Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг бо як иқдоми сутуданӣ китоби пажӯҳигари маъруф Султони Ҳамад “Лоҳутӣ оҳангсоз ҳам буд”-ро нашр кард. Ин китоб ба лоҳутипажӯҳишии тоҷик маводи тоза медиҳад.

Аз замоне, ки бо устод Султони Ҳамад нашрияи “Рӯзгор”-ро таҳияву чоп мекардем, медонистам, ки ҳамзамон, сари чанд лоиҳаи мондагор кор мекард. Дар “Рӯзгор” мо аз таҳқиқоти пурарзиши ишон, бо номи “Аҳмад Зоҳир ва сад шоир” порчаҳо ба табъ мерасондем, вале ин пажӯҳиши нотамоме буд ва устод дар ҳар шумора бо нукоти наву тоза онро такмил мекард. Хеле бароям ҷолибу омӯзанда буд, вақте худ шоҳиди коргоҳи эҷодии касе мешудам, ки мехостам ҳамин гуна дидгоҳу назари фарох дошта бошам, то ман ҳам ҳамзамон сари чанд асаре кор кунам, мавод гирд оварам, таҳлил кунам, баҳс ороям… Ва ҳамин асар намедонам, баъдан бо номи алоҳида китоб шуд ё на, вале медонам, ки куллан омода буд, устод мегуфтанд, ки пеш аз чоп аз он ки шавад, бояд ба он баъзе иловаҳои навро ворид кард.

Ман ин нуктаро борҳо гуфтаму навиштам, ки ҳеч касе дар Тоҷикистону Афғонистон ба ҳадди устод Султони Ҳамад дар пажӯҳиши осори хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир муваффақ нашудааст. Хеле афсӯс, ки имрӯз Афғонистон он ҳолеро надорад, ки аз Аҳмад Зоҳир гӯянду рисолаҳоро чоп кунанд, вагарна беҳтарин таҳқиқот асарҳои Султони Ҳамад мебуд. Шояд ин арзёбии танҳо ман ҳам нест, дигар пажӯҳишгарони хунёгари нотакрор ҳам эҳтимолан дар ҳамин андешаанд. Тасаввур кунед, устод Ҳамад бо ишқе, ки ба суруду тарона дошт, бо муҳаббати хоссе, ки ба Аҳмад Зоҳир дошт, тавонист панҷ китоб омода кунад, ки се китоби он замони зинда будан ва ду китоби дигар баъди марги донишманд бо талоши фарзандони накуномаш ба зевари чоп ороста шуд. Ва ин китобҳо ҳар кадом арзиши ҷудогона доранд, ҳар кадом ба мавзуи хос бахшида шудаву ҳамдигарро такмил кардаанд. Ва бо номҳои зер: “Аҳмад Зоҳир султони қалбҳо”, “Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ”, “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб”, “Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ”, “Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир”. Ман мафтуни ҳавсалаи кории устод будам, ки баъзан соатҳо як таронаи Аҳмад Зоҳирро дар чанд вариант гӯш кардаву иловаву ихтисороти мисраъҳоро дар ҳар хониш махсус қайд мекард. Ҳар касе ба ин китобҳо муроҷиат кардааст, дидааст, ки муаллиф то куҷо дақиқ ҳатто мисраъҳои ҷудогона моли кадом шоир буданро овардааст. Аҳмад Зоҳир сарояндаи тавоно ва донишманд буд, вай метавонист ҳамвазну ҳамсанги шеъри интихобкардаашро аз ашъори дигарон ҳам пайдо ва ба матни сурудаш илова кунад. Ва пажӯҳишгар хеле заранг бояд бошад, ки мисраъ ё байти бегонатар дар як таронаро дарёбад. Устод Ҳамад ин лаёқатро дошт ва тавони таҳлилу баррасиро низ. Дар пажӯҳишҳояш дар бораи Аҳмад Зоҳир даҳҳо иқтибос аз ҳамзамонону сарояндагони Тоҷикистону Афғонистон таҳлилагарони мумтози осори Зоҳирро метавон пайдо кард, ки бо баъзеи онҳо худи муаллифи китоб ҳамсуҳбат шудааст ва баъзе иқтибосҳоро аз суҳбатҳо бо дигарон гирифтааст.

Китоби “Лоҳутӣ оҳангсоз ҳам буд”, низ маҳсули ҳамин гуна талошҳост.. Ин китоб соли 2017, замони дар қайди ҳаёт будани муаллиф дар ҳафтаномаи “Самак” чоп шудааст. Он як пажӯҳиши басо арзишмандест дар бораи эҷодиёти устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки бо руҷуи ҷолиб дар бораи сабаби рӯ овардани муаллиф ба мавзуъ оғоз шуда, баъди нақли тарҷумаи ҳоли адиби номвар дар бобҳои ҷудогона аз фаъолияти оҳангсозии Лоҳутии бузургвор сухан меронад.

Мутаассифона, мо дар Тоҷикистон Лоҳутишиносӣ надорем ё дорему фаъолияти он камранг аст. Вагарна таҳқиқоти Султони Ҳамад дар радифи беҳтарин пажӯҳиш дар бораи Лоҳутӣ гузошта мешуд. Ин пажӯҳиш на танҳо мавзуи таронанависиву оҳангсозии адиби шинохтаро дар бар мегирад, балки ба даҳҳо нукоти дигар, аз ҷумла тарҷумаи Интернатсионал, ки гимни болшевикон буд ва як муддат ҳатто гимни Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам он буд, ҳамкориҳои Лоҳутӣ бо шинохтатарин оҳангсозону сарояндагони солҳои аввали ҳокимияти Шуроҳо, нусхаҳо ва вариантҳои ҷудогонаи ин ё он матни тарона ва оҳанги он маълумоти арзишманд ироа мекунад.

Султон Ҳамад дар пажӯҳиши ин бахши эҷодиёти устод Лоҳутӣ хеле фаротар рафтааст ва ҳатто аз назараш пинҳон намондааст, ки муаллифони чопи “Куллиёт”-и Лоҳутӣ аслан дар бораи се варианти тарҷумаи Интернатсионал ҳарфе нагуфтаанд.

Пажӯҳишгари мумтоз дар бораи такмили сурудҳои халқӣ аз ҷониби Лоҳутӣ, барномаҳои театрҳои ҷумҳурӣ ва сурудҳои Лоҳутӣ, ки Низом Нурҷонов арзёбӣ кардааст, ашъори Лоҳутӣ дар либоси мусиқии дигарон, донишномаҳо дар бораи оҳангҳои Лоҳутӣ, андешаҳои лоҳутишиосон дар бораи оҳангҳои шоир, китоби “Оҳангҳо бар ашъори Лоҳутӣ” ва ғайра муфассал изҳори назар кардааст. Танҳо як бахши баҳсбарангези суруди “Ёрӣ мастчоҳӣ” шавқовартарин баҳси китоб аст ва Султони Ҳамад барои пайдо кардани муаллифи оҳанг даҳҳо маъхазро варақ задаву ковишҳои олимона анҷом додааст. Хонандаи муҳтарам ин бахшро, ки басо муфассалу шавқовар аст, худ мехонад, вале барои тақвияти гуфтаҳоям як иқтибос аз маъруфияти суруди “Ёри масчоҳӣ”, ки бо номи “Камарборики ман” ҳам шуҳрат дошт, меорам. Ин иқтибос аз сафари ҳунарии сарояндаи Афғонистон Зоҳир Ҳувайдои машҳур ба Эрон аст, ки соли 1972 сурат мегирад. “…Дар яке аз барномаҳои шабакаи дигари телевизионии Эрон Зоҳир Ҳувайдо суруди машҳури “Камарборики ман”-ро мехонад. Рӯзи дигар ин сурудро дар сар то сари Эрон алоқамандони таронаҳои ноб такрор ба такрор мешуниданд. Овозхонҳои эронӣ ба ин тарона мароқ зоҳир намуданд. Бо хоҳиши онҳо сурудро Зоҳир Ҳувайдо бо ҳамроҳии чор нафар хонандаи эронӣ – бонувон Шаҳло ва Сомон ва ҷанобон Куруш ва Меҳрдод квинтет, ё худ панҷгона хонда дар ширкати “Музик тайм” сабт намуда, пешкаши ҳаводорони мусиқӣ карданд. Ин албом, ки танҳо аз як суруд иборат буд, пурфурӯштарин диски сол эълон шуд”.

Султони Ҳамад дар пажӯҳиш оид ба ин суруди машҳур басо фаротар рафта, исми сарояндагони он дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Турманистонро ҳам меорад.

Сабки нигориши ҷолиб дорад Султони Ҳамад. Чун аслан рӯзноманигор буд, бандубасти таҳқиқоти худро ҳам ба мисли таҳқиқоти журналистӣ метавонист шавқовару ҷолиб созад. Тавре ки хонандаро хаста накунад ва хонанда худ баъди анҷоми як боб ба суроғи боби дигар равад…

Чопи ин китоби хуб ва ин пажӯҳиши арзишмандро барои аҳли адаби кишвар муборакбод мекунам; воқеъан ин як таҳқиқоти пурарзишест дар лоҳутишосии форсу тоҷик. Ва сипос ба фарзандони марҳум, ки руҳи падари бузургворро бо чопи ин асар шод мекунанд.

Рӯзе, ки Субҳиддин китоби “Лоҳутӣ оҳангсоз ҳам буд”-ро туҳфа кард, аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар, хусусан аз сарвари кордону донишманди он Абдуфаттоҳ Аминзода изҳори сипос кард, ки ин китобро арзишманд донистанд ва ба чопаш мусоидат карданд.

Бобоҷон ШАФЕЪ,

аълочии матбуоти Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь