Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон кайҳо боз аз чорчӯби дипломатияи расмӣ гузашта, ба пойгаҳи устувори табодули фарҳангӣ ва байнишахсӣ табдил ёфтааст. Инро дар соҳаҳои гуногун мушоҳида кардан мумкин аст: аз рақсу мусиқии тоҷикӣ дили тамошобинони рус маъво мегирад, дар майдонҳои варзишӣ варзишгарони тоҷик, аз ҷумла гуштингирон ва футболбозон аз худ муваффақиятҳои беназир нишон медиҳанд. Дар ҳамкориҳои ду кишвар табодули ҷавонон, ки барои муттаҳид ва роҳнамоӣ кардани насли наврас равона карда шудааст, нақши махсусро иҷро мекунад.

Муттаҳидӣ дар пояи санъат

Истеъдодҳои ҷавону эҷодкори Тоҷикистон қобилияти баланди вокалӣ ва ҳанарии худро намоиш дода, пайваста саҳнаҳои Русияро фатҳ менамоянд. Ҳар як муваффақияти нави ҳунарпешагони тоҷик на танҳо дастоварди шахсии онҳо, балки саҳмгузориест ба таҳкими робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар. Инак, чанд мисоле меорем барои тасдиқи он, ки мусиқӣ ва санъат қудрати муттаҳид кардани халқҳоро доранд.

Соли 2020 зодаи Тоҷикистон Манижа Аминова ҳамроҳи дугонааш Валерия Базикина дар давраи ҳафтуми намоиши “Овоз. Кӯдакон” дар Шабакаи аввали Русия баромад кард. Дуэт суруди “Сабзаи назди хона”-ро иҷро карда, устодон ва тамошобинонро ба ҳайрат овард. Соли 2023 сокини 17-солаи Душанбе Меҳрона Ғайбуллоева дар озмуни байналмилалии овозхонии “Ту супер!” иштирок намуда, суруди “Дигар драма нест”-и Полина Гагаринаро иҷро кард. Ҳакамон ба ҳунарнамоии ӯ баҳои баланд доданд ва Меҳрона ба давраи баъдӣ роҳ ёфт. Соли 2024 овозхони тоҷик Фахриддин Ҳакимов дар лоиҳаи телевизионии Русия “Голос (Овоз)” иштирок карда, бо иҷрои суруди “Беловежская пуща” аз санҷиши нодида гузашт. Тамошобинони тоҷик ӯро аз баромадҳояш дар намоиши белорусии “Х-фактор” мешиносанд.

Мисолҳои муқобил низ ҳастанд. Моҳи апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе барои нахустин бор гурӯҳҳои фавқулодаи русии “Хори Туретский” ва “СОПРАНО” баромад карда, лоиҳаи васеъмиқёси сулҳоваронаи “Сурудҳои Ғалаба”-ро муаррифӣ намуданд. Моҳи июли соли 2023 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор гардиданд. Дар доираи ин чорабинӣ дар Душанбе консерти Ҳунарпешаи мардумии Русия Денис Масуев ва ҳамчунин, ҳунарнамоии Ансамбли давлатии академии рақси халқии “Налмэс”–и Ҷумҳурии Адигея баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 3000 нафар тамошобинон иштирок карданд. Соли 2024 ансамбли Флоти Баҳри Сиёҳ дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард, ҳамчунин, ҳунармандони ансамбли “Березка” дар Фестивали байналмилалии рақс дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дастовардҳои варзишӣ

Чунин робитаю комёбиҳо дар варзиш низ хеле зиёданд. Моҳи декабри соли 2024 дар мусобиқаи байналмилалии “Russian Judo Tour”, ки дар Маскав баргузор гардид, ҷудочиёни тоҷик маҳорати баланд нишон доданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали тилло гирифт, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг дар даври ниҳоӣ аз варзишгари рус Денис Коротаев шикаст хӯрда, соҳиби медали нуқра гардид. Дар раддабандии навшудаи ҷаҳонии ҷудочиён барои моҳи январи соли 2025 Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг бо 4141 хол мақоми сеюмро касб карда, мақоми баланди худро дар арсаи байналмилалӣ тасдиқ намуд.

Дар мавриди футбол бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дарвозабон Рустам Ятимов хеле маъруф аст. Аз соли 2018 инҷониб ӯ дар ҳайати тими “Истиқлол”-и Душанбе 92 бозӣ анҷом дода, дар 39 бозӣ ҳисобро ба сифр баробар кардааст. Дар ҳайати дастаи “Истиқлол” Ятимов шаш маротиба чемпиони Тоҷикистон гардида, чаҳор маротиба Ҷом ва Суперҷоми кишварро ба даст овардааст. Моҳи июни соли 2024 Рустам бо бошгоҳи “Ростов”-и Русия шартнома баста, айни ҳол дар ҳайати ин бошгоҳ бо маҳорати баланд бозӣ мекунад. Алишер Раҳимов, ки 8-уми апрели соли 2002 таваллуд шудааст, айни ҳол нимҳимоятгари умедбахши тоҷик мебошад. Аз моҳи августи соли 2023 ӯ дар дастаи “Broke Boys”-и Маскав бозӣ мекунад, ки дар Лигаи футболи расонаҳои Русия ширкат меварзад. Дар чор бозии аввали мавсим Раҳимов 5 зарба зада, чор ҳаволаи натиҷабахш анҷом дод, инчунин, се маротиба пай дар пай ба ҳайати дастаи рамзии даври мазкур шомил шуд.

Мураббиён ва мутахассисони рус ҳанӯз аз замони Шӯравӣ дар тарбияи варзишгарони тоҷик саҳми назаррас мегузоранд. Моҳи декабри соли 2024 мураббии маъруфи рус Дмитрий Черишев роҳбарии бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлобро ба уҳда гирифт. Черишев дорандаи муҷаввизи UEFA Pro буда, қаблан бо бошгоҳҳои Реал Мадрид (дастаи кӯдакона), Сибир, Зенит-М, Иртиш ва Севиля кор кардааст. Бо таъин шудани ӯ ба ҳайси мураббӣ як ҷузъи стратегияи бошгоҳи “Равшан” барои таҳкими даста ва омодагии он ба мавсими нав муайян гардид.

Моҳи апрели соли 2024 сармураббии рус Игор Суров, ки қаблан дар ҳайати “ЦСКА”-и Душанбе бозӣ мекард, бошгоҳи футболи “Эсхата”-и Хуҷандро то медалҳои биринҷии Лигаи олии Тоҷикистон расонид. Суров пешрафти футболи тоҷикро қайд карда, ба беҳтаршавии омодагии тактикию ҷисмонии дастаҳо ва рушди инфрасохтор ишора кард.

Моҳи октябри соли 2024 мутахассиси рус Игор Черевченко сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Таҳти роҳбарии ӯ даста пеш аз муҳлат чемпиони Лигаи Тоҷикистон шуд. Қаблан Игор Черевченко, ки зодаи Тоҷикистон мебошад, бомуваффақият дастаи “Локомотив”-и Маскавро сарварӣ мекард ва дастаро ба пирӯзӣ дар Ҷоми Русия расонида буд. Саҳми ӯро дар футболи Русия борҳо ҳам мухлисон ва ҳам коршиносон қайд кардаанд.

Табодули ҷавонон

Ҳамкории ҷавонони Русия ва Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои гуногун, ки ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни наслҳои ҷавони ду кишвар нигаронида шудаанд, тақвият меёбад. Унсурҳои асосии ин ҳамкориҳо баргузории форумҳои ҷавонони пешсаф, лоиҳаҳои волонтёрӣ ва иштироки мактаббачагони тоҷик дар чорабиниҳои марказҳои кӯдаконаи Русия мебошанд.

Масалан, аз соли 2021 инҷониб дар шаҳри Омск ҳамасола Форуми пешвоёни ҷавон таҳти унвони “Русия-Минтақаи Осиёи Марказӣ” баргузор мегардад, ки дар он садҳо ҷавонон ширкат варзида, масъалаҳои гуногуни байналмилалиро баррасӣ мекунанд. Соли 2024 беш аз 100 иштирокчиён аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар Форуми IV пешвоёни ҷавон ҷамъ омаданд. Иштирокчиёни форум дар шаш самт: сиёсатшиносӣ, сиёсати ҷавонон, фарҳанг, ВАО, таърих ва иқтисодиёт лоиҳаҳои тадқиқотӣ анҷом доданд. Форум ба таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои кишварҳои иштирокчӣ мусоидат кард.

Моҳи декабри соли 2024 дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи “Миссияи Некӣ” волонтёрони дастаҳои донишҷӯёни Русия  барои барқарор кардани муҷассамаҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Душанбе омаданд. Онҳо дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни тоҷик ёдгориҳоро, аз ҷумла ҳайкали назди мактаби № 20 ба номи А. Пушкинро, ки дар он ҷо солҳои ҷанг госпитали тахлиявӣ ҷойгир шуда буд, обод  карданд.

Марказҳои кӯдаконаи русии “Артек” ва “Орлёнок” чун анъана мактаббачагони тоҷикро қабул карда, ба онҳо барои шиносоӣ бо фарҳанги рус, табодули таҷриба ва роҳандозии равобити дӯстона бо ҳамсолони худ аз кишварҳои мухталиф имконият фароҳам меоранд. Мария Чебоненко, донишҷӯи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов мисоли он аст, ки чӣ гуна мавқеи фаъолонаи ҳаётӣ барои расидан ба қуллаҳои баланд кумак мерасонад. Ӯ вақти худро ҳам барои таҳсил, ҳам барои кор дар шуъбаи SMM дар фабрикаи шоколад, ҳам барои таҷрибаомӯзӣ дар ТАСС ва фаъолияти волонтёрӣ ҷудо мекунад. Мария боварӣ дорад, ки волонтёрӣ – ин як имконият барои на танҳо анҷом додани кори фоиданок, балки барои тағйир додани ҳаёти худ мебошад: “Ман ҳеч гоҳ фикр намекардам, ки дар як вақт ҳам таҳсил, ҳам  кор карда, боз ба корҳои ҷамъиятӣ машғул мешавам. Ин, албатта, нерӯи зиёдро талаб мекунад, вале дар баробари ин эҳсосот ва таҷрибаи бебаҳо медиҳад. Волонтёрӣ як роҳи некӣ кардан ва аз он як ҷаҳон илҳом гирифтан аст”.

Мария ба хотир меорад, ки роҳи ӯ дар солҳои мактабхонӣ, вақте ки ӯ ду маротиба ба Маркази байналмилалии кӯдаконаи “Артек” ва лагерҳои бачагонаи “Смена” ва “Орлёнок” сафар карда буд, оғоз ёфт. Ин сафарҳо дар ҳаёти ӯ нақши ҳалкунанда бозиданд: “Бояд дар сомона сабти ном карда, дастовардҳои худ – шаҳодатномаю дипломҳоро ҷой додан лозим аст. Баъдан  басти мавриди писанди худро интихоб кардан лозим. Ман маслиҳат медиҳам, ки шариконро ҷустуҷӯ кунед – онҳо аксар вақт озмунҳо мегузаронанд ва ғолибони озмун соҳиби роҳхатҳо мегарданд. Ин воқеан кор мекунад”.

Дар охири соли 2024 Мария дар лоиҳаи Мосволонтер дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ иштирок карда, дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ кумак расонид. Қаблан вай дар доираи лоиҳаи муштарак бо донишҷӯёни тоҷик дар барқарорсозии ёдгориҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ иштирок карда буд: “Мо якҷоя бо бачаҳои тоҷик ёдгориҳоро обод кардем. Ин на танҳо барои нигоҳ доштани хотира, балки барои таҳкими дӯстии байни кишварҳоямон низ муҳим буд”. Моҳи ноябри соли 2024 Мария дар Конгресси ҷаҳонии хатмкардагони Фестивали ҷаҳонии ҷавонон, ки дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва баргузор гардид, иштирок намуд. Дар чорабинӣ 150 нафар иштирокчиён ҷамъ омада, масоили васоити ахбори омма, нейротехнология, дипломатияи байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро баррасӣ карданд.

Мария мутмаин аст, ки чунин имкониятҳо барои ҳама боз аст: “Ҷавонони Тоҷикистон бояд ба неруи худ бовар кунанд. Дар Русия барномаҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо иштирок кардан мумкин аст: аз “Артек” сар карда, то форумҳои байналмилалӣ. Аз ҳама муҳимаш, натарсидан ва кӯшиш кардан. Ман ҳамеша мегӯям: навигариҳоро пайгирӣ кунед, дар озмунҳо иштирок кунед, дархост пешниҳод кунед. Вақте ки ман тавонистам, шумо низ метавонед”.

Владимир Гудков, директори мактаби русию тоҷикии ба номи Ю. Гагарин гуфтаҳои Марияро бо мисолҳои шогирдонаш тасдиқ карда метавонад: “Ҳангоми ифтитоҳ кардани мактаб, мо мақсад гузошта будем, ки на танҳо таҳсилоти босифат диҳем, балки як муҳити беназир фароҳам созем, ки дар он ҳар як кӯдак истеъдод ва қобилиятҳои худро инкишоф дода тавонад. Мо ин барномаро “Зеҳн. Истеъдод. Шахсият” ном гузоштем. Ва имрӯз ман бо боварии комил гуфта метавонам: мо бо роҳи дуруст пеш рафта истодаем. Дар соли хониши 2023-2024 хонандагони мо дар озмуну олимпиадаҳои гуногун ширкат варзида, зиёда аз 1500 пирӯзиҳоро ба даст оварданд, ва мо аз ин ифтихор дорем. Мактаби мо инчунин майдони минтақавии (макони) гузаронидани олимпиадаҳои фаннии донишгоҳҳои федералии Русия мебошад. Гузашта аз ин, хонандагони мо дар олимпиадаи умумирусиягии мактаббачагон иштирок намуда, натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд”, – қайд мекунад Владимир Гудков.

“Яке аз ифтихори мо – ин иштирок дар барномаҳои Маркази байналмилалии кӯдаконаи “Артек” мебошад. Мо дар озмуни беҳтарин барномаи таълимии байналмиллалӣ ғолиб омада, 37 нафар хонандагонро ба шаш басти ба мавзуъҳои гуногун бахшидашуда равон кардем. Дар соли 2025 равон кардани боз 50 нафар хонандагони боистеъдод ба нақша гирифта шудааст” – мегӯяд Гудков. Дар доираи басти “Соли нав дар паси дар мекӯбад”, ки аз ҷониби Артек ташкил шуда буд, хонандагони мактаб ба Боғи олимпии Сочи рафта, макети киштии кайҳонии “Буран”-ро диданд ва Майдони Сурхи Маскавро тамошо карданд. “Ин сафарҳо барои кӯдакони мо на танҳо имконияти саёҳат кардан, балки давраи шиносоӣ ва омӯзиши чизҳои нав, кашф кардани ҷаҳон ва бо як ҷаҳон таасуроту илҳоми нав ба хона баргаштан аст”, – афзуд директор.

Мактаби ба номи Юрий Гагарин дар шаҳри Душанбе, табодули ҷавонон, волонтёрӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва озмунҳои мусиқавӣ –  ҳамаи ин мисоли он аст, ки бо кӯшишҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон барои рушди ҷавонони боистеъдод, ки барои вокуниш ба чолишҳои оянда омода ҳастанд, шароити мусоид фароҳам оварда  мешавад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь