Ба хотири таҷлили Соли нави мелодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлони арчаҳои солинавӣ насб карда шуданд ва ҳар шаҳру ноҳия ба қадри имкон онҳоро оро додаанд.
Дар байни шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон арчаи аз ҳама баланд дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар назди “Теппаи Қӯрғон” қомат афрохтааст, ки баландии он 20 метр буда, паҳноияш 8 метрро ташкил медиҳад.
Барои бозии кӯдакон дар атрофи арчаи Бохтар кулбаҳо ва дигар ороишот ташкил карда мешавад.
Арчаи солинавии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Вахш ва Хуросон аз арчаҳои дигар шаҳру ноҳияҳо ба куллӣ фарқ доранд, зеро баргҳои онҳо сунъӣ мебошанд.
Аз мушоҳидаҳои мо дар вилояти Хатлон аз ҳама арчаи зебо, арчаи маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад.
Блоки рекламавӣ