Аз МИҲД-и ноҳияи Дӯстӣ ба “Фараж” хабар доданд, ки бахшида ба Соли нави мелодӣ дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат наздик ба 1000 маъюб, ятими кулл, нимятимон, оилаҳои ниёзманд ва дигар қишри эҳтиёҷманд туҳфаҳои солинавӣ ва сарулибоси зимистона тақдим карда шуд.
Гуфта шуд, ки ҳамчунин барномаи солинавӣ ташкил карда шуда дар ин чорабинӣ ба ҳама тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Дар барномаи солинавӣ, ки барои кӯдакони маъюб, ятимон ва ниёзмандон омода гардида буд, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон ва дигар роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
Баъд аз тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, ятимони кул ва ниёзмандон, ҳамзамон ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи консертӣ хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.