Номи журналисти ояндадори тоҷик Саидшо Саидов дар таърих ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва содиқ ба Ватан абадӣ боқӣ мемонад. Аммо бисёр таассуфовар аст, ки ин чеҳраи номдори журналистикаи миллӣ хеле барвақт ва ба таври даҳшатнок аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд.

Тавре маълум аст, Саидшо Саидов, ки ихтиёри ба муқовимат баҳри озодиву барқарорсозии қонуният пайваста, моҳи феврали соли 1996 зимни задухурди мусаллаҳона бо неруҳои ҷангии ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Тавилдара бераҳмона кушта шудааст.

Куштори Саидшо Саидов ва журналистони дигари шуҷоъ аз суи наҳзатиҳо бо мақсади тарсондани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар қаламрави ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд.

Бояд таъкид кард, ки Саидшо Саидов аз ҷумлаи чеҳраҳои ояндадори журналистикаи миллӣ маҳсуб ёфта, бо воқеънигорӣ шинохта шуда буд. Ӯ бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва андӯхтани донишу таҷрибаи ҳирфаӣ тавонистааст дар муддати кутоҳи фаъолият мавқеъ ва ҷойгоҳи муносибро касб намояд.

Дар мавриди зарурӣ ба мубориза бархоста, Ватанро ҳимоят мекард, зеро ӯ фарзанди содиқи Ватан ва миллати худ буд. Муваффақият ва комёбиҳои ӯ қабл аз ҳама, дар заҳмату талошҳои фаровони инфиродӣ ва шахсиаш ниҳон буданд, ки ӯро ба унвони як журналист муаррифӣ кардаанд.

Саидшо Саидов соли 1967 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон зода шудааст. Пас аз таҳсили мактаби миёна факултаи журналистикаро хатм мекунад.

Дар радиои тоҷик фаъолият карда, ҳамчун журналисти воқеънигор маъруф гардида, буд. Маҳбубият ва маъруфияти ӯ дар мушаххасоти шахсиятиаш, яъне масъулиятмандӣ, шоистагӣ, бовиҷдонӣ ва инсондӯстиаш зоҳир мегардид.

Ӯ ҳаргиз дар давоми фаъолияти журналистӣ аз воқеият ва ҳақиқат убур накардааст ва барои барқарор кардани адолат ва махсусан, адолати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳои шахсиятӣ, ихтисосӣ ва билохира инсонии худ истифода бурдааст.

Нуктаи дигари ҷолиб дар ин замина ин аст, ки номбурда дар меъёри кору фаъолият ҳамеша адолатро мегузошт.

Саидшо Саидов моҳи январи соли 1996 барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва сулҳу оромӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гардида, амалан бо душманони давлату миллати тоҷик мубориза мебурд. Аммо дар моҳи феврали ҳамон сол аз дасти террористони наҳзатӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуд.

Албатта куштори Саидшо Саидов пеш аз ҳама, ба фаъолияти касбии ӯ вобастагӣ дошт. Вай ҳамчун рӯзноманигори ҳирфаӣ ва дар айни замон муборизи роҳи озодию қонуният ба афроди табоҳкори наҳзатӣ маъқул набуд. Ӯ бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад, балки муқобили онҳо бархоста буд.

Ин буд, ки бо фароҳам омадани шароити барояшон мусоид дар ҳазфи физикии ӯ кӯшиданд. Ҳамин тавр, уро дар набарди нобаробар номардона куштанд. Далелҳои шайъие, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ҷамъоварӣ гардиданд, раҳбарият ва қотилони ТТЭ ҲНИ- ро дар ин куштор муқассир медонанд ва дигар ҷойи баҳс ҳам нест.

Далели бебаҳси даст доштани наҳзат дар тарҳҳои террористии солҳои навадуми асри гузашта, аз ҷумла куштори рӯзноманигорону олимон дар чанд филму гузоришҳои мустанад ҳам пурра инъикос ёфтааст.

Саидшо Саидов ҳамчун журналисти ҳирфаӣ хуб медонист, ки рӯзноманигор нафарест, ки бо воқеиятҳои замонию маконӣ рӯбарӯст ва дар асоси воқеият ва ҳақиқати зиндагӣ ба масоил бархӯрд мекунад. Ҳадафи рӯзноманигоре мисли ӯ пеш аз ҳама, баёни воқеиятҳои давру замон будааст. Ӯ бо беадолатӣ ва зулму истибдод дасту панҷа нарм намуда, дар ин раҳ ҷон бохт.

Равоншод Саидшо Саидов тавассути ҳақгӯйӣ ва воқеиятнигориаш, ки аз ихтисос ва мушаххасоти шахсиятии ӯ маншаъ мегирифтанд, боиси нороҳатии душманони миллат гардид ва онҳо аз ӯ дар шакли террори физикӣ-ҷисмонӣ интиқом гирифтанд.

Боз даҳсолаҳо ва садсолаҳо мегузаранд ва мардум ва ҷомеаи мадании тоҷик террорҳои рӯзноманигорони варзида, аз ҷумла Саидшо Саидовро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард ва омилони ин навъ кушторро як умр нафрин хоҳад хонд.

Бо гузашти солҳо аз марги Саидшо Саидов то ҳанӯз ҷойи ӯ дар журналистикаи миллӣ холист ва ҷомеа ҳаргиз кору пайкори беғаразонаи ӯро фаромӯш нахоҳад кард.

С. ЗИЁЕВ,

номзади илмҳои филология

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь