Мусоҳибаи озод бо корманди Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Билолиддин Раҳимов
– Имрӯз тасмим гирифтем, ки бо дархости мухлисонатон мусоҳиби Шумо шуда бошем.
– Дуруд ба Шумо ва ба кулли мухлисони қадрдонам. Сипос аз ин тасмиматон, хеле шодам, ки ҳоло бо Шумо ҳамсӯҳбатам.
– Сараввал Шуморо барои ботантана баргузор намудани барномаи консертӣ табрик менамоям. Лутфан, ба мо бигӯед, ки чӣ гуна ба Шумо муяссар гашт, то дар як муддати кӯтоҳ барномаи консертӣ баргузор намоед?
– Барои табрикот сипос мегӯям. Аслан ташкил намудани барномаи консертӣ дар муддати кӯтоҳ хеле мушкил аст, вале заҳмати шабонарӯзӣ ба мо имкон дод, то ин консерт баргузор гардад.
– Дар баргузор намудани консерт ва сабти таронаҳо кӣ Шуморо сарпарастӣ мекунад?
– Дар баргузор намудани барномаи консертӣ ва сабти таронаҳо фарзандони барӯманди диёрам саҳми арзандаи худро гузоштанд ва мо аз онҳо сипосгузорем.
– Чӣ боис шуд, ки Шумо маҳз роҳи санъаткориро интихоб намудед?
– Аз тифлӣ орзуи санъаткор шуданро доштам ва маҳз бо кӯмаки падари марҳумам ин орзуи ман ҷомаи амал пӯшид.
– Аз кай шавқи сурудхонӣ дар дилатон пайдо шуд?
– Сурудхониро аз айёми хурдсолӣ оғоз намудам.
– Аввалин суруде, ки Шумо сароидед ва ба воситаи он дар роҳи пурпечутоби санъат мавқеи худро пайдо намудед, аввалин суруде, ки то қадри имкон Шуморо ба мардум наздику ошно гардонид, кадом аст?
– Бисёр сурудҳоро сароидаам, вале пас аз сароидани ғазали Сайидои Насафӣ “Ҳамнишини замбӯрам” ва ғазали Сармад (Гадо Ӯзбеков) “Дар ин майхонаи ҳастӣ” мухлисони сершуморе пайдо кардам.
– Сабаб чӣ бошад, ки Шумо дар жанри “Шашмақом” суруд мехонед?
– Сабаби дар ин жанр суруд хонданам дар он аст, ки он мусиқии ҳирфаии мардуми тоҷик, санъати шариф ва олӣ мебошад.
– Киро дар ҷодаи санъат устоди хеш мешуморед?
– Дар ҷодаи санъат устодони бисёре дорам, вале шодравон Абӯбакр Зубайдовро устоди аввалини худ мешуморам.
– Дар интихоби матни сурудҳо бештар ба чӣ такя мекунед?
– Дар интихоби матн ба маънии он диққат медиҳам ва бештар аз ашъори шоирони классик месароям ва аз ашъори шоирони муосир низ чанд сурудро ба оҳанг дароварда, сароида истодаам.
– То имрӯз ҳамагӣ чанд суруд сабт ва пешкаши мухлисон намудед?
– Ростӣ ба шуморааш аҳамият надодаам, аммо тахмин мекунам, ки шумораи сабтҳо аз 40 зиёд аст.
– Баъзе аз санъаткорон ба хотири шӯҳрат ин пешаро интихоб мекунанд ва бархеи дигар ба хотири сарват. Шумо ба кадом хотир ин пешаро интихоб намудед?
– Ин пеша басо пешаи пуршараф аст ва ман онро на аз баҳри шуҳрат ва на аз баҳри сарват касб кардам. Ин пеша ҳадафу орзуи ягонаи ман дар зиндагӣ мебошад.
– Оё боре аз касби интихоб кардаи хеш пушаймон шудаед?
– Ҳеч гоҳ аз касби интихобкардаам пушаймон нестам ва нахоҳам шуд.
– Аз нигоҳи Шумо санъат дар ҷои аввал меистад ё оила?
– Ҳар яке ҷои худро дорад. Ҳам оила ва ҳам касби санъаткорӣ муқаддасанд. Оилаи ман оилаи фарҳангӣ мебошад ва ҳамсару фарзандонам ҳамеша дастгирӣ менамоянд.
– Нигоҳи Шумо ба санъати тоҷик?
– Санъати тоҷик, махсусан санъати мусиқии тоҷик (шашмақом, фалак) таърихи бой дошта, дар арсаи ҷаҳон мавқеи хосаро ишғол менамояд ва беҳуда нест, ки аз тарафи яке аз ташкилотҳои бонуфуз – ЮНЕСКО ҳамчун мероси умумибашарии ғайримоддӣ эътироф гардидааст.
– Дар тӯю маъракаҳои мардум иштирок мекунед ё худро аз чунин чорабиниҳо канор мегиред?
– Албатта, иштирок менамоям. Санъаткор бояд ҳамеша бо мухлисону шунавандагонаш робита дошта бошад.
– Дар оянда чӣ нақшаву ниятҳои нек доред?
– Ният дорам дар ояндаи наздик бо кӯмаки мардони саховатпеша дар дигар манотиқи Тоҷкистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Панҷакенту Хуҷанд низ барномаи консертӣ баргузор намоям.
– Дар охир чӣ гуфтаниҳо барои мухлисонатон доред?
– Ба мухлисон таманнои онро мекунам, ки ҳамеша шоду масрур бошанд. Ба Шумо ҳам барори кору муваффақиятҳо дар фаъолиятатон хоҳонам. Ба ҳама дар зиндагӣ пешравӣ, бурдборӣ таманно дорам. Сарбаланд бошед!
– Ташаккури зиёд барои чунин сӯҳбати гарму самимӣ.
– Ташаккур!
Мусоҳиб
Шервони УМРИДДИН