Чанде пеш бо даъвати як дӯстам ба шаҳри Хуҷанд рафта будам. Пас аз як ду рӯзи меҳмондорию дидорбинӣ, аз дӯстам, ки худ бевосита муқими Хуҷандшаҳри бостонӣ мебошад, хоҳиш намудам, ки ба ман ягон дӯкони наздиктарини фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар матбуоти давриро нишон диҳад.

Рафиқам пас аз шунидани суоли ман китф дар ҳам кашида, андаке ба андеша фурӯ рафту баъдан иброз намуд, ки дар ин шаҳр танҳо (!) як дӯкони фурӯши рӯзномаҳоро медонаму халос. Илова бар он, дӯстам ба таври нимҳазлу нимшӯхӣ изҳор намуд, ки «дар ин шаҳр фақат шумо ва шояд (!) боз якчанд нафари дигар рӯзномаю маҷалла мехонанду тамом». Зеро дар ин шаҳр дигар касе рӯзнома намехонад. Ба ростӣ, баъд аз шунидани чунин посух, лаҳзае хомӯш мондаму дигарбора чизе пурсидан нахоста, «хайр майлаш», – гӯён аз паси корам рафтам.

Дарвоқеъ, шурӯъ аз маҳаллаи 112-ум то гирду атрофи бозори овозадори «Панҷшанбе» – ро дар рӯзи равшан чарх зада гаштаму вале дар ягон ҷое ақаллан ягон дӯкони махсуси фурӯши матбуотҳои даврии идораи «ТОҶИКМАТБУОТ»-ро надидам. Чун маро зарурияте пеш омада буд, мехостам ҳарчи зудтар макони ҷойгиршудаи дӯконеро дарёб намоям. Билохира, баъд аз даву ғеҷ ва пурсуҷӯю кунҷковиҳои зиёде ба ман муяссар гардид, ки дар шафати истгоҳи нақлиётӣ, воқеъ дар рӯ ба рӯи Қасри ҷавонони ба номи устод Лоиқ Шералӣ нуқтаи фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳоро пайдо намоям. Баъд аз ҳолу аҳволпурси бо дӯкондор, ки ба назар хеле марди хушмуомила ва фарҳангӣ менамуд сухбате ороста, ҳамзамон бо чанд суоле муроҷиат намудам. Дар аввал, ҳамсӯҳбати ман, ки нафақахӯр будааст (мутаассифона номашро напурсидам) гӯиё чизеро гумкарда бошад ва ё аз чизею касе дар ҳарос бошад, ки лаҳзае чанд ба пасу пеш назар дӯхта, сипас оромона ба сухан оғоз кард.

– Медонед, солҳои қаблӣ дар шаҳри Хуҷанд дӯконҳои фурӯши матбуотҳои даврӣ хеле зиёд буданд. Бар замми ин он вақтҳо дар ҳамаи дӯконҳо ба ғайр аз рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ боз бисёр лавозимоту маводҳои таълимию фаннӣ низ ба маъраз гузошта мешуданд. Вале аз чи сабаб бошад, ки оҳиста – оҳиста шумораи дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ба тадриҷ коҳиш ёфта, анқариб ба ҳукми «нестӣ» омада расиданд.

– Агар маро хотираам фиреб надиҳад ҳоло дар шаҳр ду ва ё шояд се нуқтаи фурӯш фаъолият менамояд, ки ин барои Хуҷанд барин шаҳри фарҳангию тамаддунсоз хеле кам ва нокифоя мебошад. Ногуфта намонад, ки он замонҳо дар маркази шаҳр ва гирду атрофи бозори Панҷшанбе якчанд дӯконҳо фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо ба мардум хизмат мерасониданд. Ҳоло бошад, вақте ки аз назди ҳамон дӯконҳои собиқ гузар мекунӣ, дохили онҳоро пур аз маҳсулотҳои истеъмолӣ дида, чунин маънӣ мебардорӣ, ки дар ҷомеъаи имрӯза ғизои моддӣ (нафсоният ва шикампарварӣ) назар ба ғизои маънавӣ авлавиятро бештар соҳиб шудааст. Илова бар он мо имрӯз дар зиндагии ҳаррӯзаамон он чунон ғафлатзадаю роҳгумзада ва мутеъу пойбанди ҳирсу чиз ва молу амволи зиёди дунёи шудаем, ки бо таъбири Суқроти бузург «Есть чтобы жить, а не жить чтобы есть» амал намуда ҳамзамон гирифтани ғизои маънавиро аз ғояю мафкураҳои ақлию зеҳниамон то андозае ба сатҳи паст коҳиш дода, дороиро он чунон болонишину донишро ончунон «гӯшанишин» эълон намудаем, ки дар умум чунин тарзи фаъолият на ба манфиати кор балки бар зарари ҷомеъа ҳаллу фасл шудаиситодааст. Соиби бузург барҳақ фармудааст:

Хеҷ кас нест, ки дар фикри дили худ бошад,

Умри мардум ҳама дар фикри шикам мегузарад.

Ба суоли «шумо чанд пул маош мегиред» ва «чаро насли имрӯза аз мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ канораҷӯи мекунанд»?, – дӯкондор чунин посух дод:

– Ба рости гарчанде, ки мо ҳамчун коргар дар тобеъияти идораи «ТОҶИКМАТБУОТ» мебошем, вале маоши мо, низоми ягона ва муқаррарӣ надошта, баръакс аз ҳисоби фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, ки нархҳояшон хеле гарон аст пардохт мешавад. Аниқтараш, мо ҳарчӣ қадар бештар фурӯши матбуотҳои давриро ба харидорон зиёдтар ба роҳ монем, аз ҳамин ҳисоб метавонем маошамонро то андозае таъмин намоем. Албатта дар муқоиса бо болоравии нарху навои мағозаю бозорҳо (алалхусус, маҳсулоти истеъмолӣ) маоши мо хеле ночиз буда, дар маҷмӯъ на ҳар кас чунин масъулият ва вазифаро, ки имрӯз мо дар ихтиёр дорем (агар ин кори моро дар ҳақиқат ҳам вазифа гуфтан ҷоиз бошад) ба ӯҳда мегирад. Вале азбаски ман дар зиндагӣ як умр бо меҳнати ҳалол нон ёфтаам, намехоҳам боқимондаи ҳаётамро зоеъ ва барабас сарф намоям. Аз ин хотир, баъд аз ба нафақа баромадан, дар хона бекор нишастанро ба худ айб дониста, ҳамин машғулиятро ба худ пеша (интихоб) намудам. Ба суоли «чаро насли имрӯза аз мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ канораҷӯи мекунанд» танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки раванди мавҷудияти зиёди воситаҳои иттилоотии асри техникаю технологияҳои навин ончунон ҷомеаро фаро гирифтааст, ки дигарбора ба интишори маводҳои қоғазӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудан дар бештари ҳолатҳо аз мадди назар дур монда истодааст.

Аз ин гуфтаҳо дар ҳақиқат чунин бармеояд, ки рӯзнома на танҳо ба сифати тарғиботчӣ ва ташвиқотчӣ таъсиргузор мебошад, балки таъсиргузори оммавӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ нақши боризеро низ иҷро менамояд. Бо ибораи дигар матбуот дар тамоми давру замон яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба тафаккур ва мафкураи аҳли ҷомеа буд ва мемонад.

Орифҷон ТОҶИЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь