Ҷайҳун аз навоҳии вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон аст. Он соли 1965 бо номи Қумсангир таъсис ёфта, масоҳаташ 1000 километри квадратӣ мебошад. Ноҳияи Қумсангир соли 2016 ба Ҷайҳун табдили ном шуд ва аз маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар 60 км масофа дорад. Маркази маъмуриаш шаҳраки Дӯстист. Ноҳияи мазкур аз пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар масофаи 150 километр макон дошта, яке аз истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аҳолиаш 149 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Масоҳати заминҳои ноҳия дар умум 96715 гектар буда, аз он 28202 гектарашро заминҳои обӣ мебошад. Ҷамъи заминҳои корам дар ноҳия 18872 гектар аст. Ноҳияи Ҷайҳун 5 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳракро дарбар мегирад.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 дар кишвар “Солҳои рушди саноат” эълон карда шудааст. Тоҷикистони азиз рӯ ба рушд ниҳода, сол то сол, ба сӯи музаффариятҳои нав гомҳои устувор мениҳад. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон дар соҳаи саноат ба пешрафти чашмрасе ноил хоҳад шуд.
Хабарнигори МТЖТ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар се моҳи соли 2023 бо раиси ноҳия Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи он ба хонандагон пешниҳод карда мешавад.
Раиси ноҳия Одиназода А. дар оғози суҳбат гуфт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун тамоми кӯшишро ҷиҳати иҷрои амру фармон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, ба харҷ дода истодаанд. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2021-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ва баҳри истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд.
-Нақшаи чорабиниҳо аз 222 банд иборат буда, дар мувофиқа бо тамоми сохторҳои марбута 504 иншоотҳои гуногунро дарбар мегирад. Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” дар шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи дастгоҳи раиси ноҳия таҳти назорати доимӣ қарор дорад,-гуфт Одиназода А.
Буҷет
Тибқи иттило, то якуми апрели соли 2023 дар ноҳияи Ҷайҳун 5540 нафар андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 367 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 5173 нафарашон соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ 170 нафар тибқи шаҳодатнома, бо шартҳои махсус 568 нафар, соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда 256 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахсони ҳуқуқӣ 4179 адад будаанд.
-Нақшаи қисми даромадҳои буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,05 фоиз иҷро гардид. Аз 15,6 миллион сомонии нақшаи андоз ба буҷет 16,0 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 397,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 3,8 миллион сомонӣ расида, нисбат ба аввали сол бошад, 0,8 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст,-гуфт раиси ноҳия.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021-2025 аз 131 лоиҳа иборат буда, ба маблағи 133,3 млн сомонӣ таҳия гардидааст.
-Дар соҳаи иқтисодӣ 70 лоиҳа ба маблағи 94,4 млн. сомонӣ, иҷтимоӣ-28 лоиҳа ба маблағи 26,7 млн. сомонӣ ва инфрасохтор-33 лоиҳа ба маблағи 12,1 млн. сомонӣ амалӣ карда хоҳад шуд. Дар се моҳи якуми соли равон иҷроиши 51 лоиҳа ба маблағи 37,3 миллион таъмин гардида, 28,3 фоизи “Барномаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021-2025”-ро ташкил дод. Тӯли ин муддат 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 11,0 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,6 миллион доллар зиёд мебошад. Се миллиону 897 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ҳам ҷалб шуд, ки аз ин ҳисоб 2 адад нуқтаи таъмири мошинҳои сабукрав ва 10 адад гармхонаҳои лимӯпарварӣ ба истифода дода шуда, 2,7 километр роҳҳо шағалпӯш ва 1 адад пул ба маблағи умумии 60,0 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуд. 37 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад,- иттило дод раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор.
Саноат
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра дар ноҳияи Ҷайҳун ба 34,8 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли соли гузашта 5,2 миллион сомонӣ зиёд будааст.
-Дар се моҳи соли равон ҳаҷми истихроҷи нафт дар ноҳия 2103 тонна (100,8 фоиз), истеҳсоли битум 759,0 тонна (100,8), мазут 516,2 тонна (106,7), бензин 315,48 тонна, шланги ПВХ 34,5 миллион метри тулонӣ (141,2), пластикаи филизӣ 200,2 метри мураббаъ (90,4%), полиэтилен 269 тонна (104,7), орд 2068,5 тонна (102,9), нон ва маҳсулоти нонӣ 1258,8 тонна (100,3), гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 270,9 тонна (100,2%), маҳсулотҳои макаронӣ 0,5 тонна (166,7%), маҳсулоти rаннодӣ 2,0 тонна (105,3%), биринx 68,3 тонна (102,1%), хишти роҳрав 86,5 м. мураббаъ (203,5 %), хишти сементӣ 101,5 ҳазор дона (112,0%), газаблок 106,6 м. мукабб (204,2%) расонида шуд. Ҳамчунин, 1 коргоҳу корхонаҳои нави саноати ба истифода дода шудааст, ки ин 100,0 фоизи нақшаро дарбар мегирад,-иброз намуд раиси ноҳия.
Маориф
Маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар буд ва хоҳад монд. Аз ин рӯ, тамоми чораҳои имконпазир ҷиҳати беҳтар сохтани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас андешида мешавад.
Ба иттилои раис, дар ноҳия 3 муассисаҳои томактабӣ, 50 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва 3 марказ, аз ҷумла Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи информатсионӣ ва камуникатсия фаъолият менамоянд, ки 1616 нафар омӯзгор, аз ин шумора 799 нафар зан ба таълиму тарбияи 36177 нафар хонандагон машғул мебошанд. Инчунин, баҳри касбомӯзӣ 1 муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникӣ” ва баҳри таълими касби омӯзгорӣ 1 муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ» фаъолият намуда, дар онҳо 35 нафар омӯзгорону устоҳои таълимӣ ба 454 нафар донишҷӯ касбу ҳунар меомӯзанд. Таълим дар муассисаҳо бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ ба роҳ монда шудааст. Шумораи омӯзгорони маълумоти олидор 983 нафар, маълумоти миёнаи махсус-418 ва бо маълумоти умумӣ, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ (фосилавӣ) таҳсил намуда истодаанд, 215 нафар мебошанд. Дараҷаи тахассусии омӯзгорон 1023 нафар, аз ин бо тахассуси олӣ 324 нафар, бо тахассуси якум-462, тахассуси дуюм-237, бе тахассус 593 нафар ва омӯзгороне, ки унвони аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибанд, 30 нафарро ташкил медиҳанд. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 нафар мутахассисони ҷавон аз донишгоҳи олӣ барои кор фиристода шудаанд. Дар 3 муассисаи томактабӣ 300 кӯдак дар 16 гурӯҳ ба таълиму тарбия ва дар назди 20 муассисаи таълимӣ 380 нафар кӯдакони синни 5-6-сола дар маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд. Бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, дар назди 14 муассисаҳои таълимӣ сохтмони 102 синфхонаҳои иловагӣ, бо 2448 ҷой дар як баст, бо маром идома дорад. Сохтмони бинои шуъбаи маориф ва таъмиру азнавсозии муассисаи томактабии “Офтобак” низ идома ёфта, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна, таълим дода мешаванд. Шумораи умумии омӯзгорони фанни забони русӣ дар ноҳия 128 нафаранд, ки аз ин шумора бо маълумоти олӣ 92 нафар, миёнаи махсус-18 ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 18 нафарро ташкил мекунанд, ки дар шуъбаҳои ғоибона таҳсил мекунанд. Омӯзгорони фанни забони англисӣ бошад, 70 нафар буда, аз ин шумора бо маълумоти олӣ 68 нафар ва бо таҳсилоти миёнаи махсус 2 нафаранд. Бо мақсади сайқал додани донишу малакаи омӯзгорон дар давоми соли равон 24 нафар омӯзгорони забонҳои русӣ ва 16 нафар омӯзгорони забони анлисӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.
Тандурустӣ
Дар ноҳия 68 муассисаи тиббӣ: 1 беморхонаи марказӣ, 1 беморхонаи рақамии №1, 4 беморхонаи минтақавии деҳотӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 маркази саломатии деҳот, 40 бунгоҳҳои саломатӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 марказаи зидди бемориҳои сил, 1 маркази иммунопрофилактика, 1 маркази вируси норасоии масъунияти одам, 1 маркази зидди бемориҳои тропикӣ, 1 шуъбаи безараргардонӣ ва 5 муассисаҳои тиббии хусусӣ фаъолият менамоянд.
Мувофиқи омори пешниҳодгардида, дар соҳаи тандурустӣ дар умум 1190 нафар кормандон кор ва фаъолият доранд, ки аз ин шумора 134 духтур, 563 нафар кормандони миёнаи тиб, 296 нафар кормандони хурди тиб ва 197 нафар кормандони техникӣ мебошанд. Дар ин соҳа кормандони бо дараҷаи олӣ 36 нафар, дараҷаи якум 19, дараҷаи дуюм 32, ва 148 нафар кормандони миёнаи тиббӣ бо дараҷаи олӣ, дараҷаи якум 49 нафар ва дараҷаи дуюм 132 нафар фаъолият доранд. Аз 134 духтурони ноҳия дар беморхонаи марказӣ 55 нафар, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 53, беморхонаи рақамӣ 6, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 2, беморхонаи касалиҳои сил 3, дигар марказҳо ва муассисаҳои хусусӣ 15 нафар фаъолият намуда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз 9 шуъбаи бистарикунонӣ, 1 шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 2086 бемор бистарӣ карда шудааст. Дар ин давра ба беморхонаи марказии ноҳия таҷҳизотҳои ҳозиразмони тиббӣ, аз ҷумла ренгени рақамӣ, ултрасадои доплерӣ, таҷҳизотҳои нафасдиҳии сунъӣ, мониторҳо, дифебреияторҳо дастрас карда шудааст. Инчунин дар беморхонаи марказии ноҳия нуқтаи ҳосилкунии оксигени тиббӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Сохтмон ва меъморӣ
Тӯли ин муддат фондҳои асосии ба кор андохташуда, 10,2 миллион сомонӣ (6,9 фоиз) маблағгузории асоси 11,6 миллион сомонӣ (2,7 фоиз) ва корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 11,2 миллион сомонӣ иҷро карда шудааст, ки ин ба 2,7 фоиз баробар шудааст.
Инчунин, дар масоҳати 2021 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаст, ки 101,1 фоизро ташкил додааст.
Нақлиёт ва роҳсозӣ
Ба иттилои раиси ноҳия, масофаи умумии роҳҳо 255,8 километрро ташкил медиҳад, ки 65,8 километри онро роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ 8,4 километр ҷумҳуриявӣ ва 181 километр аҳамияти маҳаллӣ доранд. Дар ин давра барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо 53,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз он барои таъмири ҷории роҳҳо 18,6 ҳазор сомонӣ, барои таъмири роҳҳо 17,3 ҳазор сомонӣ, барои таъмири пулу қубурҳо 9,6 ҳазор сомонӣ ва барои кабудизоркунӣ ва зимистонгузаронӣ 5,4 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби соҳибкорон дар давра 1 пул ба маблағи 8,0 ҳазор сомонӣ, шағалпушкунӣ 4,7 км ба маблағи 151,5 ҳазор сомонӣ, таъмири роҳи асфалтпӯш 0,2 км ба маблағи 50,0 ҳазор сомонӣ ва таъмири 2 адад пул ба маблағи 11,0 ҳазор сомонӣ, дар умум ба маблағи 212,7 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,0 зиёд мебошад.
Кишоварзӣ
-Дар ноҳия 4171 адад заминистифодабаранда ба қайд гирифта шудааст, ки аз он хоҷагиҳои деҳқонӣ 4147 адад ва корхонаҳои кишоварзӣ 24 адад мебошанд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, дар давраи ҳисоботӣ, 28,5 миллион сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 1,8 миллион сомонӣ (106,6%) афзоиш ёфтааст. Кишти пахта дар масоҳати 4964 га, ғалладонагӣ-3968 (ҷуворимакаи барои дон 641 га,) сабзавот-3662 га (пиёз 3540 га, картошка 221 га), полезиҳо 1400 га, лӯбигиҳо 6,0 га ва зироатҳои хӯроки чорво 680,0 га анҷом дода шудааст. Дар ин давра истеҳсоли сабзавот 93,0 тонна, гӯшт 450, шир 2000, тухм 918,2 ҳазор дона, расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 афзоиш мутаносибан аз 102,0 то 104,3 фоизро ташкил медиҳад,-иброз намуд Одиназода А.
Иттило дода шуд, ки масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда дар ноҳия 150,04 га будааст, ки аз он ҳосилдиҳанда-135,6 га ва сардхона-12 адад бо ғунҷоиши 1980 тонна мавҷуд аст.
Суғурта ва нафақа
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ шумораи нафақахӯрон ҳамагӣ 10 848 нафар, аз ин шумора, нафақахӯрони меҳнатӣ 8428 нафар (77,7%), иҷтимоӣ 2420-нафар (22,3%), ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ноҳия 2895 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст, ба онҳо 1 миллиону 583,6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳисобида, дар ин давра 1 миллиону 684,8 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.
Фарҳанг
Дар ноҳия 35 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 6 хонаи фарҳангӣ, 1 театри мардумӣ, 1 клуби деҳотӣ, 1 клуби сайёр, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 22 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангу фароғатӣ ва истироҳатӣ, 1 мактаби мусиқии бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар 24 китобхона 119 ҳазору 151 нусха китоб маҳфуз аст, ки аз ин шумора 30 ҳазору 203 нусха бо забони давлатӣ, 72 ҳазору 996 нусха бо забони русӣ ва 16151 нусхааш бо забони узбекӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 32 чорабиниҳои муассисаҳои фарҳангӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо 7585 нафар иштирок намудаанд.
Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети маҳаллии ноҳия барои рушди соҳаи фарҳанг 17,0 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Занон
-Шумораи умумии занони ноҳия ба ҳолати якуми апрели моли равон 74843 нафарро ташкил дода, занони қобили меҳнат 41800 нафар мебошанд. Дар раванди сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, аз шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунанда дар ноҳия 725 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият карда истодаанд. Айни ҳол дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҳисоби занон 1 нафар муовини раиси ноҳия, 1 нафар мудири бахши кор бо занон ва оила, 2 нафар муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 2 нафар котиби ҷамоати деҳот, 1 нафар мутахассисони ҷамоатҳои деҳот, 1 нафар мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ, 2 нафар мудирони кӯдакистонҳо, 9 нафар директорон ва 18 нафар муовинони директорони МТМУ ва 687 нафар дар бахши соҳибкорӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар мақоми намояндагии ноҳия 33 нафар вакилон аз ҳисоби занону бонувон, аз ҷумла 1 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 10 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 24 нафар занон вакилони Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 799 нафар, тандурустӣ 580 нафар, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 503 нафар аз ҳисоби занон мебошанд,-иттило дод Одиназода А.
Ҷавонон
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, шумораи ҷавонон дар ноҳияи Ҷайҳун 64872 нафар будаанд, ки 31693 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 39 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 8 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 медал зиёд будааст.
-Бо мақсади ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар ноҳия муассисаи давлатии мактаби варзишӣ фаъолият намуда, он аз рӯи 6 намуди варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, волейбол, шашкаю шоҳмот ва тениси рӯи миз амал мекунад. Дар муассисаи мазкур дар 29 гурӯҳ зиёда аз 406 наврасону ҷавонон (16 нафар духтарон) ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Давоми солҳои 2019-2023 дар ноҳия 11 майдончаи варзишии замонавӣ ва 3 толори варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуда, тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз 12 иншоотҳои варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Дар ноҳия бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ду меҳмонхонаи замонавӣ бо 84 ҷой ва 12 ошхона бо 406 ҷойи нишаст фаъолият доранд. Дар соли ҷорӣ теъдоди умуми сайёҳон 3247 нафар, аз он дохилиҳо 3221 нафар ва саёҳони хориҷӣ 26 нафарро ташкил додаанд,-қайд намуд раиси ноҳия.
Омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли Ватан
-Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 222 банд иборат буда, бунёду таъмири 504 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар соҳаи маориф таҳрезии 187 синфхонаи иловагӣ, саноат-таъсиси 34 корхонаи истеҳсолӣ, кишоварзӣ-бунёди 113 гармхона барои парвариши меваҳои ситрусӣ ва қулфинай, 5 сардхона, ташкили 2 адад хоҷагии моҳипарварӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 1200 га замин, савдо ва хизматрасонӣ-бунёди марказҳои савдо ва бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, тандурустӣ-бунёди бунгоҳои тиббӣ, дорухонҳо ва таъмири беморхонаҳои ноҳия, сайёҳӣ-сохтмони меҳмонхона, кошонаи ҳусн ва ҳаммоми замонавӣ, соҳаи сохтмон-бунёд ва таъмири биноҳои маъмурӣ, варзиш-бунёд ва таъмири майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ, сохтмони манзили истиқоматӣ-бунёди 17 хонаи истиқоматии 4 ва 5 ошёна, 17 хонаи истиқоматӣ барои камбизоатон, соҳаи роҳдорӣ-таъмири роҳҳои байни маҳаллаву деҳаҳо ва кӯчаҳои шаҳрак дар масофаи 53,2 км, бунёди дарвозаи рамзӣ дар даромадгоҳи ноҳия ва ҷамоати деҳот, хоҷагии коммуналӣ-таъмир ва рангубори 22 бинои истиқоматию маъмурӣ, равшаннамоии 104 кӯчаи шаҳраку деҳот, шабакаҳои таъминоти барқ-васлу насби 15 трансформатори шиддати гуногун ва кашидани хатҳои интиқоли барқ дар масофаи 2 км, соҳаи таъмини оби нӯшокӣ-бунёди ҳавзҳои захираи об, бунёди пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза кардани хатҳои таъмини обгузар таҳрезӣ шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 31 иншоот ба маблағи 10,2 миллион сомонӣ пурра ба истифода дода шуда, корҳо баҳри иҷрои бандҳои боқимондаи нақшаи чорабинӣ идома дорад,-гуфт раиси ноҳия.
Муроҷиатҳо
Дар соли ҷорӣ ба дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун 611 адад муроҷиати хаттӣ ва 60 муроҷиати шифоҳӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хаттӣ 64 адад зиёд ва шифоҳӣ 36 адад коҳиш ёфта, ҳамаи онҳо дар асоси қонунгузорӣ дар муҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардидаанд. Иттило дода шуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз тарафи раиси ноҳия ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои ноҳиявӣ қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Дар дигар рӯзҳои ҳафта муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия шаҳрвандонро қабул мекунанд. Аз тарафи раиси ноҳия нақшаи қабули сайёри сокинон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тасдиқ шудааст. Дар ин давра аз тарафи раиси ноҳия дар 22 рӯзи қабул 60 нафар сокинони ноҳия қабул шуданд, ки мазмуни муроҷиатҳо бештар ба таъмини замини наздиҳавлигӣ (10 нафар) ва масъалаҳои гуногуни дигари иҷтимоӣ (50 нафар) рабт доштаанд.
МТЖТ