Ба ҳама кӯмак расондан имкон надорад
То қабули Консепсияи кумаки ройгони ҳуқуқӣ дар тобистони соли 2015 як қатор сохторҳои давлатӣ ба камбизоатон кумаки ройгони ҳуқуқӣ расониданд, аз қабили Маркази ҷумҳуриявии бӯҳроншиносии назди шӯъбаҳои Кумитаи занон, қабулгоҳҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон. Вазорати меҳнат ва ғайра.
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи барномаҳои гуногуни кӯмаки ҳуқуқӣ ба қишрҳои алоҳидаи аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, занони қурбонии хушунати хонаводагӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, беморони ВНМО/БПНМ, нашъамандон, шахсони алоҳида, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо кардаанд, ҳамин гуна ёриро расониданд
Тибқи Консепсияи мазкур институти адвокатҳои давлатӣ ҷорӣ гардида, нақш ва масъулияти адвокатҳои давлатӣ муайян карда шуд, ки онҳо дар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва гражданӣ (ғайриҷиноятӣ) ҳама намуди кӯмаки аввалия ва баъзе намудҳои кумаки дуюмдараҷаро ироа мекарданд.
Лариса Александрова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Ваш выбор», яке аз мутахассисони соҳа мегӯяд дар Консепсия 2 модели ширкати адвокатҳо дар расонидани кумаки ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида буд, аз ҷумла: 1. Мақоми ваколатдор феҳристи адвокатҳоро аз ҳисоби ҳуқуқшиносоне, ки ба ин касб дастрасӣ доранд, тартиб медиҳад ва танҳо ҳуқуқшиносоне, ки ба ин феҳрист дохил шудаанд, кумаки дуюмдараҷаи ҳуқуқӣ мерасонанд, аммо танҳо дар парвандаҳои ҷиноӣ;
- Кӯмаки ҳуқуқии ройгонро адвокатҳое, ки ба Феҳрист дохил нашудаанд низ мерасонанд, вале онҳоро Иттиҳоди адвокатҳо дар асоси рӯихати навбатдориихуд пешниҳод мекунад.
Баррасии Қонун «Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ» аз ҷониби коршиносон Л.Александрова ва А.Ҳайдаров бо дархости Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ва дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба Адлия» нишон медиҳад, ки як қатор муқаррароти пешбинишудаи Консепсия ба қонуни мазкур дохил карда нашудааст, аз ҷумла:
-Тибқи Консепсия, кӯмаки якумдараҷа ва дуюмдараҷа бояд ба категорияҳои мушаххаси аҳолӣ расонда шавад, аммо ин қоида дар қонун возеҳ ба назар намерасад, яъне протседураи расондани чунин кӯмак аз ҷониби давлат равшан зикр нагардидааст.
-Консепсия модели ширкати ҷомеаи шаҳрвандиро дар расондани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ тавассути фармоиши давлатӣ пешбинӣ мекард, аммо қонун амалан ин моделро тавзеҳ намедиҳад.
-Қонун аз лиҳози гендерӣ камэътибор аст, зеро категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноятӣ доранд, хориҷ карда шудаанд, аз ҷумла қурбониёни хушунатҳои хонаводагӣ, шиканҷашудаҳо ва модарони танҳо.
Аз ин рӯйхат ҳамчунин даъвогарон доир ба гирифтани алимент низ бароварда шудаанд.
Тибқи Консепсия ҳамчунин боздоштшудагон дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба вазъияти моддияшон ҳуқуқи гирифтани кӯмаки дуюмдараҷаи ҳуқуқиро доштанд, аммо дар қонун онҳо ба сифати субъектҳое, ки чунин ҳуқуқро доранд, зикр нагардидаанд.
Дар ҳамин ҳол, Лариса Александрова мутмаин аст, ки қабули ҳама тавсияҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо аз Вазорати адлия, балки ба вазорату идораҳои дигар, ки дар раванди қонунгузорӣ ширкат доранд, вобаста аст.
Инчунин бояд гуфт, ки расонидани кумаки ҳуқуқӣ барои давлат бори гарон аст.
Муовини директори Маркази кумаки ҳуқуқӣ Басир Носиров низ чунин андеша дорад. Ба гуфтаи Б.Носиров, бархе аз тавсияҳои дар Консепсияи зикргардида захираҳои зиёди молиявиро тақозо мекунанд.
«Ҳукумат бо беҳбуди имконоти молӣ ба қонуни амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид мекунад, то дар оянда тамоми табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба ин кӯмак дастрасӣ пайдо кунанд», – мегӯяд Б.Носиров.
Нигина Баҳриева, раиси Бунёди ҷамъиятии «Нота-Бене» бар ин назар аст, ки дар қонун инъикоси тамоми бандҳои Консепсия шарт нест. Ба андешаи вай, Консепсия ба кӯшиши вариантҳои гуногун ва дар ниҳоят бо қабули моделҳое асос меёбад, ки ба воқеияти кишварҳо бештар мувофиқанд.
-Маълум аст, ки мо баъзе унсурҳо ва камбудиҳои қонунро баррасӣ карда истодаем, аммо худи он ки мо на ҳама моделҳои дар консепсия мавҷудбударо интихоб кардем ва ба қонун ҷо надодаем, ин як амали муқаррарӣ аст,- мегӯяд Н. Баҳриева.
Аз Консепсия то Қонун
Пас аз қабули Консепсия дар назди Вазорати адлия Маркази кумаки ҳуқуқӣ (МКҲ) таъсис дода шуд.
Ба ӯҳдаи ин Марказ иҷрои як қатор вазифаҳо, аз ҷумла вазифаҳои зерин вогузошта шуданд:
-таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар масъалаи расондани кӯмаки ҳуқуқӣ;
-ба роҳ мондани идораи умумӣ дар масъалаи расондани кӯмакҳои якумдараҷа ва дуюмдараҷа;
– баргузории мониторинги фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои адвокатӣ, ки кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонанд, ҳамчунин маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ;
– назорати риояи меъёрҳои касбӣ ва қоидаҳои муайяншуда нисбат ба сифати кӯмаки ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсоне, ки кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд.
Лоиқ Нусратов, директори Маркази кумаки ҳуқуқӣ мегӯяд, ки дар ҳақиқат дар Консепсия моделҳои мухталиф, ҳам барои расонидани кӯмаки аввалия ва ҳам барои кӯмаки дуюмдараҷа пешбинӣ шуда буд, аз ин рӯ, дар тӯли 4 сол ҳама моделҳо санҷида шуданд ва дар Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ (МКҲ) ва Иттифоқи адвокатҳо марказҳои тамос таъсис дода шуданд. Аммо комиссия, ки аз намояндагони ниҳодҳои гуногун, вазорату идораҳо иборат буд, қарор дод, ки колл- сентр танхо дар доираи МКҲ амал мекунад.
Носиров Басир, муовини раиси Маркази корҳои ҳуқуқӣ қайд мекунад, ки азбаски вазъи ҳуқуқии бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда нашуда буданд, аксари намояндагони мақомоти давлатӣ ба онҳо аҳамияти зарурӣ намедоданд.
Моҳи июли соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ» қабул гардид. Қабули ин қонун зарурати таъхирнопазир буд, зеро:
– Қонун фарогирии аҳолии камбизоатро бо кумаки ройгони ҳуқуқӣ пешбинӣ намуда, дастрасии онҳоро ба адолати судӣ таъмин менамояд;
– тартиби расонидани кумаки ҳуқуқии ройгонро танзим менамояд;
– ҳуқуқҳои конститутсионии шахрвандонро барои гирифтани кумаки ҳуқуқӣ дар ҳамаи марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат медиҳад;
-қонун тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки кумаки ройгони ҳуқуқиро дар назар доранд, муттаҳид месозад.
Қобили зикр аст, ки Қонун «Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ» принсипҳои нави ҳамкории давлат ва адвокатҳоро муқаррар кардааст. Адвокатҳое, ки бо Маркази кумаки ҳуқуқӣ шартнома мебанданд, маоши худро сари вақт мегиранд.
Тибқи қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” категорияҳои зерин ҳуқуқи гирифтани ёрии ройгонро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ доранд:
– гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
-гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
-гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонанд;
– айбдоршавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон уарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад;
– агар шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад;
– судшавандае, ки таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ менамояд;
– ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
Ҳамин тавр, то қабули Консепсия агар шаҳрванд ба адвокат эҳтиёҷ медошт, мақомоти тафтишотӣ ба Иттиҳодияи адвокатҳо ба таври хаттӣ муроҷиат мекарданд, аммо дар он ҷо баррасии ҳуҷҷатҳо вақти зиёдеро талаб мекард.
Ба гуфтаи Л.Нусратов, пас аз қабули Консепсия вазъ тағйир ёфт ва дар минтақаҳое, ки аз ҷониби МКҲ кӯмаки дуюмдараҷа расонида мешуд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ тавассути телефон бо Марказ тамос гирифта,, барои боздоштшудаҳо дархости вакили дифоъ мекарданд.
Марказҳои тамос (дар Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ ва Иттиҳодияи адвокатҳо) бо гирифтани дархост, фавран ба шаҳрванде, ки ба вакили дифоъ ниёз дорад, адвокат мефиристоданд.
Дар ин хусус директори МКҲ Лоиқ Носиров мегӯяд:
-Агар ин шаҳрванд ба категорияи шахсоне дохил шавад, ки тибқи Консепсия ҳуқуқи гирифтани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ доранд, пас вай онро мегирад, агар шаҳрванд ба ин категория дохил нашавад, ба ӯ бо шартҳои тиҷоратӣ адвокат пешниҳод карда мешавад ( Лоиқ Нусратов: «Дастрасӣ ба адолат – нафъи мардум» «Азия-Плюс», 31 августи 2018).
Тибқи маълумоти расмӣ, аз соли 2016 то охири соли 2021 аз Маркази ёрии ҳуқуқӣ 88788 нафар шаҳрвандон бо кумаки аввалия ва дуюмдараҷаи ҳуқуқӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 50259 нафар занон, 38529 нафар мардон ва 2646 нафар маъюбон мебошанд.
Хизматрасонии арзишманд барои камбизоатон
Дар охири соли 2019 БРСММ як назарсанҷӣ анҷом дод, ки дар он 1928 пурсидашудагон аз гурӯҳҳои осебпазир ширкат карданд. Тибқи назарсанҷӣ, Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ «аз оғози таъсиси худ ба бештари одамон хидмати арзанда расонидаанд. Танҳо дар соли 2019 ба 8540 нафар кӯмаки ҳуқуқӣ баҳраманд гардиданд”.
Ҳамзамон, ин назарсанҷӣ бар зарурати таъсиси чунин марказҳо дар саросари кишвар таъкид мекунад, ки барои қонеъ кардани ин ниёз, ба хусус барои табақаҳои камбизоат ва осебпазир мусоидат менамояд.
Ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон дод, ки тақрибан аз чор се ҳиссаи (73,5%) пурсидашудагон аз мавҷудияти марказҳои давлатии кӯмаки ҳуқуқӣ огоҳ нестанд. Каме бештар аз чоряки (26,5%) нафароне, ки дар бораи Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ маълумот доранд, асосан аз тариқи ВАО (39,6%) ва алоқа ва иртиботҳои шахсӣ (21,3%) маълумот гирифтаанд. Дар миёни афроде, ки дар бораи Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ шунидаанд, афроди камшуморе аз нақш ва салоҳияти ин марказҳо огоҳанд. Ва ҳамагӣ 17,4% пурсидашудагон, ки дар бораи онҳо шуниданд, салоҳияти марказҳои кумаки ҳуқуқиро дуруст медонанд.
55,7%-и боқимондаи пурсидашудагон, ки дар бораи марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ шунидаанд, гуфтаанд, ки онҳо медонанд, ки ин марказҳо чӣ кор мекунанд, аммо вазифаҳои онро дақиқ муайян карда наметавонанд ва 26,9%-и боқимонда гуфтаанд, ки аз нақши онҳо хабар надоранд.
Натиҷаҳо инчунин нишон медиҳанд, ки ин афрод дар мавриди ин, ки чи касоне метавонанд аз хидматрасониҳои марказҳои кумаки ҳуқуқӣ истифода баранд – 42,5% пурсидашудагон медонистанд, ки онҳо ба шаҳрвандон хидмат мерасонанд ва 12,1% гуфтаанд, намедонанд, ки хадамоти марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ ба кӣ пешниҳод мегарданд. Илова бар ин, натиҷаҳои пурсиш нишон медиҳанд, ки аксарияти кулли аҳолӣ (82,3%) дар бораи дигар варианти гирифтани кӯмаки ҳуқуқии ройгон чизе намедонанд.
Оё кӯмак ройгон аст?
Умуман, ба назар мерасад, ки адвокатҳое, ки ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ кӯмаки ройгон мерасонанд, ба натиҷаи мусбати корашон манфиатдор нестанд, зеро онҳоро намояндагони мақомоти тафтишотӣ ё судӣ таъин мекунанд, аз ин рӯ, онҳо дар мавқеи вобаста қарор доранд.
Аммо ин ақидаро худи коршиносон тасдиқ намекунанд.
Дар робита ба ин, адвокат Алишер Ҳайдаров изҳор медорад, ки ҳангоми расонидани кумаки дуюмдараҷаи ҳуқуқӣ бисёриҳо фикр мекунанд, ки адвокате, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъин шудааст, наметавонад ҳуқуқи мизоҷонро дуруст ҳифз кунад.
«Воқеан, дар чунин ҳолатҳо адвокатро на муфаттиш, прокурор ё судя, балки маркази алоқаи Вазорати адлия, ки иштироки адвокатҳои навбатдорро муайян мекунад, таъин мекунад», – мегӯяд А.Ҳайдаров.
Ҳамин тариқ, барои ҷалби адвокат, муфаттишон, прокурор ё судяҳо ба маркази ҳамоҳангсозии КҲМ занг мезананд (то қабули Қонун «Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ» марказҳои тамос даъват карда мешуданд), баъд дар асоси қарори мақомоти дахлдор. ҳаққи адвокатҳо ба КҲМ дода мешавад.
Садриддин Саидов, раиси коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, қайд мекунад, ки вақте шаҳрванд бо ин ё он адвокат шартнома мебандад, ин аз эътимоди ӯ ба адвокати алоҳида шаҳодат медиҳад.
– Адвокате, ки аз маркази ҳамоҳангсозии МКҲ -и Вазорати адлия бо қарори мақомоти дахлдор фиристода мешавад, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ гирифта, тибқи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ (КҶТ) ёрии ҳуқуқӣ мерасонад;
Бояд қайд кард, ки кӯмаки дуюмдараҷаи ҳуқуқӣ танҳо дар парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва парвандаҳои ғайриҷиноятӣ танҳо ба шахсоне, ки дар қонуни мазкур пешбинӣ шудааст расонида мешавад.
Кӯмаки дуюмдараҷаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ғайриҷиноятӣ, ки дар моддаҳои 22, 23, 27 ва 28 Қонун “Дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ” пешбинӣ шудаанд аз 1 январи соли 2025 расонида мешавад.
Дар назар аст, ки то охири соли 2023 фаъолияти марказҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ ба роҳ монда шавад, то дар саросари кишвар кумаки ҳуқуқӣ дастрас бошад.
Коршиносон қайд мекунанд, ки қонун судяҳо ва муфаттишонро вазифадор намекунад, ки қарору таъинотро оид ба пардохти ҳаққи адвокат дар ҳолати зарурӣ, саривақтӣ ва дуруст пур ва пешниҳод кунанд, аз ин рӯ, ҳамаи ин ба дӯши адвокатҳо бори гарон мешавад ва бо ин васила дубора адвокатҳо аз мақомоти тафтишотӣ ва судяҳо вобаста шаванд.
Мутобиқи моддаи 50, банди 13-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «таъмини ҳимоят аз ҳисоби давлат ва пардохти хизмати ҳимоятгар дар ҳолатҳои пешбини намудаи моддаи 50-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ».
Дар моддаи 21 и Қонун «Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ» категорияи шахсоне, ки ҳуқуқӣ гирифтани кӯмаки ройгони ҳуқуқиро доранд, муайян карда шудааст. Инчунин дар моддаи. 50 банди 1. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон категорияи шахсонеро, ки ҳуқуқи гирифтани кӯмаки ройгони ҳуқуқиро дар парвандаҳои ҷиноятӣ доранд, муайян мекунад. Бояд гуфт, ки дар се ҳолат ҳузури ҳатмии адвокат, тибқи моддаи 51-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки ройгони ҳуқуқӣ танҳо шахсоне, ки кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ мегиранд, фаро гирифта мешаванд.
Дар ҳама ҳолатҳои дигар, агар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта нашуда бошанд, агар хешовандонаш ӯро бо адвокат таъмин накунанд, пурсишгарон, муфаттишҳо, прокурорҳо ва судяҳо дар ҳолати мушкил қарор гиранд.
Масалан, дар моддаи 51 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки агар гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда забонеро, ки маҷлиси судӣ бо он гузаронида мешавад, надонанд, иштироки адвокат ҳатмист.
Дар аксари мавридҳо шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд мебошанд.
Ҳамчунин, агар шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд имкони пардохти ҳаққи хидматрасонии кумаки ҳуқуқиро надошта бошанд ва давлат барои дарёфти ин кумак ба онҳо кафолат надиҳад, мушкили таъмини адвокат зери суол хоҳад рафт. Ҳамчунин маълум нест, ки хидмати адвокат бояд аз кадом ҳисоб пардохт шавад?
Дар амал мавҷудияти ин зиддиятҳо як қатор мушкилотро ба миён овардааст, бинобар ин барои бартараф намудани ин камбудиҳо бояд мувофиқи бандҳои моддаи 51-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ” мутобиқ карда шаванд.
Кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ чӣ гуна фаҳмида мешавад
Моҳҳои август ва сентябр аз 53 нафар корбар тоҷики Фейсбук пурсидем, ки онҳо аз “Кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ” чӣ мефаҳманд? Инҳоянд натиҷаҳо:
Оё ба мо pro-bono лозим аст?
Имрӯз бисёр давлатҳои ҷаҳон бо масъалаи расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони худ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ҷое ин масъалаҳо дар сатҳи миллӣ ҳаллу фасл мегарданд ва дар ҷое ба василаи ташкилотҳои ҷамъиятие, ки грант мегиранд.
Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҷрибаи pro-bono, ки аз лотинии “pro bono public” мухтасар аст, кайҳо боз истифода мешавад, яъне хидматрасонӣ ба манфиати ҷамъият.
Консепсияи pro bono дар ИМА дар охири асри 19 пайдо шуд, вақте ширкатҳои ҳуқуқии хусусӣ ба камбизоатон маслиҳати ҳуқуқӣ медоданд. Дар соли 1983, дар Кодекси ахлоқии Ассотсиатсияи адвокатҳои Амрико (ABA) Қоидаи 6.1 қабул карда шуд, ки тибқи он адвокат бояд ҳадди аққал ду фоизи вақти кории худро барои расонидани хидматҳои касбии бепул сарф кунад ( яъне ройгон pro bono).
Масалан, дар Иёлоти Муттаҳида, ширкатҳои бузурги ҳуқуқӣ “pro bono” -ро ҳамчун як ҷузъи ӯҳдадориҳои худ дар назди ҷомеа медонанд, инчунин имкони ширкатҳо ва ҳуқуқшиносон барои корҳои хайрия ва барои ҳуқуқшиносони ҷавон барои гирифтани таҷрибаи корӣ мебошад.
Бисёре аз ширкатҳо аз ҳуқуқшиносон талаб мекунанд, ки дар як моҳ / сол миқдори муайяни соат кор кунанд ва дар баъзеи онҳо пешниҳоди хидматҳои ройгони ҳуқуқӣ яке аз меъёрҳои баҳодиҳии фаъолияти адвокат буда, ҳангоми пешбурди касбии ҳуқуқшинос ва зиёд кардани музди меҳнат дар назар гирифта мешавад.
Ин модел дар бисёре аз кишварҳои пешрафта, аз қабили Шветсия, Австралия, дар солҳои 90-ум маъруфият пайдо кард. Коршиносон бар ин назаранд, ки ин модел, бешубҳа, барои расидан ба адолат ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон мусоидат мекунад. Дар Иёлоти Муттаҳида, баъзе адвокатҳо дар ширкатҳои бузург, ки барои хидматрасониҳои худ дар як соат аз 500 то 1000 доллар маош мегиранд, аксар вақт адвокатҳои дигарро барои расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои камдаромад киро мекунанд.
Дар Кореяи Ҷанубӣ аз ҳуқуқшиносон талаб карда мешавад, ки дар як сол ҳадди ақалл 30 соати кориро барои “pro bono” сарф кунанд; барои коллегияҳои адвокатҳои маҳаллӣ шумораи соатҳо метавонад то 20 соат кам карда шавад. Агар онҳо ин талаботро иҷро карда натавонанд, онҳо вазифадоранд, ки дар як соат маблағи 17-26 долларро пардохт кунанд.
Имрӯз зарур аст, ки дар баробари ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ консепсияи “pro bono” ро дар байни ҳуқуқшиносони касбӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ таблиғ намуда, намунаву натиҷаҳои мусбатро тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоянд.