Шахс ба ин ё он муҳити эҷодию илмӣ  бо роҳҳо ва аҳдофи гуногун ворид мешавад. Агар баъзе аз эҳсоси шавқу ҳавас ба чунин муҳит ворид шаванд, барои бархи дигар, шуҳрату манфиатхоҳӣ ва барои аксарият тақозои вазифаву касб сабаб мегардад. Агар шавқу ҳавас ва тақозои касб ба ҳам оянд, заҳмати пажуҳишҳои илмӣ ҳам ба муҳаққиқ манфиат меораду ҳам ба соҳа ва дар маҷмуъ ба ҷомеа.

Аъзамҷон Азимов аз зумраи чунин шахсиятҳои эҷодкорест, ки шуғли омӯзгориву таҳқиқиаш ба ҳам сахт тавъам гардида, пайваста бо ҳамдастии ҳамдигарӣ  рушд меёбад.  Пешаи асосии ӯ омӯзгорист, омӯзгори мактаби олӣ. Таъйиноти мактаби олӣ талаб менамояд, ки омӯзгор фаъолияти педагогиашро бо таҳқиқоти илмӣ ба таври мудовим такмил диҳад. Ба ин мазмун, муаллим Аъзамҷон Азимов ҳамеша дар омӯзишу пажуҳиш аст. Ӯро чун ҳамешагӣ аз рӯйи эҳтиром мо муаллим мегӯем. Ӯ арзандаи чунин эҳтиром аст.

Ӯ зодаи диёри зебоманзари Ворух аст, диёре, ки сокинонаш  ба зиёда аз 100 нафар докторону номзадҳои илмаш ифтихор мекунанд. Дар тарбия ва ташаккули камолоти инсонию одамӣ ва эҷоди илмию публитсистӣ Аъзамҷон Азимов омилҳои гуногун таъсир расонида бошанд ҳам, таъсири фазо, руҳию равонии ин диёр, муҳити фарҳангии оила ва мактаб фарқ мекунад.  Муҳити хуби оила, меҳрубониву ғамгусориҳои модар, нақлу саргузаштҳои падар аз воқеаҳои мудҳиши замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  усули тадриси муаллимони ғамхору сахтгир дар бедории завқи донишандӯзиву сухандониии Аъзамҷони хурдсол боис гардида, меҳри рӯзноманигориро дар қалбаш ҷо намуданд. Аъзамҷон на танҳо дар дарсҳо, балки дар чорабиниҳои гуногуни мактабӣ фаъолони ширкат варзида, хабарҳо ба рӯзномаҳои сатҳи гуногун навишта, ба сифати талабаи аълохон ва ташкилотчӣ аз худ дарак дод. Аввалин очеркаш бо номи “Минатдории Сангинбобо” дар рӯзномаи “Коммунисти Исфара” ба табъ расид, ки оғози эҷоди публитсистии ӯ буд…

Ӯ соли 1976 бо хатми мактаби миёна ба факултети филологияи тоҷик дохил гардида, онро соли 1984 бо ихтисоси журналистӣ ба итмом расонид. Дар ин фосила, ҳамзамон солҳои 1977-1979 дар хизмати Ватан – Модар будааст. Муҳити донишгоҳ ба ӯ олами дигареро шиносонид. Ин олам заҳмати бештар ва рақобати зиёдтарро талаб мекард.  Ӯ дар баробари донишомӯзӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳамоишҳои илмии донишҷӯён фаъолона иштирок менамуд. Як муддат вазифаи ҷамъиятии Сардори Маркази матбуотии кумитаи комсомолии донишгоҳ ва яке аз муҳаррирони рӯзномаи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш»-ро ба дӯш дошт. Ҳамчун донишҷӯйи фаъол ва ташкилотчӣ соли 1982 дар ҳамоишҳои илмии шуъбаи тоҷикшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи Прага, соли 1983 дар факултети журналистикаи Донишгоҳи Киев ба номи Тарас Шевченко иштирок намудааст.

Бо назардошти қобилияти илмиву эҷодӣ ва ташкиливу ҷамъиятӣ миёни 100 ҳамкурсаш ӯро барои кор дар кафедраи  фолклор ва адабиёти халқҳои СССР-и факултети филологияи тоҷик ҷалб намуданд. Ҳарчанд ӯ аз чунин муносибати устодон, ба вежа ихлосмандиҳои декани факултет дотсент Маҳмуд Давлатов ва мудири кафедра профессор Воҳид Асрорӣ хушнуд гардид, аммо андаке сукут карду ба андеша фурӯ рафт. Оё ман ба боварӣ ва ихлоси устодонам сазовор мешуда бошам?

Посухи чунин андеша ҳисси масъулиятшиносиашро дучанд гардонд, ки дар як вақт ҳам ба сифати мудири кабинети назди кафедра фаъолият карду ҳам ба пажуҳиши илмӣ машғул шуд. Солҳои 1988-1989 дар кафедраи таърихи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов ба ҳайси муҳаққиқи коромӯз таҳти роҳбарии профессор И.В Кузнетсов пажуҳиши илмиро давом дод. Сар задани воқеаҳои солҳои 1990-и кишвар боис гардид, ки ӯ ба Душанбе баргардад. Ин ҷо таҳти роҳбарии профессор И. К. Усмонов     доир ба мавзуи “Таърихи ташаккули матбуоти тоҷики   солҳои бистум” (дар мисоли рӯзномаи “Овози тоҷик” ва иловаҳои он) пажуҳишро идома дода, соли 1994 дар шакли рисолаи номзадӣ бомуваффақият дифоъ намуд.

Фаъолияти эҷодии профессор А. Азимов серпаҳлу ва доманадор буда, омӯзгорӣ, методиву таълимӣ, пажуҳиш ва публитсистикаро фаро мегирад. Пешаи асосии ӯ омӯзгорӣ аст, ки ба фаъолияти илмиву  публитсистиаш сахт тавъам аст. Мавсуф аз муҳаққиқони сермаҳсули таърихи матбуоти тоҷик, аниқтараш матбуоти  даврии  солҳои 1920-1930-и тоҷик аст. Матбуоти даврии ин ду даҳсола барои ӯ ҳам объекти кори номзадӣ ва ҳам рисолаи докторӣ қарор гирифтааст. Натиҷаҳои омӯзишу пажуҳишҳояш дар шакли мақолаҳои илмӣ, рисолаву монография ва воситаву дастуроти таълимӣ интишор гардидаанд. Ба гунаи мисол «Очеркҳо аз таърихи матбуоти тоҷик, солҳои 20-30» (1998), «Воқеияти зиндагӣ ва матбуоти тоҷик» (2000), «Публитсистика ва замони муосир» (2003), «Адабиёт дар матбуоти солҳои сиюм» (2007), «Таджикская журналистика в период культурной ревоюции» (2014), «Журналистикаи тоҷик дар давраи инқилоби маданӣ» (2023), «Матбуоти даврӣ ва ташаккули ҳаракати мухбирон» (бо ҳаммуаллифӣ, 2024) ва ғайра.

Дар ин ва дигар асарҳои илмӣ заминаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳизбии пайдоиши нашрияҳои даврӣ, раванди ташаккул ва вижагиҳои мундариҷавию жанрии матбуоти даврии солҳои 1920-1930, хосса нашрияи «Овози тоҷик» ва иловаҳои он таҳқиқ шудааст.

Миёни ин асарҳо рисолаи «Журналистикаи тоҷик дар давраи инқилоби маданӣ” бо таснифи  матбуоти солҳои 1930 аз рӯйи тип, вижагиҳои сохтор, шаклу мундариҷа, нақшу таъйинот фарқ мекунад. Он  таҳқиқи як давраи муайяни таърихи матбуоти даврии тоҷикро фаро гирифта, соҳавӣ будани нашрияҳои гуногунтипи замонро аниқ ва вижагиҳои он нишон дода шудааст.

Профессор А. Азимов натиҷаҳои илмии худро пайваста ба раванди таълим алоқаманд намуда, бо таҳияи дастуру воситаҳои таълимӣ онҳоро дар амал татбиқ мекунад. Китобҳои ӯ «Таърихи ташаккули радиои тоҷик» (2005), «Рӯзнома ва рисолати худшиносӣ» (2015), «Матбуот ва тарбияи мухбирон» (2018), «Публитсистика ва воқеият» (2020) ва амсоли ин ҳамчун воситаи таълимӣ мавриди истифодаи шогирдон қарор доранд. Ҳамчунин муаллим Аъзамҷон Азимов дар таҳияи барномаҳои намунавии таълимӣ маҳорати хосса дорад. Аз ҷониби ӯ даҳҳо барномаҳои намунавии таълимӣ доир ба фанҳои гуногуни тадрисӣ ба забони тоҷикию русӣ таҳия ва чоп шудааст.

Самти дигар фаъолияти эҷодии А. Азимов публитсистика аст, ки аслан дар навъи китобӣ шакл гирифтааст. Дар ин самт мавсуф бештар аз имконоти жанрҳои лавҳаву очерк ва эссе кор гирифтааст, ки дар маҷмуаҳои «Нурбахши зиндагӣ» (2000), «Меҳрафзун» (2007), «Перояи умр» (2008), «Оташи меҳр» (2008), «Озодамард» (2008) ва ғайра мунташир гардидаанд. Қаҳрамонони асарҳои публитсистии ӯ шахсиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва меҳнатӣ буда, ҳар кадоме дар касбу кор, муҳити фаъолият ва ҷомеа сазовори обруву эътиборанд. Муаллим А. Азимов қаҳрамонони асарҳояшро хуб мешиносад, бо онҳо ҳамкору ҳамнишин будааст. Ин ҳолат ба ӯ имкон дода, ки хислату характер ва ташаккули шахсияти онҳоро воқеъбинона нишон диҳад ва ба ин васила симои намуна ва ибратомӯзашонро пешорӯйи хонанда гардонад. Публитсистикаи ӯ бо тавсифи чеҳраҳо маҳдуд нашуда, бо мавзуъҳои мубрами рӯз – таблиғ ва ташвиқи ғояҳои созандаи давлату ҳукумати кишвар тавассути ВАО низ ҷараён мегирад.

Бо ин ҳама Аъзамҷон Азимов омӯзгор аст. Дарсҳояш моҳиятан илму амал ва ахлоқро ба ҳам пайваста, ба ташаккули касбияти шогирдон, ваҳдату иттиҳод, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, гиромӣ доштани якпорчагии Тоҷикистон ва умуман дастгирии неруи созандаи ҷомеа – ҷавонон равона мегардад. Аз ин ҷо, солҳои 2001-2006 ҳамчун мудири кафедраи журналистикаи теливизион ва радиошунавонӣ дар пешрафти корҳои илмиву таълимӣ ва ҳамкории кафедра бо ВАО саҳми  хеле зиёд  гузоштааст…

Муаллим Аъзам Азимов рӯзи ҳаштуми март ба синни мубораки 65 мерасанд. Ба ин санаи муборак эшонро муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳату номи нек ва комёбиҳои тоза ба тозаро таманно менамоем.

Мурод Муродӣ,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь