Маълум аст, ки эътимоду боварии аз андоза беши инсонҳо дар аксар маврид боиси ташвиш мегардад. Назаре ба зиндагии пешиниён андешаеро собит менамояд, ки гузаштагони мо дар пояи нангу номуси миллӣ солҳои зиёд дар қитъаи замини наздиҳавлигии хурде зиндагонӣ карда, фарзандони фарзонаро ба камол мерасониданд. Мутаассифона, дар замони ҳозир бархе нафарон аз эътимоду эътибори гузаштагонашон сӯиистифода намуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандии дигаронро дидаву дониста поймол намудаанд.
Ман Ҳофизова Холисамо соли 1965 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудаам. Тибқи маълумоти Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар нусхаи билети муҳоҷиратии соли 1965-ум ба падарам Ҳофизов Давлат (таваллуд 1922) 0,13 га замин вобаста карда шудааст, ки аз ин масоҳат 0,3 га ҳамчун қитъаи сохтмоншаванда қайд гардидааст. Ҳамчунин дар маълумотномаи идораи Бойгонии ноҳияи Масчоҳ (аз 26.02.2021 с. таҳти №35) дар асоси китобҳои хоҷагии солҳои 1958-1960-ум соҳиби ҳамин масоҳат замини наздиҳавлигӣ будани падарам низ ишора шудааст.
Аз иттилои дар маълумономаи бахши бойгонии ҷамоати деҳоти Палдорак аз 03.03.2010 с. таҳти №14 Х қайдгардида бармеояд, ки ба ҳолати соли 1971-ум дар китобҳои ҳоҷагӣ ба номи падарам Ҳофизов Давлат 0, 13 га замини наздиҳавлигӣ қайд гардидааст.
Бародари падарам Ҳофизов Ботур (таваллуд 1917) тахминан солҳои 1971-1973-юм аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Мастчоҳ муҳоҷир гардид. Бародарон Давлату Ботур дар қитъаи замини наздиҳавлигии дар билети муҳоҷиратии падарам қайдшуда дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию боварӣ то рӯзи вафоташон зиндагонӣ намудаанд. Қитъаи мавриди назар дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, кучаи М. Горкий №18 ҷойгир аст.
Дар ин хона падарам 8 фарзанд ва амакам Ҳофизов Ботур 6 фарзандро ба воя расонидаанд. Бо амри тақдир ҳамаи фарзандони падари ману амакам ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштаанд. Бо ҳамроҳии падару модар мани муҷаррад (Ҳофизова Холисамо)-ю бародарам Ҳофизов Муллошамс бо зану фарзандонаш истиқомат доштем.
Падарам 15.10.2002 с. вафот карданд. Баъди гузаронидани маросими дафн мо фарзондон амволи меросӣ – манзили истиқоматиро воқеан қабул намуда, дар он зиндагӣ менамудем. Замини наздиҳавлигии аз 0, 06 га иборат мебошад. Бо мақсади таъмини зиндагӣ дар қитъаи мазкур кишт менамудем.
Гузашти рӯзгор собит намудааст, ки дастгирӣ ва роҳнамоии бархе инсонҳо касро ба олами ғаму ташвиш раҳнамун месозад. Бесабаб дар мақоли халқие чунин нахонда будаам: «Каси раҳмдил, ҳамеша ғамғин». Ҳикмати баланд доштани ин офаридаи халқии дарозумрро алҳол дарк намудам.
Дар ҳеҷ асноди таърихие ба номи бародари падарам Ҳофизов Ботур қитъаи замине қайд нагардидааст. Имрӯз бошад, наберагонаш даъвои замини меросии бобояшонро доранд. Лозим ба тазаккур аст, ки то имрӯз дар аксар минтақаҳои дурдасти мамлакат хонаҳои истиқоматӣ бидуни шиносномаи техникӣ ҳастанд. Аз он ҷумла, хонаи меросии падарам.
Бародари падарам Ҳофизов Ботур бо оилааш дар қитъаи замини падарам зиндагӣ мекард. Гӯё амакам соли 2008-ум дар синни 91 солагӣ ҷиҳати ба расмият даровардани биноҳо ва қитъаи замин ба МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намудааст.
Комиссияи ноҳиявӣ муроҷиати пинҳонии бародари падарам Ҳофизов Ботурро воқеӣ баҳогузорӣ накардаанд. Аз ҷумла, комиссия боре ба манзили истиқоматӣ ташриф наовардааст ва мувофиқати дигар соҳибмулкону сокинони ин манзилро ба инобат нагирифтаанд. Бо чунин вазъ ҳайати комиссия қарорҳои қабулнамудаашонро ба Раиси ноҳия манзур кардаанд. Қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ дар ин бора аз 01.07.2008 таҳти №318 оиди бақайдгирии ҳуқуқи истифодабарии замин ва бино ба тасвиб расидааст.
Аз шиносоии шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ маълум гардид, ки хонаҳо ва иншоотҳои дигари бунёднамудаи падарам ҳамчун саҳни ҳавлӣ нишон дода шудааст, ки бори дигар аз фаъолияти сатҳӣ ва ғайриқонунии ҳайати комиссияи ноҳиявӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин иншоотҳо падарам солҳои зиёд бо фарзандону наберагонаш зиндагӣ кардааст.
Санаи 13-уми августи соли 2008-ум бошад, шартномаи ҳадякунии ҳавлии истиқоматии падарам таҳия шудааст. Дар асоси ҳамин шартнома амакам Ҳофизов Ботур ҳавлии истиқоматиро ба наберааш Ботуров Абдуллобек Ҷурабоевич ҳадя намудааст.
Таҳлилу қиёс ва муқобалаи санадҳои фактологӣ нишон дод, ки ҳуҷҷатҳо ‒ протоколи маҷлиси комиссияи назди муовини Раиси ноҳия оиди манзили истиқоматӣ, қарори Раиси ноҳия «Оиди бақайдгирии ҳуқуқи истифодабарии замин ва биноҳо» ва шартномаи ҳадякунии ҳавлии истиқоматӣ ҳамаи онҳо дар муддати кӯтоҳ ба расмият дароварда шудаанд.
Таассуфовар он аст, ки пас аз вафоти падарам (2002) то соли 2015-ум ману аҳли хонаводаи бародарам Муллошамс дар хонаи меросии падар зиндагӣ доштем. Бинобар фарсудаву дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтани биноҳои манзили падарӣ ба қитъаи замини дар кӯчаи Маданият воқеъбудаи ҳамин ҷамоат зиндагӣ ихтиёр кардем. Азм доштем, ки бо баробари хуб гардидани вазъи иқтисодии хонаводагӣ манзили меросии падарро обод намоем. То имрӯз биноҳои бунёднамудаи падарам дар ҳолатӣ садамавӣ қарор доранд.
Пас аз огоҳ гардидани ҳолат борҳо ҷиҳати бекор намудани қарорҳои Раиси ноҳия ва дар маҳал баррасӣ намудани даъво ба Суди ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат кардем. Умедвор будем, ки ба корҳои «қонунӣ» анҷомдодаи амакам Ҳофизов Ботур нукта гузошта мешаваду мани муҷарради бекӯй соҳиби замини меросии падарам мегардам.
Судяи Суди ноҳияи Мастчоҳ Маликзода Ойиммоҳ ба маҳалли баҳс ҳозир шуд ва бо хонаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи падарам шинос гардида, ҳолатро аз атрофиён низ пурсон шуд. Суди ноҳияи Мастчоҳ муроҷиати моро дар хусуси беэътибор донистани қарорҳоии Раиси ноҳия рад кард.
Ман ба ҳалномаи марҳилаи якуми судӣ розӣ нашуда, дар шикояти кассатсионӣ хоҳиш кардам, ки ҳалномаи Суди ноҳияи Мастчоҳ бекор карда шуда, парвандаи мазкур дар ҳайати нав баррасӣ карда шавад. Колегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании суди вилояти Суғд шикояти моро мавриди таҳлил қарор дода, ҳалномаи марҳилаи якуми Суди ноҳияи Мастчоҳро бекор намуда, барои баррасӣ дар ҳайати дигар равон карда шуд. Ин ҳолат мани бекӯйро ба зиндагии нав дилгарм намуд.
Марҳилаи сеюми баррасии парванда дар толори Суди ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид. Парванда таҳти раисии Раиси Суди ноҳияи Мастчоҳ Қурбониён Алишоҳи Нарзулло баррасӣ гардида, бо вуҷуди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои нодиру сабту аксҳои таърихӣ ва шоҳидии насли калонсоли диёр ин дафъа ҳам, даъвои ман беэътибор дониста шуд.
Дар интиҳо ҳаминро метавон ишора намуд, ки набераи амакам Ботуров Абдуллобек нисбати масъалаи маврид баҳс қарордошта, мехоҳад ба кадом роҳу воситае, ки лозим бошад, замини ба таври пинҳонию ғайриқонунӣ ҳуҷҷагузорӣ намудаи бобояшро аз даст надиҳад, аммо ман бовар дорам, ки ин хостаи ӯро қонун қобили қабул намеҳисобад. Ман ҷиҳати баррасии марҳилаи чоруми ин парванда такроран ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании суди вилояти Суғд шикояти даъвогӣ пешниҳод менамоям. Умед дорам, ки масъулони ин соҳа ба қазия аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ҳақро ба ҳақдор мерасонанд.
Ҳофизова ХОЛИСАМО