Кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар се моҳи соли ҷорӣ 58 ҳолати қонуншиканиро дар самти ҳифзи муҳити зист дар шаҳр ошкор кардаанд, ки аз он 31 ҳолаташ дар самти партов мебошад.

Сардори ниҳоди мазкур Маҳмадшариф Мирзода, ба “Фараж” иттилоъ дод, нисбати ҳамаи онҳоее, ки ба вайрон кардани ҳифзи муҳити зист роҳ додаанд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, аз 58 қонуншиканӣ 31 ҳолаташ дар самти партов мебошад, ки ин сокинон ба маблағи 21 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима гардидаанд.

– Яке аз сабабаҳои бештар шудани партовҳо дар шаҳр ин зиёд шудани аҳолӣ, равуои бештари мардум ба маркази вилоят ва шумораи зиёди донишҷуён дар 9 донишгоҳу донишкада ва колеҷҳо аст, – илова кард ӯ.

Қайд гардид, ки МИМҲД-и шаҳри Бохтар давоми моҳии охир барои сарвиақт кашонидани партовҳо ба соҳаи коммуналӣ 9 моторол, 3 трактор, 2 мошини боркаш ва 1 нақлиёти обпош дастрас кардаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь