(Ҳикоя)

Мошини сабукрави ялақосии гаронарзиши тамғаи хориҷӣ ба  назди бинои навсохти баландошёна расида истод ва аз он генерали қоматбаланд баромада, ба сардори дастаи бинокорон бо овози ғафси марғуладор муроҷиат кард:

– Ба ман ду бинокор, андовачӣ даркор. Мутахассисони ботаҷриба бошанд.

Сардор сарашро бардошта, ба гурӯҳи сохтмончиёне, ки дар ошёнаи сеюм ҷунбуҷул доштанд, фарёд кашид:

– Ҳой, Ҷорӯб! Дурандеш! Ба поён фароед! Кор баромад. Ҳине, ки номбурдаҳо дар рӯ ба рӯяш рост шуданд, суханашро давом дод. – Мана ин қадпасташ андовачӣ бо тахассуси дараҷаи шаш. Ана ин сар ба фалак кашидааш бинокор (прораб). Касби ронандагӣ ҳам дорад. Бинокорони чирадасту собиқадор. Аллакай бо дастони гулкори онҳо дар шаҳри Москва даҳ бинои  истиқоматӣ сохта бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Коргарони беҳтаринамро ба шумо тавсия медиҳам.

Генерали бадқавоқ хомӯшона таърифи сардорро гӯш медод ва аз зери абрӯвони зарду ғафсаш ба ин ду муҳоҷир   озмоишкорона менигарист. Пас аз хотима ёфтани муаррифии сардор чун одати муқаррарӣ фармон дод:

– Ба мошин гузаред!

Бинокорон пасу пеш  ба мошин нишастанд ва он бо  суръати баланд чанги хокро ба ҳаво бардошта ба ҳаракат даромад. Баъди чанд кӯчаро гузаштан ба шоҳроҳи Москва – Рязан баромад. Дар километри 80 – ум мошинро ба тарафи дасти чап гардонд. Роҳ аз байни  ҷангали анбуҳ мегузашт. Тахминан пас аз километри 30 –  юм дар пеши назари мусофирон бӯстонсаройи боҳашамате намудор гашт.

Генерал мошинро дар назди дарвозаи бо нақшу нигор кандакорӣ кардашуда нигоҳ дошт. Аз нақлиёт баромада, роҳравон аз кисаи мундираш калидро бароварда, дарбачаи оҳанинро кушода, ба пушти дарвоза гузашт. Ғалакаи оҳанинро як тараф карда, ҳар ду табақаи дарвозаро ба ду тараф тела дод. Пасон мошинро ба байни ҳавлӣ ронда нигоҳ дошт ва ба  ҳамсафаронаш амр кард:

– Фароед!

– Аз ин қалъаи Иф ҳатто муш ҳам гузашта наметавонад, – Ҷорӯб ба девори баланди дар болояш симхор васл карда ишора намуд.

– Нияти гурехтан дорӣ? – Дурандеш ҳам бо назари озмоиш ба бӯстонсаро ва гирду атрофи он чашм давонд.

– Муомилаи корфармо ба ман нафорид, – Ҷорӯб ба замин туф кард. – Аҳамият додӣ, ки дар тамоми муҳлати сафар аз  даҳонаш як калима набаромад. Агар метавонистам бо ҷорӯб хоки пойи ин бадзотро аз рӯйи замин рӯфта мепартофтам.

– Хавотир нашав, дӯстам, – ӯро осуда кард Дурандеш. – Касбу кораш ба хислаташ таъсир расонидааст. Бепарво бош. Ду каса як бало мекунем. Баъдан…

– Анвои хӯроквориро бардошта, ба ошхона дароред, – соҳиби бӯстонсаро пеши гапи хизматгорро дағалона бурид ва дарҳол савол дод: – Кадоматон сардор?

– Акаи Ҷорӯб, – Дурандеш бо ангушти ишоратии дасти рост                               ҳамкорашро нишон дод. – Ӯ ҳам калонсол асту ҳам бинокори таҷрибанок.

– Мана калидҳо, – гуфта генерал як қабза калидҳоро ба дасти Ҷорӯб қапонд. – Ҳуҷраҳои хоб, ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона дар ихтиёратон. Лавозимоти сохтмонӣ дар амборхона. Шарт ҳамин. Дар муддати панҷ моҳ бӯстонсаройро аз таъмир мебароред.

– Барои дар ин муҳлат ин кушкро аз таъмир баровардан камаш даҳ нафар бинокор лозим аст, – эрод гирифт Ҷорӯб ва илова кард. – Сониян, дар бораи маблағи шартнома чизе нагуфтед.

– Мурда – мурда супоришро дар муҳлати таъин кардаам ба иҷро мерасонед, – оҳанги гапзании андовачӣ ба генерал маъқул нашуд. – Ба сифати коратон нигоҳ карда моҳона таъин мекунам. Ҳоло ба шароити қалъаи Иф, чӣ хеле ки ин қадмундуқ ном гирифт, – бо зарда суханашро давом дод корфармо, – шинос шавед. Аз пагоҳ ба таъмири бино машғул шавед. Ман ҳар сари моҳ ба шумо внвои хӯрокворӣ меорам ва ба натиҷаи коратон шинос мешавам.

Аз байн се моҳ гузашт. Генерал аз сифати кор хушҳол гардида баромада рафтанӣ шуд. Ин дафъа Ҷорӯб сари роҳашро баст.

– Рафиқ генерал, инсоф кунед. Охир, мо зану бачу кач дорем. Барои онҳоро хӯрондану пӯшондан маҷбур шудем, ки ба ватани шумо ба мардикорӣ биёем.Ба мо пули семоҳаи меҳнатиамонро диҳед, то ки ба хонадонҳоямон фиристем.

— Ба ту пул даркор? – дар чашмони  генерал як лаҳза оташи хашму ғазаб аланга зад. Аз рӯзи  аввал муносибати ин муҳоҷири «миҷморуқ», ба қавли худаш, ба ӯ писанд наомада буд. – Ҳозир ман ба ту маблағи коратро медиҳам. Сараввал ҳезум ҷамъ оваред. Як гулхани олиҷаноб афрӯхта каме хурсандӣ мекунем. Ана, баъд ман ба шумо ҳисобӣ мекунам.

Ҳар ду бинокор аз мақсади зишти корфармо бехабар хушҳол гардида, зуд ҳезуми бисёре ҷамъ оварда, дар рӯйи ҳавлӣ тал заданд. Генерал бошад аз бордони мошин чалаки бензинро оварда, бари ғарами ҳезум гузошт. Ба Ҷорӯб фармон дод, ки аз яхдон шишаи арақ ва ҷомро биёрад.Ҷомро аз шароб пур карда, бо як ҳурт нӯшид. Ба ҷом арақ рехта, ба муҳоҷир дароз карда гуфт:

– Шоири бузургатон Хаём сароидааст:

Дар деҳ қадаҳи бода, ки шаб мегузарад.

– Ташаккур, – Ҷорӯб саҳл дасти дарозкардаи генералро як тараф тела дод. – Ман шароб наменӯшам.

– Ҳа, маълум, – писханд зад генерал ва чунин муомилаи зердасташ ба иззати нафсаш сахт расид. – Охир, ту мусулмон – ку.

– Гап дар мусулмонии ман нест, – посух гардонд Ҷорӯб. – Ман дар давоми умри сисолаам ба машрубот даст назадаам.

Ҷавоби Ҷорӯб ин дафъа ҳам ба генерал нафорид.. Ӯ бо қаҳр шароби ҷомро ба гулӯяш рехт. Ҷому шишаи арақро болои ҳезум ҳаво дода, бо ғазаб ба сари хизматгор дӯғ зад:

– Ба ту маблағ зарур шудааст?

– Ба ман не, –  нотарсона посух гардонд Ҷорӯб. – Ба фарзандонам фиристониданиам.

– Мана ба ту рубл! – генерал аз кисаи мундираш туфанг бароварда сари синаи бинокорро ба нишон гирифта се маротиба тир паронд. – Мана ба ту доллар! Мана ба ту евро!

Ҷорӯб пуштнокӣ болои ғарами ҳезум афтид. Соҳиби бӯстонсаро ҳамон лаҳза бензини чалакро болояш пошид ва тамокуи дар кунҷи лабаш бударо ба рӯяш партофт. Сутуни алангаи оташ ҳамон замон ба ҳаво хест.

Дурандеши лолу карахт монда вақте ба худ омад, ки оташи гулхан хомӯш гардида, аз болои ҷасад дуди борик чун мори сиёҳи печон оҳиста ба фазо мехазид. Аз фармоишгар на пай буду на ҳайдар Чанд муддат дар ин ҳол истоданашро надонист. Шабнами ба сару баданаш рехта, ӯро ба худ овард. Аввалин саволе, ки дар сараш чун шуъла барқ зад, ин буд:

= Чӣ бояд кард?

Ба устухонҳои сиёҳ нигариста,ҷавоби саволашро ёфт.

– Нахуст ҷасади дӯсташро ба хок месупорам, – худ ба худ гап зда ӯ ба тарафи амборхона барои овардани бел давид.

Бари қабр зону зада, ояте ба арвоҳи шаҳид хонд ва ба худ савганд ёд кард, ки қасоси Ҷорӯбро мегирад. Ва боз саволҳо дар сараш чун оруҳои фасли баҳор ба парвоз даромаданд. Аз байни анбуҳи саволҳо ин фикр ҷудо шуда, дар майнаи сараш чун шафақи субҳ дамид:

– Аввал аз қалъа чун Эдмон Дантес бояд худро берун гирифт.

Ва ӯ чун девона дар атрофи девор ба чарх задан даромад. Дар тарафи шарқии девор дарахти санавбарро дид, ки дар масофаи панҷ метр дур аз девор қад афрохта буд. Дар тарафи муқобили девор дар ҳамин масофа дарахти санавбари дигар худнамоӣ дошт. Наворе аз филми ҳунарии «Тарзан» пеши назараш намоён гашт. Акнун роҳи  халосӣ пайдо шуд. Тозон аз амборхона банди бистметраро гирифт. Аз пораоҳани арматурӣ ба монанди шасти моҳидорӣ чангак сохт. Нӯги бандро ба сари чангак баста, ҳалқаи бандро ба гарданаш овехт ва ба дарахт часпид. Ба баландии даҳ метр боло баромада, аввал ҷойи пойро дар шохи дарахт устувор карда, ҳалқаи бандро ба тарафи муқобил бо тамоми қувва ҳаво дод. Чангак ба шохи дарахт андармон шудан замон аз хурсандӣ баланд дод зад:

– Ур – ра! Ур – ра – а!

Қисми аввали нақша иҷро гардид. Ӯ  худро ба банд кашола карда, ба тарафи муқобил дастакзанон ба ҳаракат даромад. Аз дарахт фаромада, ба тарафи роҳи мошингард дар тоз шуд. Дар тамоми муддати иҷрои ин амалҳо суханони генерал дар гӯшаш садо медод?

– Ман сари ҳар моҳ аз ҳолу аҳволатон хабар мегирам…

Пас ман то рӯзи аёдати қотил нақшаамро бояд ба иҷро расонам.

Нисфи шаб ба шоҳроҳ расид. Ба ҳар мошини роҳгузар имдодталабона даст мебардошт. Дастакзанону фарёдкашон аз қафои мошинҳо медавид. Баъзан аз қаҳру ғазаб аз замин санг бардошта, ба қафои мошинҳо меғуронд. Ниҳоят як автобуси тамғаи «Икарус» дар наздаш истод ва ҳамин ки марди шабгард пой ба дохили салон гузошт ронандаи шӯхтабиат бо ҳайрат  ба ӯ савол дод:

– Эй, Маугли! Ту дар ин бевақтии шаб дар ин бешазор чӣ гум кардаӣ? Бист сол аст, ки ман дар ин роҳ мошин меронам ва бори аввал одамро дар ин ҷойи дурдаст мебинам.

– Қисмат чунин ҳолатро ба ман раво дид, – мусофир нигоҳи чашмони маҳзунашро ба фарш дӯхт.

– Дар ин ҷангали анбуҳ магар ба хирс дучор шудӣ, ки сару рӯят харошидагию либоси танат даридагӣ? – дилсӯзона пурсишро давом дод ронанда.

– Бо азоб аз чанголаш раҳидам, – кӯтоҳ ҷавоб гардонд мусофир.

– Ба қафо гузар, –  супориш дод ронанда. – Пулат ба ман даркор нест. Ба фикрам дар кисаат як тангаи зардак ҳам нест. Акнун ба куҷо меравӣ?

– Ҳамшаҳриҳоямро мекобам, – бо умед ҷавоб гардонд сафаракӣ.

– Аз афтат маълум, ки ту тоҷикӣ, – ронанда ба чеҳраи  шабгард бо меҳр зеҳн монд. – Ман туро ба як базаи нақлиётии шаҳри Рязан мебарам. Дар он ҷо гурӯҳи тоҷикон ба таъмири мошинҳо овораанд.

– Сипосгузорам, – изҳори минатдорӣ кард Дурандеш ва ба нишастгоҳи қафо рафта худро болои курсӣ партофтт ва ҳамон лаҳза аз кӯфтагию беҳолӣ чашмонаш худ аз худ пӯшида шуданд.

Ба китфаш расидани даст ӯро бедор кард. Чашмонашро кушода донист, ки аллакай субҳ дамидааст.

– Ман туро ба назди сардор мебарам, – ронандаи автобус аз дасти Дурандеш гирифт, то ки ба қомат бардоштанаш ёрӣ расонад. – Бисёр марди меҳрубон аст ва бо ман каме шиносоӣ дорад. Бо мутасадии ман туро ба кор мегирад. Он тарафаш ба ҳунару қобилияти худат вобаста аст…

Дурандеш мошин таъмир мекарду рӯз мешумурд. Аз ҳамкорон пинҳонӣ ду чалакро аз бензин пур карда, ба нишастгоҳи қафои мошини сабукрави тамғаи УАЗик, ки худаш аз таъмир бароварда буд гузошта шаби 29 – уми моҳ аз базаи нақлиётӣ ғайб зад.

Мошинро дар қафои бинои бӯстонсаро бо шоху навдаҳои дарахт пинҳон кард. Ҳар ду чалакро бардошта, ба назди дарахти санавбар овард. Дастакҳояшро бо банд баста, ҳамчун хурҷин ба китфаш бардошта, ба дарахт часпид. Бо сад азобу машаққат алвонҷхӯрон ба воситаи банд ба дарахти муқобил гузашт. Ба поён фаромада, чалакҳоро ба назди дарвоза овард. Аз ошхона ду сатил гирифта, онҳоро бо сӯзишворӣ пур кард. Ҳар ду сатилро бардошта, болои дарбачаи дарвоза баст ва оташфурӯзонак ба даст мунтазири соҳиби бӯстонсаро шуд.

Генерали сархуш шеъри Евгений Евтушенкоро:

Магар мехоҳанд русҳо-

Магар мехоҳанд русҳо –

ҷангро?

сароида, ба дарвоза наздик шуд. Калидро ба қуфли дарбача гузошта тоб дод ва бо шаст онро кушода, пой ба даруни ҳавлии бӯстонсаро гузоштан замон ба болои сараш аз ҳар ду сатил сӯзишворӣ рехт. Ӯ ҳайрон ба боло нигариста надид, ки хизматгор оташафрӯзаки фурӯзонро ба сӯяш ҳаво дод.

Оташ генералро якбора ба коми худ фурӯ бурд ва ӯ додзанон худро болои замини мумфарш партофта, ба ғелзанӣ даромад, то ки гулхани фурӯзонро хомӯш кунад. Ба Дурандеше, ки болои сараш ба ин манзара бо  қароҳат менигрист, ба зораву илтиҷо муроҷиат кард:

– Ёрӣ  расон! Наҷотам бидеҳ! Ман акнун хатои худро фаҳмидам. Шуморо одам ҳисоб намекардам. Ман худам инсон набудаам. Оташро хомӯш бикун! Ба қадат тилло мерезам.

– Мададро аз Ҷорӯб интизор шав, – ва Дурандеш бензини дар сатил бударо ба сари генерал пошид.

Оташ аз нав бо қувваи даҳчанд аланга гирифт. Доду вой ва нолаву фиғони генерал бо дуди ғализи гулхан ба фалак дака мезад. Пас аз хотимаи ин саҳнаи мудҳиш Дурандеш ба дару тирезаи бӯстонсаро бензин пошида гӯгирд зад. Каме ба ҷараёни оташ нигариста, қаноатманд ба мошини генерал нишаста, муҳаррикро ба кор дароварда, ба сӯи фурӯдгоҳи Домодедово роҳ пеш гирифт. Ҳангоми сафар бағочмонаки мошинро кушода як даста доллари амрикоиро дид, ки бо ресмон баста буданд. Маблағро ҳадяи Худованд дониста бо мамнуният онро ба киса андохт.

Мошинро дар истгоҳ гузошта, нахуст ба бонк даромада, ба суроғаи ҳамсари дӯсти марҳумаш маблағ фиристод. Аз хазина барои ба Ватан, ки хораш аз тахти Сулаймон беҳтар буд, барои баргаштан чипта харид. Ба салони ҳавопаймо даромада, ба курсии худаш нишаста, пас аз як моҳи ғаму андуҳу талошу мубориза ба хоби роҳат рафт…

Зариф Ғулом

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь