Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Насимҷон Ғоибзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд карданд, ки «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолияти кории худро дар давраи ҳисоботӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон доир ба соҳаи маориф, қарорҳо ва мушовараҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, қарорҳои мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва  қарорҳои раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба роҳ монда, дар роҳи расидан ба мақсади ниҳоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, амалӣ намудани мақсадҳои дарпешистода  дар ин ҷода ба муваффақиятҳои муайяне ноил гардидааст.

Ҳуҷҷатҳои воридотӣ

Ҳамсуҳбати дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия аз мақомотҳои болоӣ 616 мактуб, қарорҳо, нақшаи чорабиниҳо бо чунин зайл ворид гардиданд: 7 пешниҳоди прокуратура, 52 мактуб аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, 134 мактуб, қарор, нақшаи чорабиниҳо  аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 100 мактуб аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, 187 мактуб аз Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, 7 муроҷиати шифоҳӣ, 20 муроҷиати хаттӣ,156 мактуб аз дигар мақомотҳо ворид гардидаанд, ки ба ҳамаи онҳо дар доираи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ ҷавоб гардонида шуд. Инчунин, дар ин давра 527 мактуб ва ахборот ба мақомотҳои гуногун аз номи шуъбаи маориф ирсол карда шудааст.

Натиҷагирӣ

Мавсуф тазаккур дод, ки дар машварати августии омӯзгорони ноҳия фаъолияти яксолаи соҳаи маорифи ноҳия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Дар ин давра 12 Шӯрои шуъба гузаронида шудааст, ки дар онҳо 91 масъалаҳои марбут ба кори таълиму тарбия ҳаллу фасл гардидааст. Инчунин, 8 ситод бо директорони муассисаҳои таълимӣ, 7 ситод бо китобдорон ва 2 ситод бо омӯзгорони фанҳои ОДҲ ва тарбияи ҷисмонӣ, 2 ситод бо мудирони хоҷагии муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

 Муассисаҳои таълимӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр дошт, ки айни замон, дар ноҳия 55 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия ва 1 литсей мебошад. Инчунин, дар назди шуъбаи маориф Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ низ фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 35506 нафарро ташкил менамоянд, ки аз ин шумора 17396 нафар духтарон ва 18110 нафар писарон мебошанд. Онҳо дар 1335 синф ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии хатмкардагони синфҳои 11- ум, ки 1977 нафар буданд, 1009 нафарро духтарон ташкил менамуданд.

Базаи кадрӣ

Мавсуф қайд кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1972 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1177 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии занҳои омӯзгори ноҳия 13 нафар директорони муассисаҳои таълимӣ, 5 нафар мудирони кӯдакистонҳо, 23 нафар муовинони директорони муассисаҳои таълимианд. Аз шумораи умумии омӯзгорони ноҳия бо таҳсилоти олӣ 1561 нафар, аз ҷумла 824 нафар зан, бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 249 нафар, аз ҷумла, занҳо 215 нафар, 92 нафар омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил менамоянд. Шумораи омӯзгорони ҷавон дар ноҳия 354 нафарро ташкил менамояд, ки аз онҳо 278 нафарашро занон ташкил менамоянд.

Аз шумораи умумии омӯзгорони ноҳия 580 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ, аз ҷумла занҳо 221нафар, бо дараҷаи тахассуси якум 449 нафар, аз ҷумла занҳо 252 нафар, бо дараҷаи тахассуси дуюм 225 нафар, аз ҷумла занҳо 154 нафар  ва бе дараҷаи тахассусӣ 718 нафар, аз он ҷумла занҳо 550 нафар фаъолият намуда истодаанд.

 Муассисаҳои томактабӣ

Номбурда изҳор дошт, ки дар ноҳия 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 21 мураббия ба таълиму тарбияи кӯдакон машғуланд. Аз онҳо 8 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ ва 13 нафарашон дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Дар кӯдакистонҳо 420 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли 2022 дар муассисаҳои томактабӣ 105 нафар зиёдтар нисбати соли 2021 кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ноҳия 16680 нафар кӯдакони синни томактабӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумора 3026 нафар кӯдакони синни томактабӣ дар МИК (Марказҳои инкишофи кӯдак) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли 2021 дар назди МИК назди муассисаҳои таълимии  ноҳия  1576 нафар бештар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бештари Марказҳои инкишофи кӯдак бо маводҳо ва ашёҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҷавобгӯ ба талаботҳои замон мебошанд.

Дар ноҳия Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз намуд.  Айни ҳол, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №№2,3-и ноҳия  корҳои таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ ба маблағи 3 миллион сомонӣ дар доираи барномаи болозикр шуруъ гардид.  Боварӣ ҳаст, ки баъди амалӣ гардидани он дар соҳаи таҳсилоти томактабии ноҳия беҳбудиҳои назаррасе ба вуқуъ меоянд.

Ба таълими инклюзивӣ (таълими хонагӣ) соли 2021, 7 нафар кӯдакони маъюб дар маҳаллаҳои муассисаҳои таълимии №№4,18,20,38,42 фаро гирифта шуда буданд. Дар соли 2022 шумораи кӯдакони маъюби ба таълими хонагӣ фаро гирифташуда 13 нафарро ташкил менамояд. Дар ин давра бо ҳар яки онҳо ва шароити таълиму тадрисашон аз наздик шинос шуда, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи моддӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ расонида шуд.

Забон донӣ – ҷаҳон донӣ

Дар хусуси сатҳи забономӯзӣ ҳамсуҳбати қайд кард, ки сатҳи забономӯзии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, бахусус омӯзиши забони англисӣ миёни хонандагон сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ба ин иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои фаннии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ хонандаи синфи 10 МТМУ №6 Иброҳимзода Иброҳим сазовори ҷойи 3-юм, хонандаи синфи 11 МТМУ №52 Саймуддинов Анӯшервон дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Холова Муборак хонандаи синфи 6 (МТМУ №2) ва Давлатов Хайрулло хонандаи синфи 10 (МТМУ №8) дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардиданд, ки ин ҳам натиҷаи назаррас мебошад. Барои беҳтар гардидани дониши хонандагон аз забонҳои русӣ ва англисӣ ва сатҳи луғатдонии онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ давоми моҳи ноябри соли 2022, 15 000 вожанома-луғатҳо ба шуъбаи маорифи ноҳия ворид гардид, ки ба муассисаҳои таълимии ноҳия ирсол гардиданд.

Амалишавии барномаҳои давлатӣ

-Дар доираи амалигардонии Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатштносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020- 2040” дар давраи ҳисоботӣ 58 нафар омӯзгорони фанҳои физика, математика, химия, биология, география, экология ва информатика аз курсҳои такмили ихтисос  гузаронида шуданд. Оид ба иҷрои бандҳои 8,9,11,12,15,19 нақшаи чорабиниҳои ин барнома корҳои тарғиботӣ, семинарҳо, озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ аз фанҳои дақиқ гузаронида шуда, инчунин иштироки хонандагон дар олимпиадаи байналмилалии “Архимед”, ФИСО таъмин гардид. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар ин озмунҳо соҳиби 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №114, оиди «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои  солҳои 2021 – 2025» бо қарори Шӯрои шуъбаи маориф аз 30.08.2021, № 7 нақша – чорабинӣ омода гардидааст, ки тибқи он дар соли 2022 муҷаҳҳазгардонии  33 кабинети фаннӣ ва 1 озмоишгоҳро дар назар дошта шудааст .

Давоми соли 2022 ҷиҳати иҷроиши барномаи мазкур дар муассисаи таълимии №43 аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои таълими меҳнат, физика, химия ва технологияи иттилоотӣ маводҳои зарурӣ дастрас гардидаанд.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаи таълимии №35 як кабинети технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз  гардонида  шуд.

Дар давоми соли 2022 аз 33 кабинети фаннии тибқи нақша, 15 адад кабинети фаннӣ таҷҳизонида шуда, иҷрои нақша 45,4 %-ро ташкил менамояд,- афзуд номбурда.

Маркази миллии тестӣ

Инчунин, изҳордошт мавсуф, ки дар маркази ноҳия нуқтаи бақайдгирии ММТ дар назди МТМУ №2 амал менамояд. Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида, 49 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ, 18 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 47 нафар ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ҳуҷҷат супурда, донишҷӯ шуданд. Аз шумораи умумии хатмкардагони синфҳои 11-ум,  777 нафар ба донишгоҳҳо, аз он ҷумла 257 нафар духтарон, ба коллеҷҳо 537 нафар, аз ҷумла 417 нафар духтарон, ба литсейҳо 58 нафар, аз ҷумла 20 нафар духтарон ҳуҷҷат супориданд. Аз шумораи умумии хатмкардагони синфи 11- уми соли таҳсили 2022- юм, 1486 нафарашон ба муассисаҳои таҳсимлоти олӣ ва миёнаи дохил ва хориҷи кишвар, мақомоти қудратӣ дохил шуданд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии №2,4,15,16,17,27,29,54 маҳфилҳои фаннии «Забони русӣ меомӯзем», «Суханвар», «Ҳуқуқшинос», «Химикони ҷавон», «Табиатдӯстон», «Физикони ҷавон», «Математика» ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 238 нафар  хонандагони лаёқатманд дар 17 маҳфил ҷалб гардидаанд.  Кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо кӯшиш менамоянд, ки чорабиниҳои ба зиммаашон бударо дар сатҳи баланд гузаронида, ҷамъбаст намоянд.

Дар моҳи феврал ва марти соли 2022 тибқи нақшаи кори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф олимпиадаҳои ноҳиявии  наврасон байни хонандагони синфҳои 5-6  аз рӯи 10 фанни таълимӣ ва хонандагони синфҳои 7-8 аз рӯй 12 фанни таълимӣ гузаронида шуданд. Дар ин озмунҳо аз 40 муассисаи таълимӣ зиёда аз 1227 нафар хонандагон иштирок намуданд.  Ғолибони ин озмунҳо дар олимпиадаи сатҳи вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби 96 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Хонандагони синфҳои 9-10 дар олимпиадаҳои минтақавӣ аз фанҳои физика, математика, биология, ки дар ноҳия баргузор гардиданд, иштирок доштанд.

 Иштирок дар олимпиада ва озмунҳо

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки 3740 нафар хонанда ва 24 нафар омӯзгор гузаронида шуд. Рӯзи 30 июли соли 2021 даври ноҳиявии ин озмун миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар қишрҳои аҳолӣ дар МТМУ №14 гузаронида шуд. Дар озмун 165 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз онҳо 158 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, 4 нафар омӯзгорон, 3 нафар калонсолон мебошанд. Дар даври вилоятии озмуни мазкур 52 нафар довталабон тибқи роҳхат  иштирок намуда, 2 нафари онҳо соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Даври ноҳиявиии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар он 481 нафар довталабон иштирок намуданд. Аз ин шумора 30 нафар хонанда аз рӯйи 6 номинатсия ба даври вилоятии ин озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври вилояти озмуни мазкур аз ноҳияи мо 30 нафар довталаб иштирок намуданд ва 2 нафар аз МТМУ №4 соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2022 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар маҷмуъ 2 медали тилло, 17 медали биринҷӣ, 3 медали нуқра ба даст оварданд.

Квотаи Президентӣ

-Дар моҳи апрел даври дуюми озмуни хоста гирифтани хонандагони болаёқат тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия гузаронида шуд, ки дар он 138 нафар довталабон иштирок намуданд. 72 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявӣ, ки рӯзи 18.06.2022 дар шаҳри бостонии Кӯлоб баргузор гардид, 18 (9-нафар духтарон) хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори Квотаи Презитдентӣ ва соҳиби унвони донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гардиданд,- афзуд мавсуф.

Сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ

Номбурда изҳор дошт, ки ҷиҳати рушди муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия, бахусус ташкили ҷойҳои нави нишаст ва сохтмони биноҳои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ корҳои муайяне дар давраи ҳисоботӣ ба анҷом расонида шудааст. Бояд тазаккур намуд, ки бо дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағҳои буҷаи маҳаллӣ дар назди Гимназияи давлатии ноҳия бинои нави таълимӣ иборат аз 7 синфхона бо ҷиҳозониши таҷҳизотҳои ҳозиразамони таълимӣ, 2 утоқи корӣ барои роҳбарият ва омӯзгорон бо маблағи 1 миллиону 480 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар назди муассисаҳои таълимии  №43-и деҳаи Ҳуснободи деҳоти Меҳнатобод бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, сохтмони 10 синфхонаи таълимӣ, 7 кабинетҳои тайиноти гуногун бо маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидааст. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави муассисаи таълимии №43 мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории сафорати давлати Япония дар Тоҷикистон бинои нави МТМУ №35 иборат аз 11 синфхона, воқеъ дар деҳаи Боғистони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев ба истифода дода шуд.

Дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар назди МТМУ №26 бо ибтикору дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва коллективи омӯзгорони муассиса 3 синфхонаи нави иловагӣ ба истифода дода шуд, ки мушкилоти ҷойи нишаст ва таълими себастӣ дар ин муассисаи таълимӣ ва умуман дар ноҳия аз байн бардошта шуд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва дастгирии саховатпешагон дар назди МТМУ №31 сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад, ки мушкилоти ҷойи нишаст дар ин муассиса ва ноҳия аз байн меравад ва сифати таълиму тарбия беҳтар хоҳад гашт.

Дар назди МТМУ №10 воқеъ дар деҳаи Сафедоби деҳоти Панҷрӯд сохтмони бинои нави таълимии иловагии дуошёнаи дорои 8 синфхона ва як утоқи корӣ оғоз гардид. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми бино идома дорад, ки аз ҳисоби аҳолӣ ва саховатмандони маҳал маблағгузорӣ карда мешавад. Тибқи нақшабандӣ дар сохтмони ин бинои таълимӣ 1 миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ харҷ карда мешавад. Бо ба истифода дода шудани бинои нави таълимӣ ва ба синфхонаҳои кушоду барҳаво ва ҷавобгӯ ба талаботҳои замон сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон беҳтар хоҳад гашт. Чунин амали хайрхоҳонаи дигар барои аз таъмири саросарӣ баровардани МТМУ №7- и ноҳия аз ҷониби собиқ хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ оғоз гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳия муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта мавҷуд нест.

Ба мушкилиҳои молиявӣ нигоҳ накарда, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ таълимгоҳҳоро аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ва бо дастгирии падару модарон, соҳибкорони маҳаллӣ, хусусан, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати молияи ноҳия ба соли нави таҳсил ҳаматарафа омода намуданд. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 1 384 700 сомонӣ, аз ҳисоби кумитаи падару модарон 141 497 сомонӣ, аз ҳисоби сарпарастон 601 540 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар умум 2 122 737 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи маблағҳои пешбинишуда дар доираи сметаҳои пешниҳодгардида аз худ карда шуданд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь