Деворҳои ҳимоявӣ, ки бо ибтикори филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок бунёд шуда, дарозиашон айни замон ба зиёда 16000 метр расидааст, аллакай нафарони зиёдеро аз марг вораҳонид. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон чунин деворҳоро бунёд кард, ки деворҳо идомаи мантиқии фаъолияти бунёдкоронаи “IRS” мебошад. Панҷуми январи соли равон, дар километри 127 – уми роҳи Душанбе – Чаноқ
(ҳудуди ноҳияи Айнӣ) ду мошини боркаш бо ҳам бархӯрданд. Маҳз мавҷудияти деворҳои ҳимоявии зикршуда боис гардид, ки ба коми дарё рафтани автомобилҳо ва ҳалок шудани ронандагону мусофирон пешгирӣ гардад.
Ҳодисае, ки зикр шуд ягона набуда, дар давоми фаъолият даҳҳо ҳолати ба чунин
деворҳо бархӯрдани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Ба ибораи дигар, ба шарофати деворҳои ҳимоявии Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба коми дарё рафтани 16 автомобил ва ҳалок шудани зиёда аз 48 нафар пешгирӣ карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар як парапет зиёда аз 2,5
тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазн устувор мемонад. Бо назардошти муҳимият роҳбарияти филиали Ширкат ин масъаларо мадди назар қарор дода, гузоштани чунин деворҳоро идома хоҳад дод.