Интригаи асосии интихоботи парлумонии соли 2025 чӣ хоҳад буд?
ЯК ЛАТИФА?
Агар маъракаи интихоботи парлумонии 2 марти соли 2025 -ро, ки 4 декабри имсол тибқи фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, ҳоло бо як тезис ифода кардан зарур бошад, таъкиди дар назари аввал шӯхиомез пайдо мешавад:
“Акнун Абдуҳалим Ғаффоров бояд ҷои хоби нав ёбад!”
Гап сари латифае меравад, ки дар интихоботҳои гузаштаи парлумонӣ мардум онро байни ҳам бошавқ нақл мекарданд:
“ Аз Абдуҳалим Ғаффоров пурсиданд, ки 5 сол дар парлумон хоб будед. Пас чаро номзадии худро аз нав пешбарӣ кардед?
Посухи ӯ:
- Агар ҷои хобамро иваз кунам, хобам намебарад!”.
Албатта ин латифа он замон ба хотири фаъол набудан, ё камфаъолии вакилони Маҷлиси намояндагон гуфта мешуд. Аммо ин бор фақат Абдуҳалим Ғаффоров нест, ки барои худ бояд “ҷои хоби нав” кобад ва сухан ҳам фақат аз фаъолмандиву камфаъолии онҳо нест. Мисле, ки масъала фаротар аст. Ба назар мерасад, ки фазои сиёсии Тоҷикистон “дигар” шудааст, ё онро “дигар” кардан мехоҳанд. Чизе монанд ба интихоботи парлумонии соли 2005…
ТОБИСТОНИ ГАРМИ СОЛИ 2004
Он замон ҳам, пеш аз баргузории интихобот ҳодисаҳое сурат гирифтанд, ки раванди минбаъдаи фаъолиятҳои сиёсиро маълум намуданд. Моҳи август тақрибан ҳамаи нашрияҳои мустақил – «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан», «Одаму олам» аз чоп бозмонданд. 6 –уми август генерали маъруф Ғаффор Мирзоев боздошта шуда, баъдан ҳабси абад ҳукм гирифт. Чанд рӯз баъд аз боздошти ӯ, муовини раиси Ҳизби номнависнашудаи тараққиёти Тоҷикистон Рустам Файзиев дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт гардид ва дар идораи кории Султон Қувват – раиси ин ҳизб низ мақомот кофтуков анҷом доданд. Охири ҳамон моҳ гуфта мешуд дар дохили Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон «шикоф» ба вуҷуд омадааст ва расман эълон гардид, ки акнун Абдуҳалим Ғаффоровро, ки дар доираҳои сиёсӣ аслан шинохт надошт, ба ҳайси раиси ин ҳизб мешиносанд. Мирҳусайн Нарзиев, ки то ин замон раиси ҲСТ муаррифӣ мегардид, гуфт чунин бархӯрди мақомот танҳо барои он ба вуҷуд омадааст, ки ин ҳизб узви Эътилофи интихоботи шаффоф шуд. Воқеан, ин эътилоф аз ҷониби раиси ҲСДТ шодравон Раҳматилло Зойиров ташкил шуд ва тақрибан ҳамаи аҳзоби он замон фаъол ба он пайвастанд, ки дар натиҷа ҲХДТ анқариб танҳо мемонд.
27 –уми август дар ноҳияи Тоҷикобод бинои прокуратура ва ШКД тирборон гардид, ки ба қавли мақомот онро раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ташкил намудааст. Худи Искандаров дар Маскав қарор дошт, аммо ронандааш боздошта шуд. Искандаров аз Маскав эълон намуд, ки ба ин ҳодиса ягон иртибот надорад. Ронандааш бошад танҳо модари ӯро ба зодгоҳаш бурдааст. «Агар мақсади ман ягон ноамнӣ мебуд, магар модарамро ба минтақаи доғ мефиристодам?» гуфт раиси ҲДТ дар мусоҳибаҳои худ.
9- уми декабри соли 2004 ахиран Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Маскав боздошта шуда, баҳори соли 2005, пас аз маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон “пайдо шуд” ва 5 октябр ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.
Бо ҳамин, ба назар мерасид, ки «ҳавои гарми» сиёсии Тоҷикистон, ки он замон эҳсос мешуд, акнун майл ба сардӣ дорад.
“ПАРЛУМОНИ БИСЁРҲИЗБӢ”
Пас аз ин ҳодисаҳо дар фазои сиёсии Тоҷикистон ду ҳизби нав – аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ пайдо шуданд, ки гуфта мешуд ҳадаф аз таъсиси онҳо “кӯмак” ба ҳизби ҳоким аст. Зеро то соли 2005 аксари аҳзоби сиёсии фаъол рӯҳияи оппозитсионӣ доштанд. Ҳатто Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2005 анқариб сафи мухолифони ашаддии ҳукуматро афзоиш медод. Аммо як рӯз пас барояшон дар парлумон як курсии иловагӣ “пайдо” шуд ва то андозае боиси оромии онҳо гашт.
Хотиррасон мешавем, ки пас аз соли 2000 -ум, ки акнун парлумони касбӣ ва дутабақа доштем, коммунистҳо пас аз ҳизби ҳоким аз нигоҳи шумора ҷойи дуюмро дар Маҷлиси намояндагон ишғол мекарданд. Ҳизби ҳоло мамнӯъшудаи Наҳзати исломӣ, ки он замон ҳизби расмӣ ба ҳисоб мерафт, 2 вакил “меъёр” дошт ва дар даъватҳои 2005 -2010 ҳам ҳифз мешуд. Аммо мавқеи коммунистон дар парлумон оҳиста – оҳиста коҳиш меёфт ва дар ҳар интихобот теъдоди номзадҳояш кам мешуд. Ниҳоят соли 2015 на ҲКТ ва на ҳизби ҳоло мамнӯъшудаи Наҳзати исломӣ ба қабати поёни парлумон роҳ наёфт. Баъдтар дуввумиро террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон намуданд.
Пас аз ин “давраи бисёрҳизбии парлумон” пеш омад ва акнун дар он намояндагони ҳизбҳои навпайдову камтаъсире чун аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалист ва демократ ҷо дода шуданд ва ҳатто дуи аввал фраксияи худро ташкил карданд. Аммо ду даъвати ахири Маҷлиси намояндагон нишон дод, ки танҳо як вакили нисбатан фаъол – Сайҷаъфар Усмонзода аз ҲДТ дорад. Ҳарчанд ӯро ҳам мисли дигарон “кисагӣ” меномиданд, демократи №1 талош дошт худро ба унвони як шахси мустақил муаррифӣ кунад. Дуруст аст, ки ӯ низ дар масъалагузорӣ эҳтиёткор буду дар мушкилоти мавҷуда маҳз ба заиф будани блоки иқтисодии ҳукумат ишора менамуд. Зимнан, бархе масъалагузориҳои дар зоҳир ҷиддӣ ҳам дошт: ташкили харитаи кону корхонаҳои Тоҷикистон, кам кардани қарзҳои бонкӣ ва пенияҳо, барҳам додани андоз аз чорвои хона, кам кардани воҳидҳои корӣ дар сафоратхонаҳои дигари Тоҷикистон дар хориҷаву равон кардани онҳо ба сафорати Русия, додани квотаи таҳсил ба муҳоҷирони кушташудаву фавтида дар Русия, додани хӯроки яквақтаи ройгон ба мактаббачаҳо, барҳам задани низоми муҳокимаҳои назоратии судӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ин ваколатро ба зимма гирифтани Суди олӣ (як мавзӯи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баҳснок), ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани судяҳое, ки ҳукму ҳалномаашон бекор мешавад, ташкил намудани сохтори нав барои муҳокимаи арзу доди мардум…
Барои Ҳизби аграрии Тоҷикистон муҳимтарин масъала таҷдиди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бо хоҷагиҳои калон (мисли колхозу совхозҳои шӯравӣ, аммо дар қолаби нав) ба ҳисоб мерафту барои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар мусоҳиба бо инҷониб раиси акнун собиқаш Рустам Раҳматзода ҷуръат карда, худро “ҳизби мухолиф” эълон кард, пешниҳоди дар буҷет ташкил намудани фонди захиравии “болишти амниятӣ” ва ҳангоми пеш омадани таҳдидҳои берунаву буҳронҳои молиявӣ истифода аз он ва мисли Русия ташкил намудани сармояи модарӣ (ба занҳое, ки тифл таваллуд мекунанд). ҲСТ мегуфт барояшон таъмини адолати иҷтимоӣ дар авлавият аст, аммо бо кадом роҳу васила, шарҳ дода натавонистанд. Коммунистон бошанд дар охир як милисаи собиқадорро раиси хуб интихоб кардаанд, ки аз сӯҳбатҳои сиёсӣ комилан дурӣ меҷӯяд.
Сотсиалист Абдуҳалим Ғаффоров, ки имрӯз дар борааш зиёдтар ҳарф задем, ҳарчанд дар ҷаласаҳои парлумон баҳсҳои иҷтимоие мекард, Маҷлиси намояндагонро ба сифати як шохаи мустақил муаррифӣ нанамуд. Бовуҷуд, сӯҳбату мусоҳибаҳои раиси акнун собиқи сотсиалистҳо ҳамеша маҳфилҳоро гарм нигоҳ медошт, аз ҷумла вобаста ба сохтани метро дар Хуҷанду Душанбе, пулакӣ кардани воридшавӣ ба пойтахт, нафақа додан ба занҳое, ки 5 тифл таваллуд мекунанд…
Коммунистҳо соли 2020 танҳо дар натиҷаи иваз кардани роҳбари худ аз ҳавзаи интихоботии Мӯъминобод дубора соҳиби як курсӣ шуданд. Аммо шояд раҳбари навашон дар интихоботи имсола муддаии курсии вакилӣ нашавад, чун синну солаш ҳам ба ҷое расидааст ва мисле, ки чандон ҳавсалаи фаъолияти сиёсӣ ҳам надорад. Ба ҳар ҳол, дар панҷ соли гузашта, ки дар яке аз курсиҳои Маҷлиси намояндагон менишаст, мардум шоҳиди як сӯҳбату масъалагузории ӯ нашуданд. Зимнан, ӯ ҳамчун вакили аз ҳама калонсол, бояд панҷ сол пеш ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро то интихоби раиси нав соҳибӣ мекард, ки чунин нашуд. Ба ҷои ӯ боз ҳам Абдуҳалим Ғаффоров минбарро ба даст гирифт, ки соли 2015 низ ин рисолатро анҷом дода буд. Меъроҷ Абдуллоев, ки ҳоло дар курсии раҳбарии коммунистҳо мешинад, шояд онро ҳам акнун дигар кунад. Ба ҳар сурат, ҳоло майлони нави сиёсӣ ба назар мерасад, ки бо иваз кардани раисони аҳзоби сиёсӣ рабт мегирад. Ҳоло маълум нест, ки ин иқдом дар худ чӣ моҳият дорад.
ТАЪСИРИ “ҚАЗИЯИ УСМОНЗОДА”?
Сайҷаъфар Усмонзода 12 июни имсол боздошт гардид. Чанд рӯз пас Прокурори генералии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳозир шуд ва гуфт, ки вакили собиқ ба ҷиноятҳое муттаҳам мешавад, ки табаддулоти давлатиро дар пай доранд. Ба гуфтаи прокурори генералӣ Усмонзода аллакай баёноти худиқрорӣ додааст. Аммо худи вакил дар ҷаласа ширкат надошт, ҳарчанд ба гуфтаи ҳуқуқшиносон иштироки вакил дар чунин ҳолатҳо талаботи қонунгузорист. Пас аз ин боздошт шахсиятҳои дигари шинохта ҳам пеш омад. Аз ҷумла:
Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;
Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон;
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳамчунин ду полковники бознишастаи амният, ки ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ дар замони кораш дар ВКХ будаанд. Гуфта мешавад баррасии ин парванда 14-уми ноябр оғоз шуда, то ин дам тақрибан 11 мурофиа паси дарҳои баста баргузор шудааст.
Ҳарчи буд ё не, пас аз ин ҳодисаҳо якбора анҷумани аҳзоби сиёсӣ сурат гирифт ва дар натиҷа, то ин замон ғайр аз ҲХДТ ва Рустам Латифзода – раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, аксари роҳбарони дигар аҳзоб курсии худро ба одамони нав додаанд. Аз ҷумла нафари солдидае чун Абдуҳалим Ғаффоров, ки дар синну сол тақрибан бо раиси коммунистҳо баробар аст. То куҷо ин ивазшавии курсии роҳбарони аҳзоби сиёсии камфаъол бо “қазияи Сайҷаъфар Усмонзода” бевосита ё бавосита рабт дорад, гуфтан душвор. Зеро ҳамаи роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ҳамеша аз сиёсатҳои ҳукумат ҷонибдорӣ мекарданд ва мегуфтанд “вазифаи мо кӯмак расонидан ба ҳукумат аст”.
Дар маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон танҳо аз Ҳизби сосиал – демократ ва роҳбари он Раҳматилло Зойиров ба гунаи як ҳизби воқеии мухолиф ном мебурданд. Ҳизбе, ки гуфтан мумкин нест, ки дар кишвар аз он шинохти зарурӣ доранд. Соҳиби нашрия ҳам нест, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буданд. Дар ҳар маъракаи сиёсӣ мегӯянд фишор болои раису аъзояшон зиёд мешавад. Дар интихоботи парлумонии гузашта мавзӯи воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро (ЕврАзЭС) дар авлавият қарор доданд ва омори расмиро дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ба шубҳа бурданд. Аммо Комиссияи марказии интихобот пас аз интихоботи парлумонии соли 2020 эълон кард, ки ба ҲСДТ ҳатто як фоиз ҳам раъй дода нашудааст.
Ҳамин тавр онҳо ягона ҳизбе боқӣ монданд, ки мақоми парлумонӣ надоранд. Соли 2024 барои ҲСДТ бӯҳронитар шуд: пешвои сосиал – демократҳо Раҳматилло Зойиров якбора ҷон ба Ҳақ таслим намуд. Муовини аввалаш Шокирҷон Ҳакимов дар паи “қазияи Усмонзода” боздошт гардид.
КИРО БОЯД ИНТИХОБ КАРД?
Аслан Тоҷикистон хеле шуд фазои интихоботӣ надорад. Ин кишварҳои пешрафтаанд, ки интихобот дар онҳо як маъракаи зуд тамомшаванда нест. Раванди беохир аст. Ҳизбу шахсиятҳои матраҳ 5 сол ҳамеша дар талошанд, то ҳар як овози интихобкунандаро соҳиб шаванд, чун раъйи ҳар одам хеле муҳим аст ва метавонад тақдирсоз ҳам бошад. Маъракаи интихобот танҳо мавсими ҷамъоварии раъйҳост ва барои ба ҷониби худ ҷалб кардани одамоне ҳам хизмат мекунад, ки шояд дар ин давра аз ҷониби ҳизбу шахсияти дигаре тасхир шудаанд. Барои ҳамин номзадҳо барномаҳои ҷолиб таҳия мекунанд, услубҳои ҷолиби интихоботиро роҳандозӣ менамоянд, иқдомҳои таваҷҷӯҳбарангез анҷом медиҳанд…
Дар Тоҷикистон бошад, ба назар мерасад, ки интихоботҳо мӯҳлат доранд ва ба як маъракаи дилбазан, ки раванди аллакай маълумшударо соҳиб аст, табдил меёбад.
Интрига ё муаммои асрорангезро тақрибан касе интизор надорад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳатто роҳбарияти ояндаи парлумонро пешгӯӣ мекунанд ва ҳеҷ вақт нашудааст, ки дар ин фарзияҳо иштибоҳ пеш ояд.
Як сабаби аслии бетафовутии мардум ба интихоботҳоро таҳлилгарон маҳз дар ҳамин мебинанд: вуҷуд надоштани интрига!
Бидуни шубҳа одамон дар интихоботҳои Тоҷикистон ба фикр фурӯ хоҳанд рафт: ба кӣ ва барои чӣ бояд овоз дод? Ба номзадҳои ношинос, ё на он қадар шинос? Ба онҳое, ки ҳатто намедонанд ситоди интихоботӣ доранд, ё не? Чӣ барномаҳои тафовутпазир аз ҳукумат доранд?
Ё чунин барномаҳо аз ҷониби раҳбарони нави ҳизбҳо таҳия шудаанд ва акнун муаррифӣ хоҳанд шуд?
Пайгирӣ хоҳем кард…
Раҷаб Мирзо