Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Олмаҳмадзода Шаҳрулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкашӣ хонандагон мегардад.

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем. Ва албатта, Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ”, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2024” ва супоришҳои  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани некуаҳолии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.

Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд: «Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад». Ва мо кормандони соҳаи молия тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар раванди корӣ дар амал татбиқ мекунем, зеро садоқат ба кори худ ин садоқат ба давлату Роҳбари давлат мебошад.

Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки маоши кормандони тамоми соҳаҳо саривақт пардохт гардида, иҷрои нақша аз рӯи талабот ба пуррагӣ иҷро гардида истодааст.

Иҷрои буҷет

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Айнӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатии ноҳия Айнӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ назаррас мебошад.

Вобаста ба мусбӣ арзёбӣ гардидани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию- иҷтимоии ноҳия иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои воридот (бо назардошти андози иҷтимоӣ) дар нимсолаи якуми соли 2024 дар сатҳи  112, 8% таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 274 383 108 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 31 215 108 сомонӣ зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 59 880 521 сомонӣ зиёд мебошад, (нақша бо назардошти андози иҷтимоӣ 243 168 000 с.)

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар ин давра ба андозаи 110,3 % таъмин гардида, ба ҷои 213 240 000 сомонии тасдиқшуда,  235 264 206 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 22 024 206 сомонӣ зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешин 49 306 361 сомони зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи умумии 39 118 902 сомонӣ ё баробари 130,7% нақша андози иҷтимои ворид карда шуд, ки аз он андози иҷтимоии буҷетӣ 9 146 529 сомонӣ (23, 4 %) ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 29 972 373 сомониро (77, 6% ) ташкил медиҳад.

Натиҷагирӣ

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки бояд тазаккур дод, ки ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нисбат ба нақша ба маблағи 9 190 902 сомонӣ ё 30,7 % афзудааст, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 1298 529 сомонӣ ё 16,5% ва корхонаҳои ғайри буҷетӣ ба маблағи 7 892 373 сомонӣ ё 35,7% афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 10 540 999 сомонӣ ё 36,9 % афзудааст, аз  ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 2 588 342 сомонӣ ё 39,5 % ва корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 7 952 657 сомонӣ ё 36,1% афзудааст, (нақшаи андози иҷтимоӣ дар умум 29 952  000 сомонӣ, аз он муассисаҳои буҷетӣ 7 848 000 сомонӣ, корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 22 080 000 сомонӣ).

Нақшаи қисми даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 118, 9 % иҷро гардида, ба ҷои 53 890 000 сомонӣ нақшаи тасдиқшуда, ба буҷет 64 100 767 сомонӣ маблағ ворид гардид. Нисбати нақша ба маблағи 10 2010 767 сомонӣ зиёд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 650 940 сомонӣ ё 41% зиёд  мебошад.

Масъулиятшиносӣ

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд кард, ки махсусан Пешвои миллат нисбати соҳаи молия таваҷҷуҳи хоса доранд ва барои пешрафти он ҳамагуна шароитро фароҳам овардаанд, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари давлат дар оянда роҳбарият ва кормандони Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро андешида, дар самти таъмини иҷрои уҳдадориҳои буҷетӣ, аз ҷумла таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби потенсиали дохилӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор корро пурзӯртар ба роҳ монда, тадбирҳои иловагӣ меандешанд. Ва алабатта, талоши мо барои беҳбудии зиндагии мардум ва боло бурдани сатҳу сифати иҷтимоӣ аст.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь