Тақрибан 50 боғдору намояндаи корхонаҳои коркарди хушкмева аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар давраи омӯзишӣ доир ба равандҳои ҳамлу нақл ва логистикаи содироти хушкмева аз Тоҷикистон иштирок карданд. Давраи омӯзишии мазкур ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва роҳ ёфтан ба бозорҳои байналмилалӣ донишҳои нав пешниҳод кард.
Давраи омӯзиширо мушовири миллии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) Рустам Абдусаломов дар чорчӯбаи лоиҳаи МТБ, ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, баргузор намуд. Ин давраи омӯзишӣ донишу маҳорати иштирокдоронашро баланд бардошта, онҳоро бо нозукиҳои содирот шинос намуд.
Ҷаноби Абдусаломов гуфт: “Барои соҳибкороне, ки мехоҳанд маҳсулоти худро ба бозорҳои беруна бароранд, донистани равандҳои гумрукӣ, логистика, тамғагузорӣ ва бастабандии хушкмеваҳо ҳангоми содирот бисёр муҳим аст. Давраи омӯзишии мазкур ба соҳибкорони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон имкон медиҳад, то дониши худро мукаммал намуда, мавқеъи худро дар бозорҳои беруна тақвият диҳанд”.
Иштирокдорони давраи омӯзишӣ бо қонунгузори гумрукии Тоҷикистон ва кор бо санадҳову раванадҳои муҳимми содиротӣ шинос шуданд. Онҳо, ҳамчунин, роҳҳои гуногуни ҳамлу нақли маҳсулот ва мувофиқат бо талаботи бастабандӣ ва тамғагузорӣ дар бозорҳои гуногун низ ошно гардиданд. Ба таври дуруст омода намудан ва бастани шартномаҳои тиҷоратӣ ва нақши калидии логистика дар содироти муваффақ низ ҷузви барномаи давраи омӯзишӣ буд.
Қисмати амалии давраи омӯзишӣ истифода аз низоми сертификатсионии REX, роҳи содашудаи вуруд ба бозори Иттиҳоди Аврупоро фаро гирифт. Ин низом ба ширкатҳои содиротӣ имкон медиҳад, то ба осонӣ мувофиқатии маҳсулоташон ба талаботи байналмилалиро исбот карда, вақт ва маблағҳои худро сарфа намоянд.
Умархон Ахмедов, намояндаи ширкати «Баракат Исфара», таҷрибаи андӯхтаи худро чунин тавзеҳ дод: “Давраи омӯзишӣ босамар ва муфид буд. Ман бо донишу малакаҳои наве шинос шудам, ки барои омода кардани хушкмеваҳоямон ба содирот кӯмак мерасонад. Акнун метавонем логистикаамонро беҳтар карда, маҳсулотамонро дар бозорҳои байналмилалӣ бештар рақобатпазир кунем”.
Ин давраи омӯзишӣ танҳо як мисоли фаъолияти МТБ дар самти ёрӣ ба соҳибкорони тоҷик ҷиҳати роҳ ёфтанашон ба бозорҳои беруна мебошад. Донишҳои мувофиқ ва замонавӣ ба соҳибкорони тоҷик ҷиҳати рушду такомули онҳо, ва бештар рақобатпазир гардидан дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.