Бо ташаббуси факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нуҳуми ноябри соли равон дар толори  Шарифҷон Ҳусейнзода бахшида ба 147-умин солгарди зодрӯзи Аллома Муҳаммад Иқбол маҳфили илмӣ- адабӣ зери унвони “Рӯзи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ” баргузор гардид, ки дар он олимони шинохтаи кишвар, донишҷӯёни тоҷику покистонӣ ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии  Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Зимни ифтитоҳи маҳфил  декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Ш.Сайдализода  иброз намуд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ на фақат дар Ҳинду Покистон, балки тамоми кишварҳои Осиё ҳамчун бузургтарин шоири асри ХХ шинохта шудааст. Асарҳои ба забонҳои форсӣ, урду ва англисӣ эҷодкардаи ӯ чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати фарогирии масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ дар адабиёти урду ва форсизабонони Ҳинду Покистон мавқеъ ва мақоми махсус дорад. Ба қавли адабиётшиноси маъруфи покистонӣ Манзурулҳақ  “Муҳаммад Иқбол на танҳо забону адабиёти форсиро дар Ҳинду Покистон зинда нигоҳ дошта, онро ривоҷу равнақ дод, балки шеъри форсиро ба мунтаҳои камол расонидааст”. Худи шоир ба бузургии забони форсӣ иқрор шуда, чунин фармудааст:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар низ дар бораи бузургии осори Иқболи Лоҳурӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки паёми ӯ на танҳо барои мардуми Машриқзамин, балки барои тамоми ҷаҳониён метавонад роҳкушову роҳнамо бошад.  Аллома Иқбол орзуи беҳбудии тамоми башарият, чи дар Осиё, чӣ  дар Аврупову   Африқо ва Амрико, хоҳ Покистон ва хоҳ Тоҷикистонро дошт.

-Иқбол ба масъалаҳое таваҷҷӯҳи амиқ дошт, ки ҳамаи мо – ҳамчун шахсият ё ҷомеаи миллатҳо бо он рӯ ба рӯ мешавем. Масалан, маъно ва мақсади зиндагӣ, тағйирот ва доимӣ, озодӣ ва фалсафаи зиндагӣ, пешравӣ ва муваффақият, иртиботи ҷисму ҷон, зиддияти ақл ва эҳсосот, бадиву ранҷ. Ӯ ба тавонмандии бузурги инсонҳо, бахусус насли наврас, ки онҳоро “шоҳин” меномид, бовар дошт ва онҳоро талқин мекард, ки бояд барои расидан ба ҳадафҳои олӣ талош кунанд,- иброз намуд Муҳаммад Саид Сарвар.

Сафир зикр намуд, ки ашъори Иқбол асосан ба забони форсӣ таълиф шудааст. Доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил (аз Эрон) дар яке аз ашъори худ зери унвони «Муждаи пирӯзӣ» зикр кардааст, ки: «Доктор Иқбол адабиёт ва забони форсиро эҳё кард. Ашъори ин файласуф ва мутафаккири озодихоҳ дар қалби мардуми Шарқ ҷой дорад ва то замоне, ки забони форсӣ вуҷуд дорад, Иқбол зинда хоҳад буд». Мо аз он фахр мекунем, ки шоири халкии Покистонро дар Точикистон  эҳтиром мекунанд. Мирсаид Миршакар аввалин шахсест, ки Муҳаммад Иқболро  дар Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Бо мусоидати Сафорати Покистон китоби «Куллиёти Форсии Иқбол» солҳои 1997 ва 2013 бо ҳуруфи кириллӣ нашр шуд.

Сардори раёсати кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Шералӣ Ҷонон зикр намуд, ки чанд сол боз таҷлили «Рӯзи Иқбол» дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, аз ихлос ва муҳаббати мардуми Тоҷикистон нисбат ба осори пурмазмуни ин мутафаккири шуҳратёр дарак медиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки асарҳои Иқбол ҷаззобияти гуногунҷанба дошта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қадрдонӣ мешаванд. Муҳаммад Иқбол,ки  ба осори ғании адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ихлос дошт, сабаби  ба ин забони шево эҷод карданашро дар номаи  ба унвони донишманди маъруфи эронӣ, профессор Саъид Нафисӣ навиштааш  чунин баён кардааст: «Ягона маҳсули зарранамои вуҷудро сухани форсӣ медонам». Шоир дар ин хусус мефармояд:

Порсӣ аз рифъати андешаам,

Дархӯрад бо фитрати андешаам.

Котиби ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон С. Наҷмиддинзода иброз намуд, ки барои пешрафти ҳар як миллат, насли рӯҳану ҷисман солим ва  таълимдида зарур аст. Япониҳо мақоле  доранд: «Агар фоидаи яксола хоҳӣ, шолӣ кор, агар фоидаи даҳсола хоҳӣ, боғ бунёд кун. Агар фоидаи садсола хоҳӣ, насли наврасро илму донишу ҳунар биёмӯз». Яъне, насли солиму босавод беҳтарин сармояи ҳар як миллат аст. Ин нуктаро Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чӣ хуш баён мекунад:

Қавмро сармоя, ай соҳибназар,

Нест аз нақду қумошу симу зар.

Моли ӯ  фарзандҳои тандуруст,

Тардимоғу сахткӯшу чоқу чуст.

Номбурда таъкид намуд, ки рушду тараққиёти ҳар як мамлакат аз маърифатнокии баланди аҳолӣ ва дар ҳама соҳаҳо соҳибтахассусу шоиста будани кадрҳо вобастагии калон дорад. Бо ин мақсад аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ рӯ ба  китобу ҳикмат оварданро тавсия медиҳад. Зеро ҷамол, яъне ҳусни одамӣ дар  илму дониш ва ҷалол (бузургӣ)-и ӯ дар соҳиби ҳикмату тадбир будан аст. Шоир дар ин хусус  чунин мефармояд:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст.

Ҳарду инъоми Худои Лоязол,

Муъминонро он ҷамол аст, ин ҷалол.

Қисмати ниҳоии маҳфил ба қироати ашъори баландмазмуни Аллома Иқбол бахшида шуд. Донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ашъори ба забони урду эҷодкардаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва донишҷӯёни покистонӣ аз осори форсии шоир  шеърҳо қироат намуданд. Аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯён тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

С.АМИНИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь