Дар шаҳри Душанбе китоби “Фарзанди нангу номус”, ки муаллифаш доктори улуми иқтисод, дӯстдори ашаддии бозии футбол Фозил Обидов мебошад, аз дасти чоп баромад.
Ин китоби панҷуми муаллиф дар бораи футболи тоҷик пешкаши хонандагон мегардад. Китобҳои қаблии муаллиф бо номҳои «Фарзанди нангу номус-1», «Фарзанди нангу номус-2», «Фарзанди нангу номус-3», «Фарзанди нангу номус- 4» пештар нашр шуда буданд.
Китоби мазкур маҷмӯи китобҳои бо ин ном нашршуда буда, ҷамъи қисмҳои 1-4 маҳсуб меёбанд. Мавзӯъҳои аслии китоб «Чӣ боис шуд, ки Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол таваҷҷуҳ кард? (қисми якум)», «Соле, ки накӯст”… “Нахустин қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи пурифтихор” (қисми дуюм)», «Ғалабаҳо пайи ҳам меоянд” (қисми сеюм)», «Агар Сиёвуш шаҳр сохт, Рустам «Истиқлол» кард” (кисми чорум)»-ро дарбар мегирад.
Обидов, ки худ дилдодаи ин намуди варзиш мебошад, дар ин китоб аз таърихи футболи кишвар дар замони Шӯравӣ, аз нақши Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар футболи тоҷик, нақши роҳи тайнамудаи футболи тоҷик дар замони истиқлол дар солҳои 2012-2021-ро ба риштаи тасвир кашидааст.
Китоб, ки зери назари номзади илм Бобокалонов дар нашриёти “Моҳи Мунир” ба нашр расидааст, ба мутахассисон, мухлисони футбол ва аудиторияи васеи хонандагон тавсия мешавад.
Садоқат Ширинбекова, “Фараж”