғайра иборат буданд. Ӯ дар чанд филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» ширкат кардааст. Ба хориҷа, аз ҷумла Эрону Афғонистон (1961), Канада, Покистон (1967), Австрия (1981), Сурия (1981) ва ғайра сафари ҳунарӣ кардаааст. Бо Грамотаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудаааст.
Ҳафтаномаи ” Фараж” ба пайвандони марҳум изҳори таслият мекунад. Равони бонуи ҳунар шод бод!