(Бо илҳом аз баромади ҳаҷвнависи рус Алексей Сапик. Монолог: «Собрание Дед Морозов и Снегурочек»).

Дебоча: Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони иқтисоди бозоргонӣ тақрибан ҳама корҳоро бо пардохти маблағе ҳал кардан мумкин аст. Калонсолон медонанд (ҳатто кӯдакон), ки ташкилоте арзи ҳастӣ доранду   онҳо бо гирифтани хизматпулӣ нақши Бобои Барфӣ ва набераи ӯю дигар персонажҳои афсонавию ривоятиро мебозанд. Ва чунин як ҷаласаи истеҳсолӣ дар чунин як ташкилот пас аз Соли Нав барпо шуда, ҳисобот пешниҳод гардид. Онро манзури хонандагон мекунем.

Садри ҷаласа баромад карда, қироат мекунад:

-Рафиқон Бобоҳои Барфӣ ва Барфакҳо, илтимос халал нарасонида, ором нишаста ба маърӯзаи ҳисоботӣ бодиққат гӯш дода, агар ягон савол пайдо шавад ба зудӣ масъулин ҷавоб диҳанд. Ҳарчанд дар ин бора қаблан, пеш аз Соли Нав гуфта будем.  Хуб, сар мекунем:

Тибқи ҳисобу китоб ва шартнома бо ширкатҳои ҳамкор мо ба маҳаллаи зери назорати худамон 115-Бобои Барфӣ, 115-Барфакро ба кор равон карда будем, лекин бо гузашти як ҳафта то ҳол 70-Бобои Барфию 80-Наберааш барнагаштаанд! Инчунин мо 20-кӯлоҳ, 35-риш, 55-борхалта, 65-асо, 45-камзӯлчаю ҷома, 55-мӯзаю пойафзол, 37-арчаи солинавии ба иҷора-додашударо гум карда, дар ҷустуҷӯ мебошем. Тибқи ҳисоботи пешакӣ… ба ростӣ мо бо гузашти 7-8-рӯз ҳоло ҳам ҳисобу китоби худро ба охир нарасонидаем ва… бо хабардор шуданамон 15-Бобои Барфӣ дар беморхонаҳои мухталифи шаҳр бистарӣ мебошанд. Масалан, Бобоҳои Барфии рақамҳои 13, 45, 56, 78, 99 ва 110-ум бо сабаби аз ҳад зиёд пурхӯрӣ, Барфибобоҳои рақамҳои 12, 46, 67 ва 89 бинобар сӯхтани ришу абрӯ ва кӯлоҳ дар беморхонаҳои касалиҳои пӯст ва тибқи хабари Вазорати Ҳолатҳои Фавқулода бошад Бобоҳои Барфии рақами 3, 6, 10-умро дар ҳолати мастӣ кормандони ин боргоҳ аз оби сарди дарёи назди маҳаллаи ҳамсоя дарёфта, ба беморхона бурданд. Сабабаш, бо шарти гирифтани ҳамаи тӯҳфаҳои солинавӣ бо либосҳояшон ба об даромада, ҳамаашон ҳоло дар шӯъбаи сармозадигиҳо хобанд…

Бобоҳои Барфии рақами 93 ва 101-умро бошад, милисаҳо бинобар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аниқтараш задӯхурд дар ҷойи серодам, яъне бо барпо кардани ҷанги тан ба тан бо Барфибобоҳои маҳаллаи ҳамсоя доштаанд, ки дар вақти халос кардан чанд тан милиса низ зарб хӯрда, вазъият дар ин самт мушкилтар аст…

Дар баробари Бобоҳо… мо набераҳои зиёди онҳоро низ пайдо накардаем… Масалан набераҳои рақами 22, 33, 44 ва 66-умро бо душворие аз толору базмгоҳҳои идонаи ҳамсоякӯча бе Бобоҳои Барфӣ дарёфт кардем, ки онҳо онҷо 6-ҷуфт туфлиро аз даст додаанд… Набераҳои рақамҳои 21, 32, 45 ва 65-умро аз толори зебоӣ танҳо ду рӯз пеш, набераҳои рақами 23, 38 ва 98-умро аз ошхонаю тарабхона оварданд… Ҳоло тибқи маълумоти кӯчагӣ Барфакҳои рақамҳои 77, 88, 110-ум дар тӯй буда, ба сифати рақосса як ҳафта инҷониб баромад доранду телефонӣ занг зада хабар дода, лекин узр напурсиданд… аммо хайрият пардохти ҷаримаро ба ӯҳда гирифтанд…

Гуфтан даркор ҳаст дар баробари ин дар маҳаллаи худамон ва ҳамсоямаҳала чанд кӯчаи… чи хел гӯям, чанд ҷойи ба қавле «нуқтаи доғ» ё гӯё «секунҷаи Бермунд» мавҷуд аст, ки ҳамаи Бобоҳои Барфиро ба худ ҷалб мекунаду дар онҷо расо 55-нафари Барфибобоҳои мо «ғарқ» шуданд… Маълум, ки ин корхонаҳои ширу гӯшт, ҳасиб ва қаймоқ, корхонаи шаробпазию маҳаллаи тоҷирону мансабдорон мебошад. Дар ин маҳалла задӯхурди ҳақиқии байни Бобоҳои Барфии мою ҳамсоякӯча чунон дуру дароз давом кард, ки чанд бинию дасту панҷаи шикастаю ришу борхолтаҳои Бобоҳои Барфии рақами 7, 8, 9-ум онҷо монда, дар охир тибқи маслиҳати Бобоҳои Барфии таҷрибадор як намояндагӣ аз ҳарду ҷониб ба ҷанги бидуни қойидаи  муайян ба майдон баромаданд. Рақибамон Санта Клауси рақами 1 – шӯрапушти гузарою устоди каратэ буда, вориди саҳнаи сиёсат шуда буд, лекин хайрият Барфаки рақами 15-уми худамон ба ҷанг баромада, бе мубориза рақибро шикаст дод. Оре, бе ҷанг… Ӯ рӯирост изҳор кард, ки набераи устоди ин Бобои Барфӣ буда, ҳамчунин ӯро сахт дӯст медораду дар ҳолати гузашт кардан волидайнаш метавонад қалини тӯйи ояндаро бахшад…

Ҳа гуфтагӣ барин, баъзе аз Бобоҳои Барфӣ аз ҳад гузаронида, вазнбардории худро таъриф карда, ба чанд роҳбари муассиса ин амали худро нишон доданд. Масалан Бобои Барфии 114-ум ба комбинати гӯшт баромада, расо гушти яхини як бӯқаро худаш танҳо ба пушт кардаю бароварда, рост ба бозор бурдааст. Мегӯянд, қассоб будани Барфибобо диққати ҳамагонро кашида, дар як мижжа задан гӯшт ба савдо рафтааст!

Ҳамин ҳолат дар корхонаҳои қаннодӣ ва нассоҷӣ ба амал омада, шикоят аз болои Бобоҳои Барфии мо хеле зиёд аст…

Ҳа, гуфтагӣ барин ҳоло ҳама аз пайи кор шавед…ҳа, танҳо бе либоси Бобои Барфӣ…рафта боқимондаҳоро ёфтан даркор. Тезтар аз паси кор шавед, дар пеш Иди Наврӯз, акнун бояд дар нақши Бобои Деҳқон тайёрӣ дидан даркор… Ҳисоботи пурраро дар бораи амалҳои Бобоҳои Барфӣ моҳи март пешниҳод мекунем. Ҳама ба кору барори кор!!!

Сабзаалӣ Асозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь