Тақсими одилонаву оқилонаи захираҳои об метавонад асосе барои пешгирӣ аз низоъ бошад.

Сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон бим доранд, ки агар бо мурури замон коҳиши захираҳои оби рӯдхонаҳои хурд чашмрастар шавад, камбуди об метавонад боиси муноқишаҳои нав гардад.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Исфара, дар давраи пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 140 муноқишаи хурду бузург марбут ба масъалаҳои истифодаи об рух додаанд.

Муноқишаи мусаллаҳонаи 28-уми апрели соли 2021 дар саргаҳи обтақсимкунандаи «Головное», ки дар байни деҳаҳои Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Коктоши Қирғизистон воқеъ аст, яке аз хунинтарин ва харобиовартарин низоъҳо буд. Он марбут ба мушкилоти тақсимоти об буд ва вақте оғоз ёфт, ки яке аз тарафҳо бидуни ҳамоҳангӣ бо ҷониби дигар ба таъмири дарвозаҳои обтақсимкунӣ ва пояи канали обёрии фаромарзии «Дружба» шуруъ кард.

Гап сари он аст, ки обтақсимкунаки «Головное» ҳарчанд аз тарафи Қирғизистон сохта шудаву мутааллиқ ба ин кишвар аст, аммо сохторест, ки ҷараёни оби дарёи фаромарзии Исфараро ба танзим медарорад ва заминҳои се ҷумҳурӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро обёрӣ мекунад. Дар асоси Протоколи имзокардаи тарафҳо аз 11-уми апрели соли 1980 ҷараёни оби ҳавзаи дарёи Исфара ба тартиб андохта шуда, барои ҳар ҷумҳурӣ – Тоҷикистон (55 дарсад), Қирғизистон (37 дарсад), Узбекистон (8 дарсад) меъёр пешбинӣ карда шудааст.

Дар замони Шӯравӣ ин меъёрҳо қатъиян риоя мешуданд, аммо бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми обтақсимкунӣ вайрон шуда, баҳсҳои марзӣ оид ба мақоми иншооти обӣ ва ҳудуди ҷойгиршавии он вазъро муташанниҷ карданд.

28-уми апрели соли 2021 баҳсҳои байни ҷамоатҳо бар сари ин масъала боиси задухӯрде шуд, ки ба он низомиён кашида шуданд. Баъдан дар ҷараёни даргириҳо, ки ба манотиқи дигар густариш ёфт, аз ҳарду ҷониб 55 кас кушта ва 267 кас ҷароҳат бардоштанд. Хонаҳои бисёре аз шаҳрвандон, мактабҳо, мағозаҳо ва дигар инфрасохторҳо хароб ва ё сӯзонда шуданд.

Дар Тоҷикистону Қирғизистон захираҳои зиёди об мавҷуданд, аммо чаро аҳолӣ ба камбуди об дучор мешавад?

Қариб ҳамаи пиряхҳои бузурги Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгиранд. Бузургтарин дарёҳои минтақа – Сирдарё, Амударё ва Зарафшон аз ин кишварҳо сарчашма мегиранд. Пиряхҳои кӯҳҳои Помиру Тиёншон низ даҳҳо дарёи дигарро ташкил медиҳанд, ки оби онҳо барои нӯшидан ва обёрӣ истифода мешавад. Аммо сокинони бисёре аз манотиқи Тоҷикистону Қирғизистон аз камбуди об шикоят мекунанд.

Вазъ махсусан дар манотиқи наздимарзӣ, ки дарёҳои фаромарзии Исфара ва Хоҷа Боқирғон ҷорӣ мешаванд, муташанниҷ боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти Раёсати хоҷагии об ва мелиоратсияи вилояти Суғд, баҳори соли 2023 ҳаҷми оби дарёи Исфара, масалан, ба ҷойи 10-12 метри мукааби муқаррарӣ дар як сония аз 7-8 метри мукааб зиёд набуд. Нарасидани об дар поёноби дарё боиси талаф шудани як қисми ҳосили бисёре аз деҳқонон гардид. Хусусан, хоҷагиҳои ноҳияи Конибодом зарари зиёд диданд. Хоҷагиҳои Исфара маҷбур шуданд, ки ба кӯчати помидор ва обёрии сабзавоти барвақтӣ хеле дер шуруъ кунанд, ки ин ба ҳаҷми ҳосил ва даромад таъсири манфӣ расонд.

Дар поёноби дарёи Хоҷа Боқирғон низ ҳамин гуна вазъият ба амал омад.

Ба иттилои ин Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд, ҳаҷми об дар ҳавзаи ин дарё фасли баҳор ба ҷойи 5-6 метри мукааб дар як сония ҳудуди 3 метри мукаабро ташкил дод, ки барои хоҷагиҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови Тоҷикистон мушкили зиёд ба бор овард. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки дар болооби дарё ҷой гирифтаанд, дар мавқеи мусоидтаре буданд, зеро маҳз онҳо ҷараёни обро танзим мекарданд.

Тибқи иттилои Раёсати хоҷагии об ва мелиоратсияи вилояти Суғд, ҳамсояҳо дар як сония ба Тоҷикистон ҳамагӣ 0,5 метри мукааб об медоданд, ҳарчанд тибқи қарордод бояд Тоҷикистон ба 79 дарсади об ҳақ дорад.

Ҳалим Ҳоҷиев, муовини сардори Раёсати хоҷагии об ва мелиоратсияи вилояти Суғд, ба хабаргузории «СуғдНюс» гуфт: «Ин натиҷаи номукаммалии созишномаи дар замони шӯравӣ басташуда аст, ки шарикони мо онро ба таври худ шарҳ медиҳанд ва аз ин ҳолат истифода мебаранд».

Ҳоҷиев бар ин назар аст, ки асноди дар замони шӯравӣ имзошуда бояд ислоҳ шавад.

Мушовири аршади Барномаи Рушди СММ (UNDP) Қирғизистон Чинора Есенгул низ дар бораи зарурати таҳияи стратегияи нав дар соҳаи истифодаи об дар Осиёи Марказӣ ба «СуғдНюс» изҳори назар карда буд: «…Ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст, обу ҳаво дигар мешавад, манобеъ дар ҳоли камёб шудан ҳастанду ба андозаи кофӣ вуҷуд надоранд ва сифати онҳо дар ҳоли коҳиш аст. Фикр мекунам, заминаи қонунгузориро нав кардан лозим аст».

Бӯҳрони об замина барои даргириҳои эҳтимолӣ аст

Зайловиддин Аюбов, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар канори деҳаи худ, дар маҳаллаи Қуммазор ним гектар замин дорад. Аз охири солҳои 80-ум инҷониб қирғизҳову тоҷикон дар ин ҷо паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд. Заминҳои наздиҳавлигӣ аз канали байнимарзии «Дружба», ки дар солхои 60-70 аз тарафи Қирғизистон сохта шуда буд, обёрӣ мешаванд.

Дар миёнаҳои солҳои 80-ум роҳбарияти совхози маҳаллии «Иттифоқ» барои азхуд кардани ҳашт гектар замини барои кишоварзӣ номувофиқ, ки ба руйхати кадастрии хоҷагӣ дохил карда шудааст, розигӣ дод.

Якчанд нафар сокинони маҳалҳои атрофи деҳаҳои Чоркӯҳ ва Коктош дар кооператив муттаҳид шуда, ин майдонро ба қитъаҳо тақсим ва аз санг тоза карда, нақша кашиданд. Онҳо аз идораи хоҷагии оби вилояти Бодканд барои аз канал кашидани лӯла иҷозат гирифта, онро шинонида, ба ҳар қитъаи замин ҷӯй кофтанд. Вақте об ҷорӣ шуд, ниҳоли зардолуву дигар дарахтони мева шинонда шуданд. Баъди даҳсолае дашт ба боғи шукуфон табдил ёфт.

– Дар замони Шӯравӣ ҳама, ҳам тоҷику ҳам қирғиз, шаҳрвандони як кишвар буданд. Муносибатҳо дӯстона буд, ҳама ҳамсояҳои нек будем. Мо оби як лӯларо баробар тақсим мекардем ва дар сурати нарасидан мувофиқи реҷа ба навбат тақсим мекардем. Ҳоло мунтазам норасоии об вуҷуд дорад ва об то ба мо омада намерасад. – гуфт Аюбов ба «СуғдНюс»

Об кифоя аст, камобӣ натиҷаи исрофкорӣ аст мегӯянд мутахассисон

Олимону мутахассисон мегӯянд, ки агар ду моҳи аввали баҳорро истисно кунем, дар ҳавзаи дарёҳои Исфара ва Хоҷа Боқирғон об ба қадри кофӣ мавҷуд аст.

