Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Абдуназарзода Шоиста суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Консепсияҳо, дастурҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар шаш моҳи соли 2024 корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.

Таҳия ва ба тавсиб расонидани нақша- чорабиниҳо оид ба амали гардидани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иҷро ва амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, назорати раванди таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, амалӣ гардидани барномаи компютеркунонӣ, бақайдгирии хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ, сатҳу сифати таҳсилот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ру ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Таълимгоҳҳо ва пояи кадрӣ

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки дар тобеияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарт 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 литсей, 1 гимназия ҷамъ 24 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 30551 нафар хонандагон фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1442 нафар хонандагон зиёд мебошанд. Шумораи умумии омӯзгорон 1340 нафар, аз ҷумла 1014 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз онҳо 959 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 113 нафар бо таҳсилоти олӣ, 89 нафар олии нопурра ва 179 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият доранд.

Инчунин 19 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ, 3 муассисаи хусусӣ ва 1 адад соҳавӣ таълимии томактабӣ бо фарогирии 3473 нафар тарбиятгирандагон фаъолият намуда истодааст. Барои таълиму тарбияи онҳо 146 нафар мураббияҳо кору фаъолият менамоянд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр бо ҳамшираи тиббӣ, омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ, омӯзгорони мусиқӣ таъмин мебошад. Омузиши фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳама муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар шаҳри Бохтар 15 маркази инкишофи кӯдак бо 32 гурӯҳ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд, ки шумораи умумии кӯдакон 810 нафарро ташкил медиҳад. Таълим дар марказҳои инкишофи кӯдак дар асоси “Барномаи рушди соҳаи муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2020-2025” ба роҳ монда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки таъмини тамоми муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, тибқи нақша дар давраи ҳисоботӣ 155 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ 31 нафар, ба такмили ихтисос сафарбар гардидаанд.

Назорати сифати таълим

Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардида буд, пайваста аз тарафи кормандони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат гирифта, дар асоси нақша чорабиниҳо амалӣ гардидани бандҳои он мунтазам кору фаъолият намуда истодаанд. Таълим дар муассисаҳо аз рӯи барномаи таълимӣ китоби дарсӣ, маводҳои ёрирасон дарс дода, хонандагон аз рӯйи талаботи омӯзгорони фаннӣ ба дарсҳо ҷавоб медиҳанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот назорат карда шуда, натиҷаи дониши хонандагон марҳила ба марҳила дар асоси ҷамъбасти баҳои ниҳоии хонандагон ба шуъбаи маориф пешниҳод мегардад. Натиҷаи сатҳи дониши азхудкунии хонандагон дар охири соли таҳсили 2023-2024 ба 99,8% сифатноки ба 61% баробар мебошад.

Кадрҳои фардо

Номбурда тазаккур дод, ки инчунин соли хониши 2023-2024-ро 1197 нафар хонанда (451 духтар) хатм намуда, ки аз онҳо 1029 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.

Дастовардҳо

Ҳамзамон, мавсуф зикр кард, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар самти омодагиҳо ва иштирок дар олимпиадаҳои фаннии мактабачагон дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии он, корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва кори хуби омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр нишон дод, ки хонандагонӣ муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар соли 2023-2024, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 280 медал гардидаанд. Медали тило – 5, адад, медали нуқра – 6 адад, медали биринҷӣ- 101 адад.

Олимпиадаи байналмилалӣ: медали тило- 13 адад, медали нуқра- 79 адад, медали биринҷӣ- 67 адад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, имсол аз рӯйи 6 номинатсияи-адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классики тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср, баргузор гардида, аз даври шаҳрӣ 72 нафар иштирокчиён ба даври вилоятии Озмун роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 21 нафарашон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд. Аз шумораи умумии ғолибони даври вилоятӣ 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

Инчунин, озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (2020-2040) соли чорум аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Хонандагони мо дар ин Озмун фаъолона иштирок варзида истодаанд.

“Маърифати ҳуқуқӣ-оини худшиносӣ”

Номбурда дар ҷараёни суҳбат қайд кард, ки вобаста ба соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” масъулини шуъбаи маорифи шаҳр нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар ин самт инчунин озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ-оини худшиносӣ” бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар даври аввали озмуни мазкур 71 нафар иштирок намуда, аз даври шаҳрӣ 6 нафар хонандагон ба даври вилоятӣ роҳхатгирифта, 1 нафар хонанда ба даври ҷумҳуриявии озмуни болозикр роҳхат гирифтааст. Ҳамзамон дар ин самт озмуни “Беҳтарин донандаи кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуда, ғолибон аз тарафи масъулини шуъбаи маориф бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба эълон гардидани соли 2024, ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз санаи 1 март то 30 июни соли 2024, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини соҳавии раиси шаҳр ва сохторҳои дахлдор бо омӯзгорон, падару модарони хонандагони муассисаҳо вохӯри гузарониданд. Дар вохӯри доир ба самти “Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ”, таълимоти ғайриқонунии динӣ, амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, истифода ва истеъмоли маводҳои мухаддир, даст задан ба худкушӣ ва ҳудсузӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, суҳбатҳо оростанд.

Пояи моддӣ-техникӣ

-Қайд кардан ба марид аст, ки барои ташкили кабинетҳои фанни ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ директорони муассисаҳои таълимии шаҳр дастуру супоришҳо гирифта буданд. Вобаста ба шароиту имкониятҳои молиявӣ ҳар як муассисаи таълимӣ барои ташкили кабинетҳои фанни ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила иҷро гардида истодааст.

Инчунин дар соли 2024 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар 22 адад кабинетҳои фаннӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла 3 адад кабинети фанни физика, 3 адад кабинети фанни химия, 3 адад кабинети фанни биология, география 5 адад, математика 6 адад, суруд ва мусиқӣ 2 ададро дар бар мегирад,-афзуд номбурда.

Бунёдкорӣ

Мавсуф афзуд, ки оид ба иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон” барои солҳои 2022-2027, дар соли 2023, сохтмони бинои муассисаи томактабии хусусӣ дар маҳаллаи М. Турсунзода аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ барои 100 тарбиятгиранда ва як муассисаи томактабии хусусӣ дар маҳаллаи Ваҳдат барои 100 тарбиягиранда ба нақша гирифта шуда айни замон муассисаи томактабии хусусӣ болозикр дар маҳаллаи Ваҳдат фаъолият дорад.

Инчунин сохтмони бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №8 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои 312 нафар хонанда ва бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №6 барои 620 нафар хонанда банақша гирифта шуда сохтумони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №6 дар арафаи анҷомёбист.

Ҳамзамон, дар маҳалаи Дустӣ муассисаи таълимӣ барои 1200 нафар хонанда ва дар маҳалаи Ҳоҷи Шариф барои 640 нафар хонанда банақша гирифта шуда, айни ҳол ҳуҷатгузории қитъаи замин оғоз карда шуда бо қитаъи замин барои сохтмон таъмин карда шуда дар рӯзҳои наздик сохтмони муассисаҳои таълимӣ оғоз карда мешавад.

Ҳамзамон дар давраи ҳисоботи тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр бо маблағҳои падару модар ва буҷаи маҳал дар маҷму аз ҳисоби буҷаи маҳал 1 млн. 327 ҳазору 770 сомонӣ ва аз ҳисоби падару модарон 559 ҳазору 254 сомонӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои қабули хонандагон омода мебошанд.

Донишандӯзӣ

Номбурда тазаккур дод, ки ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон санаи 25.05. 2024 дар ноҳияи Данғара баён дошта, қарори мушовараи раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 28. 05 соли 2024, №5/11 оид ба оммавӣ гардонидани китобхонӣ, ҷалби хонандагону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ба китобхонӣ ба тавсиб расида буд ва дар ин замина озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои илмӣ ва бадеӣ байни кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон” эълон гардид, ки дар ин замина фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 18.07.соли 2024, №67 ба тавсиб расида ва дастраси тамоми масъулини муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.

Шуруъ аз 26- то 30 сентябри соли ҷорӣ тибқи ҷадвали баргузории озмуни болозикр, ки аз тарафи раёсат пешниҳод гардидааст, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ даври аввали озмун баргузор карда шуд.

Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ки аз тарафи раиси шаҳри Бохтар тасдиқ карда шудааст, бахшида ба эълон гардидани соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз руйи усули “Мактаб ба мактаб” дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва хонандагони синфҳои 8-11 оид ба самтҳои таълим ва тарбия, тағйироту иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи таълим ва тарбия барои кӯдак”, “Танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи маориф”, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, дурмонӣ аз таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбату вохуриҳо доир гашта истодааст.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь