Фалсафа дар фарҳанги мардумию миллии мо бештар дар мафҳуми ҳикмат ва фарзонагию доно будан ёд мешавад, ки таҷрибаҳо ва озмоишҳои фардию ҷамъии худро дар шакли донишҳо мисли порагуфторҳо, масалҳо, шеър ва матнҳои гуногуни фалсафию ирфонӣ  ба мо мерос гузоштааст. Аммо аз ин уқёнуси бепоёни донишҳои ба мо меросгузошта, ҳар инсоне барои сохтмони шахсияти худ ба тарзҳои гуногун барҳрабардорӣ мекунад. Махсусан аз донишҳои фалсафию илмии замони хеш иддае ин донишҳоро олуда ба идеологияҳои сиёсию тавтеаҳо ва тарфандҳое месозанд, ки то барои фазлфурушиашон воситае аст, на шинохти дурусти воқеият ва асолати инсонии хеш. Дар ҳоле ки аз донишҳои фалсафию пурҳикмат пеш аз ҳама мо дар шинохти шахсият ва моҳияти инсонии худ пеш аз ҳама истифода намоем, то асолати инсонии мо фаромуш нашавад, ки  мо то ба ҳол инсон ҳастем ва бояд зиндагии шоиста ва рифоҳ дошта бошем. Яке аз файласуфони тоҷик, ки умри худро сарфи чунин роҳи инсонсолорӣ ва зиндагидӯстдорӣ сарф кардааст Устод Комил Бекзода мебошанд.

Агар ба воқеияти касби донишҳои фалсафӣ имрӯз таваҷҷуҳ кунем, дарк менамоем, ки афроде, ки ба фалсафа алоқаманд ҳастанд фалсафаро ба ҳадафу мақсадҳои гуногун истифода мекунанд. Иддае фалсафаро машғулияте барои ба даст овардани маош ва   рӯзгузаронӣ, иддае ба таърихи фалсафа алоқаманд ҳастанд ва мехоҳанд бубинанд дар масири рушду пешрафти афкори башарӣ дар кадом сатҳ пеш рафтааст ва дар давраҳои мухталиф файласуфони бузург чигуна меандешиданд ва касони дигар низ ҳастанд, ки боварҳо ва донишҳоеро касб кардаанд, ки тули солҳо онҳоро ҷамъоварӣ кардаанд ва ниҳодина шудаанд ва ба дунболи ин ҳастанд, ки маъёру санҷиши қазоватҳояшонро мантиқию асоснок намоянд, то донишҳояшон дар назму низоми хосе бошад. Инддае дигаре мехоҳанд маҳорати истидлол ва баҳс карданро биомӯзанд, то ба шакли қавитару мантиқитар аз боварҳояшон дифоъ кунанд, иддаи  бисёре аз дигар инсонҳо донишҳои фалсафаро барои интиқоду тафаккури интиқодӣ меомӯзанд, то дар рӯ ба рӯии мудаъиённашон навишта ва суханони дигаронро битавонанд байни дурустию нодурустӣ ва  байни дӯсту душман тафовут бигузоранд. Ба таври кулли ҳамаи ин афрод мехоҳанд ба ҳар тавре равиши беҳтар фикр карданро ёд бигиранд, аммо ҳеҷ кадоми ин афрод наметавонанд дар шинохти худии инсон фарзонагии ӯро ҷуброн намоянд. Пас фарзонагии як файласуф чи равише мебошад ва шахсияти он чӣ касе аст?

Фарзонагӣ дар фаҳмиши имрӯзи файласуфон аз ёдгирии фалсафа ва ёфтани роҳе барои фалсафӣ зистан ё фалсафидан бар асоси усулу мафоҳими фалсафӣ ба унвони сабку зисти фалсафӣ мебошад, яъне чигуна мо метавонем бо мадади фалсафа саодатманд зиндагӣ намоем, беҳтар зиндагӣ кунем, то бо оромишу хушбахтии бештар комёб шавем. Аллбатта мо медонем, ки сабкҳои гуногун барои зиндагӣ кардан вуҷуд дорад, ки  бархе зиндагиашонро бар пояи тақлиду тааббуд мегузаронанд ва усулу боварҳояшонро, дар асоси фармудаҳо ё анъанаҳои ба мо меросгузошта, бечуну чаро мепазиранд ва зиндагӣ мекунанд, бархеи дигари афрод зисти орифонаро интихоб мекунанд, ки пайравӣ аз тақлиду ибодат набуда, балки бар асоси боварҳо ва шуҳуде, ки аз тараиқи таҷрибаҳои маънавӣ ба даст меоварад мебошад. Ин шева равиши зиндагиашонро таъйин мекунанд, ки моҳияти зиндагии орифонаро ташкил медиҳад, мунақидони ин шева бар ин бовар ҳастанд, ки ирфон робитаи инсонро бо воқеият қатъ мекунад ва орифон барои расидан ба хушбахтию оромиш робитаашонро аз ҷаҳон қатъ мекунанд ва ҷаҳонеро дар зеҳнашон меофаранд, ки  метавонад бо воқеиятҳои зиндагӣ фосила дошта бошад, як ҷаҳони романтикию зебо, ки робитааш ба зиндагӣ қатъ шудааст.

Аммо касоне, ки на зиндагии тақлидӣ ва на зиндагии орифонаро интихоб кардаанд, зисти фалсафиро шеваи зиндагии хеш қарор додаанд, ки бар асоси ақлу истидлол ва кунҷковию пурсишгарии мудовим ташаккул ёфтааст. Инсоне, ки сабки зиндагии фалсафиро интихоб мекунанд, мехоҳад ҳам сатҳи зиндагиаш хуб бошад ва ҳам ба дунболи фаҳми зиндагии ақлонӣ ва дарки мафҳумҳои бунёдӣ қарор гирад. Ҳозир нест, ки чизҳое воқеӣ ва ҳақиқат надоранд бовар кунад, ки вокеӣ ҳастанд, ки оромиш ва саодат ӯро халалдор месозанд, инчунин ҳозир нест, ки аз воқеият ва ҳақиқатҷуӣ даст бардорад, ки ба осудагию хушҳоли комёб гардад, ки роҳи соддаю ҳамвор небошад. Зеро ҳақиқатҷуӣ ва воқеиятро шинохтан кори саҳлу содда нест, ки моро ба оромишу хушбахтӣ расонад, аммо роҳи дигаре низ нест ки моро ба хушбахтию оромиш расонад. Инсоне, ки дар масири фалсафист, ба ҳар ҳол дар шинохти зиндагияш дар масири ҳақиқат ва воқеиятҳо гом бардоштан аст ва аз воқеиятҳо фирор накардан мебошад, агар дар ин роҳ ба саодату хушбахтӣ расад чи беҳтар ва агар на устувории худро пайгирӣ ва идома мебахшанд. Яъне равиши фарзонагон фалсафаро на барои беҳтар фикр кардан, балки чи тавр равиши беҳтар зиндагӣ карданро дар ҳақиқатҳою воқеиятҳо меҷӯяд. Яъне онҳое, ки фалсафаро барои оромишу саодати зиндагӣ меомӯзанд аз равишҳои фалсафие кор мегиранд, ки дар амал ба сурати корбурдӣ дар зиндагии рузмарра ба мушкилиашон кумак кунад, то оромишу хушбахтии индунёиро барояшон армғон биёварад. Яке аз файласуфоне, ки чунин равиши зиндагиро интихоб кардааст, Устод Комил Бекзода мебошанд, ки ба синни муборак 80 бо чунин равиш комёб гардидаанд.

Барои ба даст овардани чунин шева ва равиши зиндагии воқеиятписандона ва ҳақиқатҷуӣ Устод роҳҳои пуршебу фарозеро паймудаанд, ки чанде аз хотирот ва раҳовадаҳои Устодро ёдовар мешавем. Барои ба даст овардани чунин шева ва равиши зиндагии фалсафидан ва масъалагузориҳои муҳими фалсафӣ ин андешаҳои фалсафии Николай Федоров, Людвиг Фейербах, Фридрих Ниче ва  Алберт Комю мебошад, ки моро ба чи гуна зистан ва фалсафидан ё зисти фалсафӣ роҳнамоӣ кардаанд. Махсусан фалсафаи Н. Федоров ба хотири он писанди ман буд мегуянд Устод, ки бештар дар масъалаи ҷовидонагии инсон дар тамоми коинот фалсафаи худро бино сохтааст ва аввалин файласуфе буд, ки дари фалсафаро ҳануз дар овони ҷавонӣ, ҳангоми хидмат дар артиши Иттиҳоди Шуравӣ бароям ошно намуд, ки чунин шавқро баъдан файласуфи амрикоӣ дар китоби худаш бо номи “Лаззоти фалсафӣ” пайдо кардам ва ба бештари дӯстону ҳамақидаҳоям онро тавсия мекунам.

Фалсафаи Фейербах ба хотири он писанди Устод буд, ки моҳияти динро ба Устод ошкор намуд, то офарида будани таълимоти динӣ аз тарафи инсон ва атропоморфӣ будани таълимотҳои онро фаҳмонид. Ақидаҳои Фейербах минбаъд Устодро ба озодфикрию озодандешӣ раҳнамун сохт.

Фалсафаи Алберт Камю ба хотири он омӯзанда ва таъсиргузор дар фалсафаи зиндагии Устод буд, ки шахсият ва фалсафаи Ӯ ҷамъбаскунандаи фалсафаи Шарқ ва Ғарбро ифода мекард. Ба гуфтаи Устод К. Бекзода мазҳ таваҷҷуҳ ба фалсафаи А. Камю сарчашма аз гуфтугӯяшон бо Устод Султон Наврӯзов сарчашма мегирад. Рӯзе Устод ба назди Устоди мантиқдон Шамсиддинов барои мулоқот меравад, вале ӯро пайдо намекунад, зеро Устод дар дарс буданд. То хатми дарс Устод К. Бекзода  интизор нашуда ба назди Устод Султон Наврӯзов мераванд ва маҳз аз устод файласуфи дустдоштаашонро мепурсанд, ки дар ҷавоб Алберт Камюро пайдо мекунанд, ки баъдан бисёр аз китобҳо ва зиндагии ин файласуфи барҷастаи фаронсавӣ, махсусан воқеиятписандию ҳақиқатҷуии он идеали зиндагии минбаъдаи Устод мегардад.

Фалсафаи Ниче низ дӯстдоштаи Устод мебошад, ки назари бозгашти абадӣ, яке аз ҷолибтарин назарияи Ниче мебошад, ки аз фалсафаи миллии мо сарчашма мегирад. Аммо ин фалсафа низ ризояти ҳалли мушкилоти маргро наметавонад мантиқан асоснок намояд.

Албатта Устод дигар таълимоти фалсафиро сарфи назар намекунанд, зеро метавон аз тамоми таълимоти фалсафӣ ба ҳар тавр истифода намуд. Меъёри ҳар фалсафаро Устод Бекзода дар амалия медонанд, ки ҳадафи он зиндагии инсон дар ин ҷаҳон мебошад, то ба хушбахтию оромӣ комёб шавад. Бинобар ин, ба Устод дар ин ҷода барои ба даст овардан зиндагии осудаю саодатманд муваффақият мехоҳем. Садсола шавед Устоди гиромиқадр!

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо,

файласуф, устоди ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь