Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир нақши муассир дорад. Муассисаи мазкур моҳи январи соли 1956 нахуст ҳамчун Институти политехникии Сталинобод таъсис ёфта, соли аввал дар се факултет аз рӯйи 8 ихтисос ҳамагӣ 200 донишҷӯ қабул шуда буданд. Соли 1961 Институти политехникии Сталинобод Институти политехникии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдили ном кард ва бо мақсади пос доштани хизматҳои шоёни аввалин ректори он Муҳаммад Осимӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №70 аз 07.02.1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ номгузорӣ гардид.
Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмӣ дар 46 кафедраи Донишгоҳ 479 омӯзгор, аз ҷумла 1 академик, 3 узви вобастаи Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон, 34 доктори илм, 3 профессор, 252 номзади илм фаъолият мекунанд. Ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун донишгоҳи базавӣ дар самти омодасозии кадрҳои илмию муҳандисӣ саҳми босазо дорад. Зеро Донишгоҳ дорои нерӯи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ–техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Дар ин муассисаи олии бонуфуз вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ мутахассисон омода мешаванд.
Равобити хориҷии Донишгоҳ
ДТТ соҳиби таҷрибаи калони ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои таълим ва илм буда, узви фаъоли Ассотсиятсияи донишгоҳҳои техникии ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои бинокории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои меъмории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии Осиёи Миёна, Урал ва Сибир, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии таълимии автомобил ва роҳ, инчунин узви комилҳуқуқи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (УШОС) мебошад. Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар соли 2011 факултаи муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ташкил карда шудааст. Ҳудуди ин намуди ҳамкориро васеъ карда, дар соли 2016 факултаи муштараки дигар бо Академияи давлатии ҳавопаймоии Беларус ташкил карда шуд.
Парки технологӣ
Дар ДТТ Парки технологӣ таъсис дода шуда, ҳадафи он пайвастани натиҷаҳои илм бо истеҳсолот мебошад. Вобаста ба ин донишҷӯёни Донишгоҳ имкон доранд, ки бо истифода аз базаи моддиву техникии Парки технологӣ ва машаварати олимону муҳаққиқони Донишгоҳ ҷаҳонбинии техникии худро такмил дода, ғояҳои инноватсионии худро дар амал татбиқ намоянд. Бо ҳамин мақсад дар доираи Парки технологӣ озмунҳои гуногуни лоиҳаҳои инноватсионӣ баргузор карда мешаванд, ки ҳадафи асосӣ ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти ихтироъкорӣ ва мусоидат ба рушди иқтидори зеҳнии онҳо мебошад. Дар сар ғояи таҷдиду такмили падида, дастгоҳ ва ё равандеро доред, пас Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ дар татбиқи он бароятон тамоми шароитро фароҳам месозад.
Шаҳраки донишҷӯён
Донишгоҳ бо 8 хобгоҳи дорои хонаҳои барҳаво, ошхона, хона барои хизмати маишӣ ва истироҳати донишҷӯён шароитҳои беҳтаринро барои фароғати донишҷӯён муҳайё кардааст. Як бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ пешниҳод гардидааст.
Таъмин бо ҷои кор
Яке аз нишондодҳои асосии ихтисоснокии мутахассисони ҷавони дар мактабҳои олӣ таҳсилкунанда баъди хатм ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо мебошад ва зина ба зина рушди ихтисоснокӣ, мартабаи касбии онҳо ба ҳисоб меравад.
ДТТ бо ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон-Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, НБО-и «Норак», НБО-и «Роғун», НБО-и «Сангтӯда-1», «Маркази барқу гармидиҳӣ», «Сементи Тоҷик», «Тоҷиктелеком», «Тоҷик-нақбсоз», Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣтадқиқотии сохтмон ва меъморӣ, ШСХК «Барқи тоҷик», КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», «Ганҷ-Нашриёт», «Комбинати полиграфӣ», Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», «Ноқили ТАЛКО», «ЛОИҲАКАШ», «ИИ Нассоҷии Тоҷик», «Коргоҳи мошинасозӣ», «Ширкати алюминийи тоҷик», «Сомон-таҷҳизот» ва ғайрахо ҳамкорӣ дорад.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ тамоми шароитро барои таҳсил ва касбомӯзӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва фарҳанги баланд ба воя расидани ҷавонон фароҳам овардааст, то донишҷӯён бо омӯхтани касбҳои техникӣ ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Довталабони гиромӣ!
Агар мехоҳед худро ҳамчун муҳаққиқи ҷавону умедбахш ва муҳандиси моҳиру кордон бубинед, дар тавсеаи ҷаҳонбинии техникӣ ва иттилоотиву иртиботии хеш муваффақ гардед, истифодабарандаи фаъол ва ихтироъкори технологияҳои навини саноативу сохтмонӣ ва муҳандисиву конструкторӣ бошед, бо донишу малакаи хеш дар таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, таъсиси долонҳои бузурги транзитӣ ва саноатикунонии босуръати он мавқеи калидӣ дошта бошед, конструктори дастгоҳу таҷҳизот ва мошинолотҳои гуногун бошед, меъмори касбӣ ва офарандаи муъҷизаҳои сохтмонӣ гардед, мутахассиси баландихтисоси соҳаи роҳу нақлиёт ва технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ бошед, пас Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шуморо интизор аст. Бо интихоби ДТТ шумо зиндагии шоистаро барои худ таъмин хоҳед кард.
Рамзи ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар ММТ назди Президенти ҶТ таҳти рақами 104 аст.