ЛАҲЗАИ ЯКУМ:

Дар ҷустуҷӯи мусоҳиб

Новобаста аз оне, ки дар мактабу донишгоҳ киҳо ба ман дарс гуфтаанд, дар умум ҳама омӯзгоронро дӯст медорам ва нисбати намояндагони ин касби азиз ҳамеша эҳтиром дорам. Омӯзгорӣ на танҳо касб, балки ишқи бузург аст, ки на ҳама метавонад ошиқ шавад ва ба ин ишқ содиқ монад… Ростӣ, пас аз хатми донишгоҳ хеле кӯшиш кардам, ки дар факултет бимонад ва муаллим шавам, зеро медонистам, ки дар масъалаи корҳои амалӣ ба донишҷӯён ёрӣ расонида метавонам, аммо нашуд. Монеаҳо зиёд буданд ва ба ишқи бузург нарасиданамро ҳикмат шумурда, аз баҳраш гузаштам. Ҳамин дӯстдории касби омӯзгорист, ки сари чанд вақт ба дидору суҳбати муаллимон меравам. Рӯзгори намояндагони ин касб ҳамеша ҷолиб аст, ҳамеша омӯзанда аст, ҳамеша барои дигарон намунаи ибрат аст. Ва яке аз чунин шахсон имрӯз ҳамсуҳбати ман аст. Неъматуллоҳи Аҳмад ҳоло 81-сола аст ва қариб нисфи умрашро ба кори омӯзгорӣ гузаронидааст. Замоне муаллим ва сарвари мактаб буд, ки ҳатто ба берун баромадан даҳшат буд.

ЛАҲЗАИ ДУЮМ:

Ёд мекардам, аммо илоҷе надоштам

– Устод, ҳоло дар масъалаи интихоби дурусти касб ҷавонони мо муаммоҳои зиёд доранд. Бигӯед, ки ин масъала дар замони шумо чӣ хел буд ва чӣ гуна қарор додед, ки омӯзгор мешавед?

– Он замон қадри муаллим чунон баланд буд, ки аксар мардум барои маслиҳату машварат маҳз назди омӯзгор мерафтанд. Дар баробари қадри баланд доштан, инчунин, медонистам, ки муаллим ба ҷомеа хизмати бузург карда метавонад, насли наврасро таълиму тарбия медиҳад. Аз ин сабаб, дилбохтаи ин касб шуда будам. Соли 1957 синфи ҳафтумро хатм кардам ва бе ягон дудилагӣ ба Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғарм дохил шудам, то ки муаллим шавам.

– Назари волидонатон ба интихоби пешаи омӯзгорӣ чӣ гуна буд?

– Мутаассифона, волидони ман саводи зиёд надоштанд ва ягона насиҳату маслиҳаташон он буд, ки бояд бихонам. Ҳар куҷое бошад, дар чӣ касбе бошад, муҳим хонданам ва соҳиби савод шуданам барояшон зарур буд. Чун худашон имкони таҳсил надоштаанд, талқин мекарданд, ки хонда шахси босавод шавам.

– Замони таҳсил дар омӯзишгоҳ аз чӣ танқисӣ мекашидед?

– Ҳоло ба донишҷӯёни имрӯза ҳавасам меояд. Тозаву озода, шароити таҳсил дар сатҳи аъло, волидони ғамхору дастгир ва ғайраҳо. Аммо мо чунин набудем. Соли аввали таҳсил дар омӯзишгоҳ мувофиқи тартиб бо хӯроки ройгон таъмин будем, вале ҳеҷ вақт сер буданмонро намедонистем. Пасон, дар соли дуюми таҳсил ба ҷойи хӯрок ба мо идрорпулӣ медоданд, ки каме ҳам бошад зиндагӣ ранги дигар гирифт.

– Идрорпулӣ чанд сомон буд ва чӣ гуна сарфу харҷатонро мепӯшондед?

– Донишҷӯёни аълохон 20 сӯм мегирифтанду дигарон 15 сӯм ва хушбахтона ман аз ҷумлаи онҳое будам, ки 20 сӯм мегирифтам. Дар як ҳуҷра 4 кас меистодам ва сари ҳар моҳ 10 сӯмӣ ҷамъ карда, хӯрока мехаридем. Кӯшиш мекардем, ки бо пули боқимонда дигар ҳоҷатҳоямонро барорем.

– Падару модар кумак намерасонданд?

– Зиндагӣ ниҳоят душвор буд, аз хона ба мо кумак карда наметавонистанд.

– Пас аз хатми омӯзишгоҳ шумо пайраҳаи аҷибро тай кардаед, ба мо метавонед бигӯед, ки он чӣ гуна буд?

– Соли 1961 баъди хатми омӯзишгоҳ тибқи роҳхат ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ ба мактаби 8-солаи ба номи Ватутини ноҳияи Ғарм ба кор рафтам. Соли аввали кор синфи якумро дарс додам ва хушбахтона хеле бачаҳои доно баромаданд. Ҳамин омади кор буд, ки соли оянда, яъне соли 1962 маро ба вазифаи мудири мактаби ибтидоии деҳаи Ниёзбегиён таъин карданд. Ҳамин тавр, се сол фаъолият кардам ва соли 1965 аз ҳудуди ноҳияи Ғарм ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод)-ро ҷудо намуданд. Дар ноҳияи навтаъсис ба кадрҳои хуб эҳтиёҷ буд ва маро ҳамчун мудири ташкилии Комитети комсомолии ноҳия ба кор даъват карданд. Дар вазифаи мазкур, то соли 1968 хизмат карда, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шудам. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба ноҳия баргашта, ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ фаъолиятамро давом додам. Соли 1972 ба Институти педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, соли 1977 бо ихтисоси муаллими география онро хатм кардам. Аз соли 1977 то соли 1980 дар мактаби миёнаи №6 ба ҳайси директор фаъолият намудам. Бо тақозои замон расо шаш сол сарвари мактаби миёнаи №10 будам ва пасон боз ба мактаби №6 баргаштаму то соли 1997, яъне ба нафақа баромадан ҳамчун директор фаъолият кардам.

– Ихтисоси якуматон омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва ихтисоси дуюматон, ки дар донишкада гирифтед, омӯзгори фанни география буд. Чаро махсус географияро интихоб кардед?

– Ба ин соҳа шавқи хеле зиёд доштаму ҳоло ҳам дорам. Ин соҳа пур аз муаммост ва ҳарчанд бихонему биомӯзем ҳам, боз медонем, ки надонистаҳоямон хеле зиёданд. Чун шавқу завқ доштам, ин соҳаро омӯхтам ва тӯли фаъолиятам дар баробари директорӣ ҳамчунин ҳафтае 12 соат ба хонандагон дарс мегуфтам.

– Хонандаи имрӯз аз он хонандаҳое, ки шумо дарс гуфтаед чӣ фарқ доранд?

– Албатта, пешравиҳои зиёд ба чашм мерасад, вале бисёр мутаассуф аз онам, ки сатҳи тарбияи насли наврас каме коста шудааст. Хабарҳоро аз рӯзномаҳову шабакаҳои телевизионӣ мебинем, ки баъзан корҳои ношоиста мекунанд, хеле ғамгин мешавем. Ҳоло кори омӯзгор даҳчанд вазнин шудааст, зеро бо бачаҳои насли нав кор кардан хеле мушкил шудааст.

– Панҷ соли охири кориатон ҳамчун директори мактаб ба солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд. Он замон муаллиму сарвари як мактаб будан чӣ гуна буд?

– Фикр мекунам, ба қадри ин тинҷиву амонӣ ва осоиштагӣ аз ҳама зиёд мо мерасем, зеро нооромиҳоро хеле зиёд дидем. Фазо тарсолуд буд. Умед ба фардо намонда буд. Камбудиҳои рӯзгор хеле зиёд буданд, ки дилсарду дилмонда аз дунё шуда будем. Муаллимӣ ҳам осон набуд. Аз як сӯ маоши кам, аз як сӯ норасоӣ дар рӯзгор ва аз ҳама муҳим ором набудани ҷумҳурӣ бори сангинеро бар дӯшамон монда буд.

– Чаро пас аз нафақа дигар кори омӯзгорӣ накардед?

– Ҳарчанд ин касбро ман хеле зиёд дӯст медоштам, аммо азбаски бояд зиндагиро, ки даҳ фарзанд доштам, пеш мебурдам, бо маоши муаллимӣ намешуд ва ба кори таксӣ гузаштам.

– Ба ҷуз таксиронӣ кори дигаре карда наметавонистед?

– Ҳам аз донишгоҳи омӯзгорӣ ва ҳам аз дигар донишгоҳҳо даъват карданд, аммо медонистам, ки ҳоҷати иқтисодиамро бароварда наметавонам.

ЛАҲЗАИ СЕЮМ:

Се китоби шеър

– Дар баробари омӯзгори таҷрибадору хизматкарда буданатон, инчунин, шумо эдҷодкору китобдор ҳам ҳастед. Бигӯед, ки шеърнависӣ кай ва чӣ гуна пайдо шуд?

– Дар ҷавонӣ ба ҳусни духтараке мафтун шуда, қалам ба даст гирифтам. Ҳамон замон чанде шеър гуфтам ва азбаски корҳои омӯзгорӣ ва мудириам хеле зиёд шуданд, давом надодам. Ва боз баъди ба нафақа баромадан ба шеърнависӣ машғул шудам.

– Навиштан ба шумо чӣ медиҳад?

– Ин кори бисёр оромкунанда ва таскиндиҳанда аст. Вақте ки менависам худро сабук ҳис мекунам. Навиштан василаи худамро холӣ кардан аз тамоми фикрҳост.

– То имрӯз ду маҷмӯаи шеърҳоятон бо номҳои “Оташи ормон” ва “Нақши зиндагӣ нашр шудаанд. Дар бораи инҳо бигӯед.

Ман тасмими дар шакли маҷмӯа нашр кардани шеърҳоямро надоштам, зеро албатта, медонистам, ки қувватам намерасад. Сипас, бо шоири ширинкалом ва ниҳоят инсони самимӣ устод Ворис шинос шудам ва бо роҳнамоӣ ва таҳрири эшон китобҳоям чоп шуданд. Дар маҷмӯаҳои мазкур шеърҳои солҳои охир навиштаам гирд омадаанд. Дар онҳо меҳри ватан, хизматҳои падар, муҳаббати модар, ишқи нотакрор ва умуман зебоиҳои табиатро ёфтан мумкин аст.

Ҳамсаратон медонанд, ки аввалин шеъратон дар васфи дигарест?

– Бале, медонад ва ҳеҷ вокунише ҳам накардаааст.

Дар маҷмӯаҳоятон бо номҳои зиёд, аз ҷумла Шарофат, Хадича, Марям, Раъно, Латофат, Саҳоба ва ғайраҳо шеър навиштаед, дар ин масъала чӣ мегӯнд?

– Онҳо хешу табор ҳастанд ва ҳамагӣ бо мо рафтуомад доранд.

ЛАҲЗАИ ЧОРУМ:

Рубоб

– Мо медонем, ки шуморо ҳамчун навозанда ва сароянда ҳам мешиносанд. Бигӯед, ки чӣ гуна ба ин кор омадед?

Ҳамааш аз он оғоз шуд, ки рӯзе бо дӯстон дар маҳфиле менишастем ва ман дар ҳамон хона рубоберо дидам. Шавқам омаду онро гирифта, кӯшиши навохтан кардам, аммо соҳибаш гуфт, ки боз вайронаш накунам. Ҳамин тавр, тасмим гирифтам, ки ман навохтанро меомӯзам ва рубоб харида, худомӯзӣ кардам. Дар як муддати кӯтоҳ ҳам навохтанро омӯхтаму ҳам сароиданро.

Ҳамчун сароянда ба ҷашнҳои хурсандӣ мерафтед?

– Бале, хеле зиёд таклиф мекарданд. То кӯч бастан ба Душанбе дар ҷашнҳои хурсандии мардуми ноҳияамон ва ноҳияҳои гирду атроф иштирок мекардам.

ЛАҲЗАИ ПАНҶУМ:

Даврони пирӣ

Ҳоло ба чӣ корҳо машғулед?

– Шукри оромиву осудагӣ мекунам. Кам-кам шеър менависам ва ба корҳои ҳавлӣ машғул мешавам.

– Шумо соли 1970 оиладор шудед ва инак, 54 сол аст, ки бо ҳамсаратон зиндагӣ мекунед. Бигӯед, ки сири хушбахтӣ ва якдигарфаҳмии тӯлониатон чист?

– Мо ҳамдигарро бисёр дӯст медорем. Дӯст доштану муҳаббат варзидан ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бар бадиҳо ва ноҷуриҳо ғолиб аст. Тӯли ин солҳо ҳамдигарро мефаҳмем ва дар ҳама ҳолат дарк мекунем. Пасту баландиҳои зиндагиро бо ҳам дидем ва ҳамеша дар бари ҳам будему ҳастем.

– Шумо ҳоло 80-солаед, як шахс дар ин синну сол дар бораи чӣ фикр мекунад?

– Фикри зиёд намекунам, зеро аллакай ман вазифаҳоямро дар назди оила иҷро кардаам ва ҳоло таъмини зиндагӣ бар дӯши фарзандонам аст. Ман китоб мехонам, шукр мегӯям ва бо ёру дӯстон вохӯриву суҳбат мекунам.

– Аз умри сипарикардаатон розиед?

– Бештари умри ман бо омӯзгорӣ гузаштааст ва агар имрӯз як шогирди ман ба ҷомеа хизмат карда истода бошад, пас хушбахтам ва розиам.

ЛАҲЗАИ ШАШУМ:

НАМУНА

Пас аз суҳбат китоби “Нақши зиндагӣ”-ро мекушоям ва мехонам:

МЕРОСИ ОЛИ СОМОН

Ватан ишқу Ватан ҷону Ватан ёр аст,

Ватан бар ҷоннисориҳо сазовор аст.

Ватан-Модар зи ҳоли мо хабардор аст,

Ватан кони муҳаббат, кони асрор аст.

 

Ватан сарчашмаи илм асту ирфон аст,

Ватан мероси мо аз Оли Сомон аст.

 

Ватан бар ҷонҳои мо сафо бахшад,

Ватан бар ҳар ватандоре даво бахшад.

Ватан бар ҳар нигоҳи мо ҷило бахшад,

Ватан ишқ ораду бар мо вафо бахшад.

 

Ватан сарчашмаи илм асту ирфон аст,

Ватан мероси мо аз Оли Сомон аст.

 

Ватан маъвои поки сарбаландон аст,

Ватан дунёи ишқи дилписандон аст.

Бинозам ин Ватанро бо ҳама неъмат

Дили ман дар Ватан озоду хандон аст.

 

Ватан сарчашмаи илм асту ирфон аст,

Ватан мероси мо аз Оли Сомон аст.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь