Ба далели норасоии кӯдакистонҳо ҳудуди 90 дарсад аз кӯдакони хатлонӣ аз таълиму тарбия дар чунин муассисаҳо маҳруманд, ки ин вазъ раиси вилояти Хатлонро ба ташвиш овардааст.
Раис изҳори нигаронӣ кард
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти хабариаш, ки моҳи феврали соли 2021 баргузор гашта буд, гуфт, айни замон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар вилоят 10 дарсадро ташкил медиҳад.
“Мутаасифона дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ёвон, Панҷ, Дӯстӣ, Вахш ва ба ин монанд чанд ноҳияи дигар фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар сатҳи паст қарор дорад”, – таъкид кард Қурбон Ҳакимзода.
Ба гуфти раис, дар вилоят ҳамагӣ 156 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 16 ҳазору 968 нафар кӯдак ва дар 826 маркази инкишофи кӯдак 22 ҳазору 584 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
“Аз ҷамъи муассисаҳое дар вилоят фаъолиятдошта 48 дарсадаш таъмирталаб мебошанд. Шумораи кӯдакистонҳо соли 1991 нисбати ин имрӯз 2 баробар зиёд буд. Соли 1991 муассисаҳои томактабӣ 569 ададро ташкил медоданд. Мутаассифона, аксари онҳо хусусӣ гардонида шудаву ба дигар иншоот табдил дода шудаанд. Гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазъи кӯдакистонҳои хусусигардонидашударо дида баромад. Санҷиш нишон дод, ки дар ноҳияи Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Фархор вазъи ин иншоотҳо ғайриқаноатбахш мебошад. Чанде аз онҳо борҳо аз як даст ба дасти дигар гузаштаанду чанде дигар дар гарави бонкҳо қарор доранд. Мо нисбати ин масъала корбарӣ дорем”, – илова кард Қ.Ҳакимзода.
45 муассисаи томактабиро фурӯхтанд
Хосият Миралиева, собиқ сармутахасиси муассисаҳои томактабии Раёсати маорифи вилояти Хатлон, зимни як суҳбат гуфта буд, ки яке аз сабабҳои фарогирии ками кӯдакони хатлонӣ ба муассисаҳои томактабӣ дар фурӯхта шудан, ё бо дигар мақсад истифода шудани муассисаҳои томактабӣ мебошад.
“Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят солҳои пеш 45 кӯдакистон аз тарафи масъулони мақомоти маҳаллӣ фурӯхта шудаанд. Агар ин муассисаҳои томактабӣ фурӯхта намешуданд, наздик ба 7 ҳазор кӯдаки дигар ба таълим фаро гирифта мешуданд”, – изҳор дошта буд Х. Миралиева
Масъулин дар пайи ислоҳи вазъанд
Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён гуфт, ки дар ҳақиқат солҳои пеш 8 кӯдакистон дар ноҳия фурӯхта шудаанд. То имрӯз ду адади он, яке дар ҷамоати деҳоти “Меҳвар” ва дигаре дар ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат”, бозпас гардонида шуданд.
Раис гуфт, ки бо он соҳибкороне, ки кӯдакистонҳоро бо маблағҳои ночиз харида буданд, суҳбат кардаанд ва дастуру маслиҳат додаанд, ки онҳоро дубора ба кӯдакистони хусусӣ табдил бидиҳанд, то барои фарзандони мардум хизмат кунанд. “Дар ҳолати ташкил нагардидани кӯдакистон масъалаи бозпас гирифтанашон гузошта мешавад”, – илова кард ӯ.
– Фурӯхташавии кӯдакистонҳо дар ноҳияи Вахш дар давраи фаъолияти кории ман нашудаст, – гуфт раиси ноҳияи Вахш Қувватзода Қурбон ва афзуд, ки худи ӯ тасмим дорад, бо дастгирии соҳибкорон дар оянда чор-панҷ кӯдакистон сохта ба истифода диҳад.
Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина низ қайд кард, ки айни замон дар шаҳр 4 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 419 кӯдак ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд. Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти “Гулистон” боз як муассисаи дигар бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд шудааст. “Мо нисбати ин масъала бетараф нестав ва дар пайи ислоҳи вазъем”, – моро мутмаин кардан хост раиси шаҳр.
– Дар ноҳияи Ҷайҳун дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ 48 муассисаи томактабӣ фаъолият мекард, вале айни ҳол аз он 4 адад боқӣ мондаасту халос, – гуфт раиси ин ноҳия Одиназода Абдулҳафиз. Номбурда илова кард, ки дар ин самт мушкилӣ зиёд аст, “Мо кор мебарем ва нақша дорем, соли 2021 ду кӯдакистони дигар ба истифода диҳем”, – қотеъона гуфт раиси ноҳия.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ҷаҳун кӯдакони аз ду то шашсола 15 ҳазору 90 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин теъдоди ками кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак ҷалб шудаанд..
– Дар ноҳияи Дӯстӣ ягон кӯдакистон фурухта нашудаст. Аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ноҳия ҳамаги ду кӯдакистон фаъолият мекард ва ҳоло низ ҳамон ду муассисаи томактабӣ ҳасту халос, – зикр кард раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода.
Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор низ қайд кард, ки ҳам дар марказҳои инкишофи кӯдак ва ҳам дар муассисаҳои томактабӣ фарогирии кӯдакон 17 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар сатҳи вилоят дар ҷойи аввал мебошад.
– Айни замон дар маркази ноҳия бунёди кӯдакистони сеошёна ба нақша гирифта шудаст, ки рӯзҳои наздик сохтмони он оғоз хоҳад шуд, – илова кард ӯ.
Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон иттилоъ дод, ки айни замон дар ноҳия 5 муассисаи томактабӣ ҳаст ва рӯзҳои наздик боз як адади дигар ба истифода дода мешавад.
Мактуб ҳаст, мушкил ҳаст, бепарвоӣ низ
Малика Шукурзода, як масъули Раёсати маорифи вилояти Хатлон, бо нигаронӣ афзуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шумораи фарогирии кӯдакон ба муасссиаҳои томактабӣ хеле кам аст.
– Барои бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба унвони раисони шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол карда шуд, то фарогириии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ афзоиш диҳанд, – илова кард М.Шукурзода.
Бояд гуфт, ки мушкилоти дигари муассисаҳои томактабӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят ин таъмирталаб будани биноҳои онҳо, норасоии мизу курсӣ, рахтҳои хоб, созгор набудани ҷойи бозии кӯдакон, гоҳҳо нон овардани кӯдакон аз хона, кам маблағгузорӣ шудан барои ғизои онҳо аз буҷетҳои маҳаллӣ мебошад, ки он таваҷҷуҳи фаврии масъулони дахлдорро мехоҳад.
Азми дурусту саъйи комил
Тибқи ҳисоботи оморӣ дар вилоят ҳоло беш аз 538 ҳазор 934 кӯдаки аз 1 то 6-сола ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора ҳамагӣ 38 ҳазору 842 нафар ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкошофи кӯдак фаро гирифта шудананд, ки ин 10 дарсадро ташкил медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда буданд, “Мо бояд, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон тамоми чораҳоро андешем”. Ҳамчунин, таъкид карда буданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдаконро ба кӯдакистонҳо то ба 30 дарсад расонанд.
Масъулони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки пайи иҷрои супориши Роҳбари давлат талош кунанд. Агар муҳимияти фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонро дарк кунанд, ҳатман дар ин росто тадбирҳои муҳим рӯи кор меоянд.