Шеър ва насри  мо дар рӯзгори  гузашта як оинаи  фарҳанг ва  тамаддун ва посдори  ҳақиқати ҳунарӣ  ва инсонии миллати  куҳансолу куҳантамаддуни  мо будааст. Гузаштагон-номбардорони адаби  мо воситаи  таркиботи  зебову расо ва  забони  рушангар ва  дурахшон чунон осори  баландғоя ва  шигифтангезе офаридаанд, ки  натанҳо дар заминаи  ҳунари  шеъру наср, балки дар заминаи  камоли  фалсафӣ ва фарҳанги инсонӣ кохи бегазанд ва нотакрор аст.

Дар ин  паҳнои назму наср сухан ончунон суфта,  дурахшон,зебо, комил аст, ки  офаридани  як асари ҳунарии тоза бебокию тавоноиро  хостор аст ва сухани  обшуставу дилбазан ва қолабӣ дар ин гулистон макону мавқеӣ надорад ва дар  ҳақиқат тозаофарини барои қаламкаш осон нест ва дар  ин ҷода фидоӣ  будан ва аз баландтарин баландиҳо уқобвор ба олами  суханофаринӣ нигаристан, масъулияти бузургро дархост мекунад. Офаридан ба хотири  чист? Мабод он  навиштае, ки  чун чароғи  шабнам як лаҳза фурӯзад  ва бимирад. Ҳадафи офаридан ин аст: Мир, аммо намиранда бош!

Ҳошим Гадо як ҳунарманди бузурги   театр ва синамост ва 40 сол аст, ки дар ин саҳна кор мекунад ва корномааш пур аз  ифтихор ва зиндагиаш хеле дардангез ва  шигифтовар аст.Номи  фидоии саҳнаи  театр ва синамо ба тамоми  мардуми  мо,  ҷумҳуриҳои  муштаракулманофеъ ва  хориҷи он  маълуму машҳур аст. Тӯли солҳо ӯ нерӯи бузурги ҷисмонию рӯҳонии худро сарфи ҳунар кард ва ба қуллаҳои баланди ҳунари  саҳнаву синамо расид ва хӯшаҳои  чашмгири ҳунараш ба мардуми  мутамаддину хирадпарвари мо ва мамолики хориҷа ошност. Корномаи  ӯ хеле пуробуранг аст ва бидуни тардид метавон гуфт,ки ӯ яке  чеҳраҳои тобноку шинохтаи  театру синамои   ҷаҳон аст.

Офариниши  образи Сӯҳроб дар филми “Достони  Рустам ва Сӯҳроб” ва 100 бор дар саҳнаи  тоҷик ва хориҷи он иҷро намудани  нақши Эдип,  феълан эътирофи умум пайдо кардани  намоишномаи  “Эдип” гувоҳи гуфтаи  фавқ аст.

Ӯ солиёни  дароз орзу дорад, ки “Спартак”- ро ба саҳна гузорад, аммо ҳанӯз ин кори  азим ҳаллу  фасли  худро наёфтааст ва хоҳишҳову пӯишҳои  ин марди то кунун дурахши чашмхиракунандаи  худро аз даст надод ва дарахти  ҷовидонаи  ҳунараш шукуфон, пурбору пуртоб аст ва зимнан ӯ  аз пештозони  аҳли  саҳна аст: саҳнаи ҳунар ва  эъҷоз. Нек медонам, ки  сар даровардан ба образҳои  офаридаи  ҳунарманди мумтоз душвор аст, зотан ӯ мушобеҳи гавҳарнигорон аст; хеле резакор, боэҳтиёт, ҳар нақшро то ба ҳадди камол меофарад. Месӯзад, месозад ва парҳез аз шитобзадагӣ ва ёвапаӣмоию ёвагӯӣ  менамояд ва ҳар  суханро  меандешаду месанҷад дар  маҳаки ақлу тафаккур, гар паллаеро зери  по устувор наёфт, гом ба паллаи  болоии нардбон намегузорад.Возеҳ аст, ки  ҳунарманди дардошно аз чеҳраҳоест бо биниши  густурда ва  ошно дар ҷаҳони ҳунар. Аз рӯзе, ки ӯ дар саҳнаи театр ва синамо чеҳранамоӣ кард, бо омаданаш чароғи ҳунар ранги рӯшноӣ ёфт ҳунараш зебо, воло, хотирмон бо махсусияти хос ва мушаххас, рутбаи ҳунараш  волотарин рутба.

Вақт мегузарад, хайфо, ки замони  ҷавонияш аз ӯ чун кӯҳи Қоф дур шуда ва марди ҳунар чун аз марҳилаи  ҷавониаш   по ба берун ниҳод, фосилаи  корҳояш бештар шуда ва шумораи  корҳо камтар, ки ин як амри табиист.

Ӯ ҳам аз ин қоида мустасно нест ва солҳои  ҷӯшу хурӯшаш низ гузашта ва  камтар шудаанд. Махсусан, онон ки навъе тарбияи рӯҳӣ пайдо кардаанд,барои  ангезаи  ҳунараш ва  мӯҷиботи  тарбияи рӯҳонӣ ва ангезаҳое, ки назири  онҳо бошад, замоне камтар бишавад ё шакли  дигаре пайдо кунад ва  барои  он ки худро ба ҳолу ҳавои   тоза ҳамоҳанг созад, муддате мегузарад. Чун аз миён рафтани ин мӯҷибот ва ангезаҳои  тоза ва ҳамоҳанг шудани  ин ангезаҳо  бо ҳолу ҳавои тарбияи рӯҳӣ, ки ҳунарманд паӣдо кардааст, табъан муддате вақте мегузарад ва корҳо низ камтари  мешавад. Аммо ҳарчанд кори   ҳунарманд тӯли  солҳои  охир камтар шудааст, ҳанӯз дар дилаш шарораи  ҳунарӣ  чун лахчаи  зери  хокистар аст ва ташвишҳову андешаҳояш хеле зиёданд.

Солҳои  охир ин ҳунарманд ба навиштан шуғл дорад ва  бештар худнигарию даруннигарӣ писанди  ишон шуда ва кӯшиш дорад, ки ба ҷаҳон ҳам ба чашму сару чашми  дил нигарад ва  дарди шодӣ, хубию бадӣ, будану набудан, асрори  ин  дунёи пармуамморо дар қолаби суханҳои  кӯҳтоҳ резад, амо  ин марди ҳунар даъвои  нависандагӣ надорад ва кӯшост, ки барои   ифодаи  ҳолати  рӯҳии худ вожаҳои  дақиқе ёбад ва андешаҳояшро ба  хонандагон муаррифӣ кунад, аз ин хотир ба суоли; “ Навиштан ба хотири чист?” бояд посухе гӯяд, зеро дар ҷаҳони адаби  форсии тоҷикӣ сухани арзишманде гуфтан он бошад ки ба нӯки сӯзан рахна бар кӯҳ занӣ ё чоҳе бикобӣ. Ҳикмати  зиндагӣ гуфтан, фалсафанигорӣ ё ҳикматнигорӣ кардан, заҳмати  хорошиканро хостор аст ва дар сари  ҳар  вожаи  дурахшону  олӣ ҷоне ба каф мегирӣ , то тифли зебои сухан пок, дилнишин, расо, хушҳоҳанг, ҷаззоб  арзи вуҷуд намояд. Албатта, ин  кори  эъҷоз аст ва аз вижагиҳот  кори қаламкаш бошад.Ҳикмат ё андешаҳои   фалсафӣ, чун дигар соири ҳунарҳо зеҳн нуфуз кунад ва аз ин рӯ нависанда  муҷаҳҳаз бошад ба васоили нуфуз. Агар суханофарин  ин василаи  нуфузро надошта бошад, маҳсули кораш дурахшону мондагор нест. Оҳангнокӣ ва ҳикмати тоза,  пушту рӯӣи чи сиккаанд ва аз қолаби лафз берун нестанд ва ин  ҳарду як лаҳза сохта мешаванд ва  якдигарро мукаммал  мегардонанд. Пайдост ки хушҳоҳангии  калом  қаламкашро аз  “кашф” ва шуҳуд боз намедорад. Оҳанги  калимот ё  суханҳои  кӯтоҳ ҷузъи  зотии ӯянд ва хоса насри  мусаҷҷаъ дорои   мусиқии хос аст ва ба дил  кора  кунад ва  ҳусни  суханро  бифизояд. Зеро марди суханофарин сеҳр мекунад дилу  ҷони хонандаро ва  ба  василаи  забонӣ  муҷаҳҳаз мешавад ва аз  тангиҳову душвориҳои  сухан берун меояд ва навҷӯии ин раҳо  кардани  қайдҳову суннатҳо нест, балки ҳамроҳ ба тасаллут бар онҳост ва ҳунари  нав  ё ҳикмати нав ҳалқае аз риштаҳои  занҷири мероси куҳан аст ва ба маънии дур рехтан аст.Дар ҷараёни зеҳнии нигоранда чизҳои  нуҳуфта фузун  аст ва ҳолатҳои даруниро  бо ҳолатҳои  берунӣ  пайвастан ва дар заминаи  адабӣ ҳикмат ё  фалсафанигорӣ  кардан ҷасорати  бузурги  эҷодиро  тақозо мекунад. Ба  итминон метавон гуфт, ки  ҳикматнигорию фалсафанигорӣ худ авҷи фароянди таҷрибаи  отифии пешиниёни мост ва таҷрибаҳои  дарунӣ  мардуми  ҳунарро  саршор кардаанд ва ба марҳилае расидаанд ва пинҳон кардани онҳо номумкин аст, ба шарте, ки  қаламкаш маҳорати фаннии лозимро касб  карда бошад ва он гоҳ баён сурати  берунӣ ва таркиби маъноӣ  ва лафзии вижаи  хешро пайдо мекунад ва  либоси  дархури  онро мепӯшонад. Маънии баланди фалсафӣ каломи  андеша, диди тозаву дарки тозаро тақозо мекунад ва ҳикмати  фалсафӣ гуфтан аз таҷрибаи  дарунӣ  сарчашма мегирад ва  чакидаи зиндагии гузарони одамӣ буда бошад. Ва  ин шева мӯъҷазбаёнӣ, дурри ноб ва ба сурати  рамзу роз сухан гуфтан ва дурри маъни суфтанро тақозо мекунад ва кӯтоҳбаёнӣ тафсиру санъатгарӣ нест, давом ва таъсири он ба чизҳои   асосии  дигар, аз ҷумла ба андешаву идрок равобити жарф доштааст. Ҳунари  зебо вақте ҳунар аст, ки зимнан чун табиат ба назар ояд. Ҳарчи зеботар рушантар, осонтар биёяд, арзиши ҳунарӣ бештар хоҳад шуд. Роҳи нишонгирӣ, роҳи ҷустани  ҳақиқат ва  пайвандҳо ба асл аст ва нависандаи  ҳақиқӣ ҳамеша ба ин роҳ  меравад ва дар оинаи  тамомнамои замон бурду бохти  худро мебинад ва хулоса мебарорад ва яқинан ӯ мунъакискунандаи  андешаҳои  мутараққии  даври хеш аст ва  он қаламкаш бузургтар аст, ки ин рӯӣдодҳоро шадидтар бигирад ва ба сурати беҳтару  зеботар баён кунад, Ҳунар ҷанбаи  иҷтимоӣ дорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ мафҳуми  фардӣ ва муҷаррад нест.

Албурзи сухан дур аст, ва ин роҳ  мушкилтарин роҳи  зиндагӣ бошад ва  касе ин  саҳрои бепоёнро напаймуда ва напаймояд ва дар  сари  дори  сухан Мансурвор ситодан бузургтарин бебокиро дархост мекунад.

Мо, дар ин роҳи сангин ба марди  ҳунар  Ҳошими Гадо  ҷасорат, саодат ҳикмат, ҳақиқат, шарофатро хоҳонем.

Бошад,  ки ақл  ва ҳақиқатнигорӣ роҳнамояш бошад!

Мирзо  Боқизода  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь