Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост, ки мавриди омӯзиши муҳақиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.

Ин аст, ки парчами миллии тоҷикон дорои рангҳои сурху сафед ва сабз буда, аз аҳди бостон то кунун дар миёни мардум бо маъно ва манзалати хеш ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст.

 Ранги сурх – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият.

 Ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ

 Ранги сабз – сайу кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан.

7 Ситора – 7 иқлим, 7 табақаи осмон, 7 ситораи бародарон, 7 рӯз

 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куҷо бояд афрохта шавад?

Қонун мегӯяд:

Дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) – дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Парчами давлатии тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, бори нахуст дар паҳлӯи чапи Қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт – шаҳри Душанбеи нозанин ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон 165 метр бардошта шуд.

Ҳамагонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табирк менамоям.

Варқаи ЗАЙНИДДИН,

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

 мушовири адлияи дараҷаи 1

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь