Бо Пешво ба ваҳдати комил расидаем,
Бо Пешво ба пеш равонем, сарбаланд.
Бо ҳукми сарнавишт дари бахтро кушод.
Бар рӯзгори мо нарасад ҳеҷ гоҳ газанд.
Ҳанӯз панҷ сол муқаддам аз имрӯзи пур аз файзу баракот дар нигоштаҳои хеш таҳти номҳои “Пешвои мо”, “Ҳамосаи Ориёӣ”, “Истиқлолият ва андешаи миллӣ”, “Ливои дӯстӣ”, “Парчами иттиҳод” ва “Асрори ваҳдат” дар мавриди оини ваҳдатофарӣ ва ватансозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд андешаи хешро манзури хонандагони хеш намуда будем. Аксари хонандагон ва муштоқони он сатрҳои муҳаббатхезу муҳаббатрез, ки аз воқеияти асрори ваҳдатоинии Пешво огоҳии комил доштанд, арҷу эҳтироми зиёдро ба он сатрҳо гузошта буданд, пешниҳод намуданд, ки чанде аз он нигоштаҳоро дар шакли китоб манзури муштоқони оини ваҳдатофарии Пешво намоем. Ва бо ҳукми сарнавишту дастгирии беминати ватанхоҳонаи Роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба истиқболи сӣ солагии Истиқлоли давлатии кишвар он китоб рӯи чоп омада, ба дасти хонандагон расид. Ва садҳо номаҳои арзу сипос ба унвонии мо омада, даҳҳо тақризҳои пурмуҳтавои донишмандону сиёсатмадорони кишвар низ дар ҳошияи он китоб манзури хонандагон гардида буд. Ҳамакнун ин бор дар перомуни фарҳанги баланди ваҳдатоинии Пешвои муаззами миллат чанд ҳарферо мехоҳам манзури хонандагон гардонам.
Ваҳдатоинии миллати гурдофариди тоҷик таърихи хеле ва хеле тӯлонӣ дошта, абои бузурги мо тоҷикон аз силсилаи Пешдодиён, Каёниён ва Сосониён ин иқдоми некӯи башардӯстиву кишварсозиро оғоз намуда, шуарои классики мо аз абуахлоқ Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ то қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуби шаккарингуфтор ва шаккаринрафтор Мирзо Турсунзода ин суннати мардумиро манзури тамоми оламиён гардонидаанд.
Дар замони побарҷоии Иттиҳоди мардумсолори собиқи Шӯравӣ, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода, бо ибтикори сулҳхона ва сулҳсозиаш дар қаламрави на танҳо Шӯравӣ, балки тамомии қораи Осиё нигини ангуштарии сулҳхоҳони олам буд. Барои мо тоҷикон хеле ифтихори бузург буд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат, мақомдори Раиси кунгураи Байналмилалии Сулҳи Осиёву Африқо дар ҷаҳони пурталотум эътироф гардида, овои баланди қаҳрамониаш бо ибораи шаҳдрези:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
ба ақсои олам печидаву ҳанӯз дар беш аз 50 кишвари Осиёву Африқо номбардори миллати тоҷик мебошад.
Яъне оини ваҳдатофарии Пешвои маҳбубу муаззами мо решаҳои қадимтаре дошта, ин оин ҳанӯз дар хидмати башарият будаву ҳаст. Он гуна, ки аз сарчашмаҳои матбуоти даврӣ огоҳӣ дорем, дар Перомуни фаъолияти ватандориву ватансозӣ ва ваҳдатофарии ин абармарди таърихи навини ватандории мо тоҷикон ҳазорон матолиби пурмӯҳтаво манзури миллионҳо чашму гӯшу ҳуш гардида, ҳоҷҷат бо оварандани он ҳама акнун нест. Вале чанд ибораи рӯҳбаланди гӯшнавоз, ки ба қалбҳои ҳазорон модарони мушти пар муждаи васлу умед бар ояндаи дурахшон овардааст, вуҷуди миллионҳо мову манҳоро бо садои малакутии “Ман ба Шумо сулҳ меорам ва бо дастгирии Шумо кишварро аз вартаи яъсу навмедӣ хоҳам раҳонид”, беш аз сӣ сол боз бар ҷароҳатҳои мо марҳам мебахшад. Маҳз дар ҳамон рӯзу шабҳои ялдоӣ ва хатарзову хатаррез сарнавишти хешро пайвастан бо ватан ва халқи азизаш эътибори ӯро миёни мардум даҳчанду садчанд намуд. Ба ҳеҷ гуна болобандӣ (муболиға) воқеияти таърихӣ он будаву ҳаст, ки он замон касе аз давлатмардони кишвар чунин ҷуръатро надошт. Чунки иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардуми кишвар қариб, ки аз байн рафта буд. Мардум шомили гурӯҳҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ гардида буданду касе аз зимондорони онҳо гузашт карданро намеписандид. Оташи кинаву адовати ҳалқаҳои қавмиву мазҳабӣ ва сиёсӣ бинобар таъбири мардум чун ҳезуми тар дуд карда, месӯхт. Ҳамин нахуст мулоқоти Сулҳофарӣ ва ваҳдатбунёдии Пешво дар маркази вилояти Мухтори Бадахшон ӯро ба мардум ва мардумро бо ӯ хеле ва хеле наздик намуд. Он замон касе аз мардуми аз пойтахт ба хотири нооромиҳои сиёсӣ ба минтақаву маҳалҳои кӯҳистони кишвар кӯч баста, бовар надоштанд, ки касе аз роҳбарияти кишвар назди онҳо бираваду бо муҳаббат ва садоқати ватандорӣ онҳоро ба хонаҳои хеш бозгаштанашонро кафолат бидиҳад. Ҳамин иқдоми Сулҳоинии Пешво заминаи бузурги Сулҳро гузошт. Аз ҳамин воҳаи дар чашми баъзе аз роҳбарияти пешини кишвар хатарзо дидан намудан ва бо мардуми заҳматкаши онҷо, хусусан модарони шердили шерзои Бадахшон мулоқот намудани ин абармарди таърихи навини кишвар эътибори ӯро баланд намуда, модарони муштипари Бадахшон сипари боэътимоди Ватан гардиданд. Ва нахуст мулоқотҳо бо нируҳои даргири он замон оштинопазир оғоз гардид. Ҳамон нируҳои даргир баъди мулоқоти дуру дарози тафсон дар сурати поки Пешво шахсияти ватансози воқеиро диданду дар нахуст созишномаи боҳамоии Миллӣ имзои хешро гузоштанд.
Банда, ки бо тақозои вақт он замон барои дифои Ватан ва арзишҳои миллӣ дар қатори сипоҳиёни кишвар будам, дар даҳҳо мулоқотҳои сулҳхоҳонаи ҷониби ҳукумат бо мухолифин ширкат намуда, аз забони қумондонҳои зиёди мухолифин дар мавриди ҷасорату матонат ва оини ҷавонмардиву сулҳофарии Пешво шунида будам. Ва бисёре аз онҳо то вопасин нафар босадоқат ба Сарфармондеҳи олӣ ва кишвари азизи Тоҷикистон хидмагузор буданд. Собиқ қумондони мухолифин муовини аввали Вазири Мудофиаи Тоҷикистон Генерал-Лейтенанти зиндаёд Адҳамов Ғайратшо Сарҳадович аз зумраи ҳамон нафароне буд, ки босадоқат то вопасин нафас ба Сарфармондеҳи Олии кишвар содиқ буду монд. Ӯ ҳамеша мегуфт мо чанд нафар қумондонҳо аз нахуст мулоқот дар сурати поки ин абармарди таърихи нави давлатдорӣ шахсияти фавқулодаи башардӯсту ватанхоҳро дарёфтем. Баъзе аз носипосон, ки худро қумондон ном мебурданду дар итоати хоҷагони берун аз кишвар буданд, оқибат худ дар чоҳи кандаи худашон уфтода, шармандаи гуру қиёмат гардиданд. Ҳамин садоқати ватандории бисёре аз қумондонҳои саҳроии мухолифин, пайравӣ ба амалҳои ҷавонмардонаи Сарфармондеҳи Олии нируҳои Мусаллаҳи кишвар ва посух ба матонату ҷасорати Ватанхоҳонаи ӯ буд. Ана ин аст заминаи воқеии ба унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ сазовор гардидани Пешвои муаззами миллат.
Ҳамин тавр бо ҷасорату матонат ва садоқати Ватандорӣ ӯ ба гуфтушунидҳои Сулҳпаймонии кишвар заминаи воқеъӣ гузошта, зарурати таъсиси Комиссияи Оштии Миллӣ ба миён омад. Дар ҳама мулоқотҳои Сулҳофарӣ роҳбари тозаинтихоби кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гузашт намудани роҳбарони ду ҷониб аз гуноҳони ҳамдигар масъалагузорӣ намуда, омода будани ҷониби ҳукуматро доимо кафолат медод. Ҳарчанд баъзе аз роҳбарияти нируҳои даргир, ки фармонбардори “хоҷагон”-и берунӣ буданд, бисёре аз мулоқотҳои Сулҳофариро халалдор намуда, имзои созишномаҳои сулҳофариро ба таъхир мегузоштанд. Вале сабру таҳаммул ва Оини сулҳофарӣ, ки дар вуҷуди ӯ решаҳои ирсии Ориёӣ дошт, ӯро водор месохт, ки гузашт карданро бештар пеша намояд. Ҳамин гузашткарданҳо кишварро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшид. Баъди ба даст овардани Сулҳи бебозгашт, давлат, ки худ ниҳоди сиёсӣ мебошад, барои эъмор ва бунёди он ҳизбу ҳаракату Созмонҳои сиёсӣ зарурати сиёсии иштироки ҳизбу ҳаракату созмонҳои иҷтимоӣ дар Парлумон ба миён омад. Ҳамин зарурати таърихии таъсиси як ҳизби Сиёсии Миллӣ ва ватанхоҳиву ватансозӣ дар ҳамон шабу рӯз ба таъсиси ҲХДТ замина гузошт. Бо ибтикори Президенти кишвар роҳбари сиёсии давлат ва ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлатмардони кишвар нимаи дуюми соли 1994 ҳизби сиёсӣ ва миллие ба миён омад, ки ҳама орзуву ормонҳои ватансози фарогири он буданд. Ҳамин тавр баъди машвараву музокироти намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар моҳи декабри соли 1994 маҷлиси муассисони ҲХДТ ба миён омада, аввалин Ҳизби Сиёсии кишвар аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ номнавис гардид. Маҳз ҳамин ҳизб (ҲХДТ) заминаи пайдоиш ва ба фаъолият оғоз намудани ҳизбҳои сиёсии дигар гардид. Ва ногуфта намонад, ки давлатмардони ҳамин ҳизб, ки бунёди Сулҳро бо Пешво паҳлуи ҳам истода гузаштанд ва номи некашон нафарони зиёдеро атрофи ҲХДТ ҷамъ оварданд, имрӯз ифтихори ҳазорон мову манҳо мебошанд. Ҳамин тавр бо ибтикори ҳамон давлатмардони бо ору номуси Ватан парлумони кишвар низ бо иштироки Ҳизбҳои сиёсии дигар ба фаъолият оғоз намуд. Ва парлумони кишвар низ дар асоси бисёрҳизбӣ ва ҳамдигарфамӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшида, заминаҳои таъсиси Парлумони касбиро ба миён оварда, тамоми қонуну қарорҳои манфиатбори ҷомеа аз ҷониби Парлумон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, баъди он аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо мерасид. Ва дар тули беш аз сӣ соли фаъолияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоияш ин ниҳоди сиёсӣ, ки пуштибони ҳамешагии мардум ва манфиатҳои давлату миллат мебошад тавониста, ки миёни ҳизбу ҳаракат ва Созмонҳои иҷтимоиву фарҳангии кишвар соҳиби ҷойгоҳи хеле пурэътибор бошад. Имрӯз ҲХДТ, ки номвартарин ниҳоди сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ миёни дигар аҳзобу созмонҳои фаъоли кишвар мебошад, бо иқдомҳои тозаи созандагиаш миёни мардум низ соҳиби эътибори баланд буда, дар роҳи ободиву созандагиҳои ватани азизамон саҳми назаррас доштаву дорад. Иншоотҳои бузурги ватанӣ, аз қабили Н.О.Б. Роғун, Норак ва даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, ки фарогири ҳазорон коргарҳо мебошанд гувоҳи рушди истеҳсолот ва беҳтар гардидани иҷтимоиёти мардуми кишвар буда, боз дар нақша дорад, ки садҳо коргоҳҳову ҷойҳои нави кориро барои мардум боз намояд. Ҳамин талошу ҷоннисорӣ ва ватансозиву ватанхоҳии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҳазор нируҳои ҷавони ватансозоро атрофи ин Ҳизби Ормонҳои миллӣ мутаҳид намуда, ободкориву созандагиҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистони азиз дар нашъу нуму мебошад. Иқдомҳои созанда ва ободкориву иттиҳодсозиву садоқатоинии ин ниҳоди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар миёни аҳли эҷоди кишвар низ соҳиби ҷойгоҳи пурэътибор мебошад. Ҳамин аст, ки Шоири Халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ, Раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим корномаи ҲХДТ-ро дар як нигоштаи пурмеҳри ватанхоҳонаш чунин оварда:
То замоне ин ҷаҳон бекизб нест, миллате бе ҳизб нест.
Ҳизби ҳар миллат нахуст озодӣ аст, кӯшиши ободӣ аст.
Рустанасту аз ҷудоӣ растан аст.
Бастану пайвастан аст,
Хешро аз хеш пайдо кардан аст, зеби дунё кардан аст.
Тоҷикистон ҳам чу Истиқлол ёфт,
Мурғи бахташ бол ёфт.
Кӯшиши парвоз кард, аммо дареғ,
Тир хурду хурд теғ.
Хест бар по он замон Ҳизби Ватан,
Бо Ватан шуд ҳамбадан.
Сарвараш шуд дар раҳи азми тамом,
Марди ору марди ном.
Аҳли ору нанг шуд, аъзои он,
Сози ҳақ-овои он.
Мулкро пайки нав аз иқбол дод,
Сӯи бахташ бол дод.
Халқро бинмуд аз нав сарбаланд,
Худшиносу арҷманд.
Шуд ба тадриҷ асли ҳизби бахти халқ,
Хостори тахти халқ.
Мақсадаш амну бақои халқ шуд,
Худ садои халқ шуд.
Ҳизби серии дил асту дидаҳост,
Ҳизби меҳр асту вафост.
Ҳизби сабзиш, ҳизби боғу гулашан аст,
Ҳар хазонро душман аст.
Ҳизби насли навҷавони кишвар аст,
Ҷумларо болу пар аст.
Ҳизби сарҷамъии халқ асту диёр,
Ҳизби бунёд асту кор.
Ҳизби дур аз даъвии мову манист,
Ҳизби нуру рӯшанист.
Роҳкушоӣ мекунад, роҳбанд нест,
Дар вуҷудаш фанд нест.
Бо Ватан ҳамдасту ҳампояш бубин,
Ҳамдилу рояш бубин.
Мақсадаш солории мардум бувад,
Ёрии мардум бувад.
Кишвареро мекунад азмаш ҷавон,
Сарбаланди ҷовидон.
Ҳизби халқи Тоҷикистон аст он,
Ҳизби даврон аст он.
Оё ин ҳарфу ҳиҷо ва хоматасвирҳои шоири воқеан ҳам дардошнои меҳан метавонад, ки муждаи воқеияти корномаи ҲХДТ буда бошад? Бале! Ва боз бале!
Пайрави намудан ба амалҳои созандаи Раиси ҲХДТ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи пурифтихори на танҳо тамоми Ҳизбиён, балки тамомии Созандагони Ватан новобаста аз мавқеи сиёсиашон мебошад. Мо ва тамомии мардуми Тоҷикистони азиз аз тариқи барномаҳои телевизион, радио ва нашрияву матбуоти давр хабар дорем ки чигуна вохӯриҳои Раиси муҳтарами ҲХДТ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум бо самимият ва меҳрубонии зиёд мегузоранд. Дар тамоми мулоқотҳо, чӣ дар пойтахти кишвар, чӣ дар навоҳии атрофи пойтахт ва чӣ дар вилотяҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон бо мақдами файзрези Пешвои муаззами миллат даҳҳо иншоотҳои маданиву маърифатӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ ва роҳу пулҳо ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ин ҳама талошу созандагиҳо бо иқдоми бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ ва заҳмати дастаҷамъии давлатмардон ва аҳли заҳмати кишвар, новобаста аз синну сол ва мавқеъҳои сиёсиву иҷтимоии онҳо рӯи кор омада, мардумро бо Пешво ва пайравонаш наздику қаринтар мегардонад. Дар тули панҷ соли охир пойтахти азизамон Душанбеи меҳрофар ва сабзҷома ки зодгоҳу зодбуми ҲХДТ мебошад бо дастгирии бевоситаи Пешво ва талошу заҳматҳои ватанхоҳонаи шаҳрдори соҳибарҷу эҳтироми пойтахт муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳазоррангу ҳазорово гардида, қомат афрохтани иншоотҳои хуштарҳи замонавӣ ва боғу гулгаштҳои зебояш онро ба чаманистони орзуҳои ҷавонӣ мубадал гардонидааст. Ин аст, ки Душанбеи азиз сархати тамоми осори адибони на танҳо Тоҷикистони азиз балки Эрону Афғонистону Покистон ва кишварҳои ҳамҷавору қисми зиёде аз Урупову Осиё гардидааст. Ва номи неку пурифтихори шаҳрдори азизи пойтахт муждарасони ободиву сазандагӣ гардида, ҳама сабзкориҳои Душанбеи меҳрофар гувоҳи ватанхоҳиву ватандории ӯ мебошад.
Ҳамаи ин назокату латофат ва сабзҷониҳову сабзкомиҳоро шоири ширинкаломи тоҷик устод Назри Яздонӣ дар шеъри “Шоҳкори Шоҳкорон” ки онро ба Душанбеи азиз бахшидааст, чунин оварда:
Шоҳкори шоҳкоронӣ, Душанбе,
Шаҳриёри шаҳриёронӣ, Душанбе.
Шаҳри бахтӣ, шаҳри тахти меҳрдорон,
Шаҳри ёрӣ, шаҳри ёронӣ, Душанбе.
Ҳамчу аскар саф зада саффи санавбар,
Чор сӯи Қасри миллат тоҷ бар сар.
Ҳар нафар омодаи имдоди кишвар,
Сафшикан, саф баста сарбозони сафдар.
Нур меборад зи рӯи мӯйсафедони Душанбе,
Ҳур метобад зи рӯи нозанинони Душанбе.
Зӯр меҷӯшад зи бозӯи ҷавонони Душанбе,
Зӯру ҳуру нуру нурони Душанбе.
Чорбоғон, роҳатафшон атрофашон,
Чилчароғон раста-раста сад хиёбон.
Кохи Истиқлол бар сар тоҷи зар,
Нурбор аз бостон то ҷовидон.
Ҳар ки обат хӯрдааст озода шуд.
Тозаву тар, мисли як шаҳзода шуд.
Ҳамчу Айнӣ номбардори Ватан,
“Ҷони ширин” хонду Турсунзода шуд.
Пешвоят дар хирадмандӣ ҷаҳонро Пешво,
Рустами ту Рустамҳои ҷаҳонро раҳнамо,
Рузи ту Наврӯз бодо, шомҳоят Меҳргон,
Шаҳри ободиву шодӣ, хонаи меҳру сафо.
Ва ҳамин диду нигоҳи меҳроини шоир ба Душанбеи азизи сабздомон муждаи шоҳкориҳои шаҳрдори Душанбеи азиз буда, набзи дар тапиши Душанбеи сабзҷонии мо, гувоҳи талошу ҷоннисориҳо ва ободкориву созандагиҳои сокинони азизи он мебошад.
Покиву покниҳодӣ, покдомонӣ, покмақомии Душанбе нишон аз покиву покдомонӣ ва покниҳодии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хонадони покоини он мебошад.
Ва ҳамин будаву ҳаст, ки сафи меҳмонону ошиқону шефтагони Душанбе рӯ ба афзоиш буда, ҳазорон меҳмонон аз чаҳор ақсои олам ба тамошои гулбоғҳои сабзпушу сабздомонаш меоянд. Ва ҳар сол даҳҳо симпозиуму конфронсҳои фарҳангиву илмӣ ва ҳамоишҳои башардӯстиву ватанхоҳӣ дар он баргузор мегардад. Ин ҳама созандагиҳо гувоҳи ваҳдатоинии давлатмардони кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буда, эътибори баланди ин ниҳоди сиёсиву фарҳангӣ ва милливу иҷтимоӣ мебошад.
Боиси ифтихор ва шарафмандии зиёд аст, ки аксари кулли давлатмардони кишвар узви пайкараи ҲХДТ буда, дар роҳи пиёда намудани ҳадафҳои созандаи он талошҳои зиёд дошта, аз иқдомҳои ватансозии Раиси муҳтарами он Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамешагӣ намуда, сафи онро аз ҷавонони кордону болаёқат ва соҳибэҳтирому ватанхоҳ зиёд менамоянд. Бе ҳеҷ болобандӣ эътибори ҲХДТ миёни мардум ва дигар ҳизбу ҳаракату созмонзои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву илмӣ хеле баланд мебошад. Дастгириӣ ва пуштибонӣ аз манфиатҳои мардуми камбизоат дар маркази диққати кормандони ҲХДТ дар маҳалҳо шаҳракҳо ва ноҳияву вилотяҳо қарор дошта, онҳо сари ҳар моҳ аз фаъолияти хеш ба роҳбарияти зинаҳои болоии ҲХДТ ҳисобот медиҳанд. Ҳамкориҳои судманди фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҲХДТ бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятии кишвар дар сатҳи баланди меъёрҳои ватанхоҳиву ватансозӣ қарор дошта, ҳама чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз ҷониби тамомии мардум новобаста аз мавқеъҳои иҷтимоӣ ва сиёсашон дар руҳияи ватанхоҳиву созандагӣ мегузаранд. Ҷашнҳои бошукуҳи Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯз, Рӯзи ваҳдати Миллӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами Миллӣ, Ҷашнҳои Сада, Тиргон ва Меҳргон дар руҳияи бузурги ватанхоҳӣ ва Иттиҳоду якпорчагӣ мегузаранд. Тамомии ҳамин ҷашн ва тантанаҳои кишвар бо ибтикор ва пуштибонии ҳамешагии роҳбарияти ҲХДТ дар шаҳраку маҳала ва ноҳияву шаҳру вилоятҳои кишвар гузашта эътибори ҲХДТ-ро миёни мардуми кишвар афзун менамояд. Ҳамаи ин эътибори баланди роҳбарияти Олии ҲХДТ буда, гувоҳи тавоноии зеҳнӣ ва самимияти ватандории ҳама роҳбарияти зинаҳои поёнӣ то болоии он мебошад. Дар ҳама вохӯриву мулоқотҳо бо мардуми кишвар Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ва арҷу эҳтиром аз роҳбарияти зинаҳои гуногуни он даъват ба амал меорад, ки арҷ гузоштан ба мардум арҷ гузоштан ба Ватани азизамон мебошад. “Ҳамеша хоҳиши ман аз тамоми мақомдорони ҲХДТ ва раисони шаҳраку ноҳия ва шаҳру вилотяҳо он аст, ки бо мардум ва пуштибони мардум бошед. То мардум бо ифтихор пуштибони Ватани азизамон бошанд”. Чунин таъкидҳои ватанхоҳонаи Президенти маҳбуби мардум иқтидори Сулҳу ваҳдат ва якпорчагии тамомии мардуми кишварро қавӣ гардонида, ин иқдомҳои созандаи ваҳдатоварии миллионҳо сокинони кишвар гардидааст. Ва ҳамин ваҳадтоинии Пешвои муаззами миллат дар қалби миллионҳо бошандагони кишвар маъво гирифта, миллионҳои дигар онро пайравӣ намуда, бо арҷу эҳтиром ва самимият мегӯянд:
Қаҳрамони ҷанг ҳам, пайкор ҳам дорад Ватан,
Қаҳрамони корзору кор ҳам дорад Ватан.
Қаҳрамони ҷангу пайкори ҷаҳонро дидаем,
Қаҳрамони Сулҳи нотакрор, ҳам дорад Ватан.
Ҷумъахон Темурзода