Шӯрои уламои Раёсати динии мусалмонони Русия (РДМ) тасмим гирифт, ки фатвои иҷозаи бисёрзании мазҳабиро лағв кунад, хабар медиҳад РБК. Қаблан ин ниҳод ба мардони мусалмон дар Федератсияи Русия иҷозат дода буд, ки то чаҳор зан дошта бошанд.

Тавре раиси он Шамил Алоуддинов дар шабакаи телеграми худ гуфтааст, ин тасмим дар робита ба иттилоъ дар бораи даъвати Додситонии кулл дар бораи лағви фатво ва “вокуниши ҷомеаи Русия” гирифта шудааст.

“Шӯрои уламои Раёсати динии мусалмонони Русия намехоҳад дар ин мавзуъ вориди ихтилоф шавад”, – хулоса кардааст Алоуддинов. Қаблан РДМ гуфта буд, ки фатво хилофи қонун нест.

Рӯзи 19-уми декабр Раёсати динии мусалмонони Русия аз тасвиби фатвое хабар дод, ки ба мардони мусалмон дар Русия иҷоза медиҳад, то чаҳор зан дошта бошанд. Ин дар мавридҳое, ки ҳамсар бо сабаби саломатӣ, ба охир расидани синни репродуктивӣ ё бо дигар сабабҳои объективӣ, аз ҷумла бо номувофиқатии ҷинсӣ, фарзанддор шуда наметавонад, инчунин агар вай аз таваллуди фарзанд даст кашад, имконпазир аст. Дар баробари ин, занҳо бояд аз мавҷудияти ҳамсарони дигар огоҳ бошанд. Агар ин тавр нашавад, зан ҳақ дорад талоқро талаб кунад.

Рӯзи 23-юми декабр Додситонии кулл ба унвони раиси Раёсати динии мусалмонони Русия пешниҳод фиристодааст. Ба гуфтаи як манбаи Интерфакс, ин тасмим ба он далел гирифта шудааст, ки фатвои қабулшуда хилофи қонунгузории ҷорӣ ва сиёсати давлатии оилавӣ, ки ба ҳифзи арзишҳои суннатии маънавию ахлоқии Русия нигаронида шудааст, мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь