Адабиётшиноси шинохта, пажӯҳишгари риштаи тарҷума ва равобити адабӣ Абдурашид Самадов 20 январи соли равон 80-сола мешавад. Гарчанде солҳои охир вазъи сиҳатии эшон хуб нест, вале бо вуҷуди ин, як лаҳза аз корҳои эҷодӣ фориғ нашудааанд, пайваста эҷод мекунанд ва ба донишҷӯёну унвонҷӯёни Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маслиҳату машварат медиҳанд.

Ба муносибати мавлуди устод ба зиндагӣ ва корномаи эшон назари кӯтоҳ меандозем.

  1. ТАҲҚИҚ. Абдурашид Самадов баъди хатми мактаби миёна дар зодгоҳаш Конибодом ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро бо сари баланд хатм мекунад. Як муддати дар радиову телевизион фаъолият карда, соли 1967 ба аспирантураи Академияи улуми Тоҷикистон дохил мешавад ва сарнавишти хешро ба илм мепайвандад.
  2. ТАЪЛИМ. Абдурашид Самадов беш аз 40 сол аст, ки дар Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода муаллим ҳастанд. Ҳамчунин, дар вазифаҳои мухталиф омӯзгор, мудири чанд кафедра, декани факултет ва ноиби ректор кор кардаанд. Барои донишҷӯён, барномаҳои таълимиву китобҳои дарсӣ таълиф намуданд. Муаллифи нахустин китобу дастурҳо дар соҳаи тарҷумонӣ бо забони тоҷикӣ маҳз Абдурашид Самадов мебошанд. Бунёдгузор ва нахустин сармуҳаррири нашрияи ин донишгоҳ – “Ганҷи сухан” ва маҷаллаи “Фурӯғи тарҷума” низ мебошанд.
  3. ТАРҶУМОНӢ. Абдурашид Самадов солҳои 1974 то 1980 ва 1982 то 1985 дар Ҷумҳурии Афғонистон ҳамчун тарҷумон фаъолият доштанд. Дар тарҷумаи асарҳои бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ ҳам нақш гузоштаанд. Чандин луғати соҳавӣ ҳам дар ҳаммуалифӣ барои донишҷӯён таълиф кардаанд.

Абдурашид Самадов асосан дар самтҳои зерин кор мекунанд:

  1. АДАБИЁТШИНОСӢ. Абдурашид Самадов соли 1974 таҳти роҳбарии профессор Расул Ҳодизода дар мавзуъи “Ғазалиёти Анварӣ” рисолаи номзадӣ дифо мекунанд. Эшон таҳқиқи рӯзгор ва осори Анвариро идома дода, дар Афғонистон низ рисола ва чанд мақола нашр кардаанд. Натиҷаи таҳқиқоти эшон дар анваришиносӣ китоби қариб 500 саҳифагии “Анварӣ: ҷусторҳо дар рӯзгор ва осор” мебошад, ки 3 сол қабл дар Душанбе ба нашр расид. Ҳамчунин, Абдурашид Самадов дар масоили мухталифи адабиётшиносӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, доир ба рӯзгор ва осори Абулқосими Фирдавсӣ, Абдулвосеъи Ҷабалӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳазини Лоҳиҷӣ, Дарвешалии Чангӣ, Мирзо Сироҷӣ Ҳаким, Гулназар, Фарзона, Лоиқ ва дигарон мақолаҳои арзишманд таълиф кардаанд.
  2. ТАРҶУМАШИНОСӢ. Тавре дар боло ишора шуд, Абдурашид Самадов яке аз нахустин нафароне ҳастанд, ки бо забони тоҷикӣ барои тарҷумонҳои ҷавон барномаи таълимӣ, китобҳои дарсӣ, курси лексияҳо тааълиф кардаанд. Ҳамчунин, эшон доир ба назарияи тарҷума (ҳам тарҷумаи бадеӣ ва ҳам тарҷумаи ҳамзамон) ва тарҷумашиносӣ мақолаҳо таълиф кардаанд. Навиштаҳои эшон дар ин бахш дар китоби “Мактаби тарҷума” гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин, устод Абдурашид Самадов доир ба тарҷумаи “Шоҳнома” ба забони русӣ солҳои зиёд таҳқиқот бурдаанд, ки он дар китоби “Шоҳнома дар Русия” ҷамъбаст шудааст. Мақолаҳои эшон доир ба ҳунари тарҷумонии устодон Лоиқ, Гулназар ва Фарзона низ арзишманд ҳастанд. Соли 2024 ба муносибати 60-солагии мавлуди шоири халқии Тоҷикистон Фарзона китоби Абдурашид Самадов таҳти унвони “Маснаднишини сухан” ба табъ расид. Ин китоб ҳунари тарҷумонии Фарзонаро дар мисоли тарҷумаи ашъори Анна Ахматова, Марина Светаева ва Эсхил баррасӣ мекунад.
  3. ТАҲҚИҚИ РАВОБИТИ АДАБӢ. Таҳқиқи равобити адабии Шарқу Ғарб ва тоҷику рус солиёни зиёдест, ки дар меҳвари таҳқиқоти Абдурашид Самадов қарор дорад. Дар мавриди робитаи адабии тоҷику рус дар мисоли “Шоҳнома” дар боло ишора кардем. Илова мекунем, ки дар ин самт устод доир ба тарҷумаҳои Ҳофиз ва Носири Хусрав ба забони русӣ низ мақолаҳо навишта, доир ба шарқшиносони бузурги рус Жуковский ва Стариков мақолаҳои алоҳида таълиф кардаанд. Равобити адабии Шарқу Ғарбро бошад Абдурашид Самадов аз оинаи рӯзгору осори шарқшиносони бузурги олам Линн Виссон, Гертруда Бел, Ноай Котесед, Вилямс Ҷонс, Артур Арбери, Роналд Ноколсон, Алиса Хансбергер, Анна Николай Гарбовский, Брян Харис, Палажченко, Бережков, Питер Нюмарк ва дигарон таҳқиқ кардаанд. Таҳқиқоти эшон дар китобҳои “Шарқ дар оинаи Ғарб” ва “Шигардҳои тарҷума” нашр гардидаанд. Ҳамчунин, эшон доир ба рӯзгору осори Равндранатҳ Тҳакур таҳқиқ бурда шоҳкори ӯ “Гитонҷалӣ”ро низ дар Тоҷикистон нашр кардаанд.
  4. ЁДДОШТНИГОРӢ. Абдурашид Самадов инсони намакшинос ҳастанд, бинобар ин, хотираи устодон ва дӯстонашонро пос медоранд. Эшон доир ба дӯст ва ҳамкурсашон устод Гулназар китоби алоҳида (“Гулназарнома” маҷмӯаи мақолаву хотира ва мактубҳо) таълиф карда, дар бораи устодонашон Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Расул Ҳодизода, Холиқ Мирзозода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Иосиф Брагинский ва дӯстонашон Саидалӣ Маъмур, Мирзо Муллоаҳмад, Носирҷон Салимӣ, Олимҷон Хоҷамуродов, Ансор Афсаҳов, Турдихон Бердиева, Амина Соҳибова, Матлубаи Мирзоюнус ва дигарон очерку мақолаҳо навиштаанд, ки ҳамаи онҳо дар китоби “Инсони комил” гирдоварӣ шудаанд.
  5. МАТНШИНОСӢ ВА ТАҲИЯИ ОСОРИ АДАБӢ. Абдурашид Самадов дар баробари таҳқиқи рӯзгор ва осори Анварии Абевардӣ, Абдулвосеъи Ҷабалӣ, Ҳазини Лоҳиҷӣ ва шоирони дигар осори онҳоро низ ба алифбои сириллики тоҷик таҳия ва нашр кардаанд. Ҳанӯз солҳои 70-ум намунаи ашъори ин шоиронро Абдурашид Самадов бо сарсухан ва тавзеҳот дар маҷалла ва рӯзномаҳо нашр кардаанд. Ахиран ба алоқамандони адабиёт эшон маҷмӯаи ашъори Анвариро таҳти унвони “Номаи аҳли Хуросон”, баргузидаи ғазалиёти ин шоирро таҳти унвони “Сад барги ғазал” ва “Мунтахаби ашъор”-и Абдулвосеъи Ҷабалиро (дар ҳамкорӣ бо шоир Исмоил Зарифӣ) бо сарсухани муфассал таҳия ва нашр намуданд, ки ба дӯстдорони адабиёт армуғони хуб аст.

ХУЛОСА

Абдурашид Самадов инсоне ҳастанд хайрхоҳу меҳрубон ва матинирода. Бо вуҷуди номеҳрубониҳои рӯзгор, аз даст додани яккаписари 29-солаашон дар зиндагӣ шикастро напазируфта, аз пайи тарбияи шогирдон ва таълифи асарҳои илмӣ шуданд ва беш аз 20 китобу 200 мақола таълиф намуданд.

Банда устод Абдурашид Самадовро бо ҷашни 80-солагии мавлудашон табрик гуфта, барояшон тани сиҳат ва саодати дорайнро орзу мекунам.

Одил Нозир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь