(Лавҳа)

Чун вориди Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон шудам, чашмам ба рӯзноманигори кушодачеҳра (Мафтуна Қосимӣ) афтоду аз ӯ нависандаи ҷавон – Сайидо Шарафиро пурсон шудам. Он кас маро ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” бурданд. Вақте ман нависандаи ҷавон ва рӯзноманигор – Сайидоро дидам, худамро муаррифӣ намудам. Ӯ бо лутфу меҳрубонӣ ва самимияти беандоза ҳолпурсӣ карданд.

Ба назари ман ин бародар як ҷавони одӣ, хушгуфтор, донишманд ,ҳалиму хоксор намуд. Ҳангоме ки бо ӯ сӯҳбат мекардам, маро бодиққат гӯш мекард. Сайидо аз дигар ҳамкоронаш ягон тафовуте надошт. Дар коргоҳ кадом ҳамкасбашро бинад, аз рӯйи ҳурмату эҳтиром салом медод. Кору фаъолият намудан дар ин даргоҳ барои ӯ шарафи бузург аст, зеро ҳини хурд буданаш, бо дидани ин ҷой, ҳаяҷони бузурге ӯро фаро мегирифт. Мегӯяд, ки инҷо қадамҷойи бузургон ба мисли Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Саттор Турсун ва дигарон мебошад.

Ҳангоми таҳсил дар мактаб саргарми мутолиаи асарҳои шоирону нависандагони барҷаста мешуд ва ин ба Сайидо илҳоми тоза мебахшид. Дар рӯйи авроқи сафед шеъру ҳикояҳо менавишт ва ҳамин кор шавқу ҳаваси ӯро ба эҷоди назму наср раҳнамоӣ кард. Аввалин маротиба вақти синфи 10 буданаш ӯ ҷуръат карда, як даста шеъру ҳикояҳояшро ба муаллимаи соҳибэҳтиром Латофат Кенҷаева пешниҳод намуд. Латофат Кенҷаева, пас аз он ки шеъру ҳикояҳои ин ҷавонро мутолиа кард, роҳи насрнависиро маслиҳат дод.Бо тавсияи муаллима, Сайидо ба насрнависӣ машғул шуда, ҳамкории худро бо Иттифоқи Нависандагон шурӯъ намуд. Бо устодони соҳибном Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Сироҷиддини Икромӣ ва дигар нависандагон ҳамкории худро ба роҳ монд.

То имрӯз се китоби Сайидо: “Шодии Талх”, “Бибӣ, бобо набера”, “Судьба одинокого музыканта” ба табъ расидаанд. Китоби “Биби,бобо, набера” аз даҳ ҳикоя иборат мебошад. Моҳи июли соли 2024 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва Санъат” корро оғоз кард. Дар ин ҳафтавор ӯ бо шахсиятҳои намоёни фарҳангу санъати тоҷик  Малика Қаландарова, Далер Назаров, Георгий Дзалев, Илёс Мамадҷонов, Хуршед Мустафоев мусоҳибаҳои хотирмоне анҷом дод.

Охири моҳи декабри соли 2024 ӯ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Дар Иттифоқи Нависандагон аз устодони соҳибтаҷриба навиштан, зиндагӣ ва сухан гуфтанро омӯхт.Дар зиндагӣ устодон-Латофат Кенҷаева, Саттор Турсун, Темур Зулфиқоров, Гулрухсор Сафиеваро Сайидо идеали худ мешуморад ва хело миннатдории худро изҳор менамояд ва кӯшиш мекунад, ки сазовори боварии устодон бошад. Сайидо устод, нависандаи дӯстдошта Саттор Турсунро ба хотир оварда, гуфт , ки,бисёр дӯсташон медорам ва аз он кас бисёр чизро омӯхтаам. Нобиғаи адабиёти мо буданд.

Дар баробари насрнависӣ ҳамчунин ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон супорид. “Вақте,ки ман дар синфи 11 таҳсил мекардам, медонистам, ки роҳи ман адабиёт аст ва бояд ба ин роҳ равам аммо барои як нависанда, фарди эҷодкор ҷаҳонбинии васеъ лозим аст.Вақте, ки ман фаҳмидам дар факултаи муносибатҳои байналмилалӣ забонҳои хориҷӣ,сиёсат, таърихи дунёро меомӯзанд, хостам дар ҳамин факулта хонам”- мегӯяд Сайидо Шарафӣ

Сайидо Шарафӣ дар мудати кӯтоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.Соли 2020 дар озмуни “Китоби Сол” дар бахши насри кӯдакона ғолиб омад. Соли 2020 дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ “аз рӯйи номинаи “Адабиёти ҷаҳон ” иштирок карда, ҷойи дуюмро ба даст оварда буд. Бори дуюм 23-ноябри с.2024 аз рӯйи номинаи насрнависӣ ҷойи якумро сазовор гардид. Соли 2023 сазовори ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҲҶТ дар соҳаи адабиёт шуд. Албатта, боиси хушҳолию сарфарозӣ ва ифтихори падару модар, устодон ҳамкасбон, ҳамкорон гардид.

Дар вақти эҷод кардани ҳикояҳо Сайидо ҳатман назари падар ва ҳамкоронашро мегирад.Агар эрод ҳам гиранд, барои Сайидо ин муҳим аст, кӯмак мекунад. Албатта, ҳар як фарди эҷодкор новобаста аз он ки рассом, санъаткор, шоир, оҳангсоз аст, хоҳ нохоҳ ба хатоӣ роҳ медиҳад.Ба ақидаи Сайидо дар вақти эҷод кардан, ҳар чизе, ки дар дилат ҳаст, онро бароварда натавонӣ, ба хатоӣ роҳ хоҳӣ дод. “Эҷодкорони асиле, ки мақсадҳои калонтар дошта бошанд, ҳатман ба орзӯҳояшон мерасанд, он хатоҳое,ки дар роҳ меоянд туро рӯҳафтода намекунанд, бояд шумо ба дили худ гӯш кунед ,ба худ бовари дошта бошед”- мегӯяд Сайидо.

Ҳамин тавр, сӯҳбати мо анҷом ёфт ва бародар Сайидо маро то ба баромадгоҳи коргоҳ гусел намуданд. Ба ин донишҷӯйи муваффақ боз ҳам парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорам.

Маҳина Орзуева, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь