ва саодати дидори 4 пири матбуоти тоҷик
Сафари мо ба Панҷакент бо мақсади ширкат дар базми висоли додарамон – журналисти ҷавон, сармуҳаррири нашрияи “Фараж” Шаҳзоди Зафарҷон сурат гирифт, вале “элак баҳона, дидор” ғанимат гуфтагӣ барин, саршор аз хотироти нек ва суҳбатҳои хотирмон буд.
Аз ҷумла зиёрати Оромгоҳи устод Рӯдакиву Туғрал ва дидор бо чор пири матбуоти тоҷик – Абдуқаюми Қаюмзод, Рашид Калимуллоев, Шоҳин Облоқулзода ва Мирзобек Самадӣ то дер дар ёди мо хоҳад монд.
- Ваъда дар “Ҳафткӯл”
Ҳанӯз тобистон дар “Ҳафткӯл” ба Шаҳзод ваъда дода будам, ки дар базми хонадоршавиаш иштирок мекунам, вале гумон надоштам, ки ин базми висол дар оғози Чиллаи калон, дар рӯзҳои сарди зимистонӣ итттифоқ меафтад. Вале тавре мегӯянд, нияти нек ҳамеша ба мақсуд мерасонад. Баъди барфрезиҳо ва сардиҳо, рӯзҳои 21, 22 ва 23 декабр ҳаво нағз ва сафари мо бидуни мушкил паси сар шуд.
Субҳи 21 декабр Хуршеди Атовулло, Абдувоҳиди Зевар, Шамсулло Фозилов, Зоҳири Сайфулло ва банда ба роҳ баромадем. Шервони Умриддин ва Меҳрофарин Наҷибӣ ҳам бо мошини дигар роҳи Панҷакентро пеш гирифтанд.
Сабаби як рӯз қабл аз тӯй ба роҳ баромадани мо, дидори баъзе аз аз дӯстон ва зиёрати мазори ду шоири бузург – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷрӯди Панҷакент ва Нақибхони Туғрал дар Зосуни Айнӣ буд, вале дидори вежаро бо устодони журналистика ба нақша нагирифта будем.
- Тоҷикро бояд дӯст дошт
Хуршеди Атовуллоро дар зодгоҳаш деҳаи Дашти Қозӣ интизор буданд. Ҳамсояаш Масрур Маллазода, ки фарзандашро хонадор мекардааст, ҳар лаҳза занг мезад. Ҳамсабақи дигараш Ёрмурод ва ҳамсояш Абдуғанӣ низ қудо мешудаанд. Онҳо ҳам ҳар лаҳза телефон карда таъкид мекарданд, ки интизори меҳмони олиқадр ҳастанд. Мо ки дар рикоби Хуршеди Атовулло будем, нохоста меҳмони ин хонаводаҳо ва шодишарикашон шудем. Дар яке аз ин тӯйҳо ба банда сухан доданд. Вақте ба минбар баромадам гуфтам, ки тоҷикон мардуми аҷибе ҳастанд, ки меҳмонро намепурсанд, кӣ ҳастӣ? Мо ҳам ду рӯз аст дар деҳаи Дашти Қозӣ меҳмон ҳастем, ҳатто наму насаби соҳибхонаро намедонем, вале моро меҳмондорӣ мекунанд…
Як лаҳзаро аз меҳмониамон дар Дашти Қозӣ ёдовар мешавам. Дар ҳар хона, ки меҳмон мешудем аввал шӯрбо меоварданду пасон гӯштбирён. Шамсулло Фозилов, ки ҳам ронандаи мо буду ҳам вазифаи оминкунӣ ва дуову фотиҳахониро ба дӯш дошт, даст ба дуо бардошта, нияти хестан мекард, вале мизбонҳо намегузоштанд ва оши палаву оши туруш ё дӯғ мекашиданд. Шамсулло норизоӣ мекард, ки магар зарур аст, ки дар ҳар хона ош хурем? Банда посух додам, ки дар Панҷакент то ош накашанд, меҳмон ба ҷое намеравад.
Воқеан, дар Панҷакент гуштбирён (ё кабоб) ва шӯрбо таом ҳисоб намешаванд палав таоми асосӣ аст. Мегӯянд, ки дар гузашта меҳмон дар хонаи мизбон то 3 рӯз нишаста як гӯсфандро хӯрад ҳам, то соҳибхона ош накашад, намерафтааст. Вақте оши палавро мекашанд, яъне эҳтироми меҳмонро пурра ба ҷо оварданд. Рамзи гусели меҳмон дар маъркаҳои Панҷакент ои турш (мастова, угро ё ӯмоч бо иловаи чакка) ё дар зимистон дӯғ аст…
Дигар чизи ҷолиб барои Шамсулло Фозилов, ки гузаштагонаш аз Вахиё ба Панҷ муҳоҷир шудаанду ӯ он ҷо ба воя расидааст, сохти хонаҳои Панҷакент буд. Албатта, хонасозии Панҷакент аз дигар манотиқ кам фарқ дорад. Фақат панҷакентиҳо то имрӯз кӯшиш кардаанд, ки хонаҳои вассадорро ҳифз кунанд. Дар Панҷакент мо хонаҳоро аз рӯйи болораш ном мегузорем: хонаи 7 болор, 9 болор, 13 болор… Хонаҳое, ки болорашон ҷуфт бошанд, хеле каманд. Ин албатта мавзуъи суҳбати дигар аст, ки дар фурсати муносиб хоҳем навишт.
Дар ин миён бо даъвати Абдувоҳиди Зевар ба оши наҳори ҳамдеҳаи эшон Муҳаммадшарифи Муҳаммадназар ҳам рафтем. Акои Абдувоҳид чун шуниданд, ки дар ин хонавода маърака будааст, гуфтанд: “Муҳаммадшариф як духтар дорад, ки ӯро ба шавҳар медодааст. Агар ба тӯйи ҳамин инсон равем, хурсанд мешавад…” Воқеан, вақте ба хонаи ин марди хоксору самимӣ рафтем, аз хурсандӣ ашк мерехт…
Тоҷикро ба хотири ҳамин Муҳаммадшариф дӯст бояд дошт, ки инсондӯсту меҳмоннавоз аст. Муҳаммадшарифҳо дар Бадахшону Хатлон ва ё Суғду Душанбе ҳазоронанд, ки вақте ба хонашон меравӣ омода ҳастанд, ки ҷонашонро нисор кунанд…
Ҳамин тавр, дар идома меҳмони падари Шаҳзод – усто Зафари писари устод Кенҷабой будем, ки дар деҳаи Ғӯсар ва гирду атроф чун дуредгарони моҳир ном баровардаанд. Хуршеди Атовулло қаблан намедонистааст, ки падари шогирдаш устои чирадаст аст. “Акнун фаҳмидам, ки чаро Шаҳзод ҳамеша маро мегӯяд, ки устод дар замини Дашти Қозӣ бароятон бӯстонсаро месозам…”
Дигар ин, ки дар ин тӯй маълум шуд, ки чаро Шаҳзод базми хонадоршавиашро дар Чиллаи зимистон, маҳз рӯзи 22 декабр гузоштааст. Ин рӯз рӯзи таъсиси ҳафтаномаи “Фараж” будааст, ки 19-сола шуд…
- Дидор бо Абдуқаюми Қаюмзод
Вақте аз Дашти Қозӣ тариқи деҳаи Рукнобод ҷониби Ғӯсар мерафтем, Зоҳир гуфт:
-Мағозаи устод Абдуқаюми Қаюмзод кушода аст…
-Иморати нав бардоштаанд, – илова кардам ман ба канори чапи роҳ, ба сохтмони нави дуошёна нигариста.
-Шамс, мошинро нигаҳ дор, акома бинем, – фармуд Хуршеди Атовулло ва чун мошин истод ба Абдуқаюми Қаюмзод занг зада гуфт: “Салом ако. Дар хона ҳастед? Як кӯча бароед, Шуморо бинем…”…
…Ба гумонам дар Тоҷикистон нафаре нест, ки бо номи Абдуқаюми Қаюмзод ошно набошад. Яке аз ҳирфаитарин ва беҳтарин журналистони тоҷик маҳз эшон ҳастанд, ки чун устоди мусоҳиба шинохта шудаанд. Аз соли 1990 фаъолиятро дар «Тоҷикистони шӯравӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”) шурӯъ карда, сипас дар «Ҳафтганҷ», «Чароғи рӯз» ва солиёни зиёд дар радиои «Озодӣ» кор карданд. Соли 2013 бо сабабҳои мухталиф корро дар ин расона қатъ карданд. Чун ҳафтаномае бо номи “Ҳафта” ба кор оғоз кард, дар шумораи нахустини он мусоҳибаи Қаюмзод бо Мӯъмин Қаноат сарусадои зиёдеро ба бор овард. “Ҳафта” дигар нашр нашуд ва Абдуқаюми Қаюмзод то имрӯз бекор аст…
Ин журналисти номвар Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Л.Ҳеллман ва Ҷ.Ҳаммет (с.1996), ҷоизаи “Барои ҷасорати журналистӣ” (2010), Ҷоизаи ба номи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, “Мусоҳиби сол” (2011) «Журналисти сол» (2012), барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2012) аст.
…Суҳбати мо бо устод Қаюмзод хеле кӯтоҳ буд. Ба назар бардам менамоянд. Афсӯс, ки чунин журналисти воқеӣ аз матбуот дур шуданд…
- Дидор бо Рашид Калимуллоев
Хонандаи имрӯзаи матбуот номи Рашид Калимуллоевро шояд надонад, вале ин шахсияти донишманду равшанзамир яке аз номҳои ошно дар матбуоти солҳои 70-у 80-ум аст. Эшон соли 1942 дар деҳаи Ворӯ зода шуда, соли 1964 Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ)-ро хатм мекунанд. Аз овони донишҷӯӣ бо нашрияҳои гуногун ҳамкорӣ ба роҳ монда, соли 1965 корро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз мекунанд. Аммо падарашон қабл аз марг васият мекунад, ки фарзандаш ба зодгоҳ баргардад ва сарвари оила шавад. Ҳамин тавр Калимуллоев кори матбуотро тарк карда, ба деҳа бармегардад ва омӯзгори мактаб мешавад. Як умр муаллимӣ мекунад. Ҳамчунин директори ду мактаб шуда кор кардааст.
Вале фаъолияти рӯзноманигориро низ тарк намекунад ва ҳамкорӣ бо “Тоҷикистони Советӣ”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Маориф ва маданият”, “Мактаби Советӣ”, “Газетаи муаллимон” ва ғайраро идома медиҳад. Яке аз мақолаҳои пурсарусадои ӯ “Додо, кай магазинчӣ мешавед?”, ки 30-юми январи соли 1986 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” чоп шудааст, дар он солҳо мисли бомба буд. Дар он мақола муҳимтарин мушкилоти ҳаёти муаллимон, тарзи тайёр кардани кадрҳои педагогӣ, обрӯю эътибори муаллимон ва сифати таълиму тарбия ба миён гузошта шуда буд. Ба ин мақола вокунишҳо зиёд мешавад ва ҳатто Вазири вақти маориф Рауф Додобоев ба он посух менависад. Пасон дар атрофи ин мақола “Мизи гирд”-и рӯзнома баргузор мешавад…
Рашид Калимуллоев имрӯзҳо бемор аст. Банда борҳо ният кардам, ки бо эшон мусоҳиба анҷом медиҳам, вале чунин фурсат пайдо нашуд. Имрӯзҳо эшон имкони посух додан ба суолҳоро надоранд. Вақте Хуршеди Атовулло гуфт, ки журналистони ҷавонро барои дуо гирифтан наздатон овардам, Рашид Калимуллоев гиря карданд. Ман дар ин гиря орзуи амалинашудаи эшон – дар пойтахт монда идома додани кори журналистиро дидам… Вале имрӯз даҳҳо нафар қаламкашон худро бо ифтихор шогирди Рашид Калимуллоев медонанд.
Нуктаи ҷолиби дигар барои мо хонаи Рашид Калимуллоев буд. Ин иморат дар аввали солҳои 60-ум бунёд шуда, яке аз аввалин хонаҳои деҳаи Рукнобод будааст.
Зоҳири Сайфулло сохти ин иморатро дида, такрор мекард:
-Ман дар ин ҳавлӣ Бухорои кӯчакро мебинам. Ин иморат бисёр зебо аст.
Вале фарзандони устод гуфтанд, ки нияти тахриби ин хона ва бунёди иморати замонавиро доранд…
- Дидор бо Шоҳин Облоқулзода
Шоҳин Облоқулзода яке аз қаламкашони номвар дар шаҳри Панҷакент ҳастанд. Эшон баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як муддат дар “Тоҷикистони советӣ” фаъолият карда, солҳои 1979-1992 дар нашрияи “Ҳақиқати Қурғонтеппа” (ҳоло “Хатлон” фаъолият доштанд. Дар ин миён чор сол дар Ҷумҳурии Афғонистон тарҷумони ҳарбӣ будаанд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба Панҷакент баргашта дар телевизионҳои хусусии “Симо”, “Доро”, Оҷонсии “Варорӯд”, Радиои “Озодӣ” ва ҳафтаномаи “Фараж” фаъолият доштанд. То як соли қабл журналисти фаъол буданд ва аз мушкилоти минтақа бепарда менавиштанд.
Банда ростӣ чандест, ки Шоҳин Облоқулзодаро гум карда будам, зеро эшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъол нестанд. Чун Хуршеди Атовулло гуфтанд, ки ба дидорбинии эшон меравем, бисёр хурсанд шудам. Маълум шуд, ки ин устоди сухан ҳам муддате бемор будаанд ва ҳатто дар яке аз беморхонаҳои Москва бистарӣ шудаанд.
Вале шукр, ки феълан устод дар марҳилаи барқароршавӣ ҳастанд ва умед аст, ки рӯзҳои наздик ба фаъолияти пурсамари журналистӣ мепардозанд…
- Дидор бо Мирзобек Самадӣ
Шояд имрӯз дар Тоҷикистон касе чун Мирзобек Самадӣ дар бораи бузургони адабиёти тоҷик, махсусан, дар бораи устодон Лоиқ ва Баҳманёр хотироти арзишманд надошта бошад. Зеро эшон аз соли 1983 корманди маҷаллаи “Садои Шарқ” буданд ва то ду-се соли пеш дар ин даргоҳ фаъолият доштанд. Мирзобек Самадӣ дар як ҳуҷра бо устод Баҳманёр менишастанд.
Мо бо эшон бисёр ногаҳонӣ вохӯрдем ва чун андак фурсат доштем, сари як пиёла чой суҳбатамонро идома додем. Акои Мирзобек дар бораи устод Лоиқ гуфтанд: “Соли 1983 устод Лоиқ сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” буданд. Ман барои кор ҳуҷҷат пешниҳод кардам, вале устод бемор буданд. Маро ҷонишинашон Муҳиддин Хоҷазод ба кор қабул карданд. Чанд рӯз баъд устод ба идора омада маро дида ҳайрон шуданд. Ҳамин тавр, то вопасин рӯзҳои умрашон якҷо будем…”
Акои Мирзобек дар бораи устодон Лоиқу Баҳманёр бисёр ба дард сӯҳбат мекунанд. Бо эшон машварат кардем, ки вақте ба Душанбе меоянд, хотироташонро сабт хоҳам кард…
- Зиёрати Оромгоҳи устод Рӯдакӣ
Ҳамаи мо борҳову борҳо Оромгоҳи устод Рӯдакиро зиёрат кардаем. Аз миёни мо фақат Шамсулло Фозилов бори аввал ба Панҷрӯд меомад. Абдувоҳиди Зевар зодаи Панҷрӯд, ки ҳастанд роҳбалади мо буданд. Чун вориди Оромгоҳ шудем, Зоҳир гуфт, ки дар ин ҷо ҳама бояд таъзим кунанд:
-Таъзимҳои дурӯғин лозим нест, бе ин ҳам вақте ба ин ҷо меоед рӯҳу ҷонатон ба устод Рӯдакӣ таъзим мегӯяд…
Меҳрофарин порае аз “Таборак” қироат кард. Зоҳир бошад ду суруди устод Рӯдакиро бо овоз дар сари турбат хонд. Ин лаҳзаро сабт карда дар Фейсбук гузоштам. Бархе эрод гирифтаанд, ки чаро дар рӯйи турбат ба ҷойи дуо суруд мехонед?
Вале банда бар онам, ки марқади шуаро бояд маҳали шеъру суруд ва шодӣ бошад, зеро ин бузургон ношири шодиву нишот ва хурсандиву умедворӣ ҳастанд. Махсусан устод Рӯдакӣ, ки ҳамеша ба шод зистан талқин мекунад…
Тавре гуфтам, мо дуо ҳам хондем, вале фикр мекунам, ки сурудхонӣ бар хилофи дину оин нест. Банда соли гузашта дар Шероз будам ва дидам, ки мардум ба зиёрати Ҳофизу Саъдӣ бо шодӣ меоянд ва он ҷо шеъру таронахонӣ мекунанд. Муллое он ҷо дуо намехонад…
- Зиёрати Оромгоҳи Нақибхон Туғрал
Қарор буд, ки вақти ба Панҷакент рафтан, аввал Оромгоҳи Нақибхони Туғралро зиёрат кунем, вале даруни мошин банда қиссаеро нақл мекардаму хавоси ҳама банди он шуд, бинобар ин, аз роҳи Зосун гузаштем. Субҳи рӯзи 23-юм, яъне рӯзи душанбе бо мақсади расидан ба маҳали кор, соати 7-и субҳ роҳ пеш гирифтем ҷониби Душанбе, вале ҳасрати зиёрати Туғрал дар диламон буд. Чун ба роҳи деҳаи Зосун расидем, Хуршеди Атовулло ба Шамсулло Фозилов фармуд:
-Меравем ба зиёрати Туғрал.
Бо вуҷуди он, ки рӯзи корӣ буд, касе зиддият нишон надод.
Дар роҳ ба Оромгоҳ навиштаҷоти деҳаи Зосун диққати маро ҷалб кард, ки бо ду ҳарфи “о”, яъне “Зоосун” навишта шуда буд. Ман бо чунин имло бори аввал во хӯрдам. Бинобар ин, вақте ба Оромгоҳ расидему ду нафар моро пешвоз гирифтанд нахуст ҳамин суолро додам: “Бархе мегӯянд, ки шакли дурусти номи деҳа Зоосун аст, бархеи дигар Зосун. Бисёриҳо чун шумо суол медиҳанд. Вале ба ин савол бояд мутахассисон посух диҳанд”-гуфт, яке аз пешвозгирандагон, ки директори Маҷмааи ёдгории Нақибхон Туғрал Аҳмадхон Алихонов будааст. Ҳамчунин, ҳамроҳи ӯ абераи шоир Амбиёхонов Умархон ба пешвози мо баромад. Баъди тиловати оёти шариф, боз ҳам бо исрори мо Зоҳир ғазалеро аз Туғрал бо овоз сароид.
Баъди зиёрати Оромгоҳ ва аксгирӣ дар пояи ҳайкали шоир мизбонон моро ба ҳавлии шоир бурданд, ки имрӯз осорхона аст. Рӯйи ин ҳавлӣ моро зани нуроние, ки ба асо такя мекард, пешвоз гирифт. Ин зан набераи шоир Муаттархон аст, ки чароғи ҳавлии бобояшро фурӯзон нигоҳ медорад ва маҳз бо шарофати ӯ ҳавлии Туғрал то ҳол пойбарҷост.
“Вақте бобои маро мепарронанд, аз эшон як духтари шашмоҳа мемонад, яъне модари ман. Модари ман соҳиби 8 фарзанд мешаванд, 5 писар ва 3 духтар, ки яке манам.” – гуфтанд Муаттархон.
Қиссаи ҳифзи ҳавлии шоир низ аҷиб аст:
“Соли 1904 бобоям Нақибхони Туғрал аз ҳавлии меросӣ даст кашида, бо маблағи худ замин гирифта ҳамин иморатро мебардоранд. Ин иморат бо усули хонасозии Самарқанд сохта шудааст. Пас аз он ки бобоямро мепарронанд, ҳукумат ин хонаҳоро мегирад. Дар ин ҷо як муддат идораи ҷамоат ва баъдан беморхона фаъолият мекард. Соли 1964 вақте номи бобоям сафед карда шуд ва маҷмӯаи “Гиёҳи меҳр” чоп шуд, ман омада ин ҳавлиро соҳибӣ карда нишастам. Аввал хостанд, ки дар ин ҷо мактаб созанд, вале нагузоштам. Ҳамин тавр, ин бино ҳифз шуд. Имрӯз ин бинои 120 сола дар ҳолати хуб боқист. Ман аввал онро барои осорхона додам, соли 2015 Президенти кишвар омаданд ва дар ин ҷо расман Осорхона ба кор оғоз кард” – мегӯяд, набераи Туғрал Муаттархон, ки имрӯз 86 сол дорад.
Баъди гирифтани дуои ин зани нуронӣ ва табаррук роҳамонро ба самти Душанбе идома додем.
- Воқеае, ки ҳамаро хиҷил кард
Дар ин сафар ҳама чиз хуб буд, ба ғайр аз гум шудани телефони гаронарзиши Абдувоҳиди Зевар. iPhone 14 Pro Max ки дар дасти акои Абдувоҳид буд, аз аввал диққати маро ҷалб кард. Чун ман солҳо дар орзуи харидани iPhone ҳастам нархи онро пурсида чанд акс ҳам гирифтем. Раҳораҳ акои Абдувоҳид бо номи “Фалғар” шеъре навишта тариқи он дар Фейсбук гузоштанд. Вале ин телефон дар деҳаи Ғӯсар ба таври мармуз ғайб зад. Аз шаби 22, яъне аз лаҳзаи гум шудан, то субҳи 23 декабр ба телефон занг мерафт, вале баъдан қатъ шуд… Гум шудани телефон на танҳо ба рӯҳияи соҳиби он, балки ба мо ҳам бетаъсир набуд.
Мо аз сафар баргаштан замон рост ба Вазорати корҳои дохилӣ рафта ариза навиштем ва ҳуҷҷатҳои телефонро ҳам пешниҳод кардем. Умедворем, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ онро пайдо хоҳанд кард…
- Анҷом
Сафари Панҷакент, ки бисёр хотирмон ва гуворо буд, бо ҳамин хотима ёфт. Чун муроди сафари мо аз оғоз базми висол буд, дар охири ин навишта лозим мешуморам, ки бори дигар Шаҳзодро табрик гӯям ва барояш аз Худованд хушбахтӣ хоҳам.
Одил Нозир, Душанбе-Панҷакент–Айнӣ–Душанбе