Дар Иёлоти Муттаҳида сиёсате дар сатҳи давлатӣ қабул карда мешавад, ки тибқи он танҳо ду ҷинс дар ин кишвар расман эътироф карда мешаванд – мард ва зан.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби ИМА, ин ваъдаро рӯзи якшанбеи гузашта зимни суханронӣ бо тарафдоронаш дар Аризона дод. “Мо пеши роҳи ин ҷунуни трансгендериро хоҳем гирифт. Ва ман фармонҳоеро имзо хоҳам кард, ки тағйир додани ҷинси кӯдаконро манъ мекунанд. Ман трансгендерҳоро аз артиш, аз мактабҳои ибтидоӣ, аз мактабҳои миёна ва олӣ берун хоҳам кард. Ва дар варзиши занон мардон ширкат нахоҳанд дошт!”, – гуфт соҳиби ояндаи Касри Сафед.

Трансгендерҳо дар соли 2016 дар замони президентии Барак Обама ҳаққи хидмат дар артиши Амрикоро пайдо карднд ва то имрӯз дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА тақрибан 15 ҳазор трансгендер ҳаст. Тибқи нақшаи Трамп, ҳамаи онҳо ба далелҳои тиббӣ ҳамчун корношоям аз хидмат барканор хоҳанд шуд. Қаблан, президенти 47-уми Иёлоти Муттаҳида низ ваъда дода буд, ки маблағгузории федералӣ ба муассисаҳои таълимиеро, ки ба гуфтаи ӯ, “ҷунуни трансгендериро тарғиб мекунанд”, коҳиш медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь