Дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара”-и вилояти Хатлон бори нахуст ҷарроҳии пайванди ҷигар бо муваффақият анҷом дода шуд.
Аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки ин якумин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилоят мебошад. Беморони ҷарроҳишуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Айни замон дар беморон ягон ориза мушоҳида нашудааст.
Гуфта шуд, ки пайвандсозии ҷигар аз ҷумлаи ҷарроҳиҳои нодире мебошад, ки то имрӯз, танҳо дар Муассисаи давлатии маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон анҷом дода мешуд.
Блоки рекламавӣ