Норасоии об асосан аз он сабаб ба миён меояд, ки Тоҷикистону Қирғизистон аз обёрии рӯизаминӣ истифода мебаранд, ки вазъи каналҳо, ҷӯю ҷӯйбор ва шабакаҳои обкашӣ бад аст.

То 30 дарсади обро, чи дар Қирғизистон ва чи дар Тоҷикистон, ба далели он ки аксари каналҳо хокианд ва шабакаҳои обпарто ба таъмир ниёз доранд, замин кашида мегирад. Ҳоҷиев чунин меҳисобад, ки бартараф кардани чунин ҳолат сармояи бузургро талаб мекунад.

Дар Қирғизистон низ вазъият чунин аст.

Ба гуфтаи коршиносони Вазорати кишоварзӣ, дар аввали соли 2022 тақрибан 30% таҷҳизот ва иншооти ирригатсионӣ дар Қирғизистон таъмирталабанд. Дар каналҳои хокии ҷумҳурӣ аз 15 то 30 дарсади об зоеъ мешавад.

Технологияи нави обёриро бояд ҷорӣ кард

Ба гуфтаи Маҳинахон Сулаймонова, раиси созмони ҷамъиятии “Нексигол Мушовир”, бо назардошти тағйири иқлим ва коҳиши захираҳои об дар Тоҷикистон бояд ба таври густарда навъҳои сарфакоронаи обёрӣ ҷорӣ карда шавад. Вай бовар дорад, ки ин яке аз роҳҳои муассири мубориза бо бӯҳрони об аст.

«Чанд сол пеш мову шариконамон аз Қирғизистон дар ин самт кор карда, чанд лоиҳаи муштаракро дар самти ҷорӣ кардани обёрии қатрагӣ дар соҳаи кишоварзӣ пиёда кардем, аммо баста шудани марзҳо имкон намедиҳад, ки ҳамкориҳоро идома диҳем», – гуфт Сулаймонова.

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар вилоят майдони замини обёрии қатрагӣ каме бештар аз 500 гектарро ташкил медиҳад, ки коршиносон онро ночиз медонанд.

Ин технология дар Қирғизистон фаъолона истифода мешавад. Майдони ин гуна заминҳо дар ҷумҳурӣ аз 13200 гектар зиёд аст. Деҳқонон хуб мефаҳманд, ки ин на танҳо зарурият, балки роҳи ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ мебошад.

Барои эҳёи ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ шароити мусоид фароҳам мешавад

Тоҷикистон ва Қирғизистон километрҳои охири марзро ҳамоҳанг мекунанд, то раванди аломатгузориву нишонагузории марзро то баҳор пурра анҷом диҳанд. Аввали моҳи январ ҷонибҳо ба мардум иттилоъ доданд, ки 43,32 километри дигар мувофиқа шудааст.

Аз ҷумла, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба матбуот гуфт: “Мо дар бораи қитъае мувофиқат кардем, ки аз деҳаи Максат то канори деҳаи Арқа мегузарад.” (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак.-шарҳи идора).

Ин яке аз душвортарин бахшҳои марз аст, ки дар он тайи 3-4 соли охир пайваста муноқишаҳо рух медоданд. Аз ҷумла, маҳз дар ҳамин ҷо дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва рӯзҳои 15-17 сентябри соли 2022 хунинтарин даргириҳо миёни низомиёни ду кишвар рух дода буд.

Бисёре аз сокинони минтақаи марзӣ мегӯянд, боиси хушҳолӣ аст, ки барои аввалин бор дар чанд соли охир шароите барои равобити одӣ дар оянда фароҳам шудааст. Бо ин ҳол, набояд худро танҳо ба таъини вазъияти ҳудуду амвол маҳдуд кард. Тавофуқу имзои асноди қонунии нав дар мавриди истифода аз оби ҳавзаҳои рӯдхонаҳое, ки тайи солҳо мушкилоте анбошта шудааст, тавофуқ дар мавриди истифода аз иртибототи ҳамлу нақл ва эҷоди замина барои сулҳи дарозмуддат зарур аст.

Неъматулло МИРСАИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь