Таърихи Ванҷ
Ноҳияи Ванҷ минтақаи таърихь буда, аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи омори соли 2022, аҳолияш 34,400 нафарро ташкил медиҳад. Масоҳати ноҳияи Ванҷ 4,43 ҳазор километри мураббаъ буда, ҳамчун ноҳияи расмии маъмурии ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст. Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв аст, ки 176 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарв дар Ванҷоб ҷой дорад. Ноҳияи Ванҷ дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язғулом мебошад ва дар шимол бо ноҳияи Сангвор, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷануб бо Ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад. Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст.
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳия Мардзода Одинашо Миршаб суҳбат анҷом дод.
Мавсуф дар аввали суҳбат гуфт, таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун вазифаи афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа дар маркази диққати доимӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, Нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 гузошта, инчунин дар бобати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст.
Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия
– Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ 116 лоиҳаро бо маблағи умумии 174 миллиону 485 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад, ки аз ин 42 лоиҳа ба маблағи 58 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 39 лоиҳа бо маблағи 53 миллиону 470 сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 27 лоиҳа бо маблағи 59 миллиону 853 ҳазор сомонӣ ба инфрасохтор ва 8 лоиҳа бо маблағи 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва бахши таъминоти захиравӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар давоми солҳои 2021-2025, барои амалишавии зиёда аз 63 лоиҳа маблағи 114 миллиону 374 ҳазору 98 сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин 65,6 фоизи шумораи умумии лоиҳаҳоро дар бар мегирад,-иброз дошт раиси ноҳияи Ванҷ Мардзода О. М.
Буҷет
Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳо назаррас буда, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 ба миқдори 126 миллиону 312 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи гузашта 127 фоиз ё 26 миллиону 968 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои сифатноки буҷети ноҳия дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, барои пайдо намудани сарчашмаҳои иловагӣ ва таъмини сиёсати молияи давлатӣ як қатор корҳои назаррас ба иҷро расонида шудааст, гуфт раиси ноҳия.
Тибқи маълумоти оморӣ, нақшаи даромади буҷети ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2024 маблағи 34 миллиону 667 ҳазору 560 сомониро ташкил медиҳад, ки он ба андозаи 107,7 фоиз иьҷо гардидааст. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар нуҳ моҳи соли равон маблағи 38 миллиону 120 ҳазору 261 сомонӣ пешбинӣ гардида, ба маблағи 35 миллиону 414 ҳазору 160 сомонӣ ё ба андозаи 92.9 фоиз ба иҷро расонида шудааст.
Соҳибкорӣ
Соҳибкорӣ яке аз таҳкурсии мустаҳками босуръат пеш барандаи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, муҳайё кардани шароити васеъ барои фаъолияти соҳибкорон имконият медиҳад, ки сатҳи баланди ҷамъоварии андоз таъмин карда шавад.
– Дар давраи ҳисоботӣ дар Мақомоти андози ноҳия 152 соҳибкори инфиродӣ бо Патент ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби онҳо ба буҷети маҳаллӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 маблағи 153 ҳазору 905 сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 36 ҳазору 524 сомонӣ дар умум 190 ҳазору 429 сомонӣ ворид шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 ҳазору 933 сомонӣ зиёд мебошад. Соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома фаъолияткунанда дар Мақомоти андоз 79 нафар ба қайд гирифта шудааст, аммо 46 нафарашон бо сабабҳои номаълум аз фаъолият боз монда, 35 нафарашон фаъолият менамоянд. Аз ҳисоби ин соҳибкорон ба буҷети маҳаллӣ 87 ҳазору 452 сомонӣ, ба буҷети фонди нафақа бошад 69 ҳазору 854 сомонӣ, ҷамъ 157 ҳазору 306 сомонӣ ворид гардидааст,-афзуд раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода.
Андоз
Иттило дода шуд, ки кормандони нозироти андоз дар ноҳияи Ванҷ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, дастгирии соҳибкорӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, дар маҷмӯъ таъмини пурра ва босифати нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» чораҳои таъсирбахшро амалӣ намоянд. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2024 дар ноҳияи Ванҷ 2195 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1963 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 152 субъект тариқи патент ва 79 субъект тариқи шаҳодатнома ва инчунин, 231 адад андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳияи Ванҷ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 37 млн 644 ҳазор 680 доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудкардашуда 24 млн 379 ҳазор доллари ИМА ё 64,8 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.
Саноат
– Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои сердаромади ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти саноатӣ 7 миллиону 226 900 сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳаамин давраи соли 2023 1 млн. 129 ҳазору 700 сомонӣ зиёд аст. Дар ноҳияи Ванҷ 13 корхонаи саноатӣ ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ба тариқи доимӣ ва мавсимӣ кору фаъолият доранд. Ба ҳолати имрӯза ҶДММ “Ҷаҳонгир-С” 540 м3 блоки мармар ва 605 тонна сангрезаи мармар, ҶДММ “Хокаи мармар” 211 тонна хокаи санги мармар, ҶДММ “Мармар Стоун” 32 тонна сангрезаи мармар, Корхонаи хишти “Лангар” 70 ҳазор дона, ҶДММ “Қандил” 5600 дона блоки сементӣ, ҶДММ “Истиқлол” шағал 430 м3 ва 12300 дона блоки сементӣ, ҶДММ “Зиёратшо” 13 ҳазору 500 дона қуттӣ, ҶДММ “Алифов Нилобек” 6600 дона блоки семент, ҶДММ “Тоири Ситщи” 3700 дона блоки сементӣ, ҶДММ “Аҳмадиён” 400 дона ва Ширкати “Помирэнержи” 6 миллиону 182 ҳазор Кв/соат ба маблағи 3 миллиону 404 сомонӣ ва корхонаи обтаъминкунӣ 182 ҳазор сомонӣ барои таъмини об коркард карда қарор дорад. Таҳлилҳо нишон дод, ки солҳои охир соҳаи саноат дар ноҳия рушд карда, ба натиҷаҳои хуб ноил гардида истодааст,- иброз дошт раиси нощияи Ванҷ.
Сохтмон ва меъморӣ
– Оид ба таъмин намудани марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ва чораҷӯи намудани иншоотҳои муҳандисӣ бо дар назардошти рушди минбаъдаи онҳо, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ванҷ соли 2014 аз тарафи ҶШСК “Шаҳрофар” таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 №688 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи генералӣ ҳудуди нави маркази ноҳия аз 250 га зиёдтар мебошад. Аз ҳудуди умумии нақшаи генералӣ, 20 % он нақшаи муфассали таҳрезии (ПДП) таҳия карда шудааст. Барои ҷойгир намудани тамоми иншоотҳо аввалан корҳои аксбардории топографӣ гузаронида мешаванд. Баъдан талаботҳои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талабот меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ (МҚШ ҶТ 30.01.2018 шаҳрсозӣ банақшагирӣ ва бунёди маҳалҳои аҳолинишин) аз қабили ҳуҷҷату лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, минтақабандӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва тарҳрезии онҳо, нақшаи генералии маҳалҳои аҳолинишин, системаи ҷойгиркунии бинову иншоотҳо, инфрасохтори муҳандисӣ, хатҳои сурх ва танзими иморатсозӣ, балоиҳагирию сохтмони бинову иншоотҳо, фаъолияти фармоишгарон ва муносибати онҳо бо мақомоти маҳаллӣ, ташкилу фаъолияти комиссияҳои қабули биною иншоотҳо, ташкили эспертизаи лоиҳаҳо ва дигар санаду меъёрҳое, ки дар ин соҳа бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд ба инобат гирифта мешавад. Оиди рушди минбаъда ҷобаҷокунии иншоотҳои сохташаванда аз рӯи нақшаи генералӣ ҷойгир карда мешаванд. Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ванҷ фаъолияти кории худро ҳамарӯза дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шахрсозӣ, амру супоришҳои Ҷаноби Оли, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Раиси ноҳияи Ванҷро ба роҳ монда, доир ба ободӣ ва дигаргунии ноҳияи Ванҷ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ванҷ соли 2014 аз тарафи ҶШСК “Шаҳрофар” таҳия гардида бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 №688 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи генералӣ ҳудуди нави маркази ноҳия аз 250 га зиёдтар мебошад. Аз ҳудуди умумии нақшаи генералӣ, 20 % он нақшаи муфассали таҳрези (ПДП) таҳияи карда шудааст. Барои таҳияи пурраи нақшаи муфассали таҳрези ба ҶШСК “Шаҳрофар” муроҷиат карда шуда буд ва боз бо мактуби раиси ноҳияи Ванҷ аз 25.12.2023. №68 оиди чораҷӯи равона карда шуд. Инчунин маҳали навбунёди “Ваҳдат” дар ҷамоати деҳоти Водхуд бо нақша таъмин буда, сохтмон аз рӯи он бурда мешавад. Ҷобаҷокунии иншооти сохташаванда аз рӯи нақшаи генералӣ сар шуда, биноҳои маъмурии ҶСК “Агроинвестбонк, Шӯъбаи кумитаи амнияти миллӣ, бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Қасри фарҳанг, мактаби замонавӣ барои 640 хонанда, бинои маъмурии комиссариати ҳарбӣ, бинои маъмурии ШВКД, Раёсати молия, бинои 3 ошёнаи Шуъбаи маориф, Боғча барои 200 кӯдак, Маркази хизматрасонӣ ва ғайра дар ноҳия ҷойгир карда шуданд,-қайд намуд Мардзода О.
Кишоварзӣ ва чорводорӣ
Тибқи иттило, кишоварзони ноҳияи Ванҷ ба номусоидии обу ҳавои аввали соли равон нигоҳ накарда талошу заҳмат кашида, малакаю маҳорат ва таҷрибаи андӯхтаашонро истифода намуда, ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳамагӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 10 525 сентер, картошка 33 321 сент., сабзавот 15 241, истеҳсоли мева ҳамагӣ 21 673 сентнер таъмин намуданд ва ҷамоварии ҳасили маҳсулотҳои кишоварзии марҳила ба марҳила идома дорад. Ҳисоботҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳолати имрӯза дар ноҳия ҳамагӣ 364 тонна мева содирот карда шудааст, ки аз ин меваи тут 200 тонна, себ 120 тонна, нок 14 тонна, олболу ва гелос 30 тонна мебошад. Кишоварзӣ асосан дар ноҳияи Ванҷ дар ду соҳа – растанипарварӣ ва соҳаи чорводорӣ тараққӣ карда истодааст. Дар соҳаи растанипарварӣ аз рӯи тавозуни пешниҳоднамудаи Кумитаи идораи замини ноҳия дар майдони умумӣ 443047 га, аз ҷумла обӣ 2630 га, заминҳои корам 1146 га, аз ҷумла обӣ 1146 га ниҳолҳои бисёрсола 662 га, аз ҷумла обӣ 662 га, алафзор 94 га, аз ҷумла обӣ 94 га, чарогоҳ 12090 га, ҷамъи заминҳои кишоварзӣ 13998 га, аз ҷумла обӣ 1903га, заминҳои назди ҳавлигӣ 783 га, аз ҷумла обӣ 545 га, заминҳои корам 128 газ ҷумла обӣ 128, заминҳои ёрирасони шахсӣ (президентӣ) 182га, аз ҷумла обӣ 182 га, ҷангалу бешазор 796 га, буттазор 47568 га, ботлоқ 23 га, заминҳои зери об 3404 га роҳҳо ва роҳҳои чорвогузар 181га, заминҳои зери иморату иншоотҳо 157 га ва дигар заминҳо 375951 гектарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи ин заминҳо аз тарафи Ҷамоатҳои деҳотӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ самаранок истифода бурда мешаванд. Дар соҳаи чорводорӣ бошад, дар нуҳ моҳи соли 2024 17300 сар ҳайвони шохдори калон, аз ҷумла 7140 сар модагов, 42 110 сар ҳайвони шохдори майда, 46 780 сар паранда, 7 асп ва 1215 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад. Дар ҳамин давра истеҳсоли гӯшт 7510 сентнер, шир 23140, тухм 865 ҳазор дона, пашм148 ва истеҳсоли асал 60 сентнерро ташкил додааст.
Сайёҳӣ
Дар ноҳияи Ванҷ барои будубоши сайёҳон 5 меҳмонхона, 3 ҳомстей (хизматрасонии хонагӣ), 4 тарабхона, 8 мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, 9 мавзеъҳои зиёратгоҳ ва 6 мавзеъҳои саёҳии экологӣ амал мекунанд. Инчунин ба ғайр аз меҳмонхонаву тарабхонаҳо 19 адад нуқтаҳои хӯроки умумӣ, 19 адад хизматрасониҳои сарироҳӣ ва 1 адад дӯкони молу амволи сайёҳӣ мавҷуданд, ки оид ба вазъи санитарӣ-гигиении онҳо мунтазам аз тарафи маркази давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия назорат бурда мешавад. Дар соли 2024 95 нафар сайёҳи хориҷӣ ба ноҳия дохил гардидаанд, ки 26 сайёҳи дохилӣ ва 69 сайёҳи хориҷӣ мебошанд.
Маориф
Дар ноҳияи Ванҷ 51 Муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият карда истодааст. Тавре раиси ноҳияи иброз намуд, шумораи хонандагон то давраи ҳисоботӣ 5628 нафар буда, 2755 нафарашон духтар мебошанд. Омӯзгорон 775 нафар мебошанд, ки 393 тоашон зан ҳастанд.
– Дар ноҳия ба сохтмон, таъмир ва азнавсозии бинои муассисаҳои таълимӣ диққати зарурӣ дода шуда, шароити таълиму тадрис беҳбудӣ ёфта истодааст. Соли 2024 сохтмони муассисаи таълимии № 12, деҳаи Дуршери ҷамоати деҳоти Рованд ва сохтмони синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии № 24, деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти “Ҷовидон” ба охир расида, сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №8, 23, 24, 32, 34, 36, 42, 48 ва Муассисаи таысилоти миёнаи умумии №40-и деҳаи Бичхарви Ҷамоати деҳоти М.Абдуллоев бинои нави Маркази рушди барвақтии кӯдак мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Шумораи хатмкунандагони синфи 11 -и муассисаҳои таълимӣ 327 нафарро ташкил медиҳад. То давраи ҳисоботӣ 281 нафар хатмкунадагон тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин 90%-ро ташкил медиҳад. Сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ноҳия зери назорати доимии шуъбаи маориф қарор дода шуда, ҳар семоҳа аз тарафи шахсони масъули Шуъбаи маориф сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ноҳия санҷида мешавад. Дар соли таҳсили 2023- 2024 сифати таҳсилот 60 % -ро ташкил дода бошад, азхудкунӣ 98 % буда, баҳои умумӣ ба 3,6 баробар аст, -гуфт раиси ноҳияи Ванҷ.
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 665 ( 58 омӯзгор, 6 калонсол , 601 хонанда) ва дар даври ноҳиявӣ 332 довталаб (1 нафар аз ҳисоби калонсолон, 20 омӯзгор ва 311 хонандагон) иштирок намуда, ба даври сеюм 47 нафар (2 омӯзгор, 1 аз ҳисоби калонсолон ва 44 хонандагон) ва ба даври ҷумҳуриявӣ 14 нафар роҳхат гирифтанд. Дар ноҳия 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 240 кӯдак (105 духтар) амал намуда, аз воситаҳои таълимӣ, ҷойи хоб ва хӯроки гарм пурра таъмин мебошанд.
Тандурустӣ
Мувофиқи иттилоъ, дар соҳаи тандурустии ноҳияи Ванҷ 50 духтур ва 197 кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар Беморхонаи марказии ноҳия 6 шуъба барои табобати беморон мавҷуд буда, инчунин лабараторияи клиникӣ, ҳуҷраи ташхиси шуоӣ, ҳуҷраи табобати ултрасадоӣ амал мекунанд. 158 кат барои табобати статсионарии беморон фаъолият доранд, ки 133 кат дар Беморхонаи марказии ноҳия ва 25 кат ва дар беморхонаи Язгулом ҷойгир шудаанд. Дар Беморхонаи марказӣ, беморхонаи минтақавии Язгулом, таваллудхонаи деҳаи Андарбак ва таваллудхонаи деҳаи Сурога 17 духтур ва 56 корманди миёнаи тиб ба мардум хизмати шабонарӯзӣ карда истодаанд. Дар сохтори госпиталии ноҳия ҳамагӣ 135 корманд дар 137, 25 воҳиди корӣ фаъолият доранд.
Маркази саломатии ноҳиявӣ ба 4596 нафар аҳолии ноҳия кӯмаки аввалия ва хизмати тиббӣ мерасонад. Дар давоми соли 2024 марказ 15910 нафар сокини ноҳияро қабул намудааст, ки аз инҳо 3076 нафар бо сабаби беморӣ ва 12834 нафар барои муоинаи тиббӣ ва ташхис муроҷиат намуда, дар хона бошад ба 39016 нафар хизмати тиббӣ расонидааст. Дар умум аз тарафи марказҳои саломатӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар давоми соли 2024 42101 бемор қабул карда шудаанд, ки аз ин 20759 нафар бо сабаби беморӣ, 21 342 нафар барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан ва дар хона ба 114001 нафар хизмати тиббӣ расонидаанд.
Ҷавонон ва варзиш
Тибқи маълумот, шумораи ҷавонон дар ноҳия 18630 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 39 майдончаи варзишӣ, 8 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, Маҷмааи варзишӣ, 3 майдончаи барои бозии кӯдакон ва 1 варзишгоҳ фаъолият доранд. Дар асоси нақшаи корӣ дар нуҳмоҳаи соли 2024 382 адад чорабиниҳо аз намудҳои гуногуни варзишӣ ва сиёсию фарҳангӣ доир гардид. Инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва дар замири ҷавонон бедор намудани тарбияи ватандустӣ ҳамасола дар таърихи 5 феврал чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ баргузор карда мешаванд. Ба ҳамин тартиб дар таърихи 16 феврали соли 2024 як гуруҳи ҷавонон бо фарогирии 46 нафар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ инчунин, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқҳо дар қисми ҳарбии 23 441(б) дар як сатҳи баланд баргузор карда шуда, ғолибон ва беҳтаринҳо бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ ва ҷавонони фаъол инчунин, гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони идораву муассисаҳои ноҳия 80 мақола ва 21 видеонаворҳо вобаста ба бедор намудани ҳисси ватандустӣ ва ҳуввияти миллӣ дар замири ҷавонон дар саҳифаи расмии бахш инъикос гардида, дар ин давра 112 чорабинӣ аз намудҳои гуногуни варзишӣ доир гардидааст.
Истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолият
– Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамаи иншоотҳои дар Нақшаи чорабиниҳо дарҷ гардидаро дар мӯҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба истифода дода, симои деҳаҳо ва маркази ноҳияро зебо ва озода гардонад. Иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳа ба соҳа дар ноҳияи Ванҷ дар соҳаи саноат 4 адад, маориф 14, тандурустӣ 10, фарҳанг 1, варзиш 3, сайёҳӣ 3, роҳ 3, пул 9, хатҳои об 10, маркази савдо 16, кишоварзӣ 17, хизматрасонӣ 18 ва дигар таъинот 14 ададро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода додани иншоотҳои дар боло зикргардида шумораи таъсиси ҷойҳои корӣ ба 350 нафар расонида мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ баҳри дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани чорабиниҳои давлатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ноҳия дар доираи талабот ва имкониятҳои дахлдор чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд,-иброз намуд дар охири суҳбат раиси ноҳияи Ванҷ Мардзода Одинашо Миршаб.
МТЖТ