Ба таваҷҷуҳи сармураббии тими мунтахаби Чумҳурии Тоҷикистон

Гела Шакиладзе

Мавсими имсолаи бозиҳои футболи байналмиллалии (чӣ расмӣ ва чӣ дӯстона) тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қавле ба поён расиданд. Албатта, мо аз натиҷа ва рафти он бозиҳое, ки дар давоми сол сурат гирифтанд, ҳарфи зиёде гуфтанӣ нестем, зеро ки ҳамааш аз оғоз то анҷом ба ҳамагон «аён буду ҳоҷат ба баён нест».

Вале бо вуҷуди ҳамагуна «аёният», у «баёният» – ҳое, ки дар давоми бозиҳо бо чашми сарамон дидаву мушоҳида кардем, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳайати футболбозон бо сарварии сармураббии тими мунтахаби меҳани мо то кунун аз ягон гуфтаниҳою шунидагиҳо ва танқиду эродҳое, ки мунтазам аз ҷониби ҳаводорон ва мухлисони сершумори футболи миллӣ, анқариб баъд аз анҷоми ҳар як бозӣ гуфта мешавад, сабақе набардоштаанду тахмин меравад, ки сабақе низ бардоштанӣ нестанд. Гузашта аз ин, нерӯсанҷии тими мунтахаби мо дар давоми сол (чӣ дар бозиҳои хонагӣ ва чӣ дар бозиҳои берун аз он) барои мо бори дигар собит намуд, ки футболи миллии мо дар кадом сатҳ қарор дораду футболи кишварҳои ғайр (алахусус, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) минҷумла, арабӣ дар кадом поя қарор доранд?

Аниқтараш, равиши бозиҳо дар давоми сол ба мо бори дигар исбот намуд, ки дар майдони футбол «Кто есть кто?». Дарвоқеъ, пас аз натиҷагирию мушоҳидакориҳои зиёде дар давоми сол, лаҳзае хомӯширо ихтиёр намуда сипас тасмим гирифтам, ки оиди чанд камбудию нуқсонҳои «мерос» – ию «ирси» – е, ки дар тими мунтахаби футболи кишвари мо аз аҳди пешин то ба имрӯз «сукунат» (побарҷо) доранд, ибрози назар намоям. Пӯшида нест, ки ҳайати футболбозони тими мунтахаби футболи меҳан зери сарпарастии сармураббии хорватӣ Петр Сегрт дар Ҷоми Осиё 2023, ки дар кишвари Қатар баргузор гардида буд, дар қатори ҳашт (!) дастаи тавонманди қораи Осиё то марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфта, бо нишон додани беҳтарин бозиҳои зебою муҷалло, шоистаи ҳамагуна таърифу тавсиф ва васфу ситоишҳои арзанда гардиданд, ки дар умум, мавқеъи дастаро дар раддабандии футболи ҷаҳонӣ дар ҷои 99-ум устувор нигоҳ доштанд.

Баъд аз анҷоми Ҷоми Осиё 2023 мухлисону ҳаводорон ва кулли мардуми шарафманди шарифи Тоҷикистон нисбат ба тими мунтахаби кишвар эътимод ва боварии бештаре зоҳир намуда, умед бар он доштанд, ки тими миллии мо дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон 2026 аз муваффақиятҳо рӯхану ҷисман сарбаланд шуда, аз пештара дида бештару хубтар қувваозмоӣ менамоянд. Вале мутаассифона ғайричашмдошти ҳамагон тими мунтахаби футболи кишвар дар ду бозии тақдирсозу ҳалкунандаи гурӯҳи худ аксуламали ҳолро нишон дода, бо ин васила ба тамоми орзую ихлоси охирини мухлисон хатти бутлон зада (кашида), ҳамзамон он умедвориҳоро дар як мижжа таҳ намудан ба боди фано ҳавола намуданд, ки чунин ранг гирифтани кор боиси нигаронӣ, норозигӣ ва рӯхафтодагию афсурдахотирии кулли мардуми шарифи меҳан гардид. Бо ибораи дигар, ба қавле Петр Сегрти хорватӣ ба рафтан рафту вале гӯиё футболи ба тозагӣ тарҳрезинамудаашро низ бо худ бурд. Мусаллам аст, ки мо борҳо шоҳиди он шудаем, ки шореҳони варзиш ва дигар шахсони дастандаркору масъули ин риштаи варзиш, чанд рӯз пеш аз оғози ҳар як бозии футбол тавассути расонаҳои хабарӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ (муоширатӣ) мардумро гаштаю баргашта барои дастгирӣ намудан ба варзишгоҳ даъват менамоянд. Албатта, чунин тарзи корбарӣ барои ҷалби мухлисон як воқеъияти хушҳолкунанда буда, ҳамзамон ба футболбозон руҳӯ илҳоми тоза мебахшад. Ба ростӣ вақте, ки мухлисон ба варзишгоҳ меоянд, онҳо ҳамаҷониба баҳри ба рақиб пирӯз шудани дастаашон мухлисӣ ва кафкӯбӣ мекунанд. Аз ин маълум мешавад, ки агар ҳайати футболбозони тими мунтахаби мо (дар умум, тамоми дастаҳои футболи кишвар, аз якум то олӣ ва аз хурдсолон то тими олимпӣ) дар ҳар бозӣ танҳо баҳри ғалаба беҳтару хубтар ҳунарнамоӣ намоянд, пас дар он сурат мухлисонро ба таври иҷборӣ ба варзишгоҳ даъват намудан ягон зарурияте намемонаду дар навбати худ сафи мухлисону ҳаводорони футбол ба маротиб меафзояд. Дар акси ҳол, сармураббӣ ва ҳайати футболбозони тими мунтахаби миллӣ ақаллан боре андеша аз он намоянд, ки мухлисони футбол нафарони бекор набуда, танҳо барои дилхушиву вақтгузаронии бемақсад ба варзишгоҳ намеоянд. Аниқтараш мухлисон танҳо ва танҳо ба хотири дастгирии дастаю тамошои бозии зебою муҷалло ва албатта ҷонибдорӣ аз пирӯзию музаффариятҳои навбатии тим ба варзишгоҳ меоянду халос.

Пас чаро футболбозони мо дар бештари ҳолатҳо дидаву дониста ҳамаи он умеду орзуҳо ва таманниётҳои некеро, ки пеш аз бозӣ мухлисон барояшон изҳор менамоянд, дар як нафас барбод медиҳанд? Аз ин маълум мешавад, ки чунин тарзи рафтори ноодилонаю нописандона аз ҷониби ҳайати футбобозони тими миллӣ, ин пеш аз ҳама носипосӣ, беҳурматӣ ва бееътиноию қадр накардани мухлисон буда, дар умум чизи дигаре беш нест. Ба ростӣ баъд аз мушоҳидаю хулосабарориҳо, тахмину фарзияҳо, таҳлилу натиҷагириҳо ба хулосае омадам, ки чанд таклифу пешниҳоди судмандеро, ки гумон мекунам аз манфиат холӣ нестанд, хосатан ба самъи сармураббӣ ва ҳайати тими мунтахаби кишвар расонам, то бад он «нашунидаам, нагӯед», гӯён боз фориғболию хунукназариро пеша накарда, ақаллан боре БА ХУД ОЯНД ва аз ҳозир саркарда, омодагии ҳамаҷонибаро бо тайёрии мукаммалу пухта ва боварии комил таъмин намоянд.

ЯКУМ: Ҳайати футболбозони тими мунтахаби кишвари моро (ҳамчунин олимпӣ) аз азал одате шудааст, ки агар мабодое муқобили ягон тими андаке пурқувваттар нерӯсанҷӣ намоянд, пеш аз ҳама дар ботинашон ҳисси нобоварию рӯҳафтодагӣ пайдо шуда, аз дастаи ҳариф дар тарсу ҳарос мемонанд. Сарчашмаи чунин заифию нотавониҳо дар ҷисму вуҷуди кас мақолеро ба ёд меорад, ки: «Овозаи Рустам беҳ аз худи Рустам». мегӯянд. Ва ана ҳамин ҳангомаҳои пучу бемаънӣ дар мафкураи футболбозони мо қолабӣ шудааст, ки «агар ягон тими арабӣ гӯем», – гӯиё ӯ як тиме ҳаст мағлубнашаванда. Ногуфта намонад, ки дастаҳои футболи арабӣ танҳо ду ҷиҳати фарқкунанда доранд: нахуст аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва қадубасти баланд; дуюм симуляция – найрангбозиҳои беҳадду бесобиқа дар футбол. Дигар ягон афзалият ё бартарияте надоранд, ким о аз онҳо дар ҳарос шавем. Алҳол ба маврид аст, танҳо як чизро ёдрас намоян, ки дастаи «Истиқлол» – и Душанбе чанд сол пеш аз ин (солашро дар хотир надорам) дар кадом (?) як кишвари арабӣ дастаҳои номдору овозадори арабҳоро (аз ҷумла «Ал- Ҳилол» – у боз ду тими дигарашро) бо ҳисобҳои калон шикаст дода, ба марҳилаи баъдина роҳхат гирифта буд. Бубинед, охир онҳо ҳам тимҳои номдорӣ арабӣ буданд – ку! Пас мо чаро наметавонистем ба онҳо дастболо ва пирӯз шавем? Аз ин лиҳоз моро лозим ва зарур аст, ки аз ин баъд дар муқобили рақиб ҳаддалимкон бо пайдо намудани андаке бартарият ҷилави бозиро аз дақиқаҳои нахустини нерӯсанҷӣ пурра ба ихтиёрӣ худ гирифта афтону хезон, паррону лағжон ва дар умум бо тамоми ҳастӣ: – «Қувваозмоии футбол андар ин майдони кунем, даст агар аз тан биафтад, ҳарб бо дандон кунем», – ро сармашқи кор ва шиори ҳамарӯзаи хеш намуда, танҳо баҳри ғалаба ва пирӯз ба майдон бароем. Дар ин бобат Ҳилолӣ барҳақ фармудааст:

Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,

Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ.

ДУЮМ: Аз ин баъд, агар футболбозони тими мунтахаб ҳангоми вохӯрӣ бо тими рақиб, дар майдон вазифа, масъулият ва ӯҳдадории ба зимма доштаашонро саривақт, бетаъхиру баҳонаҷӯи дар ҷояш иҷро карда натавониста, ба дағалию шитобкорӣ роҳ диҳанд, ҳатман муҷозот ва ҷаримабандӣ карда шаванд. Зеро, дар сурати амалӣ намудани чунин пешниҳод шояд ҳайати футболбозони тими мунтахаби мо ҳама чун яктан дар майдон аҳлона, танҳо барои пирӯзӣ мубориза баранд. Пӯшида нест, ки ҷорӣ намудан ва нигоҳ доштани низоми оҳанин дар даста, танҳо ба манфиати рушду такомул ва болоравии сатҳу сифати бозӣ заминаи мусоидеро рӯи кор меорад.

СЕЮМ: Дар акасарияти ҳолатҳо футболбозони мо дар майдон ҳангоми тӯбро соҳиби кардан бештар усули яккатозиро пеша намуда, тӯбро то наздикии дарвозаи рақиб мебаранду дар ҳолати партофт намудани тӯб касеро аз ҳамдастагон пайдо накарда, оқибат тӯбро аз даст медиҳанд. Дастаҳои тими арабӣ бошанд аксуламали рафтори футболбозони моро иҷро намуда, ҳангоми бо тӯб сарукор гирифтанашон дар назди дарвозаи ҳариф на кам аз се нафар футболбоз «тут кат тут» ҳозир шуда, бо силсилапартофтҳои нақшавӣ ҳатман ба задани гол даст меёбанд. Камбудии дигаре, ки дар футболи тимҳои мунтахабу олимпии кишвар солиёни зиёде баръало ба чашм мерасад, ин надоштани футболбозони касбие, ки то тавонанд аз масофаи дур тӯбро ба ҳадаф расонанд, мебошад. Бо ибораи дигар мо «мастер штрафных ударов» надорему вассалом. Вале як чизро инҷо набояд фаромӯш намоем, ки надоштани чунин «мастер» – ҳои зарбазан дар дастаҳои мунтахаби кишварамон роҳи ҳалли осони масъала ва мушкилоти ҷойдошта набуда, баръакс аз шахсони соҳибвазифаи риштаи футболу дастандаркорони соҳавӣ, серталабӣ нисбат ба худу доштани ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад. Инҷо суоле ба миён меояд, ки пас чаро футболбозони мо дидаву дониста, аз истифодаи чунин зарбаҳои тақдирсозу нишонрас кор намегиранд? Чизи дигаре, ки мухлисону ҳаводорони футболро бештар ба шигифт меандозад, ин найрангбозиҳои бесобиқаю сохтакорихои фосилавӣ ва ба дарозо кашидани вақти бозӣ аз ҷониби футболбозони кишварҳои арабӣ мебошад. Албатта мо борҳо шоҳиди он шудаем, ки вақте футболбозони кишварҳои арабӣ бо бартарии як тӯб дастаашон пешсаф мешавад, онҳо ҳаддалимкон кӯшиш мекунанд, ки дар раванди бозӣ аз найрангбозиҳою вақткашолдиҳиашон моҳиронаю айёрона истифода намуда, бо ин васила натиҷаи мусбиро ба манфиати худ корбаст намоянд. Мо бошем, дар қиёс бо онҳо, чаро аз чунин «навовариҳо» – ю «тозакориҳо» – и футболи арабиасос кор намегирем? Пас модоме, ки тими мунтахаби мо чунин «нағмабозӣ»- ҳои болозикрро иҷро карда наметавонад, бе чунучаро ба нокомӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин хотир, аз ин баъд мо бояд аз чунин «навоварӣ» – ҳои футболбозони кишварҳои арабӣ барои худ сабақе бардорем, то ба қавли устод Рӯдакӣ:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд, – ба мо низ «рӯзе ба кор ояд»!

ЧОРУМ: Мусаллам аст, ки яке аз падидаҳои номатлуб ва зуҳуроти ғайри қобили андеша дар самти рушду пешрафти футболи меҳан, ин ба вижа, тез-тез иваз шудани сармураббиён мебошад. Дар воқеъ, то он ҷое, ки ман медонам дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар болоравии сатҳу сифати футболи тоҷик чанд тан аз мураббиёни ботаҷриба ва чашмкордон аз қабили Зайниддин Раҳимов, Витали Левченко, Усмон Тошев ва билохир Петр Сегрт хизматҳои арзандаю шоистаеро ба сомон расонидаанд, ки мо ҳамагон дар якҷоягӣ ба онҳо аҳсану офарин мегӯем. Пӯшида нест, ки тайи ду соли охир тими мунтахаби футболи моро мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт сарпарастӣ намуда, дар раванди фаъолияти кориаш бо беҳтарин ва олитарин дастовардҳои олами футбол мушарраф гардонид. Гузашта аз ин мо ҳамагон нағз медонем, ки маҳз ва маҳз Петр Сегрт тавонист дастаи мунтахаби моро ба Ҷоми Осиё 2023 сафарбар намуда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ соҳиби роҳхат намояд. Аз ин боис, мо мутмаин будем, агар Петр Сегрт дар вазифааш боз як соли дигар меистод, бе муҳобот ва бе ҳеҷ шакку шубҳа тими мунтахаби моро то ба Ҷоми Ҷаҳон 2026 ки аз чанд марҳилаи дигар иборат буд, бурда мерасонид. Вале аз чи сабаб бошад, ки мо ӯро нигоҳ доштан натавонистему имрӯз бошад вақте, ки сатҳу сифати футболи мо то андозае заифу коста гардидааст, афсӯсашро мехӯрем, ки «кош Петр Сегрт ро аз даст намедодем»

ПАНҶУМ: Мо аз сармураббӣ ва ҳайати мушовирону дастандаркорони тими мунтахаби кишвар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳамин мақоларо дар шоҳиди ва иштироки ҳатмии ҳайати пурраи футболбозони тими мунтахаб ҳамаҷониба мавриди омӯзишу баррасӣ ва муҳокимаю мулоҳизарониҳои баҳсталаб қарор дода, аз натиҷаи ниҳоиаш хулосаҳои даркориро дақиқ ва саҳеҳ ҳаллу фасл намоянд то дар фарҷоми корн уран алонур гардад.

Зеро акнун вақти он расидааст, ки мо дар бозиҳо аз ин баъд дигар ягон чизеро аз қабили «нафаре ҷароҳат бардоштаасту дигаре бемор аст, сеюмӣ бошад бо корте муҷозот шудааст», – гуфтаниҳоро баҳона накарда пеш аз ҳама ба шитобкорию дағалрафторӣ роҳ надода, ҳамзамон аз ҳамагуна “стресс”-у асабониятҳо канораҷӯӣ намуда аҳлона ва дастаҷамъона ҳама чун як тан, танҳо баҳри ғалаба ва пирӯзӣ ба майдон бароем.

Дар фарҷом месазад инҷо сухани пурмуҳтавои футболбози тими мунтахаби кишварамон Зоҳир Ҷӯрабоевро ба хотир оварем, ки 22.01.2024 сол дар кишвари Қатар ҳангоми баргузории бозии навбатии тими мо бо дастаи мунтахаби Лубнон гуфта буд: «Мо агар имрӯз ғалаба кунем, мо таърих месозем»! Дар воқеъ ҳам он рӯз мо ба тими мунтахаби Лубнон бо ҳисоби ду бар як дастболо шуда таърих сохтем. Аз ин баъд бошад, ки ҳар як орзую таманниёти мухлисону футболбозон дар умум бо ҳам омезиш ёфта, дар якҷоягӣ футболи сифр миллии моро дар ақсои олам шӯхратёр гардонанд. Аз ин хотир, мо бояд барои амалӣ намудани ҳар як нияту мақсади дар пеш гузоштаамон аз худи ҳозир омода бошем, вагарна фардо дер хоҳад шуд. Абӯалӣ ибни Синои бузург барҳақ фармудааст:

Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,

Фардо чи кунӣ, ки натавонӣ кардан!

Орифҷон ТОҶИЕВ, ноҳияи Айнӣ деҳаи Вешаб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь