Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов яке аз бонуфузтарин мактабҳои олии мамлакат маҳсуб меёбад, ки рисолати хешро ба таври шоиста ва бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Ин кохи пуршукӯҳи варзиш, парваришу омӯзиш ва такягоҳи асосии тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзиши касбӣ ва дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ барои мактабу маорифи тамоми Тоҷикистон ва берун аз он ба ҳисоб рафта, таърихи бою рангин ва ибратбахш дорад.

Таърихи донишкада

ДТҶТ 15-уми марти соли 1971 таъсис ёфта, аз 2 факулта (омӯзгорӣ ва варзиш) ва 10 кафедра иборат буд, ки он замон 620 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Дастпарварони аввалини донишка соли 1975 хатм карданд. Солҳои 80 садаи XX дар донишкада кафедраҳои нав таъсис ёфтанд, ки “Кафедраи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ”, “Физиология, варзишӣ ва муолиҷавӣ”, “Кафедраи ташкил, идора ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ”, “Кафедраи навъҳои техникии варзиш” аз ҷумлаи онҳо буданд. Соли 1984 Факултаи “Тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва таълими тарбияи ҷисмонӣ” ташкил карда шуд. Масоҳати умумии донишкада 36 га буда, он дорои 1 майдончаи варзиш, 2 майдони калони футбол, 3 майдончаи волейболбозӣ ва баскетболбозӣ, 2 майдони варзиши сабук, 5 толори варзиш, 1 шаҳраки ҳарбӣ, хобгоҳ барои 600 донишҷӯ, 3 ошхона, китобхона (дорои 140 000 китоби бадеӣ ва таълимӣ) мебошад.

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷиҳати инъикоси дастоварду муваффақиятҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон тасмим гирифт бо Ректори донишкадаи мазкур доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров суҳбати ихтисосӣ анҷом диҳад. Фишурдаи матлаб пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

Ректори ДТҶТ муҳтарам Шодӣ Сафаров дар оғози суҳбат кулли шаҳрвандони кишварро бо Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми октябр дар миқёси ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, самимона муборакбод гуфта, ба сокинони мамлакат саломатию сарбаландӣ ва муҳаббату эҳтироми хос ба забони давлатӣ ва арзишҳои миллиро таманно намуд.

Дар идома ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов аз комёбиву муваффақиятҳои ин даргоҳи ҷасорату матонат дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ёдовар гашта гуфт, он дар тайёр намудани кадрҳо, ба воя расонидани омӯзгорону варзишгарон ва афсарон ҳиссаи сазовор мегузорад. Ин боргоҳи илму маърифат дар тӯли фаъолияташ барои тарбияи мутахассисони баландпоя кӯшиш намуда, нуфузу эътибори хешро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштааст. Саҳми донишкада дар тайёр кардани варзишгарони варзида назаррас мебошад. Тайи солҳои сипаришуда бисёре аз донишҷӯён ва варзишгарон дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил намуда, обрӯй ва эътибори донишкадаро дар ҷаҳон баланд бардоштаанд.

Ҳайати омӯзгорон

Дар ДТҶТ 282 омӯзгор фаъолияти пурсамар карда истодаанд, ки дар ин миён ду нафар доктори илм, 17 номзади илм, унвон ва дараҷаи варзишидошта 61, сармуаллим ва асистент 202 нафар мебошанд. Дар умум 28,4 дарсади омӯзгорони донишкада дараҷаи илмӣ доранд.

Робитаҳои хориҷӣ

“Робитаи донишкада бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар рӯз то рӯз густариш меёбад. Имрӯз донишкада ба як маркази бузурги омода намудани варзишгарони касбӣ, тайёр намудани омӯзгорон, мураббиён, доварон, афсарон, сайёҳон, кӯҳнавардҳо, воқеанигорони варзиш мубаддал гаштааст. Номварони варзиши ҷаҳонӣ Зебуннисо Рустамова, Гавҳар Пӯлодова, Сабоҳат Исмоилова, Андрей Абдувалиев, Саидмӯъмин Раҳимов, Расул Боқиев, Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва ба инҳо монанд маҳз нахустин алифбои варзишро аз ин донишкада омӯхтаанд. Айни замон зиёда аз 200 нафар муҳассилин-варзишгарони донишкада узви дастаҳои мунтахаби кишвар мебошанд” бо ифтихору қаноатмандӣ гуфт ректори ДТҶТ Сафаров Ш.

Тибқи иттило, айни замон донишкада 3685 муҳассил дорад, ки 874 нафарашон тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд. Шумораи донишҷӯ-духтарон 132 нафарро ташкил медиҳад, ки шакли таҳсилашон буҷавӣ аст.

“Донишкада имрӯз ба ҳама духтарони донишҷӯ аз навоҳии дурдасти кишвар ба таври ройгон хобгоҳи махсус ҷудо кардааст. Раёсати донишкада ба таври доимӣ аз аҳволу таҳсили духтарон воқиф аст. Боиси фараҳмандию қаноатмандист, ки донишҷӯ-духтарони варзишгари донишкада дар озмуну олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъол доранд”- гуфт ректори донишкада.

Муҳтарам Шодӣ Сафаров бо ифтихору таҳсину офарин номи бонувони варзишгари хатмкардаи донишкада  Албина Камолиддинова, Фирӯза Зубайдова, Лола Наҷуллоева, хоҳарон Фотимаву Зӯҳро Тағоеваҳо, Гулсара Дадабоева, хоҳарон Мадинаву Надима Мирзоеваҳо, Лутфияю Фарида Қараеваҳо, Шаҳло Насриддинова, Дилоро Шерова, Лола Лиситса ва дигар шогирдонро ба забон меорад, ки шарафи донишкадаву мамлакатро дар мусобиқаҳои дохилу хориҷ ҳифз кардаанд.

Факултаҳои донишкада

ДТҶТ дорои  4 факултет мебошад, ки ба муҳассилин аз тӯи 22 ихтисос дарс омӯзонида мешавад.

1.Факултаи “Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ

Варзиши сабук, Баскетбол, Футбол, Волейбол, Гимнастика, Тӯби дастӣ, Гӯштини миллӣ, Чавгонбозӣ, Тенниси рӯимизӣ, Якҳарбаи шарқӣ

2.Факултаи “Тарбияи ҷисмонӣ

Баскетбол, Варзиши сабук, Волейбол, Гимнастика, Гӯштини миллӣ, Тӯби дастӣ, Футбол, Чавгонбозӣ

3.Факултаи “Варзиш”

Бокс, Вазнбардорӣ, Варзиши сабук, Намудҳои гӯштин, Тенниси рӯимизӣ, Тирпарронӣ, Шиноварӣ

4.Факултаи “Сайёҳии кӯҳӣ

Нозир ва роҳбалади сайёҳӣ, Шореҳи варзиш

Шӯъбаи ғоибона

Баскетбол, Волейбол, Варзиши сабук, Гимнастика, Гӯштини миллӣ,

Тенниси рӯимизӣ, Футбол, Шиноварӣ,

Кафедраҳои тахассусӣ

Назария ва методикаи варзиши сабук, Назария ва методикаи бозиҳои варзишӣ, Назария ва методикаи футбол, Назария ва методикаи гимнастика, Назария ва методикаи намудҳои варзиши миллӣ, Назария ва методикаи якҳарбаҳои шарқӣ, Назария ва методикаи намудҳои гуштин, Менеҷмент ва сайёҳӣ, Назария ва методикаи шиноварӣ, Назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ.

Кафедраҳои умумӣ

Забонҳо, Анатомия ва физиология, Педагогика ва психология, Технологияи информатсионӣ, Ҷомеашиносӣ , Тайёрии ҳарбӣ.

Заминаҳои моддию техникии раванди таълим

Дар ДТҶТ айни ҳол 308 компютер, 21ноутбук 17 телевизор, 105 принтеру сканер, 37 УПС, 15 проектор, 7 тахтаи электронӣ, 62 камераҳои назоратӣ мавҷуд аст.

Таъмин ва дастрасӣ ба технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ

Панҷ синфхонаҳои компютерӣ, як китобхонаи электронӣ, се синфхонаи лабараторӣ, ду маркази бақайдгирию машваратӣ барои таълими донишҷӯён муҳаё карда шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини донишҷӯён бо адабиёти тахассусӣ дар ду соли охир ба маблағи 109 ҳазор сомонӣ 25 намуд китобу дастурҳои таълимии устодон нашру харидорӣ карда шудааст.

Дастовардҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ дар соли 2022

 Ҷумҳуриявӣ: Медали тилло-76, Медали нуқра- 50, Медали бринҷӣ- 46

Байналмиллалӣ: Медали тилло- 9, Медали нуқра- 16, Медали бринҷӣ- 21

Иштирок дар Чемпионати осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин

Айни ҳол дар Ҳангжоуи давлати Чин Чемпионати 19- уми осиёӣ идома дорад, ки кишварамонро 135 варзишгари тоҷик муаррифӣ мекунад. Варзишгарони тоҷик дар риштаҳои шиноварӣ, варзиши сабук, камонварӣ, қаиқронӣ ва каноэ, ҷиу-ҷитсу, таэквондо WT, каратэ-до, ушу, кураш, тирандозӣ, волейболи соҳилӣ, теннис ва тенниси рӯи миз баромад мекунанд.

“Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи баланд 18 донишҷӯи ДТҶТ:  Рамзиёрзода Саддам (шиноварӣ), Ойматова Муниса (Таеквондо), Сунатов Маҳмадҷон (Таеквондо), Рустамзода Муҳсин (волейбол), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), Назаров Ҳақназар (кураш), Хоҷаев Меҳрон (тирандозӣ), Ишанов Олимҷон, Исломзода Умедҷон ва Пилкевич Захар (шиноварӣ), Аҳмадиев Илдар (варзиши сабук), Неъматуллоев Шаббос (бокс), Набиев Зоҳирҷон, Даминов Шаҳриёр, Баёзов Манучеҳр ва Бобоҷонов Бобоҷон (қаиқронӣ), Мирзораҷабов Фирӯз, Абдулҳаев Суҳроб ва Азизов Асламҷон (гӯштини юнону румӣ) баромад намуда, шарафи Тоҷикистон ҳифз карда истодаанд” дар фарҷоми суҳбат бо ифтихор иброз дошт, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон муҳтарам Шодӣ Сафаров.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь