Евронюс бо истинод ба расонаҳои ҷумҳуриявӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 9-уми январ ҳукумати Арманистон лоиҳаи қонун дар бораи оғози раванди пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоро расман тасдиқ кард.
Ҳоло лоиҳаи қонун барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод мешавад. Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ҳушдор дод, ки ин санад “ба маънои аслии узвияти Арманистон дар Иттиҳодияи Аврупо нест” ва таъкид кард, ки “қарор дар ин масъала танҳо тавассути раъйпурсӣ қабул мешавад”.
Як рӯз пеш аз пуштибонии кобинаи вазирон аз тарҳи қонун, Арарат Мирзоян, вазири умури хориҷии Арманистон, гуфт, кишвар метавонад дар моҳҳои оянда бо Иттиҳодияи Аврупо “ҳамкории нави шарикиро” имзо кунад. Ба гуфтаи Мирзоян, ин боз як санади мукаммал хоҳад буд. Вазир қайд кард, ки соли гузашта бо Иттиҳодияи Аврупо тавофуқ ҳосил шуда, муколама дар мавриди озодсозии раводид оғоз шуд.
Солҳои ахир Арманистон равобити худро бо Ғарб амиқтар кард ва аз Маскав дурӣ кашид. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба ТАСС гуфтааст, ки “ин (ниятт пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо) албатта ҳуқуқи соҳибихтиёрии кишвар аст”. Аммо ба гуфтаи Песков, Арманистон ба гумон аст, ки ҳамзамон ҳам дар Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) бошад.
Пайвастан ба Иттиҳодияи 27 кишвари узви ИА метавонад як раванди душвор ва тӯлонӣ бошад. Кишваре, ки ба баҳр баромад надорад, бо ИА марзи муштарак надорад, аз ҷиҳати иқтисодӣ ба Маскав дар вобастагии шадид боқӣ мемонад. Дар Арманистон як пойгоҳи низомии Русия низ вуҷуд дорад.