Зимни пешбурди чорабиниҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қубодиён сокини ноҳияи Шаҳритус зани 62-сола Ҳамидова Хадича барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир карда шуд.
Дастгиршуда худро сеҳргару мушкилкушой муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматиаш барои иҷрои амалҳои хурофотӣ қабул карда, аз онҳо маблағҳои пулӣ талаб мекардааст. Зимни санҷиш ҳамзамон муайян гардид, ки қаблан номбурда 10 июни соли 2024 аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Носири Хусрав барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ тибқи талаботи моддаи 482 қисми 1 ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Бо назардошти он, ки дастгиршуда Ҳамидова Хадича такроран, баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми сол боз даст ба сеҳру ҷодугарӣ ва амалҳои мардумфиребона задааст, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 240 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.