Чӣ тавр хонаеро, ки бо дастони ман сохта шудааст, ба каси дигар медиҳанд?

Ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ

Ба раиси Суди олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён,

Ба раиси Суди вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода

 Агар идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров, Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ин ноҳия ба сохтакорӣ роҳ намедоданд ва масъулони суди ноҳия, барои чунин амалкарди хилофи қонун муносибати беадолатона зоҳир намекарданд, аслан намехостам, бо ин қазия тавассути матбуот ба шумо муроҷиат кунам. Гап сари манзили истиқоматие меравад, ки баъди вафоти падарам, онро соли 1986 бо ёрии бародаронам бунёд кардам, аммо ба маҳзи ҳуҷҷатгузориҳои қалбакӣ имрӯз онро Арзиева Бишарофат, нафаре, ки аслан ба хонаводаи мо рабте надорад, соҳибӣ карда, ғайриқонунӣ ба номи худ сабт кардааст.

Ин хона дар суроғаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Унҷӣ, кӯчаи ба номи Д. Холматов, хонаи № 88 воқеъ мебошад, ки замини он дар асоси Протоколи № 9 аз ҷониби Правленияи колхози ба номи Ворошилови райони Ленинобод ҳанӯз 10 июни соли 1950 ба номи марҳум бобоям Шамсиев Холбой, ки хизматчӣ буданд, ба масоҳати 0,75га ҷудо шудааст, ки баъдтар ба падарам тааллуқ дошт ва ман дар ин хона таваллуд шуда ба воя расидаам.

Соли 1960 падарам Шамсиев Мамур вафот карданд. Соли 1965 модарам Розиқова Монат бо нафари дигар шавҳар карданд. Падарандари мо Арзиев Қузӣ ба хонаи бобоии мо омад. Ману бародаронам, ки он замон ҳанӯз хурдсол будем, фикр мекардем, ки Арзиев ба мо меҳри падарӣ дода метавонад, аммо ӯ бо муносибати сангдилонаи худ моро рӯҳан азият медод. Ӯ дар коргоҳи нонпазӣ кор мекард, вале, барои таъмини хонавода бо маводи ниёзи рӯзгор аҳамият намедод. Ёд дорам вақте, ки ман бо бародарам яке аз ду дона нони овардааш як бурдаӣ хурданӣ будем, огоҳ ва хашмгин шуда ба ҷониби мо «нахӯред» гӯён бо корд таҳдид кард. Аз ин ҳол модарам бохабар шуда, пеши роҳи Арзиевро гирифтанӣ шуд, вале ӯ кордро ба ҷониби мо партофт, ки он  пойи модарамро сӯрох кард. Ҳамин гуна Арзиев бо муносибати сангдилонааш ману бародаронамро дар хонаи бобоиамон азият медод. Бибиам Шамсиева Биашур ҳам ин гуна бадрафториву бадгуфориҳои вайро дида доим месӯхту оҳ мекашид.

Соли 1977 ба хизмати ҳарбӣ рафта, баъди ду сол баргаштам ва курси ошпазии Техникуми Хуҷандро хатм карда, дар Идораи кишоварзии ноҳия нахуст ба ҳайси ёрдамчии ошпаз ва баъдан сарошпаз ба кори давлатӣ  қабул шудам.

Бародаронам Мурод ва Рауф баъди адои хизмати ҳарбӣ Институти педагогии шаҳри Ленинободро хатм карда, ба кори омӯзгорӣ машғул шуданд. Зиндагиамон хуб шуд.

Бо бародаронам Шамсиев Мурод ва Шамсиев Рауф нав кардани хонаи бобоиро маслиҳат  кардем. Хонаҳоро пурра вайрон карда, сохтмонро аз нав сар кардем ва ниҳоят соли 1986 боми хона ва дигар корҳои сохтмониро худам аз ҳисоби кори ошпазиам ба иҷро расонидам.

Соли 1991 ман дар 33-солагиам хонадор шудам. Тӯйи домодии ману бародарам Рауф, ки он вақт 34-сол дошт дар як рӯз доир гардид. Аз туйи мо падарандарам Арзиев ба ҷойи он, ки хурсанд шавад, ки мо ба чунин рӯз расидем, баръакс бо ҳар баҳона шӯру мағал мебардошт. Ҳеҷ бо мо ба хушӣ зиндагӣ карданро андеша намекард. Дар ин ҳол ба ин қарор расидам, ки бояд, барои муддате дар ҳуҷраи иҷоравӣ зиндагӣ кунам. Бо ин мақсад аз бинои ошёнадор ҳуҷра иҷора гирифтам. Ҳар гоҳ ёди модар маро ба сӯи худ мекашид, баъд аз кор ба дидори модарам рафта кору бори хонаи бобоиамонро иҷро мекардам.

Соли 2016 модарам Розиқова Монат дар синни 79-солагӣ ҷон ба Ҳақ супурд.  Соли 2017 ба ҷамоати деҳоти Унҷӣ  барои гирифтани маълумотнома рафта, огоҳ шудам, ки Арзиева Бишарофат, духтари Арзиева Қузӣ, ки ба манзили истиқоматии мо ягон рабте надорад, модарамро фиреб карда, дар асоси васиятнома худашро ғайриқонунӣ соҳиби манзили истиқоматии аз бобову бибиамон меросмонда кардааст. Арзиева фарзанди модарам ва хоҳарандарам ба ҳисоб меравад, аммо  ба манзили бобоии ман ягон рабт надорад.

Модарам келини Шамсиев Холбой ба ҳисоб рафта, дар ин манзил ягон сохтмон накардааст, аммо аз ҷониби ҳукумати ноҳия шахсеро, ки дар ин манзил сохтмон накардааст, соҳибмулк эътироф кардаанд.

Абдусамад Маннонзода, дар замони раиси ноҳияи Б. Ғафуров буданаш аз 13-уми ноябри соли 2015 “Оиди барасмиятдарории қитъаи замини наздиҳавлигии Розиқова Монат ба масоҳати 0,08 га” ва ҳамчунин 17 декабри соли 2015 таҳти № 1048 дар бораи бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намудани он қарор қабул намудааст, ки ғайриқонунӣ мебошад.

Ин ҷо баръало маълум мешавад, ки Арзиева Бишарофат тавассути миёнравҳои ҳукуматӣ, Кумитаи замин ва масъулони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Б. Ғафуров аз беморӣ ва бесаводии модари 78-солаам истифода намуда, аз мо пинҳонӣ хонаро ба номаш гузаронидааст.

Ин танҳо як амалкарди ғайриқонунии Абдусамад Маннонзода, раиси собиқи ноҳия нест, ки моро ба сарсонӣ расонидааст.

Соли 2016 Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, бинобар даст задан ба амалҳои коррупсионӣ аз ҷумла фурӯхтани замин парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Тавре кормандони Идораи мубориза бо фасод эълон намудаанд Маннонзода давоми се соли  раиси ноҳия буданаш даст ба порагирӣ зада, барои ҷудо намудани замин ба хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар маҷмӯъ 140 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст. Баъди эълони ин парванда ин собиқ раиси ноҳия ба бозпурсӣ ҳозир нашуд ва инак панҷ сол гузаштаасту то ҳол ӯ ғайб задааст.

Чанд далели мувассақе мавҷуд аст, ки қайди маро дар ин хона тасдиқ мекунад.

1.Мутобиқи маълумотномаи бойгонӣ таҳти №108 аз 29.05.2017 бармеояд, ки дар қайди китоби хоҷагидории ҷамоат солҳои 1973-1975 сардори хоҷагӣ Шамсиева Биашур бибиам буда, ман Шамсиев Дадо ҳамчун набера дар қайди ин манзил қарор дорам.

  1. Дар асоси хулосаи ташхиси судӣ-комиссионӣ сохтмонӣ-техникӣ таҳти № 20/43/18 аз санаи 08.02.2018 чунин хулоса дода шудааст, ки таҳкурисии хонаи истиқоматӣ таҳти Литери 1А-1М, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Унҷӣ, кӯчаи Д. Холматов, ҳавлии № 88 аз санг буда, танҳо қисми пеши бино бо бетон пушонида шудааст, деворҳои бино бошад аз хиштҳои хоми маҳаллӣ (кулӯла) яъне бо заҳмати ман бунёд карда шудааст.
  2. Мувофиқи таҳқиқи маълумотҳои расме, ки аз Бойгонии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Б. Ғафуров (шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, инчунин санад аз 21.08.2015 сол) сохтмони хонаи истиқоматии таҳти Летраи 1 А-1М соли 1977 оғоз гашта, соли 1986 ба итмом расидааст. Сарфу харҷи кардаи моро собит мекунад.
  3. Арзиева Б. соли 2016 бо роҳи сохтакорӣ аз бойгони ноҳия маълумотнома сохтааст, ки дар он ману бародаронам дар қайди ин хона набудаем. Яъне, тасдиқ гардид, ки ӯ барои ба таври қалбакӣ ба номаш сабт кардани хона даст ба чунин кирдор задааст.

Чанд далели дигар ҳам дар даст дорем, ки чи гуна хонаи бо дастони худам сохтаро, масълини идораҳои давлатӣ ва судӣ ғайриқонунӣ ба Арзиева Бишарофат вогузор кардаанд.

Аммо ба ин ҳама ваҷҳу далелҳои овардаам суди ноҳияи Б. Ғафуров 27 апрели соли 2020 бо қабул намудани ҳалномаи судӣ даъвои маро оиди беэътибор ҳисобидани банди 1 Қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров аз 13 -уми ноябри соли 2015 таҳти № 968 ва санади комиссияи ноҳиявӣ аз 14 сентябри соли 2015 таҳти № 99 “Оиди барасмиятдарории қитъаи замини наздиҳавлигии Розиқова Монат ба масоҳати 0,08 га” бо нақшаи замин тасдиқ карда шудааст, қисман беэътибор донистани банди 2 Қарори раиси ноҳия аз 17 декабри соли 2015 таҳти № 1048 ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А № 0060789 аз 20 июни соли 2017 дидаву дониста рад кард.

Гузашта аз ин суди марҳилаи кассатсионӣ мурофияи судиро бе иштироки ман баррасӣ намуда, бе асос шикояти маро беқаноат монд.

Ҳоло аз чунин амалкарди судяҳо дар ноҳияи Б. Ғафуров, ки ба як беадолатии судӣ боис шуданд, ҷониби Арзиева ба ҳоли ман хандида, писханд зада, фикр мекунад, ки қонун моли онҳову коре аз дасти ман намеояд.

Ман ба қонун арҷ мегузорам ва танҳо бо ин роҳ мехоҳам ҳаққи худам, хонаи худамро бигирам. Умедворам, ки шумо роҳбарони баландмақоми идораҳои давлатӣ, дар ин роҳ барои тантанаи адолати судӣ мусоидат мекунед.

Шамсиев Дадо Мамурович,

сокини шаҳри Хуҷанд,  маҳлалли 18, бинои 3, ҳуҷраи 34

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь