Соҳаи маориф дар мадди аввали сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад».

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам соҳаи маорифро дар сиёсати давлатдории худ муҳим арзёбӣ карданд ва изҳор доштанд, ки «Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд».

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати тарбияи насли навраси сазовору арзанда, дорои дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ватандӯсту худогоҳ ва созандагони фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда истодааст.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Абдуллозода Лайло Абдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Нахуст нобурда қайд кард, ки аҳли маорифи шаҳри Турсунзода баҳри пешрафти соҳаи маориф, бо тарзу усулҳои муосир ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбияи кӯдакону наврасон омода ҳастанд ва азми қавӣ доранд, то ки вазифаи муқаддаси худро бобати таълиму тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ ва соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ба иҷро расонанд.

Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат пайгирона таъкид менамоянд, ҷавонон меросбарони ҳамин таърих, ҳамин фарҳанг ва ҳамин миллати қадимтарини олам мебошанд. Бояд ба ин ифтихор сазовор бошанд ва инсондӯстию накӯкорӣ, инсофу адолат, эҳтироми калонсолон, дӯстию рафоқат ва дигар арзишҳои волои миллию умумибашариро пешаи худ намоянд. То ҷавонон таърихи гузаштаи халқи худ ва роҳи тӯлониву пурмашаққати расидан ба Истиқлолро хуб надонанд, ватандӯст ва миллатдӯсти ҳақиқӣ шуда наметавонанд.

Бояд қайд кард, ки дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифи шаҳр низ рушду такомул ёфт.

Таълимгоҳ ва базаи кадрӣ

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки имрӯз дар шаҳр 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 23 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 13 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 6 муассисаи типи нав, 1 Литсей интернат, Маркази таҳсилоти иловагӣ, ҳамчунин, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия фаъолият менамоянд. Ба таълиму тарбия 74396 нафар буда, аз онҳо 36329 нафараш духтарон мебошанд, ки ба онҳо 5241 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода таҳсил дар се баст барҳам дода шуда, таъминоти кадрӣ бо таҳсилоти олӣ ба 73,4% баробар аст.

Чӣ тавре, ки дар боло қайд гардид, шумораи умумии омӯзгорон 5241 нафар буда, аз онҳо 4573 нафар занҳо мебошанд, ки нисбати соли гузашта 31/19 нафар зиёд мебошад.

Таҳсилоти олӣ – 3846/3276 нафар ва бо таҳсилоти олӣ нопурра 124/114 нафарро ташкил медиҳанд.

Таҳсилоти миёнаи касбӣ – 1271 нафар буда, аз онҳо 1183 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, 411 нафар ғоибхон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 297 нафар занҳо мебошанд, ки нисбати соли гузашта 57/39 нафар зиёд мебошад.

Фардои дурахшон

Инчунин, номбурда афзуд, ки роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳои калидӣ аз ҷониби Пешвои миллат равшану возеҳ нишон дода шудааст. Аз ҷумла, дастуру ҳидоятҳои дар суханрониҳои Сарвари маҳбуби давлату миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли 2024 баргузор гардид ва инчунин ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ 1 сентябри соли 2024 баён гашт, бобати таъмини пешрафти низоми маорифи кишвар чароғаки раҳнамо мебошанд.

Пешвои миллат дастур доданд, ки иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пурра таъмин гардад. Ҳамзамон, баҳри татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” мунтазам чораандешӣ карда шавад.

Баҳри татбиқи Барномаи мазкур соли ҷорӣ се муассисаи томактабии хусусӣ сохта ба истифода дода шуд. Муассисаҳои томактабии хусусии “Бибиоиша” дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов, “Гулсум” дар ҷамоати деҳоти Регар ва “Лола” дар маркази шаҳр, ки айни замон 20 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар 118 гурӯҳ 2630 кӯдак, аз ин шумора 1194 нафар духтар фаро гирифта шудааст.

Дар муассисаҳои мазкур 138 нафар мураббӣ, аз ҷумла 49 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 27 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 62 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбия машғуланд.

Дар назди 90 муассисаи таълимӣ 148 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 3155 нафар кӯдак, аз ин 1494 нафар духтар таъсис дода шудааст.

Бунёдкорӣ

Мавсуф тазаккур дод, ки бо қаноатмандӣ метавон қайд кард, ки дар шаҳри Турсунзода аксарияти проблемаҳои соҳаи маориф бо ҳидоятҳои пеш аз ҳама Пешвои миллат ва ташаббус ва ибтикороти раиси шаҳр ҳаллу фасл гардидаанд. Шахсони соҳибҳиммат, нафарони бонангу номус, соҳибкорони ватандӯст ва умуман аҳолии заҳматпешаи шаҳр аз ташаббуси раиси худ пайгирӣ намуданд. Танҳо таъкиди ҳамин далел кифоя, ки дар назди 25 муассисаи таҳсилоти миёнаву умумии асосӣ сохтмони 229 синфхонаи барҳавои муосир ҷараён дорад, ки барои 5496 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода моҳи октябри соли 2024 бинои иловагии Литсей интернати шаҳр, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№30, 54, 68, 80, 103, 120 иборат аз 62 адад синфхонаи иловагӣ барои 1488 ҷойи нишаст, ба истифода дода шуд.

Қадршиносӣ

Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ олӣ дар соли таҳсили 2023-2024 74,6 %-ро ташкил медиҳад.

Чун Сарвари муаззами давлату миллат пайваста таъкид доранд, ки: “ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”. Дар ҳақиқат, эҳтиром ба омӯзгор, эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иброз доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул карда шавад, ки ин ғамхории Сарвари давлат гувоҳи ғамхорӣ ва дастгирии омӯзгорон мебошад.

Мисоли барҷаставу рӯшани ин корро муҳтарам раиси шаҳр дар амал нишон доданд, таваҷҷуҳи аҳолиро ба ободонӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу боғчаҳои бачагона ҷалб карда тавонистанд, мардум аз ниятҳои неку хайрхоҳонаи роҳбари худ пай бурд ва онро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кард, ҳашарҳо ташкил гашт, маблағҳои калон барои бунёди муассисаҳои соҳаи маориф сарф шуд. Барои ин хизматҳои арзанда аз номи маорифчиён ба ҳамаи саҳмгузорон, пеш аз ҳама ба раиси муҳтарами шаҳр минннатдории маорифчиёнро изҳор менамоям.

Олимпиадаҳои фаннӣ

Номбурда афзуд, ки дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2024, №68 рӯзҳои 27-28 январ ва рӯзҳои 10-11 феврали соли 2024 даври сеюми олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии давлатии “литсейи Президентӣ” баргузор гардид, ки дар олимпиадаҳои мазкур 446 нафар хонандагони шаҳри Турсунзода фаъолона иштирок намуданд ва соҳиби 99 медал шуданд. Аз ин шумора 15 медали тилло (ҷойи 1), 29 медали нуқра (ҷойи 2) ва 55 медали биринҷӣ (ҷойи 3) ба даст оварданд. Нисбат ба соли таҳсили 2022-2023 бисту панҷ медал зиёд мебошад.

Дар олимпиадаҳои фанни даври ҷумҳуриявӣ аз шаҳр 105 нафар хонанда ширкат варзида, сазовори 2 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат аз соли таҳсили 2022-2023 ҳафт медал зиёд мебошад.

Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Чӣ тавре ҳамсуҳбати мо қайд кард, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-480 “Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фармоиши мудири шуъбаи маориф ба тавсиб расида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Дар толори шуъбаи маориф рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ бо шахсони масъули озмуни мазкур аз муассисаҳои таълимӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Инчунин аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу литсейҳо ва ҷамоатҳои деҳот корҳои омодагӣ роҳандозӣ гардида, тартиб ва тарзи иштирок дар озмуни мазкур бо довталабон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Инчунин дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот китобхонаҳо фаъолият дошта, барои дастрасии адабиётҳо мудирони китобхонаҳо кӯмаки лозимаро расониданд.

Дар даври аввали озмун 10044 нафар, аз ин 6333 нафар занону духтарон фаъолона иштирок намуданд. Аз ин шумора 751 нафар, ки 458 нафарашон духтарон мебошанд, аз ҳисоби хонандагони синфҳои 1-4, 7120 нафар, ки 4325 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, аз ҳисоби хонандагони синфҳои 5-11 ва зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 389 нафар, ки 284 нафарашон духтарон мебошанд, аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷҳои шаҳри Турсунзода, 1431 нафар, ки 987 нафарашон занон мебошанд, аз ҳисоби омӯзгорон ва мураббиёни тамоми зинаҳои таҳсилот, 353 нафар, ки 279 нафарашон занон мебошанд, аз ҳисоби шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ба даври дуюми озмун 2848 нафар, ки аз он 2053 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 401 нафар, ки 253 нафарашон духтарон мебошанд, аз ҳисоби хонандагони синфҳои 1-4, 1734 нафар, ки 1296 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, аз ҳисоби хонандагони синфҳои 5-11 ва зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 148 нафар, ки 98 нафарашон духтарон мебошанд, аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷҳои шаҳри Турсунзода, 378 нафар, ки 274 нафарашон занон мебошанд, аз ҳисоби омӯзгорон ва мураббиёни тамоми зинаҳои таҳсилот, 187 нафар, ки 132 нафарашон занон мебошанд, аз ҳисоби шаҳрвандони касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд. Ба даври сеюми озмун 105 нафар аз ин 87 нафар занону духтарон роҳхат гирифтанд. 13 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмун 13 нафар иштирок намуда, 1 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 Остонақулова Майрам ва хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии №59 Саидзода Сабзина сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Рӯзҳои 20-21 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98-и шаҳри Турсунзода даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Аз рӯи 7 номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астраномия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтирокорӣ ва навоварӣ дар байни хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуд, ки дар он 1639 нафар хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва одамони касбу корашон гуногун иштирок намуданд. Аз ин теъдод 112 нафар ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Ба даври ҷумҳуриявии озмун бошад, 6 нафар хонандагон роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 1 нафар хонандаи Литсейи Президентӣ сазовоори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Аз 27-уми май то 1-уми июни соли равон, дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” баргузор гардид. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” 9 даста иштирок намуданд, ки дар натиҷа зимни ҷамъбасти озмун дастаи МТМУ №7 аз шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи аввал гардид.

Санаи 21 августи соли 2024 дар толори шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода машварати васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода баргузор карда шуд. Дар машварат омӯзгороне, ки тӯли соли таҳсили гузашта ба муваффақиятҳо ноил гардида буданд, 48 нафар бо Сипосномаи раиси шаҳри Турсунзода, 4 нафар бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь