Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Ғуломов Тағоймурод суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкаш мекунем.
Мавсуф нахуст қайд кард, ки қобили қаноатмандист, ки аҳли маорифчиёни ноҳия соли таҳсили гузаштаи 2023-2024-ро бомуваффақият ҷамъбаст карда, вуруди соли нави таҳсили 2024-2025-ро дар руҳияи баланди ватандорӣ, ифтихор аз сарзамину давлати соҳибихтиёри худ бо дили пур аз фараҳу шодмонӣ устуворона қадам гузоштанд.
Қиёси натиҷаҳо аз нуҳмоҳаи соли гузашта ба нуҳмоҳаи соли равон имкон медиҳанд иброз намуд, ки соҳаи маорифи ноҳия қариб дар ҳамаи самту бахшҳояш рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Ва дар ин робита, мебояд тазаккур дод, ки дастовардҳои нисбӣ худ аз худ арзи ҳастӣ накардаанд. Дар паси ҳар як муваффақияти соҳа маҳсули меҳнату заҳмати аҳли кормандони масъули дастгоҳи кории шуъба, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони зерсохторҳо, омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи ноҳия дарку эҳсос мешавад, ки дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидӣ ва стратегӣ арзёбӣ гардидааст, то тавони хеш саҳмгузор шуда, ба ин васила дар таҳкиму рушди ин соҳаи сарнавиштсоз ҳиссагузор гардидаанд.
Таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои таълимӣ
Номбурда изҳор дошт, ки айни замон дар ноҳия 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 511 кӯдак таҳти таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сохтори давлатӣ буда, дар тобеияти Шуъбаи маорифи ноҳия қарор доранд.
Ба маврид аст зикр намуд, ки бо дастгирии раиси ноҳия дар ояндаи наздиктарин дар собиқ биноҳои маъмурии се ҷамоати деҳоти ноҳия, ки айни замон сохтмони биноҳои нави маъмуриашон идома дорад, таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шуда, инчунин барои таъсиси як муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ замина фароҳам оварда шудааст.
Марказҳои инкишофи кӯдак дар рушди зеҳнӣ ва маънавии насли наврас нақши муҳим мебозанд. Вобаста ба ин, айни замон дар ҳудуди ноҳия афзун кардани теъдоди чунин марказҳо дар рӯзномаи кории шуъба қарор дода шудааст.
Айни замон дар назди 25 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 25 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 485 нафар кӯдак таъсис дода шудааст. Ин нишондод дар қиёс ба нимсолаи аввали соли равон 12 гурӯҳ ва 240 нафар кӯдак зиёд мебошад.
Шумораи умумии кӯдакон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ 996 нафарро ташкил медиҳад.
Шуъбаи маорифи ноҳия бо дарназардошти нокифоя будани шумораи марказҳои инкишофи кӯдак тасмим дорад, ки дар назди боқимонда муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакро ташкилу таъсис намояд. Ин иқдом тавассути Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд D607-TJ, Бонки Умумиҷаҳонӣ) ба амал бароварда мешавад. Лоиҳаи мазкур сохтмон ва таъмири синфхонаҳоро барои таъсиси Маркази инкишофи кӯдак ба нақша гирифтааст.
Илова бар ин, аз тарафи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), бахши Рушди барвақтии кӯдак –лоиҳаи фонди Тоҷикистонии Оғохон дар водии Рашт, аз рӯи барномаи “Баланд бардоштани устувории ҷомеа тавассути воситаҳои устувори зиндагӣ” дар МТМУ №28 ва МТМУ №33 Марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, ин марказҳо бо маблағи 108 572 сомонӣ бозичаҳо, мебел, дигар лавозимот, маводи конселярӣ ва асбобҳои бозӣ барои майдончаи варзишӣ таъмин карда шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сабзу хуррам гардонидани муҳити зист дар назди ин муассисаҳои таълимӣ 220 бех ниҳоли мевадиҳанда (бо маблағи 3270 сомонӣ) шинонида шуд.
Бо мақсади рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо, такмил ва татбиқи донишҳои назариявӣ ва заминагузорӣ барои интихоби касб дар ноҳия муассисаи таҳсилоти иловагӣ Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон фаъолият менамояд.
Айни замон дар МЭКН 31 маҳфил фаъолият менамояд, ки 107 гурӯҳро дар бар гирифта, 1073 нафар хонанда, аз ҷумла 681 нафар духтарон, ки хоҳиши азхуд намудани касбу ҳунарро доранд, бо розигии волидайн ба таълими касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва тақвиятдиҳии донишу ҷаҳонбинӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Қиёси оморӣ нишон медиҳад, ки сол аз сол Маркази мазкур аз ҳар ҷиҳат дар ҳоли ташаккул ва рушдёбӣ қарор гирифтааст. Таври мисол, агар дар соли 2022 шумораи маҳфилҳо дар ин муассиса 27 адад ва теъдоди гурӯҳҳо 100 ададро ташкил дода бошанд, дар давраи ҳисоботӣ ин омор ба 31 ва 107 адад боло рафтааст. Рақамҳои интишоршуда бозгӯи онанд, ки МЭКН ба сурати тадриҷӣ нақшу мақоми худро устувор карда, дар радифи муассисаҳои таълимии ноҳия ҷойи муносиби худро пайдо менамояд.
Ҷоизи зикр аст, ки дар давраи ҳисоботии мавриди назар МЭКН дар асоси Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ” (бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2024, №2/5) барои хонандагони синфҳои 8-11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмунро доир ва ҷамъбаст намуда, 6 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ дар даври сеюм (минтақавӣ), рӯзҳои 24-25.06.2024 дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, фаъолона ширкат намуданд.
Қобили дарҷ аст, ки дар давоми як соли охир Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия ҳамчун муассисаи зарурии соҳаи маориф мавқеи худро бештар мустаҳкам намуд.
Тайи ин муддат Марказ бо бинои алоҳидаи (тариқи иҷора) иборат аз се кабинети корӣ, шаш кабинети фаннӣ бо 150 ҷойи нишаст, инчунин 3 кабинети дигар дар назди муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шуд.
Марказ тибқи Оинномаи худ дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи фаъолият намуда, ҳарчи бештар дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо кушиш ба харҷ медиҳад.
Дар Марказ айни ҳол 12 гурӯҳ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 145 нафар (87 нафар духтар) хонанда дарсҳои иловагӣ мегиранд, ки дар ин гурӯҳҳо 10 нафар омӯзгорони варзидаи фаннӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия машғулият мегузаронанд.
Метавон зикр намуд, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия дар раванди фаъолияти таълимӣ ва амалиаш дар ҷамъбасти соли таҳсили 2023-2024 ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки ин манзурро натиҷаҳои чашмгири дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти роҳнамоии кормандони Марказ тақвият мебахшанд.
Дастовард
Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки илова бар ин, бори аввал дар таърихи бисёрсолаи соҳаи маорифи ноҳия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия таҳти роҳнамоӣ ва роҳбарии кормандони масъули Марказ дар олимпиадаҳои сатҳи байналмиалӣ ширкат варзида, бо дастовардҳои шоёни таҳсин ба Ватан баргаштанд. 15 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар Олимпиадаи байналмилалии “Асосҳои фан”, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат варзида, ҳамаи онҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сазовор шуданд, ки ин дастоварди фавқулодда дар таърихи маорифи ноҳия маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, аз тарафи кормадони Марказ ва кормандони масъули Шуъбаи маориф мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП- 480 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Аз шумораи 526 нафари иштирокчии даври ноҳиявӣ 39 нафар дар даври минтақавӣ иштирок намуда, аз ин шумора 4 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Илова ба ин, даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”-ро дар вақту замони муқарраршуда, баргузор намуд. Дар даври ноҳиявӣ 459 нафар ширкат варзида, 34 нафари онҳо дар даври минтақавӣ иштирок намуда, 2 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Технологияи иттилоотӣ ва комуникатсия
Номбурда афзуд, ки Маркази техноло-гияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди Шуъбаи маориф соли 2009 таъсис дода шуда, бо 3 воҳиди корӣ фаъолият менамояд. Марказ баҳри амалӣ намудани муқаррароти қонуну барономаҳои марбут ба соҳаи маорифро ба амал мебарорад. Марказ дар фаъолияти ҷории худ, асосан раванди бо технологияҳои инноватсионии таълимӣ таъмин гардидани муассисаҳои таълимиро таҳти назорат қарор дода, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ хизматрасонии техникии чунин технологияҳоро роҳандозӣ менамояд.
Бахши мазкур дар давраи ҳисоботӣ вазъи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода, дар ин робита 3 маротиба гузоришҳои таҳлилию омориро унвонии мудири Шуъбаи маориф пешниҳод намудааст. Тибқи омори пешниҳодкардаи Марказ айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 948 адад компютер, 235 адад принтер, 49 адад сканер, 61 адад проектор, 44 адад тахтаи электронӣ ва дигар анвои технологияҳои таълимии инноватсионӣ мавҷуданд, ки аз ҷониби кормандони Марказ таҳти хизматрасонии техникӣ қарор доранд.
Муассисаҳои таълимӣ ва базаи кадрӣ
Номбурда дар идомаи суҳбат зикр кард, ки айни замон дар ноҳия 68 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуданд, ки аз он 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва дар баробари ин 1 гимназияи хусусӣ бо номи “Фурӯғи маърифат” машғули фаъолиятанд.
Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2024-2025, маҷмуан 28744 нафарро (аз ҷумла, 14102 нафар духтар) ташкил дод, ки ин омор нисбат ба соли таҳсили 2023-2024, маҷмуан 1059 нафар ва дар муқоиса ба соли 2020 ба теъдоди 3950 нафар зиёд мебошад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1455 нафар (аз ҷумла 723 нафар зан) омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд, аз ҷумла: бо таҳсилоти олӣ 1076 нафар (73,95%), таҳсилоти олии нопурра 57 нафар (3,92%), таҳсилоти миёнаи касбӣ 322 нафар (22,3%).
Қобили тазаккур аст, ки тибқи муқаррароти “Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола аттестатсияи тахассусии омӯзгорони ноҳия баргузор карда мешавад. Айни ҳол, бо қарори комиссияи аттестатсионӣ ба омӯзгорон бо чунин дараҷаҳои (категорияҳои) тахассусӣ мувофиқ дониста шудаанд: категорияи олӣ – 480 нафар, категорияи якум- 372 нафар, категорияи дуюм-218 нафар.
Пояҳои моддию техникӣ
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф қайд кард, ки айни замон шумораи умумии синфҳо дар 68 муассисаи таълимии ноҳия 1329 ададро ташкил дода, шумораи умумии синфхонаҳо ба 775 адад баробар аст. Дар ибтидо, тавре ба назар мерасад, ки барои ҳамаи синфҳои мавҷудаи муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳо намерасанд, вале бо дарназардошти дар ду баст ба роҳ мондани раванди таълим қариб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, алҳол ин масъала ҳалли худро пайдо кардааст. Зимнан, дар баробари афзоишёбии пайвастаи теъдоди аҳолии деҳоти ноҳия ва тадриҷан зиёд гардидани шумораи хонандагон талабот ба сохтани синфхонаҳои иловагӣ дар назди аксарияти муассисаҳои таълимӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои навбунёди ноҳия рӯи кор омадааст. Дар ин радиф, аз ҳисоби шаклҳои гуногуни сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31- 6 синфхона барои 150 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33- 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43- 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии №48- 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №60- 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст, инчунин сохтмони муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Шукурӣ- 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст, сохтмони муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дар деҳаи Дӯстӣ- 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст ва сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Заркамар- 10 синфхона барои 250 ҷойи нишаст, дар маҷмуъ 42 синфхона барои 1050 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда, дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамчунин, бояд ба эътибор гирифт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои муассисаи замонавӣ дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт ба нақша гирифта шуда буд. Муассисаи таълимӣ бо маблағгузории ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии халқии Хитой барои 1200 нафар хонанда дар як баст сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи майи соли равон шурӯъ гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ дар самти ошёнаи якуми бино ба анҷом расида истодааст.
Соли 2024 барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 аз тарафи шахсони саховатпеша аз масофаи 1,5 км ба маблағи 15000 сомонӣ нуқтаи оби тозаи ошомиданӣ оварда шуд. Мавриди зикр аст, ки дар МТМУ №40 барои таъмир ва омода намудани муассиса ба соли нави таҳсил аз ҳисоби шахсони саховатпешаи маҳал ба маблағи 29 000 сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ ва 2 дари даромадгоҳ, аз ҳисоби ҷавонони маҳал ба маблағи 4000 сомонӣ масолеҳи рангуборкунӣ барои толори варзишӣ харидорӣ шуда, муассиса пурра аз таъмир бароварда шуд. Ин иқдом дар МТМУ №5 аз тарафи фарзандони шодравон Зиёзода Таваралӣ, ки муассиса ба номи ӯ номгузорӣ шудааст, роҳандозӣ гардидааст. Онҳо ба маблағи 10000 сомонӣ дар назди муассиса ҷоҳи амудӣ канда оби тозаи ошомиданӣ бароварданд ва ба маблағи 3000 сомонӣ намои муассисаро рангу бор карданд. Инчунин дар МТМУ №18 бо ташаббуси аҳолии маҳал бо маблағи 20000 ҳазор сомонӣ намои муассиса рангубор карда шуд ва дар МТМУ №19 бо ташаббуси омӯзгорон ва муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ посбонхона сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, дар идомаи соли 2024 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ аз тарафи филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Интиқоли технологияи иттилоотии умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон” ба МТУА-и №32, деҳаи Арча 10 мизу курсӣ ва 2 адад тахтаи синфӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона тақдим гардида, инчунин дар муассисаи номбурда аз тарафи падару модарон бо роҳбарии раиси маҳалла майдончаи варзишӣ омода ва мавриди амал қарор дода шуд.
Илова бар ин, ба МТМУ №21, деҳаи Зарнисор (собиқ Қанғелӣ) аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи умумии 61 870 сомонӣ 48 мизу курсӣ, 4 адад тахтаи синфӣ, 4 адад ҷевони китобмонӣ ва 4 адад либосовезонкунак тақдим гардид.
Шуъбаи маориф дар мунтазам афзоиш додани теъдоди кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ кушиш ба харҷ дода, дар ин самт дастовардҳои муайянеро соҳиб шуда, дар татбиқи тадриҷии муқаррароти “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» иқдом намудааст. Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии Барномаи болозикр кабинети География-7 адад, кабинети Математика-6 адад ва кабинети Технологияи иттилоотӣ-5 адад дар маҷмӯъ 18 адад кабинет рӯзҳои наздик дастрас мегардад, ки 70%-и нақшаи Барномаро ташкил медиҳад.
Кадрҳои оянда
Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки дар давоми соли 2024 аз рӯи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷа 24 нафар хатмкунандагони синфи 11 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯ шуданд.
Дар ҷамъбасти соли таҳсили гузашта 1192 нафар синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм карданд ва ба ҳолати 1.10.2024 дар се давр дар нуқтаҳои бақайдгирӣ 865 нафар (348 духтар) 73% тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супориданд ва пас аз эълони тақсимоти асосӣ аз рӯи натиҷаҳо 685 нафар сазовори номи баланди донишҷӯ шуданд. Ҳамзамон, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар 19 нафар дохил шуданд.
МТЖТ